Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

Аз чил рӯзи охири ҳаёти Исо дар замин мо чӣ меомӯзем?

Аз чил рӯзи охири ҳаёти Исо дар замин мо чӣ меомӯзем?

«Вай дар давоми 40 рӯз ба шогирдонаш намудор шуда, дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад» (КОР. 1:3).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки Исо дар 40 рӯзи охири ҳаёташ дар замин чӣ кор карду мо аз ӯ чӣ ёд мегирем.

1, 2. Дар роҳи Аммоус бо ду шогирди Исо чӣ рӯй дод?

 СОЛИ 33-юми милодӣ, 16-уми найсон. Шогирдони Исо дилшикаставу ғамзадаанд. Дутои онҳо аз Ерусалим баромада, ба сӯйи Аммоус, ба деҳае, ки тақрибан 11 километр аз Ерусалим дуртар аст, роҳ пеш гирифтаанд. Ин мардон зиқанд, зеро Пешвояшон Исоро ба қатл расонданд. Онҳо аз Масеҳ умеди калон доштанд, лекин умедашон амалӣ нагашт. Он вақт як дигаргуние рӯй дод, ки ин шогирдонро дар ҳайрат монд.

2 Дар роҳ як шахси ношинос ба онҳо наздик шуда, ба суҳбаташон ҳамроҳ мегардад. Шогирдон ба ӯ дар бораи чӣ тавр кушта шудани Исо мегӯянд. Он мард бошад, «аз китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон» мисол оварда, мефаҳмонд, ки чаро Масеҳ бояд азоб кашида мемурд. Вақте онҳо ба Аммоус мерасанд, он мард худро ба шогирдон шинос мекунад. Ӯ Исои зиндашуда аст! Бешак, онҳо зинда шудани Масеҳро фаҳмида, аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфтанд (Луқ. 24:13–35).

3, 4. Бо шогирдони Исо чӣ дигаргунӣ рӯй дод ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем? (Корнома 1:3).

3 Исо дар давоми 40 рӯзи охири ҳаёташ дар замин ба шогирдон чандин бор намудор гашт. (Корнома 1:3-ро хонед.) Дар ин муддат ҷойи ғаму тарси шогирдонро шодию умед гирифт ва онҳо қуввату далерӣ ёфта, барои хушхабаррасонӣ ва омӯзгорӣ миён бастанд a.

4 Мо аз ин давраи ҳаяҷонбахши ҳаёти Исо бисёр чизҳоро ёд гирифта метавонем. Чӣ тавр Исо дар давоми 40 рӯз 1) шогирдонашро қувват бахшид, 2) фаҳмишашонро ба Навиштаҳо зиёд гардонд ва 3) онҳоро барои гирифтани масъулиятҳои бузургтар таълим дод? Мо мебинем, ки чӣ тавр дар ҳар се маврид ба Исо пайравӣ карда метавонем.

ДИГАРОНРО ҚУВВАТ БАХШЕД

5. Чаро ба шогирдони Исо рӯҳбаландӣ даркор буд?

5 Шогирдони Исо муҳтоҷи дилбардорӣ буданд. Чаро? Баъзеи онҳо хонаю дар, оила ва ҷойи корашонро партофта, Исоро пайравӣ мекарданд (Мат. 19:27). Дигарон бошанд, барои шогирди Исо шуданашон радди маърака гаштанд (Юҳ. 9:22). Сабаби ин ҳама фидокориҳояшон дар чӣ буд? Онҳо бовар доштанд, ки Исо Масеҳи ваъдагист (Мат. 16:16). Лекин, вақте Исоро мехкӯб карданд, онҳо дилшикаста гаштанду умедашон хазон шуд.

6. Исо баъди зинда шуданаш чӣ кор кард?

