Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад

Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад

«Дилшикастагонро шифо мебахшад, захмҳои онҳоро мебандад» (ЗАБ. 147:3).

МАҚСАД

Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува дарди дили моро сабук мекунад ва қувват медиҳад, ки дигаронро дилбардорӣ кунем.

1. Яҳува ба хизматгоронаш чӣ хел муносибат мекунад?

 ЯҲУВА аз ғаму шодии хизматгорони заминияш бохабар аст (Заб. 37:18). Вақте ӯ аз осмон мебинад, ки мо дарду ғам дорем, вале аз таҳти дил хизматашро ба ҷо меорем, беҳад хурсанд мешавад. Ӯ сахт мехоҳад, ки моро дастгириву дилбардорӣ кунад.

2. Яҳува барои дилшикастагон чӣ кор мекунад ва чӣ тавр аз ёрдами ӯ баҳра барем?

2 Дар Забур 147:3 гуфта шудааст, ки Яҳува захмҳои дилшикастагонро мебандад. Ин оят нишон медиҳад, ки Яҳува мехоҳад дар ҳаққи касоне, ки захми дил доранд, ғамхорӣ кунад. Чӣ тавр аз ғамхории Яҳува баҳра барем? Мисоле меорем. Духтури ботаҷрибае барои шифо ёфтани шахси захмдор кӯшиш мекунад. Лекин барои пурра сиҳат шудани захм шахс бояд аз рӯйи маслиҳатҳои духтур амал кунад. Аз ин мақола мефаҳмем, ки Яҳува ба касоне, ки дарде дар дил доранд, дар Каломаш чӣ навиштааст ва чӣ тавр фоидаи маслиҳатҳояшро бинем.

ЯҲУВА МОРО ҚАДР МЕКУНАД

3. Чаро баъзеҳо худро беқадр ҳис мекунанд?

3 Мо дар ҷаҳони сарду бемеҳр зиндагӣ дорем ва мутаассифона, бисёриҳо дар он худро беқадр ҳис мекунанд. Хоҳаре бо номи Ҳелен a мегӯяд: «Ман дар оилаи бемеҳр калон шудаам. Падарам ба мо зӯроварӣ мекард ва доимо ба гӯшамон мехонд, ки аз мо ягон фоида нест». Шояд, шумо низ мисли Ҳелен таги танқиду маломат калон шуда, аз наздиконатон ба серӣ меҳр надидаед. Агар чунин бошад, ба шумо бовар кардан ба ғамхории самимонаи дигарон душвор аст.

4. Яҳува ба воситаи Забур 34:18 моро ба чӣ дилпур мекунад?

4 Одамон ба шумо сад бадӣ накунанд, дар ёд доред, ки дар чашми Яҳува азизу қиматбаҳоед. Ӯ ба «дилшикастагон наздик аст». (Забур 34:18-ро хонед.) Дар лаҳзаҳои рӯҳафтодагӣ дар ёд доред: Яҳува дар дилатон чизи хуберо дидааст, ки шуморо сӯйи худаш овардааст (Юҳ. 6:44). Ӯ доимо тайёр аст, ки шуморо дастгирӣ кунад, чунки барояш азизу пурарзишед.

5. Исо бо касони беқадру назарногир чӣ хел рафтор мекард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

5 Вақте дар бораи намунаи Исо фикр мекунем, мо ҳиссиёти Яҳуваро беҳтар мефаҳмем. Ҳангоми хизмати заминияш ӯ бо одамони беқадру назарногир дилсӯзу меҳрубон буд (Мат. 9:9–12). Рӯзе зане, ки аз касалии вазнине азоб мекашид, ба нияти шифо ба либоси Исо даст расонд. Исо бошад, ӯро тасаллӣ бахшид ва барои имонаш таъриф кард (Марқ. 5:25–34). Исо ин сифатҳоро аз Падараш Яҳува ёд гирифта буд (Юҳ. 14:9). Аз ин рӯ дилпур бошед: Яҳува шуморо қадр мекунад ва ҳама хислатҳои некатонро мебинад, аз ҷумла имону муҳаббататонро.

