Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Расми саҳна аз наздик ва дар болояш баннер

1922 — Сад сол пеш

1922 — Сад сол пеш

«ХУДО... ба воситаи... Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшид!» (1 Қӯр. 15:57). Ин оят, ки матни солона барои соли 1922 интихоб шуда буд, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро боварӣ бахшид, ки барои вафодориашон онҳо мукофот мегиранд. Он сол Яҳува хизматгорони боғайраташро баракат дод. Ҳамин тавр онҳо нашр кардани китобҳои худро сар карданд. Инчунин ба воситаи радио хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо паҳн мекарданд. Баъдтар соли 1922 бори дигар аён гашт, ки Яҳува халқашро баракат медиҳад. Гап дар он аст, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар анҷумани таърихии Сидар-Пойнт (Оҳайё, ИМА) иштирок намуданд. Он анҷуман ба фаъолияти ташкилоти Яҳува то имрӯз таъсир расонд.

«ПЕШНИҲОДИ ҶОЛИБ»

Баробари паҳн гаштани кори мавъиза ниёз ба адабиёт афзуд. Ҳарчанд бародарон дар Байт-Или Бруклин, маҷаллаҳоро чоп мекарданд, китобҳоро корхонаҳои тиҷоратӣ ба нашр мебароварданд. Азбаски тӯли якчанд моҳ китоб нарасид, ин ба кори мавъиза халал расонд. Барои ҳамин Рутерфорд аз бародар Роберт Мартин, ки кори чопхонаи Байт-Илро бар уҳда дошт, пурсид, ки оё дар Байт-Ил низ китоб нашр кардан мумкин аст.

Конкорд-Стрит чопхона дар Бруклин, Ню-Йорк

Бародар Мартин ба ёд меорад: «Ин пешниҳоди ҷолиб буд, зеро мо чопхонаеро ташкил карда метавонистем, ки дастгоҳи ҳуруфчинӣ, обкорӣ, чопкунӣ ва муқовабандӣ дорад». Ҳамин тавр бародарон дар Конкорд-Стрит 18 дар Бруклин заминеро ба иҷора гирифта, маҳсулоти даркорӣ хариданд.

Вале аз пешравии мо на ҳама хурсанд буданд. Президенти ширкате, ки китобҳоямонро чоп мекард, ба чопхонаамон омада гуфт: «Шумо акнун чопхонаи беҳтаринро дар ихтиёр доред. Вале мебинам, ки касе нест, ки тарзи истифода бурдани ин дастгоҳҳоро донад. Баъди шаш моҳ аз ҳамаи ин оҳанпора боқӣ мемонаду халос».

Бародар Мартин дар ин бора гуфт: «Суханонаш аз рӯйи мантиқ метофтанд. Вале ӯ як чизро ба назар нагирифт. Худоро, ки доим дар барамон буд». Бародар Мартин ҳақ баромад. Дере нагузашта чопхонаи навамон дар як рӯз 2000 китоб нашр мекардагӣ шуд.

Коргарон дар назди дастгоҳи чопкуниашон истодаанд

БА ВОСИТАИ РАДИО БА ҲАЗОРҲО ОДАМОН ШАҲОДАТ ДОДА МЕШАВАД

Ғайр аз чопи баъзе китобҳо, халқи Худо ба воситаи радио ба паҳн кардани ҳақиқат шурӯъ кард. Бинобар ин 26-уми феврали соли 1922, рӯзи якшанбе, баъд аз нисфирӯзӣ бародар Рутерфорд аввалин бор дар шабакаи радиоии Лос-Анҷелес (Калифорния) бо нутқ баромад кард. Номи нутқаш чунин буд: «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд».