6 Исо мефаҳмид, ки ғаму ғуссаи шогирдонаш нишонаи сустимонӣ нест, балки дарди ҷонгудозест, ки марги шахси наздик меорад. Барои ҳамин ӯ рӯзи зинда шуданаш барои дилбардории дӯстонаш шитофт. Масалан, вақте Марями Маҷдалия дар сари қабр гиря мекард, Исо ба ӯ намудор шуд (Юҳ. 20:11, 16). Ӯ ҳамчунин ба ду шогирде зоҳир шуд, ки дар бораашон дар аввали мақола гуфтем. Ғайр аз ин, ӯ бо Петруси расул ҳамгап шуд (Луқ. 24:34). Мо аз Исо чӣ ёд мегирем? Биёед, бинем, ки вақти якум бор намудор шудани Исо чӣ рӯй дод.

7. Аз рӯйи Юҳанно 20:11–16 Исо 16-уми найсон Марямро мушоҳида карда, ба чӣ диққат медиҳад ва Исо чӣ кор мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7Юҳанно 20:11–16-ро хонед. Саҳарии барвақти 16-уми найсон якчанд зани содиқ ба ҷое меоянд, ки Исоро гӯронда буданд (Луқ. 24:1, 10). Яке аз онҳо Марями Маҷдалия буд. Вақте Марям ба сари қабр меояд, қабрро хоп-холӣ меёбад. Ӯ давида рафта, Петрусу Юҳанноро дар ин бора хабардор мекунад. Вақте Петрусу Юҳанно ба тарафи қабр метозанд, Марям низ аз паси онҳо гашта меояд. Петрусу Юҳанно қабрро холӣ ёфта, ба хонаашон бармегарданд. Марям бошад, дар пеши қабр гирёну нолон меистад, бехабар аз он, ки Исо ӯро аз як тараф мушоҳида мекунад. Исо ашкҳои сӯзони ин зани вафодорро дида, дилаш реш-реш мешавад. Барои ҳамин ӯ ба Марям намудор шуда, бо як кори хурдаш аз дили Марям бори сангини ғамро мебардорад. Исо ба Марям як супориши муҳим медиҳад: ӯ бояд хабари зинда шудани Исоро ба бародарон расонад (Юҳ. 20:17, 18).

Ба Исо пайравӣ карда, доим аз ғами бародару хоҳарон хабар ёбеду онҳоро тасаллӣ диҳед (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем?

8Мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем? Агар дардошною ғамбарори бародару хоҳарон бошем. Аҳли имонро тасаллӣ дода, мо азми вафодорияшонро қавӣ месозем. Ба мисоли Ҷоселин, ки хоҳарашро дар садамаи даҳшатнок аз даст дода буд, диққат диҳед. Ӯ мегӯяд: «Ман моҳҳои зиёд дар чоҳи ғам афтода будам ва ҳеҷ не ки аз он баромада тавонам». Боре бародаре бо ҳамсараш ӯро ба меҳмонӣ таклиф карданд. Онҳо ӯро бодиққат гӯш карда, боварӣ бахшиданд, ки Яҳува ӯро қадр мекунад. Ҷоселин мегӯяд: «Худе ки Яҳува ба воситаи онҳо маро аз қаъри баҳри пуртуғӯён кашида бароварду ба қаиқи наҷот шинонд. Бо ёрдами онҳо ҳаваси хизмат дар дилам аз нав бедор шуд». Вақте дигарон дилашонро холӣ мекунанд, мо низ онҳоро бодиққат гӯш карда, қувваташон мебахшем. Он гоҳ онҳо дар хизмати Яҳува ғайрати дубора пайдо мекунанд (Рум. 12:15).

ДАЛЕЛҲО АЗ НАВИШТАҲО

9. Шогирдони Исо чӣ душворӣ доштанд ва Исо ба онҳо чӣ хел ёрӣ дод?

9 Шогирдони Исо ба Каломи Худо имон доштанд ва ҷон канда маслиҳатҳои онро ба кор мебурданд (Юҳ. 17:6). Лекин чун ҷинояткор кушта шудани Исоро дида, онҳо гарангу саргум шуданд. Исо медонист, ки шубҳаи онҳо аз бадсириштӣ нею аз камдонияшон мебошад (Луқ. 9:44, 45; Юҳ. 20:9). Аз ин рӯ ба онҳо дар асоси Навиштаҳо андешарониро ёд дод. Аҳамият диҳед, ки ӯ чӣ тавр ҳангоми суҳбат бо ду шогирдаш дар роҳ ба Аммоус ин корро кард.

