Оё шумо медонед?
Мусиқӣ дар Исроили қадим чӣ нақш мебозид?
МУСИҚӢ дар ҳаёти исроилиён нақши муҳимро мебозид. Дар Китоби Муқаддас дар бораи навозандагону сарояндагон каме маълумот оварда шудааст. Тақрибан даҳяки Навиштаҳоро сурудҳо ташкил медиҳанд, масалан, китобҳои Забур, Шоҳсуруд ва Нолаҳои Ирмиё. Дар китоби «Мусиқӣ дар Исроили қадим» гуфта мешавад, ки Китоби Муқаддас «аниқ нишон медиҳад, ки исроилиён дар бисёр соҳаҳои ҳаёташон мусиқиро истифода мебурданд».
Мусиқӣ дар ҳаёти ҳаррӯза. Барои исроилиён мусиқӣ баёнгари ғаму шодияшон буд (Иш. 30:29). Масалан, занон ҳангоми маросими тахтнишинӣ, идҳо ва ғалабаҳо даф навохта, суруд месароиданду рақс мекарданд (Дов. 11:34; 1 Подш. 18:6, 7; 3 Подш. 1:39, 40). Исроилиён ҳамчунин вақти аз даст додани шахсони наздикашон марсияҳои аламовар хонда, дарди дилашонро холӣ мекарданд (2 Воқ. 35:25). Дар «Донишномаи Макклинток ва Стронг» гуфта мешавад, ки «халқи Исроил одамони беҳад мусиқидӯст буданд».
Мусиқӣ дар дарбори подшоҳ. Шоҳони Исроил аз мусиқӣ лаззат мебурданд. Масалан, шоҳ Шоул Довудро ба дарбораш даъват кард, то барои ӯ навозандагӣ кунад (1 Подш. 16:18, 23). Баъдтар, вақте ки худи Довуд подшоҳ шуд, ӯ асбобҳои мусиқӣ ихтироъ кард, сурудҳои зебо эҷод кард ва созгон — дастаи мусиқинавозонро дар ибодатгоҳи Яҳува ҷамъ овард (2 Воқ. 7:6; Омӯс 6:5). Дар дарбори шоҳ Сулаймон бошад, мардону занони сароянда буданд (Пандгӯ 2:8).
Мусиқӣ дар парастиши Яҳува. Исроилиён пеш аз ҳама ҳангоми парастиши Яҳува мусиқиро истифода мебурданд. Дар ибодатгоҳи Ерусалим 4000 навозанда асбобҳои гуногунро менавохтанд (1 Воқ. 23:5). Масалан, онҳо санҷ, сози торӣ, чанг ва карнай менавохтанд (2 Воқ. 5:12). Лекин на танҳо ин мардон Яҳуваро ба воситаи мусиқӣ парастиш мекарданд. Аз афташ, бисёр исроилиён, вақте барои ҷашн гирифтани идҳо ба Ерусалим мерафтанд, сурудҳои болобароиро месароиданд (Заб. 120–134). Мувофиқи навиштаҳои яҳудиён исроилиён дар Иди Раҳоӣ таронаҳои Ҳаллелро a месароиданд.
Имрӯз низ мусиқӣ барои халқи Худо муҳим аст (Яъқ. 5:13). Мо ба воситаи сурудҳо Яҳуваро ҳамд мегӯем, зеро он қисми парастиши мо мебошад (Эфс. 5:19). Мусиқӣ пайванди ягонагии моро қавитар месозад (Қӯл. 3:16). Сароидани суруд ҳамчунин дар сахтиҳо моро қувват мебахшад (Кор. 16:25). Бале, мусиқӣ роҳи зебоест, ки бо он ба Яҳува имону муҳаббатамонро нишон медиҳем.
a Яҳудиён таронаҳои ҳамду саноро, ки дар бобҳои 113 то 118-и Забур омадааст, таронаҳои Ҳалел меномиданд.