МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
Шубҳаҳоятонро кушед
«Ҳама чизро бисанҷед» (1 ТАС. 5:21).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр шубҳаҳоро бартараф карда, хизматамонро ба Яҳува давом диҳем.
1, 2. а) Дар дили хизматгорони Яҳува кадом шубҳаҳо пайдо шуда метавонанд? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?
ДАР кадом синну сол набошем, баъзан дар диламон шакку шубҳа a пайдо мешавад. Масалан, ба сари бародари ҷавоне чунин фикре омада метавонад: «Оё ман дар чашми Яҳува арзише дорам?» Шояд, ӯ барои таъмид гирифтан дудила аст. Ё дар бораи бародари миёнасоле фикр кунед, ки аз ҷавонӣ аз пайи мансабу мартаба нашуда, корҳои рӯҳониро дар ҷойи аввал мемонд. Ҳоло, ки синну солаш рафтаасту базӯр оилаашро таъмин мекунад, аз худ мепурсад: «Қарорҳое, ки дар ҷавонӣ кардам, дуруст буданд ё не?» Ё хоҳари пиронсолеро тасаввур кунед, ки қуввату мадори зиёд надорад. Шояд, ӯ зиқ аст, ки дигар мисли пештара хизмат карда наметавонад. Шумо ягон бор ба худ чунин саволҳоро додаед: «Оё ман дар назари Яҳува аҳамият дорам? Оё фидокориҳое, ки ба хотири ӯ кардаам, арзанда буданд? Оё Яҳува саҳми маро дар хизматаш мебинад?»
2 Агар ин саволҳоро беҷавоб монем, онҳо ба хизматамон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр бо ёрдами Китоби Муқаддас шубҳаҳои зеринро бартараф кунем: 1) Оё Яҳува ба ман аҳамият медиҳад? 2) Оё дар гузашта қарорҳои дуруст бароварда будам? 3) Оё Яҳува имрӯз ҳам саҳми маро дар хизмат қадр мекунад?
ЧӢ ТАВР ШУБҲАҲОЯМОНРО БАРТАРАФ КУНЕМ?
3. Агар дар диламон шубҳа пайдо шавад, чӣ кор кунем?
3 Як роҳи бартараф кардани шубҳаҳо ба саволҳоямон аз Каломи Худо ҷавоб ҷустан аст. Агар чунин кунем, қувват меёбем, рӯҳан нашъунамо мекунем ва «дар имон устувор» мемонем (1 Қӯр. 16:13).
4. Мо чӣ тавр «ҳама чизро» санҷида метавонем? (1 Таслӯникиён 5:11).
4 1 Таслӯникиён 5:21-ро хонед. Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки «ҳама чизро» санҷем. Чӣ тавр ин корро кунем? Мо бояд фикру боварҳоямонро бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас муқоиса кунем. Мисоли бародари ҷавонро мегирем, ки аз худ мепурсид: «Оё ман дар чашми Яҳува арзише дорам?» Оё ӯ бояд ба ин шубҳааш бепарвоӣ кунад? Не, ӯ бояд «ҳама чизро» санҷида, фикри Яҳуваро дар ин бора фаҳмад.
5. Чӣ тавр ба саволҳоямон ҷавоби Яҳуваро шунида метавонем?
5 Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо «овози» Яҳуваро мешунавем. Лекин, агар хоҳем, ки ба ягон саволи муайян ҷавоб пайдо кунем, мо бояд камтар майна об кунем. Аз Калом порчаҳоеро интихоб кунед, ки ба саволи шумо равшанӣ меандозанд. Барои тадқиқ мо олоту воситаҳои фаровоне дорем, ки ташкилоти Яҳува тайёр кардааст (Пнм. 2:3–6). Пеш аз таҳқиқ ба Яҳува дуо гӯед, ки шуморо роҳнамоӣ кунад, то фикри ӯро дар ин бора фаҳмида тавонед. Баъд аз пайи кофтани принсипҳои Китоби Муқаддас ва маълумоти бароятон даркорӣ шавед. Ҳамчунин аз Калом дар бораи саргузашти қаҳрамононе мулоҳиза карда метавонед, ки душвории ба шумо монандро доштанд.