10. Чӣ тавр Исо шогирдонашро дилпур кард, ки ӯ Масеҳ аст? (Луқо 24:18–27).

10Луқо 24:18–27-ро хонед. Исо ба шогирдон дарҳол кӣ буданашро ошкор накард, балки саволҳо дод. Чаро? Эҳтимол, ӯ мехост, ки онҳо дилашонро кушоянд. Шогирдон дилашонро холӣ карда, аз ноумедияшон ба ӯ гуфтанд: онҳо аз Исо чашмдор буданд, ки ӯ халқи Исроилро аз зулму ситами румиён халос мекунад. Исо онҳоро бодиққат гӯш карда, аз рӯйи Навиштаҳо фаҳмонд, ки ҳамаи ин воқеаҳо иҷрошавии пешгӯйиҳо буданд b. Баъдтар ҳамон бегоҳ Исо бо дигар шогирдон вохӯрда, ин ҳақиқатҳоро ба онҳо низ кушод (Луқ. 24:33–48). Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем?

11, 12. а) Аз тарзи ростиро таълим додани Исо мо чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.) б) Бародаре, ки бо Норти омӯзиш мекард, ба ӯ чӣ ёрдам дод?

11Мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем? Якум, ҳангоми омӯзиш гузарондан ба омӯзандаатон саволҳои баҷо дода, фикру ҳиссиёташро фаҳмед (Пнм. 20:5). Баъди ин нишон диҳед, ки оятҳои ба вазъияташон мувофиқро чӣ хел ёбанд. Чӣ кор карданашро нагӯед, балки ҳамроҳаш дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза ронед, то худаш бинад, ки принсипҳои Каломро дар куҷо ба кор бурда метавонад. Мисоли Норти ном бародареро аз Канада мебинем.

12 Норти дар 16-солагияш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Каме баъдтар оилааш ба ӯ зид баромад. Ӯ чӣ тавр устувориро нигоҳ дошт? Омӯзгораш боби 10-и Матторо кушода фаҳмонда буд, ки масеҳиёни ҳақиқӣ бо озору азият рӯ ба рӯ мешаванд. Норти мегӯяд: «Вақте озору азият сар шуд, ман дилпур шудам, ки ростиро пайдо кардам». Омӯзгораш ҳамчунин Матто 10:16-ро истифода бурда, бо ӯ мулоҳиза ронд, ки, вақте дар хона мавзуи дин бардошта мешавад, ӯ чӣ тавр эҳтиёткору боэҳтиром буда метавонад. Баъди таъмид Норти пешрав шудан мехост, лекин падараш талаб мекард, ки ӯ ба донишгоҳ дохил шавад. Дар ин ҳолат низ омӯзгораш ба ӯ чӣ кор карданро нагуфту саволҳо дода, дар асоси Навиштаҳо бо ӯ мулоҳиза ронд, то худаш ба хулосаи дуруст ояд. Ин чӣ натиҷа овард? Норти қарор баровард, ки пешрави доимӣ мешавад. Падараш ӯро аз хона пеш кард. Оё Норти аз қарори худ пушаймон аст? Ӯ мегӯяд: «Ман дилпурам, ки қарори дуруст баровардам». Мо низ, агар вақт ҷудо карда, ба воситаи Китоби Муқаддас ҳамроҳи дигарон мулоҳиза ронем, дар пешрафти рӯҳонияшон саҳм мегузорем (Эфс. 3:16–19).

Ба Исо пайравӣ карда, ба дигарон кумак кунед, ки дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза ронанд (Ба сархати 11 нигаред.) e


БАРОДАРОНИ МАСЪУЛРО ТАЙЁР КУНЕД

13. Исо барои он ки кори Падараш давом ёбад, чӣ кор кард? (Эфсӯсиён 4:8).