6. Аз ҳисси беқадрӣ чӣ хел халос шудан мумкин?

6 Агар ҳисси беқадрӣ шуморо гоҳ-гоҳ ё доимо азоб диҳад, чӣ кор карда метавонед? Яҳува дар Каломаш борҳо гуфтааст, ки шумо дар чашми ӯ қадру арзиш доред. Ин оятҳоро хонда, дар бораи мазмунашон андеша ронед b (Заб. 94:19). Агар ба ягон мақсадатон нарасед, дилшикаста нашавед. «Ман чени дигарон карда наметавонам» гуфта, рӯҳафтода нашавед. Яҳува чизи аз қуввататон берунро аз шумо интизор нест (Заб. 103:13, 14). Агар дар гузашта шуморо таҷовуз карда бошанд, худро сарзаниш накунед. Шумо дар ин кор ягон зарра айбдор нестед. Дар ёд доред: Яҳува ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ мекашад, на ҷабрдидаро (1 Пет. 3:12). Сандра, ки дар кӯдакияш таҷовуз шуда буд, мегӯяд: «Ман доим аз Яҳува ёрдам мепурсам, ки ба худ мисли ӯ назар кунам».

7. Чӣ тавр чизеро, ки дар гузашта аз сар гузарондед, дар хизмати Яҳува истифода бурда метавонед?

7 Шумо барои дигарон дасти тасалливу навозиши Яҳува шуда метавонед. Ӯ ба шумо имконияти пуршараф додааст, ки дар хизмат ҳамкори ӯ бошед (1 Қӯр. 3:9). Диле, ки бо дард ошност, ғаму дарди дигаронро беҳтар мефаҳмад. Шумо ғамбарору дастёри ғамзадагон шуда метавонед. Ба Ҳелен, ки дар боло ёдовар шудем, дигарон дасти ёрӣ дароз карданд. Акнун ӯ медонад, ки чӣ тавр одамони ғамдорро дастгирӣ кунад. Ӯ мегӯяд: «Ман пеш дар чашми худ ночиз будам, вале Яҳува ба ман қадру арзиш бахшиду маро ғамбарори дигарон гардонд». Ҳоло бошад, Ҳелен хурсандона пешрави доимӣ хизмат мекунад.

ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ БАХШИШАШРО ҚАБУЛ КУНЕМ

8. Суханони Ишаъё 1:18 моро ба чӣ дилпур месозанд?

8 Баъзе хизматгорони Яҳуваро виҷдонашон барои корҳое, ки пеш аз таъмид ё ҳатто баъди он кардаанд, азоб медиҳад. Лекин биёед дар ёд дорем, ки Яҳува аз муҳаббати бепоёнаш ба мо товони Исоро пешкаш кардааст. Ӯ мехоҳад мо ин ҳадияи ӯро қабул кунем. Баъди он ки «масъаларо» бо Яҳува ҳал кардем c, ӯ ҳеҷ гоҳ гуноҳҳоямонро ба рӯямон намекашад. (Ишаъё 1:18-ро хонед.) Худои пурмеҳрамон Яҳува гуноҳҳои пешинаамонро ба ёд намеорад, вале корҳои некамонро, ки дар гузашта карда будем, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад (Заб. 103:9, 12; Ибр. 6:10).

9. Чаро ба ҷойи хатоҳои гузашта хуб мебуд дар бораи ҳозираву оянда фикр кунем?

