Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43

Ҳикмат нидо карда истодааст

Ҳикмат нидо карда истодааст

«Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад, дар майдонҳо овозашро баланд месозад» (ПНМ. 1:20).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

ПЕШГУФТОР *

1. Бисёр одамон имрӯз ба нидоҳои ҳикмат чӣ тавр муносибат мекунанд? (Панднома 1:20, 21).

 ДАР бисёр давлатҳо воизони хушхабарро дидан мумкин аст, ки бо чеҳраи кушод дар кӯчаҳои серодам ба роҳгузарон адабиёт медиҳанд. Оё шумо ягон бор дар ин намуди хизмат иштирок кардаед? Агар ҳа, бешубҳа, оиди ибораи образноке фикр кардед, ки дар китоби Панднома гуфта шудааст. Он дар бораи ҳикматест, ки дар кӯча нидо мекунад, то одамон ба он гӯш диҳанд. (Панднома 1:20, 21-ро хонед.) Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилотамон ин «ҳикмат», яъне хиради Яҳуваро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки одамон онро бояд шунаванд, чунки танҳо дар ин ҳол барои бо роҳи ҳаёт рафтан қадами аввалро гузошта метавонанд. Барои ҳамин, вақте ягон кас адабиёти моро қабул мекунад, мо бениҳоят хурсанд мешавем. Лекин афсӯс на ҳама одамон онро қабул мекунанд. Баъзеҳо нисбати меъёрҳои Каломи Худо бепарвоянд. Дигарон бошанд, ба ҳоламон механданд. Онҳо фикр мекунанд, ки Китоби Муқаддас аллакай куҳна шудааст. Ин гуна одамон таълимоти Каломи Худоро дар бораи меъёрҳои ахлоқӣ танқид карда мегӯянд, ки касе аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунад сахтгир асту худро одил метарошад. Бо вуҷуди ин Яҳува аз муҳаббат хиради ҳақиқиро ба ҳама одамон дастрас кардааст. Чӣ тавр?

2. Хиради ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин, вале аксарият чӣ кор мекунанд?

2 Китоби Муқаддас як роҳест, ки одамон ба воситаи он хиради Яҳуваро шунида метавонанд. Ин китоб қариб ба ҳар як шахс дастрас аст. Дар бораи адабиёти ташкилотамон чӣ гуфтан мумкин? Шукри Яҳува он ба зиёда аз 1000 забон дастрас мебошад. Онҳое, ки ба ҳикмат гӯш медиҳанд, яъне чизҳои омӯхтаашонро ба кор мебаранд, манфиат мегиранд. Вале аксари одамон ба овози ҳикмат гӯш намедиҳанд. Масалан, вақте онҳо қарор мебароранд, ба худ ё дигар одамон такя мекунанд. Онҳо ба мо шояд ҳатто бо назари паст нигаранд, чунки мо мувофиқи гуфтаҳои Каломи Худо зиндагӣ мекунем. Дар ин мақола муҳокима мешавад, ки чаро одамон ин тавр рафтор мекунанд. Вале дар аввал биёед фаҳмем, ки чӣ хел хиради илоҳиро ба даст оварда метавонем.

ДОНИШИ ЯҲУВА МОРО ХИРАДМАНД МЕСОЗАД

3. Барои бохирад шудан мо бояд чӣ кор кунем?

3 Хирад ин қобилияти донишро ба кор бурда қарорҳои хуб қабул кардан мебошад. Лекин хиради ҳақиқӣ чизи бештарро дар бар мегирад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Тарс аз Яҳува оғози хирад аст ва дониши Худованди Пок фаҳм мебахшад» (Пнм. 9:10). Барои ҳамин, вақте қарорҳои муҳим қабул мекунем, мо бояд «дониши Худованди Пок», яъне пеш аз ҳама нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат гирем. Дар ин кор ба мо омӯхтани Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилот ёрдам мекунад. Ин тавр кардан нишонаи хирадмандист (Пнм. 2:5–7).

4. Чаро танҳо Яҳува ба мо хиради ҳақиқиро дода метавонад?