6. Чӣ тавр вохӯриҳо барои яктарафа кардани шубҳаҳоямон кумак мекунанд?
6 Мо дар вохӯриҳоямон низ «овози» Яҳуваро шунида метавонем. Агар мо ҳама вақт ба ҷамъомад равем, аз суханронӣ ё ҷавоби касе ба саволамон ҷавоб гирифта метавонем (Пнм. 27:17). Акнун биёед бинем, ки чӣ тавр баъзе шубҳаҳоямонро дур кунем.
ОЁ ЯҲУВА БА МАН АҲАМИЯТ МЕДИҲАД?
7. Баъзан дар сари одамон кадом саволҳо пайдо мешаванд?
7 Оё ягон бор ба саратон чунин савол омада буд: «Яҳува ба ман аҳамият медиҳад?» Агар худро беқадр ҳис кунед, дӯстӣ бо Парвардигори олам бароятон дастнорас метобад. Эҳтимол, шоҳ Довуд низ чунин ҳиссиёт дошт. Донистани он ки Яҳува аз ҳоли инсони хокӣ бохабар аст, ӯро ба ҳайрат меовард. Ӯ чунин гуфт: «Эй Яҳува, чист инсон, ки ӯро пай барӣ ва фарзанди одам, ки ба ӯ диққат диҳӣ?» (Заб. 144:3). Аз куҷо фаҳмем, ки Яҳува шахсан ба мо диққат медиҳад?
8. Вақте Яҳува ба одамон назар мекунад, мувофиқи 1 Подшоҳон 16:6, 7, 10–12 ӯ чиро мебинад?
8 Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки Яҳува ба ҳама аҳамият медиҳад, ҳатто ба одамони назарногир. Барои мисол, вақте Яҳува Самуилро барои тадҳин кардани подшоҳи ояндаи Исроил фиристод, Исой ҳамаи писаронашро, ғайр аз писари кенҷааш Довуд b, назди Самуил овард. Лекин ба Яҳува маҳз Довуд даркор буд. (1 Подшоҳон 16:6, 7, 10–12-ро хонед.) Ӯ медид, ки Довуди ҷавон дили худоҷӯй дорад.
9. Аз куҷо медонем, ки Яҳува моро хуб медонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба шумо ғамхорияшро нишон додааст. Ӯ маслиҳатеро медиҳад, ки барои дарди шумо даво аст (Заб. 32:8). Агар ӯ шуморо нашиносад, чӣ тавр маслиҳати бароятон мувофиқ дода метавонад? (Заб. 139:1) Вақте маслиҳати ӯро ба кор бурда, фоидаашро мебинед, дилпур мегардед, ки Яҳува ба шумо бепарво нест (1 Воқ. 28:9; Кор. 17:26, 27). Ӯ кӯшишҳои шуморо пай мебарад, хислатҳои хубатонро мушоҳида мекунад ва бо шумо паймони дӯстӣ карданӣ аст (Ирм. 17:10). Агар шумо ҳам бо ӯ дӯст шудан хоҳед, Яҳува шод мегардад (1 Юҳ. 4:19).
ОЁ ҚАРОРҲОИ ГУЗАШТААМ ДУРУСТ БУДАНД?
10. Вақте ба гузашта назар мекунем, чӣ гуна шубҳа пайдо шуданаш мумкин?
10 Ба гузашта назар карда, шояд, баъзеҳо аз қарорҳояшон пушаймон шаванд. Эҳтимол, онҳо ба хотири хизмати Яҳува аз баҳри вазифаи калон ё кори сердаромад гузаштанд. Акнун бошад, аз байн солҳо, ҳатто даҳсолаҳо, гузаштааст. Онҳо дар бораи шахсоне, ки аз пайи пулёбӣ буданду имрӯз ҳаёташон бароҳат метобад, фикр карда, шояд, гӯянд: «Оё фидокориҳое, ки дар роҳи Яҳува кардаам, арзанда буданд? Ё саргарми хизмати Яҳува шуда, бисёр чизҳоро аз даст додам?»
