Саволҳои хонандагон
Баландии даҳлези ибодатгоҳи Сулаймон чӣ қадар буд?
Даҳлез даромадгоҳи Макони Поки ибодатгоҳ буд. Мувофиқи нашрҳои пештараи «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» «даҳлези пеши хона мувофиқи бари хона 20 газ дарозӣ дошт ва баландиаш 120 буд» (2 Воқ. 3:4). Дар дигар тарҷумаҳо низ гуфта шудааст, ки баландии даҳлез «120 газ»-ро ташкил медод, ки он ба бурҷи 53-метра баробар аст.
Дар нашри охирини «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав»-и соли 2023 гуфта мешавад, ки баландии даҳлези ибодатгоҳи Сулаймон 20 газ a ё тақрибан 9 метр буд. Биёед якчанд сабаби ин дигаргуниро дида бароем.
Баландии даҳлез дар 3 Подшоҳон 6:3 қайд нашудааст. Дар ин оят Ирмиё дар бораи дарозию бари даҳлез гуфтааст. Лекин дар бораи баландии он ёдовар нашудааст. Баъд дар боби 7 ӯ дигар қисмҳои муҳими ибодатгоҳро номбар мекунад. Масалан, Баҳр ном ҳавзи рехтаи аз мис, даҳ ароба ва ду сутуни мисине, ки дар беруни даҳлез буд (3 Подш. 7:15–37). Агар баландии даҳлез аз 50 метр зиёдтар мебуду дигар қисмҳои ибодатгоҳ пасттар, чаро Ирмиё дар ин бора чизе нагуфт? Ҳатто садсолаҳо пас таърихнигорони яҳудӣ қайд карданд, ки даҳлез аз дигар қисмҳои ибодатгоҳи Сулаймон баландтар набуд.
Олимон шубҳа доранд, ки деворҳои ибодатгоҳ даҳлезеро, ки 120 газ баландӣ дорад, бардошта метавонад. Дар сохтмони биноҳои замони қадим ба монанди дарвозаҳои ибодатгоҳи Миср хишту сангҳои калон истифода мешуданд. Он биноҳо таҳкурсии паҳн доштанду болояшон конусшакл буд. Лекин ибодатгоҳи Сулаймон фарқ мекард. Олимон мегӯянд, ки бари деворҳо аз 6 газ ё 2,7 метр ғафстар набуд. Таърихшиноси иморатҳо Теодор Бусинк чунин хулоса кард: «Агар бари девори даромадгоҳи ибодатгоҳро ба назар гирем, баландии даҳлез 120 газ буда наметавонист».
Матни 2 Воқеанома 3:4, шояд, хато нусхабардорӣ шудааст. Ҳарчанд дар баъзе дастхатҳои қадима дар ин оят «120» омадааст, дар дигар матнҳои боварибахш ба монанди «Дафтарномаи Искандария» (асри 5) ва «Дафтарномаи Амбросиян» (асри 6) «20 газ» омадааст. Набошад, чаро нусхабардор хато карда, «120» навиштааст? Дар забони ибронӣ калимаҳои «сад» ва «газ» ба якдигар монанданд. Барои ҳамин, шояд, нависанда ба ҷойи калимаи «газ» калимаи «сад»-ро навиштааст.
Албатта, мо мақсад дорем, ки ҳар як ҷузъиёти ибодатгоҳи Сулаймонро фаҳмида, онро дуруст тасвир кунем. Ин ибодатгоҳ сояи ибодатгоҳи бузурги рӯҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ мехоҳем диққатамонро асосан ба он равона созем. Мо шодем, ки Яҳува ҳамаи хизматгоронашро ба ин ибодатгоҳ барои парастиш даъват кардааст (Ибр. 9:11–14; Ошкор. 3:12; 7:9–17).
a Поварақи 2 Воқеанома 3:4 мефаҳмонад, ки «дар баъзе дастхатҳои қадима “120” омадаасту дар дигар дастхату баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас “20 газ”».