13 Исо ҳангоми дар замин буданаш кори супурдаи Падарро аз таҳти дил иҷро мекард (Юҳ. 17:4). Лекин ӯ ба таълими дигарон хунукназарӣ намекард. Ӯ намегуфт: «Кӯдакро кор фармою аз пасаш дав. Беҳтараш худам ҳама корро ҳалол мекунам». Ӯ тӯли сею ним сол дигаронро таълим медод. Пеш аз осмон рафтан Исо ба шогирдонаш супориш дод, ки ба гӯсфандони бебаҳои Яҳува ғамхорӣ намуда, кори мавъизаю таълимро роҳбарӣ кунанд. Синни баъзеи онҳо ҳанӯз ба 30 нарасида буд. (Эфсӯсиён 4:8-ро хонед.) Исо чӣ тавр дар 40 рӯзи охири ҳаёти заминияш ин мардони фидокор, содиқ ва меҳнаткашро таълим дод, то шахсони масъул шаванд ва барои аҳли имон ҳадияе аз миёни одамон бошанд?

14. Чӣ тавр Исо дар давоми 40 рӯзи дар замин буданаш пайравонашро таълим дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Исо ба шогирдонаш маслиҳати рӯйирост, вале меҳрубонона медод. Масалан, ӯ дар баъзеяшон шаккокиро пай бурд ва ба онҳо маслиҳат дод (Луқ. 24:25–27; Юҳ. 20:27). Ӯ қайд кард, ки диққати асосии шогирдон ба кори чӯпонӣ равона бошад, на ба касбу корашон (Юҳ. 21:15). Ӯ ба онҳо ёдрас кард, ки, вақте дигарон дар хизмати Яҳува соҳиби ягон таъйинот мешаванд, аз ҳад ташвиш накашанд (Юҳ. 21:20–22). Ӯ баъзе ақидаҳои нодурустеро, ки онҳо дар бораи Подшоҳӣ доштанд, ислоҳ кард ва фаҳмонд, ки диққаташон бояд ба паҳн кардани хушхабар бошад (Кор. 1:6–8). Пирон чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонанд?

Ба Исо пайравӣ карда, бародарони мувофиқро таълим диҳед, то уҳдадориҳои иловагиро ба дӯш гиранд (Ба сархати 14 нигаред.)


15, 16. а) Пирон аз кадом ҷиҳат ба Исо пайравӣ карда метавонанд? Фаҳмонед. б) Патрик аз маслиҳат чӣ фоида гирифт?

15Пирон аз Исо чӣ ибрат мегиранд? Онҳо бояд бародаронро таълим диҳанд, ҳатто бародаронеро, ки барои гирифтани уҳдадориҳои калонтар аз ҳад ҷавонанд c. Пирон набояд аз касоне, ки таълим медиҳанд, комилиро интизор шаванд. Онҳо бояд ин бародаронро бо меҳрубонӣ насиҳат кунанд, то онҳо таҷриба омӯхта, хоксорӣ, содиқӣ ва хизмати дигаронро ба хубӣ ёд гиранд (1 Тим. 3:1; 2 Тим. 2:2; 1 Пет. 5:5).

16 Биёед, бинем, ки як пир ба Патрик ном бародар чӣ маслиҳати судманде дод. Патрики ҷавон бо ҳама сахтгапу номеҳрубон буд, аз ҷумла бо хоҳарон. Як пири баркамол ин феъли нохуби Патрикро пай бурда, бо меҳрубонӣ ба ӯ маслиҳати рӯирост дод. Патрик мегӯяд: «Ман аз он бародар бисёр миннатдорам. Пештар, вақте медидам, ки дигар бародарон дар хизмати Яҳува таъйиноти мехостаи маро соҳиб мешаванд, зиқ мешудам. Маслиҳати он пир чашми маро кушод. Ҳушу ёдам набояд ба таъйинотгирӣ банд бошад. Ман бояд хоксорона барои хизмати бародару хоҳарон миён бандам». Дар натиҷа Патрикро дар 23-солагияш пир таъйин карданд (Пнм. 27:9).

17. Чӣ хел Исо нишон дод, ки ба шогирдонаш бовар мекунад?