11. Нависандаи Забур 73 аз чӣ рӯҳафтода шуд?
11 Агар чунин саволҳо шуморо низ ғам диҳанд, дар бораи ҳиссиёти нависандаи 73-юми Забур мулоҳиза ронед. Ба назари ӯ метофт, ки дигарон тани сиҳат, дили беғам ва шиками сер доранд (Заб. 73:3–5, 12). Вақте ӯ ба онҳо ва муваффақияти назарфиребашон аҳамият медод, ҳис мекард, ки хизматаш барои Яҳува беҳуда аст. Ӯ ҳар рӯз ин фикрро дар сараш тоб дода, дилмонда мешуд (Заб. 73:13, 14). Чӣ тавр ӯ аз чанги ин фикри харобкор халос шуд?
12. Мувофиқи Забур 73:16–18 чӣ ба таронасаро кумак кард, ки хавотирияшро паси сар кунад?
12 Забур 73:16–18-ро хонед. Таронасаро ба муқаддасгоҳи ороми Яҳува дохил шуд. Дар он ҷо чашми хирадаш кушода шуд: ӯ фаҳмид, ки ҳаёти баъзеҳо бароҳат тобад ҳам, онҳо ба оянда ягон умед надоранд. Ин фикр дили беқарори ӯро ором кард. Таронасаро дилпур гашт, ки роҳи беҳтарини ҳаёт парастиши Яҳува аст. Сипас ӯ бо қувваи тару тоза аз пайи хизмати Яҳува шуд (Заб. 73:23–28).
13. Агар аз қарорҳои гузаштаатон пушаймон бошед, чӣ кор карда метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Шумо низ мисли таронасаро ба воситаи Каломи Худо оромӣ ёфта метавонед. Чӣ тавр? Дар бораи ганҷҳое, ки доред, аз ҷумла бойгариятон дар осмон мулоҳиза ронед. Он аз чизҳое, ки одамон дар ин ҷаҳон соҳиб мешаванд, ҳазорон бор боло меистад. Азбаски одамони ин ҷаҳон ба оянда ягон умед надоранд, ба дастовардҳои имрӯзаашон такя мекунанд. Барои шумо бошад, Яҳува баракатҳое тайёр кардааст, ки аз гӯшаи хаёлатон нагузаштааст (Заб. 145:16). Боз аз худ пурсед: «Агар роҳи Яҳуваро неву дигар чизро маҳкам меқапидам, оё хушбахттар мешудам?» Як чиз аниқ аст: касоне, ки аз муҳаббат ба Яҳува ва дигарон қарор бароварданд, аз ягон чизи хуб бенасиб намемонанд.
ОЁ ЯҲУВА САҲМИ МАРО ДАР ХИЗМАТ ҚАДР МЕКУНАД?
14. Баъзе масеҳиён чӣ мушкилӣ доранд ва кадом савол онҳоро ором намегузорад?
14 Баъзе хизматгорони Яҳува аз пиронсолӣ, беморӣ ё камқувватӣ азоб мекашанд. Барои ҳамин, шояд, онҳо фикр мекунанд, ки дар назари Яҳува камарзишанд. Эҳтимол, онҳо мегӯянд: «Оё имрӯз Яҳува саҳми маро дар хизмат қадр мекунад?»
15. Нависандаи Забур 71 аз чӣ дилпур буд?