4 Танҳо Яҳува ба мо хиради ҳақиқиро дода метавонад (Рум. 16:27). Чаро гуфтан мумкин аст, ки ӯ Сарчашмаи хирад аст? Якум, азбаски ӯ Офаридгор мебошад, дорои дониши бемаҳдуд аст ва офаридаҳояшро нағз медонад (Заб. 104:24). Дуюм, дар тамоми амалҳои ӯ хирадашро дидан мумкин (Рум. 11:33). Сеюм, маслиҳати хирадмандонаи Яҳува ба онҳое, ки аз рӯйи он зиндагӣ мекунанд, ҳамеша манфиат меорад (Пнм. 2:10–12). Агар мо хоҳем, ки хиради ҳақиқиро ба даст орем, бояд ин ҳақиқатҳои муҳимро қабул кунем, то онҳо моро ҳангоми қарор баровардан роҳнамоӣ кунанд ва ба амалҳоямон таъсир расонанд.

5. Вақте одамон эътироф намекунанд, ки хиради ҳақиқӣ танҳо аз Яҳува сарчашма мегирад, ин чӣ натиҷа меорад?

5 Бисёр одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем, аз зебогии табиат ба ваҷд меоянд, ҳамзамон мегӯянд, ки Офаридгор вуҷуд надорад,— ҳама чиз дар натиҷаи эволютсия пайдо шудааст. Боз мо бо шахсоне ҳамсуҳбат мешавем, ки ба Худованд бовар мекунанд, бо вуҷуди ин мегӯянд, ки меъёрҳои Китоби Муқаддас аллакай куҳна шудааст, барои ҳамин чи хеле хоҳанд ҳамон хел зиндагӣ мекунанд. Лекин як фикр кунед: Оё аз он ки одамон ба хиради Худо нею ба хиради худ такя мекунанд, вазъият дар дунё беҳтар шуд? Оё онҳо хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварданд? Ё ба оянда умеди асоснок пайдо карданд? Вазъияти гирду атроф моро ба ҳақ будани суханони зерин боварӣ мебахшад: «Ҳеҷ хирад, андеша ё маслиҳате наметавонад ба Яҳува муқобил барояд» (Пнм. 21:30). Ана барои чӣ мо мехоҳем минбаъд низ аз Яҳува хиради ҳақиқӣ пурсем. Вале сад афсӯс, ки аксарият ин тавр намекунанд. Чаро?

ЧАРО ОДАМОН ХИРАДИ ҲАҚИҚИРО РАД МЕКУНАНД?

6. Мувофиқи Панднома 1:22–25 киҳо хиради Худоро шунидан намехоҳанд?

6 Вақте хиради ҳақиқӣ «дар кӯча нидо мекунад» бисёриҳо ба он гӯш намедиҳанд. Мувофиқи Китоби Муқаддас се гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки ин хирадро рад мекунанд: «содаҳо», «масхарагарон» ва «аблаҳон». (Панднома 1:22–25-ро хонед.) Биёед фаҳмем, ки чаро ин гурӯҳи одамон хиради Худоро намепазиранд ва чӣ кор кунем, то мисли онҳо нашавем.

7. Чаро баъзеҳо мехоҳанд, ки содадил монанд?

7 Шахсони сода зудбоваранд ва ба осонӣ фирефта мешаванд (Пнм. 14:15). Мо ин гуна одамонро одатан дар хизмат вомехӯрем. Масалан, миллионҳо одамонеро мегирем, ки роҳбарони дин ё сиёсатмадорон гумроҳ кардаанд. Баъзеҳо, вақте мефаҳманд, ки ин гуна роҳбарон онҳоро фиреб додаанд, дар ҳайрат мемонанд. Лекин шахсоне, ки дар Панднома 1:22 дар бораашон гуфта шудааст, мехоҳанд, ки сода монанд, зеро ин ба онҳо маъқул аст (Ирм. 5:31). Онҳо ба табъи дили худ зиндагӣ мекунанд, Китоби Муқаддасро омӯхтан ё мувофиқи меъёрҳои Худо амал кардан намехоҳанд. Бисёр одамон мисли як зани диндор ақида доранд, ки аз Квибеки Канада мебошад. Ӯ ба як ҳамимонамон гуфта буд: «Агар коҳинамон моро гумроҳ карда бошад, пас ин айби ӯст, на айби мо». Мо, албатта, мисли ин гуна одамон ихтиёран содадил будан намехоҳем (Пнм. 1:32; 27:12).

8. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хирадманд бошем?