9 Агар барои корҳои пештараатон пушаймонӣ кашед, диққататонро ба имрӯзу фардоятон равона созед, на ба гузаштаатон. Мисоли Павлуси расулро дида мебароем. Ӯ пушаймон буд, ки як вақтҳо озордеҳи ашаддии масеҳиён буд, лекин ӯ медонист, ки Яҳува ӯро бахшидааст (1 Тим. 1:12–15). Оё ӯ худро барои гуноҳҳои пештарааш хӯрда мегашт? Вақте Павлус дар дини яҳудӣ буд, комёбиҳои зиёдро ба даст овард. Лекин ӯ дар бораи дастовардҳои пештарааш фикр карда намегашт, ҳушашро бо гуноҳҳои пештарааш низ андармон намекард (Флп. 3:4–8, 13–15). Ӯ ақлу ҳуш ва ҷону танашро ба хизмат бахшида, ба оянда назар медӯхт. Бо ёди гузашта умр ба сар набаред. Мисли Павлус дар фикри имрӯзу фардо бошед. Ҳозир то ҷое, ки аз дастатон биёяд, хизмати Яҳуваро ба ҷо оред ва чашмбароҳи дунёи зебое бошед, ки Худо бароятон тайёр кардааст.

10. Агар ба касе зарар расонда бошем, чӣ кор карда метавонем?

10 Шояд, ба хотири он ки дар гузашта дигаронро ранҷондаем, ғамгинем. Дар ин ҳол чӣ кор карда метавонем? Зарари расондаатонро ҷуброн кунед. Масалан, аз шахси ҷабрдида аз таҳти дил бахшиш пурсед (2 Қӯр. 7:11). Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба он шахс кумак кунад. Яҳува метавонад ҳам ба шумо ва ҳам ба ҷабрдида пурсабриву хотирҷамъӣ бахшад.

11. Мо аз пайғамбар Юнус чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Аз хатоҳои гузаштаатон дарс гирифта, ба самте равона шавед, ки Яҳува нишон медиҳад. Мисоли пайғамбар Юнусро дида мебароем. Ба ҷойи он ки ба амри Яҳува гӯш дода, ба шаҳри Нинве равад, ӯ ба самти муқобил гурехт. Яҳува Юнусро ислоҳ кард ва ӯ аз хатояш дарс гирифт (Юнус 1:1–4, 15–17; 2:7–10). Яҳува аз Юнус дасту дил нашуст, балки ба пайғамбараш боз як имконият дод. Ин дафъа Юнус дарҳол ба суханони Яҳува итоат карда, ба Нинве рафт. Юнус нагузошт, ки пушаймонӣ аз хатои пештараяш дар пеши роҳаш девори оҳанин гардад (Юнус 3:1–3).

Вақте Юнус ба таври муъҷиза аз даруни моҳии калон халос шуд, Яҳува бори дигар ба ӯ гуфт, ки ба Нинве рафта, хабари ӯро эълон кунад (Ба сархати 11 нигаред.)


ЯҲУВА БА ВОСИТАИ РӮҲАШ МОРО ТАСАЛЛӢ МЕБАХШАД

12. Агар мо аз захми равонӣ ё дарди ҷудоӣ азоб кашем, Яҳува чӣ хел ёрдам мекунад? (Филиппиён 4:6, 7).

12 Агар дар зиндагиятон фалокате рӯй диҳад, Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш шуморо тасаллӣ мебахшад. Мисоли Рон ва Керолро дида мебароем. Дар оилаи онҳо фалокате рӯй дод: писарашон худкушӣ кард. Ин ҳамсарон мегӯянд: «Аз зарбаҳои зиёди зиндагӣ сахттаринаш ҳамин буд. Мо шабҳои зиёд бехобӣ кашида, дуо мегуфтем ва оқибат оромиеро, ки дар Филиппиён 4:6, 7 омадааст, пайдо кардем». (Оятҳоро хонед.) Агар аз ягон душворӣ дилатон реш бошад, дуо гуфта, дилатонро пок-покиза ба Яҳува холӣ кунед. Дар кадом соат ё чӣ қадар вақте дуо нагӯед, ӯ ба дуоҳои шумо гӯшбақимор аст (Заб. 86:3; 88:1). Гаштаю баргашта аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед. Ӯ ҳеҷ гоҳ хоҳишҳои шуморо нодида намегирад (Луқ. 11:9–13).