17 Исо ба шогирдонаш на танҳо вазифаи мавъиза кардан, балки боз таълим доданро низ супорида буд (Мат. 28:20). Шогирдон, шояд, фикр мекарданд, ки аз уҳдаи ин супориш намебароянд. Лекин Исо асло шубҳа намекард, ки онҳо ин корро карда метавонанд. Ӯ барои нишон додани дилпурияш чунин гуфт: «Чуноне ки Падар маро фиристодааст, ман низ шуморо мефиристам» (Юҳ. 20:21).

18. Пирон чӣ хел ба Исо пайравӣ карда метавонанд?

18Пирон аз Исо чӣ омӯхта метавонанд? Пирони ботаҷриба ҳама корро худашон иҷро намекунанд (Флп. 2:19–22). Масалан, онҳо ҷавононро ба рӯбучин ва нигоҳубини Ибодатгоҳ ҷалб карда метавонанд. Вақте пири ҷамоат ба бародаре вазифа медиҳад, ӯ ба вай мефаҳмонад, ки онро чӣ тавр иҷро кунад. Баъд аз ин ӯ ба бародар озодӣ медиҳад ва ҳар як қадамашро назорат намекунад. Метю, ном пири навтаъйине аз пирони ботаҷрибае, ки нозукиҳои корро ба ӯ ёд дода, вазифаро пурра ба ӯ месупориданд, миннатдор аст. Ӯ мегӯяд: «Онҳо мефаҳмиданд, ки таълимгирӣ бехато намешавад. Ман бо сабру маслиҳати онҳо пешравӣ мекардам» d.

19. Шумо ба чӣ азм доред?

19 Исо дар давоми 40 рӯзи охири дар замин буданаш ба дигарон қувват мебахшид, Навиштаҳоро мефаҳмонд ва онҳоро таълим медод (1 Пет. 2:21). Биёед намунаи ӯро ҳамеша пеши назар дорем. Дар ин кор ӯ ба мо кумак мекунад, зеро худаш ба мо чунин ваъда додааст: «Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20).

СУРУДИ 85 Подоши нек аз ҷониби Яҳува

a Дар Хушхабар ва дигар китобҳои Навиштаҳо гуфта мешавад, ки Исои зиндашуда якчанд бор ба шогирдонаш намоён гашта буд: ба Марями Маҷдалия (Юҳ. 20:11–18); дигар занон (Мат. 28:8–10; Луқ. 24:8–11); ду шогирд (Луқ. 24:13–15); Петрус (Луқ. 24:34); расулон, вақте Тумо набуд (Луқ. 20:19–24); расулон ва Тумо (Юҳ. 20:26); ҳафт шогирд (Юҳ. 21:1, 2); зиёда аз 500 шогирд (Мат. 28:16; 1 Қӯр. 15:6); бародараш Яъқуб (1 Қӯр. 15:7); тамоми расулон (Кор. 1:4); ва ба расулон дар наздикии Байт-Ҳинӣ (Луқ. 24:50–52). Эҳтимол, дигар воқеаҳо ҳам буданд, лекин дар ин бора дар Китоби Муқаддас чизе гуфта нашудааст (Юҳ. 21:25).

b Рӯйхати пешгӯйиҳо дар бораи Масеҳро аз сомонаи jw.org аз мақолаи зерин ёфтан мумкин: «Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?»

c Дар баъзе мавридҳо бародарони мувофиқро баъди 25-солагӣ нозири ноҳиявӣ таъйин мекунанд. Лекин аввал онҳо бояд пир хизмат карда, таҷриба пайдо кунанд.

d Пирон боз чӣ тавр бародарони ҷавонро барои гирифтани таъйинот таълим дода метавонанд? Ба «Бурҷи дидбонӣ» моҳи августи 2018, саҳ. 11, 12, сарх. 15–17 ва 15-уми апрели 2015 саҳ. 3–13 нигаред.

e ШАРҲИ РАСМ: Баъди дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза рондан омӯзанда қарор мекунад, ки ороишоти солинавиро партояд.