Ин барномаро 25 000 нафар гӯш кард. Баъзеҳо мактуб фиристода миннатдории худро баён намуданд. Яке аз ин мактубҳоро Вилард Ашфорд сокини Санта-Анаи Калифорния фиристода буд. Ӯ бародар Рутерфордро барои нутқи «зинда ва шавқовараш» таъриф кард. Дар номааш ӯ навишта буд: «Дар хона мо се нафар беморем. Агар радио намешуд, шумо дар наздикии хонаамон ҳам нутқ мегуфтед, мо омада, онро гӯш карда наметавонистем».

Ҳафтаҳои минбаъда бошад, бештар нутқ пешкаш гардид. Ҳамин тавр дар охири сол мувофиқи ҳисоботи нашри «Бурҷи дидбонӣ» «қариб 300 000 нафар ба воситаи радио хабари хушро шуниданд».

Самари ин усули навро дида Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас қарор карданд, ки дар замини ҷазираи Статен, ки дар наздикии Байт-Или Бруклин ҷойгир буд, шабакаи радиоии худро мекушоянд. Бинобар ин баъди якчанд сол онҳо шабакаи WBBR-ро ба роҳ монда хушхабарро дар бораи Подшоҳӣ паҳн мекарданд.

«ADV»

Дар нашри «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июни соли 1922 эълон карда шуд, ки дар Сидар-Пойнти Оҳаё аз 5-ум то 13-уми сентябри соли 1922 анҷуман баргузор мегардад. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо як ҳаяҷон ба Сидар-Пойнт раҳсипор шуданд.

Бародар Рутерфорд дар оғози суханрониаш ба ҳозирон муроҷиат карда гуфт: «Ман сад фоиз бовар дорам, ки Ҳазратамон ин анҷуманро баракат медиҳад ва хушхабар ба таври нотакрор дар рӯйи замин паҳн хоҳад гашт». Нотиқон дар вақти анҷуман гаштаю баргашта қайд мекарданд, ки воизон бо ҷидду ҷаҳд дар хизмат иштирок кунанд.

Мардуми зиёде ба анҷумане, ки соли 1922 дар Сидар-Пойнт шуд, омадаанд

Рӯзи ҷумъа, 8-уми сентябр дар толори анҷуман қариб 8000 нафар ҷамъ омаданд. Ҳама бесаброна нутқи бародар Рутерфордро интизор буданд. Ҳозирон мехостанд фаҳманд, ки ихтисори «ADV» дар даъватномаҳояшон чӣ маъно дорад. Ҷойҳои худро ишғол карда ҳама, бешак, матои лӯлапечеро, ки дар болои саҳна буд, диданд. Он рӯз Артур Клаус, ки ба анҷуман аз Толсои Оклаҳома (ИМА) омада буд, дар қатори пеши саҳна ҷо ёфта нишаст, то ин ки нотиқонро нағз шунавад. Дар он давраҳо баландгӯякҳо ҳоло набуданд.

«Мо ба ҳар як сухан ҳушу гӯш будем»

Бо мақсади халал нарасондан раиси барнома эълон кард, ки дар вақти суханронии бародар Рутерфорд ба касе, ки дер кард, иҷозат дода намешавад, ки ба толори анҷуман дарояд. Ниҳоят соати 9:30 бародар Рутерфорд нутқашро сар кард. Дар аввал ӯ суханони Исоро аз Матто 4:17 иқтибос овард: «Подшоҳии осмон наздик шудааст». Рутерфорд инчунин гуфт, ки чӣ тавр одамон дар бораи Подшоҳии Худо мефаҳманд. Ӯ илова кард: «Исо гуфта буд, ки дар вақти ҳузураш халқашро ҷамъ мекунад. Онҳоеро, ки бовафою итоаткоранд ба худ ҷалб менамояд».

Бародар Клаус, ки дар толори анҷуман ҷо ёфта нишаста буд, ба ёд меорад: «Мо ба ҳар як сухан ҳушу гӯш будем». Вале ногаҳон шиками ӯ ба дард даромад ва бародар аз толор бо дили нохоҳам баромад. Зеро медонист, ки гашта даромада наметавонад.

