Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ

Фикрҳои асосиро такрор кунед

Фикрҳои асосиро такрор кунед

Оё маълумоти ба наздикӣ омӯхтаатонро ба ёд овардан душвор аст? Бо ҳар яки мо чунин шуданаш мумкин. Дар ин мавридҳо чӣ кумак мекунад? Такрор кардани фикрҳои асосӣ.

Ҳангоми омӯзиш каме истода, ба фикрҳои асосӣ аҳамият диҳед. Павлуси расул ҳамдинонашро даъват кард, ки ҳангоми омӯхтани номааш маҳз ҳамин хел амал кунанд. Ӯ мегӯяд: «Пас, мағзи гап ин аст» (Ибр. 8:1). Ҳамин тавр ӯ ба хонандагон кумак кард, ки ба рафти муҳокима аҳамият дода, фаҳманд, ки фикрҳои номааш бо мавзуи асосӣ чӣ алоқа доранд.

Шумо метавонед дар охири омӯзиш даҳ дақиқа ҷудо карда, дар бораи фикрҳои асосӣ мулоҳиза ронед. Агар онҳоро ба ёд оварда натавонед, ба зерсарлавҳаҳо ё ҷумлаҳои аввали сархатҳо нигоҳ кунед. Агар ягон маълумоти навро ёбед, кӯшиш кунед онро бо суханони худ фаҳмонед. Фикрҳои асосиро такрор карда, шумо на танҳо хотираатонро машқ медиҳед, балки боз беҳтар мефаҳмед, ки чӣ хел маълумотро ба кор баред.