13. Чӣ тавр бо ёрдами рӯҳи муқаддас ба Яҳува содиқона хизмат карда метавонем? (Эфсӯсиён 3:16).

13 Оё озмоиши сахте қуввату тавонатонро ҷаббида гирифтааст? Агар чунин бошад, рӯҳи муқаддас ба шумо қувват мебахшад, ки содиқона хизмати Яҳуваро давом диҳед. (Эфсӯсиён 3:16-ро хонед.) Бинед бо хоҳарамон Флора чӣ рӯй дод. Вақте ӯву ҳамсараш миссионер хизмат мекарданд, шавҳараш ба ӯ хиёнат карду онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ӯ мегӯяд: «Хиёнати шавҳарам маро дарун-дарун мехӯрд. Хаёл мекардам, ки аз ин бало ҳеҷ гоҳ халос намешавам. Барои тоб овардан ба Яҳува рӯ овардам. Ӯ бо рӯҳи муқаддасаш маро тасалливу қувват бахшид ва ман аз ин гирдоби бало халос шудам». Боварии Флора ба Яҳува бақувваттар гаштааст ва ӯ дилпур аст, ки дар оянда чӣ душворие ба сараш наояд, бо кумаки ӯ дастболо мегардад. Ӯ илова мекунад: «Ман ҳақ будани суханони Забур 119:32-ро ҳис кардам. Он ҷо гуфта шудааст: “Бо ҷону дил мувофиқи амрҳоят зиндагӣ хоҳам кард, зеро ту ақлу фаҳмамро зиёд мегардонӣ”».

14. Чӣ тавр аз Яҳува бештар рӯҳи муқаддас гирем?

14 Баъди он ки аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсидед, чӣ кор кунед, ки онро соҳиб шавед? Ба вохӯриҳо равед ва дар хизмат иштирок кунед. Ҳар рӯз Каломи Худоро хонда, саратонро бо фикрҳои Яҳува пур кунед (Флп. 4:8, 9). Ҳангоми хониш аҳамият диҳед, ки ин ё он қаҳрамон чӣ душворӣ дошт ва чӣ тавр Яҳува барои тоб овардан ба онҳо кумак мекард. Сандра, ки дар боло ёдовар шудем, аз як қатор душвориҳо азоб мекашид. Ӯ мегӯяд: «Саргузашти Юсуф бароям беҳад таъсирбахш буд. Ӯ нагузошт, ки озмоишу беадолатиҳо риштаи дӯстияшро бо Яҳува кананд» (1 Мӯсо 39:21–23).

ЯҲУВА БА ВОСИТАИ ҲАМИМОНОН МОРО ТАСАЛЛӢ МЕБАХШАД

15. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон моро дастгирӣ карда, тасалло мебахшад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Вақте аз чизе азоб мекашем, бародару хоҳарон бароямон сарчашмаи қуввату тасаллӣ гашта метавонанд (Қӯл. 4:11). Яҳува ба воситаи онҳо муҳаббаташро ба мо изҳор мекунад. Онҳо дарди диламонро бодиққат гӯш карда ё танҳо дар барамон истода, моро тасаллӣ мебахшанд. Ҳамчунин онҳо ояти қувватбахшеро ба мо хотиррасон мекунанд ё ҳамроҳамон дуо мегӯянд d (Рум. 15:4). Баъзан бародар ё хоҳаре ба ёдамон меорад, ки Яҳува ба душвориямон чӣ назар дорад ва мо аз ин сабукӣ ҳис мекунем. Ҳамимононамон ҳамчунин бо дигар корашон ба мо дасти ёрӣ дароз мекунанд, масалан, вақте беҳолу бемадорем, ба мо хӯрок пухта меоранд.

Дӯстони баркамолу боваринок моро дастгирӣ карда, тасаллӣ мебахшанд (Ба сархати 15 нигаред.)