Баъди якчанд дақиқа ӯ худро беҳтар ҳис кард. Бародар Артур ба ёд меорад, ки вақте назди толор баргашт, кафкӯбиҳои баландро шунид. Аз ин ӯ беқарор шуд. Ӯ қарор кард, ки боқимондаи нутқро гӯш мекунад, ҳатто барои ин ба болои бом баромадан лозим ояд. Ҳамин тавр Артури 23-сола ба болои бом баромад. Тирезаҳои он ҷо кушода буданд, ба онҳо наздиктар шудан замон ӯ мегӯяд, ки «овози нотиқро баръало» шунид.

Дар болои бом фақат Артур набуд. Баъзе дӯстонаш низ дар он ҷо буданд. Яке аз онҳо, ки Франк ном дошт, давида омад ва пурсид: «Мабодо дар кисаат корчаи тез надорӣ?»

«Бале, дорам!» — ҷавоб дод Артур

«Туро Яҳува ба мо фиристод!»,— гуфт Франк ва илова намуд: «Ана ин матои калони лӯлапечро мебинӣ? Ин баннер аст, он бо мехҳо кӯфта шудагӣ. Бодиққат судяро * гӯш кун. Ҳамин ки ӯ гӯяд: “Шумо бояд мавъиза кунед, мавъиза кунед,” ана ин чор бандро бур!»

Артур корд дар даст ҳамроҳи дӯстонаш интизори ишораи буридани бандҳо буд. Андак пас ҷойи асосии нутқ расид. Бародар Рутерфорд бо ҳаяҷон ва ғайрати зиёд нидо кард: «Бовафо ва шоҳиди ҳақиқии Худованд бошед, то пурра нобуд гаштани Бобил муборизаро давом диҳед. Хушхабарро дар ҳама ҷо паҳн созед. Бигзор ҳама донанд, ки Яҳува Худо аст, Исои Масеҳ бошад, Подшоҳи подшоҳон ва Сарвари сарварон. Имрӯз рӯзи таърихӣ мебошад. Биистед, бингаред, Шоҳамон бар тахт нишастааст! Шумо воизони ӯ мебошед. Дар бораи Шоҳ ва Подшоҳиаш мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед!»

Артур нақл мекунад, ки баъди ин суханон ӯву дӯстонаш бандҳоро буриданду баннер баробар поён фаромад. Дар он шарҳи ихтисори «ADV» навишта шуда буд, ки чунин аст: «Дар бораи Шоҳ ва Подшоҳиаш мавъиза кунед!»

КОРИ МУҲИМ

Баъд аз анҷумане, ки дар Сидар-Пойнт баргузор гардид, бародарон диққаташонро ба кори муҳим равона карданд — ба паҳн кардани хушхабар дар бораи Подшоҳӣ. Онҳое, ки рӯҳияи омодагӣ доштанд, дар ин кор бо хурсандӣ иштирок мекарданд. Як паҳнкунандаи китоб (пешрави доимӣ) аз Оклаҳомаи ИМА навишт: «Одамоне, ки мо дар он ҷо хизмат мекардем, асосан дар кони ангишт кор мекарданд ва хеле камбағал буданд». Ин бародар мегӯяд, ки вақте онҳо аз маҷаллаи «Асри тиллоӣ» хушхабарро мешуниданд, «чашмонашон пури об мешуд». Ӯ хулоса карда гуфтааст: «Ин одамонро тасаллӣ бахшидан бароямон баракати калон буд».

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ҷиддӣ будани суханони Исоро, ки дар Луқо 10:2 гуфтааст, мефаҳмиданд: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам». Барои ҳамин чун сол ба охир мерасид, онҳо азм карданд, ки хушхабарро дар бораи Подшоҳӣ ҳарчи бештар дар миқёси бузург паҳн мекунанд.

^ Бародар Рутерфордро гоҳ вақт «судя» меномиданд, чунки ӯ баъзан дар суди Миссури, ИМА кор мекард.