8 Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки сода намонем, балки «дар фаҳмиш баркамол» гардем (1 Қӯр. 14:20). Мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ карда мо хирадманд мешавем. Оҳиста-оҳиста мебинем, ки чӣ хел маслиҳатҳои он моро аз душвориҳо эмин нигоҳ медоранд ва кумак мекунанд, ки қарорҳои дуруст барорем. Барои ин хуб мебуд, ки дар бораи қарорҳоямон андеша кунем. Масалан, агар мо Китоби Муқаддасро омӯхта ба ҷамъомадҳо муддате рафта истода бошем, аз худ пурсида метавонем: «Чаро ман то ҳол худро ба Яҳува бахшида таъмид нагирифтаам?» Агар таъмид гирифта бошем, оё чун воиз ва омӯзгори Каломи Худо маҳорати худро беҳтар карда истодаем? Оё аз қарорҳоямон маълум аст, ки роҳнамои мо Каломи Худо мебошад? Оё бо дигарон мисли Исо муносибат мекунем? Агар пай барем, ки аз ягон ҷиҳат беҳтар шуданамон даркор, бояд ба ёдовариҳои Яҳува диққат диҳем, ки «нодонро доно мекунанд» (Заб. 19:7).

9. Чӣ тавр «масхарагарон» хиради Худоро рад мекунанд?

9 Дуюм гурӯҳи одамоне, ки хиради илоҳиро рад мекунанд, «масхарагарон» мебошанд. Мо баъзан дар хизмат бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем. Онҳо дигаронро масхара карда ҳаловат мебаранд (Заб. 123:4). Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои охир масхарагарон зиёд мешаванд (2 Пет. 3:3, 4). Мисли домодшавандаҳои марди росткор, Лут, имрӯз баъзе одамон ба огоҳиҳои Худованд гӯш намедиҳанд (1 Мӯсо 19:14). Бисёриҳо ба ҳоли шахсоне, ки мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, механданд. Чаро масхарагарон ин тавр мекунанд? Зеро онҳо «аз пайи хоҳишҳои бадашон мераванд» (Яҳд. 7, 17, 18). Чизе, ки Китоби Муқаддас дар бораи онҳо мегӯяд, ба осиён ва шахсоне, ки Яҳуваро рад мекунанд, мувофиқ меояд.

10. Мувофиқи Забур 1:1 чӣ кор кунем, то масхарагар нашавем?

10 Чӣ кор кунем, то ба масхарагарон монанд нашавем? Як роҳаш ин аст, ки бо одамони айбҷӯ шинухез накунем. (Забур 1:1-ро хонед.) Барои ин мо чизеро, ки осиён мегӯянд, набояд гӯш кунем ё хонем. Мо дарк мекунем, ки агар эҳтиёт нашавем, ба осонӣ айбҷӯ мегардем ва ба Яҳува ва дастуроте, ки ташкилоташ медиҳад, шубҳа мекунем. Барои ба ин роҳ надодан мо аз худ пурсида метавонем: «Вақте ягон дастурот мегирем ё фаҳмиши нав мешавад, оё ман одатан шикоят мекунам? Оё ман бародаронеро, ки роҳбариро бар уҳда доранд, танқид мекунам?» Агар ин гуна сустиҳои худро пай бурда зуд ислоҳ шавем, Яҳува хурсанд мешавад (Пнм. 3:34, 35).

11. «Аблаҳон» ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува чӣ хел муносибат мекунанд?

11 Гурӯҳи сеюми одамоне, ки хирадро рад мекунанд, «аблаҳон» номида шудааст. Онҳо аблаҳанд, зеро мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Яҳува зиндагӣ кардан намехоҳанд. Онҳо тавре амал мекунанд, ки дар назарашон дуруст аст (Пнм. 12:15). Чунин касон сарчашмаи хирад — Яҳуваро рад мекунанд (Заб. 53:1). Вақте онҳоро дар хизмат вомехӯрем, онҳо бисёр вақт моро барои аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ карданамон дағалона танқид мекунанд. Вале ҳамзамон ба мо ҳаёти беҳтарро пешниҳод карда наметавонанд. Китоби Муқаддас дар бораи онҳо мегӯяд: «Ҳикмат барои аҳмақ дастнорас аст, ӯ назди дарвозаи шаҳр гапи гуфтанӣ надорад» (Пнм. 24:7). Одамони аблаҳ ба мо ягон маслиҳати хирадмандона дода наметавонанд. Беҳуда Яҳува моро огоҳ накардааст: «Аз аблаҳ дур-дур гард» (Пнм. 14:7).

12. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки мисли аблаҳон рафтор накунем?

12 Баръакси онҳое, ки аз маслиҳати Худо нафрат доранд, мо дӯст доштани роҳҳои Яҳува, аз ҷумла меъёрҳои ахлоқии ӯро таълим мегирем. Вақте мо оқибати беитоатиро бо самари итоаткорӣ муқоиса мекунем, муҳаббатамон ба роҳҳои Яҳува қавӣ мегардад. Барои ин мушоҳида кунед, ки одамон маслиҳатҳои хирадмандонаи Яҳуваро рад намуда ба сари худ чӣ мушкилиҳо меоранд. Сипас аҳамият диҳед, ки ҳаёти шумо чӣ қадар беҳтар аст, чунки шумо ба Худо итоат мекунед (Заб. 32:8, 10).

13. Оё Яҳува моро маҷбур мекунад, ки ба маслиҳати бохирадонаи ӯ гӯш диҳем?

13 Яҳува хирадашро ба ҳама дастрас кардааст, лекин ӯ касеро маҷбур намекунад, ки онро қабул намояд. Ҳамзамон ӯ фаҳмондааст, ки бо онҳое, ки хирадро рад мекунанд, чӣ мешавад (Пнм. 1:29–32). Одамоне, ки ба Яҳува итоат кардан намехоҳанд, «оқибати рафторашонро хоҳанд чашид». Вақташ меояд, ки онҳо аз тарзи ҳаёти худ азобу дард мекашанд, дар оянда бошад, тамоман нобуд мегарданд. Вале ба шахсоне, ки маслиҳати хирадмандонаи Яҳуваро шунида ба кор мебаранд, чунин ваъда дода шудааст: «Касе, ки ба ман гӯш медиҳад, зиндагии осоишта хоҳад дошт ва аз бими бало дар амон хоҳад буд» (Пнм. 1:33).

ҲИКМАТИ ҲАҚИҚӢ БА МО МАНФИАТ МЕОРАД

Дар ҷамъомадҳо шарҳ додан дӯстии моро бо Яҳува қавӣ месозад (Ба сархати 15 нигаред.)

14, 15. Мо аз Панднома 4:23 чӣ меомӯзем?

14 Аз рӯйи хиради Худо амал карда мо ҳамеша манфиат мегирем. Чи хеле ки дар боло гуфтем, хиради Яҳуваро ёфтан душвор нест. Масалан, дар китоби Панднома ба мо маслиҳатҳое дода шудаанд, ки ҳама вақт фоидаоваранд ва, агар мо онҳоро ба кор барем, ҳаётамон беҳтар мешавад. Биёед чортояшро дида бароем.

15 Дили рамзиатонро ҳимоя кунед. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Беш аз ҳар чизи ҳимояталаб дили худро ҳимоя намо, зеро чашмаҳои ҳаёт аз он аст» (Пнм. 4:23). Барои ҳимоя кардани дили аслиамон мо бояд баъзе чораҳоро андешем. Масалан, ғизои солим хӯрем, машқ кунем ва аз одатҳои бад даргурез бошем. Ба ин монанд дили рамзиамон низ ба ҳимоя ниёз дорад. Аз ин рӯ мо ҳар рӯз Каломи Худоро меомӯзем. Инчунин тайёрӣ дида дар вохӯриҳо иштирок мекунем ва дар хизмат фаъол мемонем. Боз кӯшиш мекунем, ки одати бад пайдо накунем. Барои ин аз вақтхушиҳои бадахлоқона ва ёрони бад дурӣ меҷӯем, то фикррониамон фосид нагардад.

Ба пул назари дуруст доштан ба мо ёрдам мекунад, ки ба чизҳои доштаамон қаноат кунем (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Чаро суханони Панднома 23:4, 5 айни муддаост?