15 Нависандаи Забур боби 71 низ чунин хавотириҳо дошт. Ӯ мегӯяд: «Вақте қувватам маро тарк кунад, аз ман рӯ нагардон» (Заб. 71:9, 18). Таронасаро худро беқувват ҳис кунад ҳам, дилпур буд, ки, агар содиқона хизмати Яҳуваро давом диҳад, Яҳува ӯро роҳнамоӣ карда, дастгираш мешавад. Ӯ дарк кард, ки, агар шахс ба сустиҳояш нигоҳ накарда бо ҷону дил хизмат кунад, Яҳува шод мегардад (Заб. 37:23–25).
16. Пиронсолон барои Яҳува ва дигарон чӣ кор карда метавонанд? (Забур 92:12–15).
16 Пиронсолони азиз, ба вазъиятатон бо чашми Яҳува нигоҳ кунед. Камқувват бошед ҳам, бо кумаки Яҳува рӯҳан мешукуфед. (Забур 92:12–15-ро хонед.) Диққататонро на ба нотавонӣ, балки ба корҳое, ки аз дастатон меояд, равона кунед. Масалан, бо намунаи вафодорӣ ва таваҷҷуҳатон дигаронро қувват бахшида метавонед. Дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува дар давоми солҳо дар баратон буд ва чӣ хел ваъдаҳои Яҳуваро бесаброна интизоред, нақл кунед. Ҳамчунин дар ёд доред, ки дуоҳои гарму ҷӯшонатон дар бораи дигарон қуввати бузург доранд (1 Пет. 3:12). Дар кадом ҳолате набошем, ҳар якамон ба Яҳува ва дигарон некӣ карда метавонем.
17. Чаро набояд худро бо дигарон муқоиса кунем?
17 Агар дар хизмати Яҳува бисёр карда натавонед, зиқ нашавед. Дилпур бошед, ӯ ҳар кореро, ки ба хотири номаш мекунед, қадр мекунад. Шояд, шумо корҳои худро бо корҳои дигарон муқоиса кунед. Ҳеҷ гоҳ ин тавр накунед. Охир, Яҳува асло хизматгоронашро бо якдигар муқоиса намекунад (Ғал. 6:4). Масалан, Марям ба Исо равғани хушбӯйи қиматбаҳоро ҳадия кард (Юҳ. 12:3–5). Бевазани камбағал бошад, ду тангаи хурди камарзишро хайрия кард (Луқ. 21:1–4). Дар назари Исо ҳар дуи ин ҳадияҳо нишонаи имон буд. Исо комилан ба падараш пайравӣ мекард. Барои ҳамин, вақте хизмататон ночиз метобад, дар ёд доред: Яҳува ҳар як кореро, ки аз имону муҳаббат ба ӯ мекунед, қадр мекунад.
18. Чӣ тавр шубҳаҳоямонро дур кунем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Бо ёрдами Каломи Худо шубҳаҳоятонро барҳам диҳед» нигаред.)
18 Ба сари ҳар яки мо гоҳ-гоҳ шубҳаҳо роҳ меёбанд. Лекин ба воситаи Каломи боварибахши Худо, онҳоро решакан карда метавонем. Кӯшиш карда, ба саволҳои худ ҷавоб ёбед. Он гоҳ ба ҷойи хавотириву ноумедӣ дар дилатон дилпуриву боварӣ хона мекунад. Яҳува ба шумо диққат медиҳад. Ӯ фидокориҳоятонро қадр мекунад ва шуморо бе мукофот намемонад. Заррае шубҳа накунед, Яҳува ҳар як хизматгори вафодорашро дӯст медораду сазовори меҳру таваҷҷуҳи худ медонад.
СУРУДИ 28 Суруди нав
a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин мақола шубҳа гуфта, гап дар бораи он намеравад, ки шахс ба Яҳува ва ваъдаҳои ӯ бовар надорад, балки худро дар назари Яҳува камарзиш ҳисобида, аз қарорҳои гузаштааш дудила мешавад.
b Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки, вақте Яҳува Довудро интихоб кард, ӯ чандсола буд, лекин, аз афташ, ӯ наврас буд. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 сентябри 2011 саҳ. 29, сарх. 2 нигаред).