16. Барои он ки дигарон моро дастгирӣ кунанд, бояд чӣ кор кунем?

16 Барои он ки дигарон шуморо дастгирӣ кунанд, аз онҳо ёрӣ пурсед. Бародару хоҳарон моро дӯст медоранд ва барои дастгирӣ кардан тайёранд (Пнм. 17:17). Лекин, шояд, онҳо намедонанд, ки мо чиро аз сар мегузаронему ба чӣ муҳтоҷем (Пнм. 14:10). Барои ҳамин, агар дар дил ягон азоб дошта бошед, ба дӯстони баркамолатон дарди дил кунед, гӯед, ки чӣ дардатонро сабук карда метавонад. Метавонед бо як ё ду пире, ки ба онҳо бовар доред, суҳбат кунед. Баъзе хоҳарон барои дастгирӣ ба хоҳарони баркамол муроҷиат карда тасаллӣ ёфтаанд.

17. Барои тасалло гирифтан чӣ ба мо халал мерасонад ва чӣ тавр онро паси сар кунем?

17 Бо ҳамдинон вақт гузаронед. Баъзан, шояд, дарди дилатон чунон сахт аст, ки мадори бо касе суҳбат кардан надоред. Ё гоҳ вақт бародару хоҳарон шуморо дуруст намефаҳманд ё суханони беҷо мегӯянд (Яъқ. 3:2). Дар чунин мавридҳо низ худро аз ҳамдинон дур нагиред. Пушти панҷараи гӯшанишинӣ истед, худро аз рӯҳбаландӣ маҳрум месозед. Пири ҷамоате бо номи Гевин, ки аз бемории афсурдаҳолӣ (депрессия) азоб мекашад, мегӯяд: «Бо дӯстон рафтуомад кардан бароям аксар вақт душвор аст». Лекин ӯ побанди ин ҳиссиёташ намешавад. Ӯ худро кашола карда, ба нишастҳои дӯстона меравад ва баъди ин аҳволаш беҳтар мешавад. Хоҳаре бо номи Эми мегӯяд: «Аз сабаби воқеаҳои гузашта бароям ба дигарон бовар кардан душвор аст. Лекин мисли Яҳува дӯст доштани бародару хоҳарон ва ба онҳо бовар карданро ёд гирифта истодаам. Медонам, ки аз ин Яҳува шод мешавад ва ман ҳам хурсанд мешавам».

АЗ ВАЪДАҲОИ ЯҲУВА ТАСАЛЛӢ ЁБЕД

18. Яҳува дар оянда ба мо чиро тайёр кардааст ва имрӯз мо бояд чӣ кор кунем?

18 Мо медонем, ки ба қарибӣ Яҳува тану ҷонамонро аз дарду захмҳо шифо мебахшад (Ошкор. 21:3, 4). Он гоҳ азобҳои имрӯза дигар «ба дил намеоянд» (Иш. 65:17). Чи хеле дидем, аллакай имрӯз Яҳува захмҳои моро мебандад. Барои ҳамин ғамхории пурмеҳри ӯро қабул карда, тасалливу оромӣ ёбед. Ба ғамхории Яҳува заррае шубҳа накунед (1 Пет. 5:7).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

a Номҳо иваз шудаанд.

b Ба чорчӯбаи « Яҳува шуморо қадр мекунад» нигаред.

c Барои бо Яҳува «масъаларо ҳал» кардан бояд пушаймониямонро ба ӯ исбот кунем. Чӣ тавр? Барои гуноҳамон аз ӯ бахшиш пурсем ва роҳи хатокориямонро тарк кунем. Агар гуноҳи ҷиддӣ карда бошем, бояд ба пирон муроҷиат кунем (Яъқ. 5:14, 15).

d Оятҳои мувофиқро аз китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» аз мавзуъҳои «Ғаму ташвиш» ва «Тасаллӣ» ёфтан мумкин.