16 Ба чизи доштаатон қаноат кунед. Китоби Муқаддас ба мо чунин маслиҳат медиҳад: «Барои ғун кардани боигарӣ ҷон накан... Вақте ба боигарият назар кунӣ, он нахоҳад буд, зеро пару бол бароварда, мисли уқоб ба осмон мепарад» (Пнм. 23:4, 5). Одамизод пулу молашро ба осонӣ аз даст дода метавонад. Бо вуҷуди ин имрӯз ҳам бою ҳам камбағал ҳушу ёдаш дар пул аст. Андармони пул шуда онҳо бисёр вақт тавре рафтор мекунанд, ки обрӯ, муносибат бо дигарон ва ҳатто саломатиашон зарар мебинад (Пнм. 28:20; 1 Тим. 6:9, 10). Хирад бошад, кумак мекунад, ки дар бораи пул аз ҳад зиёд фикр накунем. Дар ин ҳол мо чашмгурусна намешавему қаноатмандӣ ва хушбахтӣ ба даст меорем (Пандгӯ 7:12).

Агар пеш аз гуфтор андеша кунем, дигаронро бо сухан намеранҷонем (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Мувофиқи Панднома 12:18 чӣ хел «забони хирадмандон»-ро аз худ кунем?

17 Андеша карда гап занед. Агар эҳтиёт нашавем, касеро бо суханонамон сахт ранҷонда метавонем. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Сухани беандеша мисли зарби шамшер аст, аммо забони хирадмандон шифо мебахшад» (Пнм. 12:18). Агар мо дар бораи хатою камбудии дигарон ғайбат накунем, сулҳро нигоҳ медорем (Пнм. 20:19). Барои он ки суханонамон шифобахш бошанд, мо бояд дили худро аз дониши Каломи Худо пур созем (Луқ. 6:45). Вақте мо дар бораи гуфтаҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронем, суханонамон мисли «чашмаи хирад» ба дигарон тароват мебахшад (Пнм. 18:4).

Ба дастуроти ташкилот гӯш дода мо хизматамонро самарабахш мегардонем (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Чӣ хел ба кор бурдани маслиҳати Панднома 24:6 дар хизмат ба мо кумак мекунад?

18 Ба дастуроти ташкилот гӯш диҳед. Китоби Муқаддас ба мо чунин маслиҳати фоидаовар медиҳад: «Ҳангоми ҷанг роҳбарии коршиносонро биҷӯй, бо маслиҳатгарони бисёр ғалаба ба даст меояд» (Пнм. 24:6). Чӣ тавр ба кор бурдани ин маслиҳат кумак мекунад, ки воиз ва омӯзгори беҳтар шавем? Ба ҷойи ба таври дилхоҳ хизмат кардан мо кӯшиш мекунем, ки аз рӯйи маслиҳати гирифтаамон амал намоем. Мо чунин маслиҳатҳоро аз куҷо мегирем? Дар вохӯриҳоямон,— вақте мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр дигарон моҳирона дар асоси Китоби Муқаддас таълим медиҳанд. Ғайр аз ин, ташкилот ба мо адабиёт ва видеонаворҳое медиҳад, ки бо ёрии онҳо одамон Китоби Муқаддасро фаҳмида метавонанд. Оё шумо самаранок истифода бурдани ин маводҳоро ёд гирифта истодаед?

19. Шумо дар бораи хираде, ки Яҳува медиҳад, чӣ фикр доред? (Панднома 3:13–18).

19 Панднома 3:13–18-ро хонед. Мо хеле миннатдорем, ки Яҳува дар Каломаш ба мо маслиҳатҳои хирадмандона додааст. Бе ин маслиҳатҳо мо чӣ ҳол медоштем?! Дар ин мақола мо баъзе маслиҳатҳои хирадмандонаро аз китоби Панднома дида баромадем. Албатта, бо ҳамин маслиҳатҳои хирадмандонаи Яҳува тамом намешаванд. Ӯ дар Каломаш ба мо бисёр маслиҳатҳои муфид додааст. Пас, биёед камар баста ҳар яки ин маслиҳатҳоро дар ҳаётамон ба кор барем. Барои одамони ин ҷаҳон хиради илоҳӣ қадр надорад, вале мо боварӣ дорем, ки «онҳое, ки [хирадро] сахт медоранд, хушбахт номида мешаванд».

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

^ Хираде, ки Яҳува медиҳад аз ҳамаи чизҳое, ки ин дунё пешниҳод мекунад, болотар аст. Дар ин мақола мо як фикри шавқоварро аз китоби Панднома дида мебароем. Он дар бораи ҳикматест, ки дар кӯча нидо мекунад. Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ин ҳикматро ба даст овардан мумкин аст, чаро баъзеҳо ба он гӯш намедиҳанд ва агар мо онро ба кор барем, чӣ манфиат мегирем.