Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

Ҳадия аз миёни одамонро қадр кунед

Ҳадия аз миёни одамонро қадр кунед

«Баланд баромада... аз миёни одамон баъзеро чун ҳадия дод» (ЭФС. 4:8).

МАҚСАД

Мо аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр хизматгузорону пирони ҷамоат ва нозирони ноҳиявӣ ба мо кумак мекунанд ва чӣ тавр мо ин мардони заҳматкашро қадрдонӣ кунем.

1. Исо ба мо кадом туҳфаҳоро додааст?

 ДАР рӯйи олам касе мисли Исо саховатманд набуд. Дар давоми хизмати заминияш ӯ барои кумаки одамон қувваашро дареғ намедошт ва барояшон муъҷизаҳо мекард (Луқ. 9:12–17). Ҳадияи бузургтаринаш ин буд, ки ҷонашро барои мо қурбон кард (Юҳ. 15:13). Аз вақти зинда шуданаш то ба имрӯз Исо саховатмандӣ мекунад. Ҳамчунин ӯ ба ваъдааш вафо карду аз Яҳува хоҳиш кард, то ба мо рӯҳи муқаддас диҳад ва мо тасалливу таълим гирем (Юҳ. 14:16, 17, поварақ; 16:13). Ба воситаи ҷамъомад Ҳазратамон Исо доимо моро таълим медиҳад, ки дар сар то сари ҷаҳон шогирд созем (Мат. 28:18–20).

2. Дар Эфсӯсиён 4:7, 8 гап дар бораи кадом «ҳадия» меравад?

2 Биёед боз як атои Исоро дида бароем. Павлус менависад, ки, вақте Исо ба осмон рафт, ӯ «аз миёни одамон баъзеро чун ҳадия» дод. (Эфсӯсиён 4:7, 8-ро хонед.) Павлус мефаҳмонад, ки ин ҳадияҳои Исо ҷамоатро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ мекунанд (Эфс. 1:22, 23; 4:11–13). Имрӯзҳо хизматгузорон, пирон ва нозирони ноҳиявӣ аз ҷумлаи ин ҳадияҳоянд a. Албатта, ин мардони нокомил хато карда метавонанд, лекин Ҳазратамон Исо ба воситаи онҳо ба мо кумак мекунад (Яъқ. 3:2). Ҳақиқатан ҳам онҳо туҳфа аз ҷониби Ҳазратамон ҳастанд.

3. Мо чӣ тавр барои устувор кардани ҷамоат ба бародарон кумак карда метавонем? Мисол оред.

3 Исо ин шахсонро барои обод гардондани ҷамоат таъйин кардааст (Эфс. 4:12). Мо ҳам ба онҳо дар иҷро кардани ин вазифаи ҷиддияшон кумак карда метавонем. Масалан, баъзеҳо худашон дар сохтмони Ибодатгоҳ иштирок мекунанд. Дигарон бошанд, ба ҷойи сохтмон хӯрок мебаранд, бо мошинашон ягон корро ҳал мекунанд ё бо ягон тарзи дигар кори сохтмонро дастгирӣ мекунанд. Ба ин монанд, ҳар яки мо хизматгузорон, пирон ва нозирони ноҳиявиро бо сухан ё амалҳоямон ёрмандӣ карда метавонем. Биёед дида мебароем, ки мо аз меҳнати ин мардони бовафо чӣ фоида мегирем ва чӣ тавр ба онҳо ва Исо барои ин атоҳояш миннатдориямонро нишон дода метавонем.

ХИЗМАТГУЗОРОНИ ҶАМОАТ БА ДИГАРОН ЁРӢ МЕДИҲАНД

4. Хизматгузорони ҷамоат дар асри як ба дигарон чӣ хел ёрӣ медоданд?

4 Дар асри як баъзе бародаронро хизматгузори ҷамоат таъйин мекарданд (1 Тим. 3:8). Вақте Павлус дар бораи касоне гап зад, ки «ба дигарон ёрӣ медиҳанд», ӯ, аз афташ, хизматгузоронро дар назар дошт (1 Қӯр. 12:28). Аз афташ, пеш хизматгузорон бори пиронро сабук мекарданд, то ҳушу ёди онҳо ба таълим ва раҳнамоии аҳли ҷамоат бошад. Эҳтимол, ин бародарон дар рӯйнавис кардани порчаҳои Калом саҳм мегузоштанд ё лавозимоти нусхабардориро тайёр мекарданд.

5. Хизматгузорони ҷамоат имрӯз чӣ хел ба бародару хоҳарон ёрӣ медиҳанд?

5 Биёед баъзе аз вазифаҳои ин бародарони фидокорро дида бароем. Хизматгузорон дар ҷамоат вазифаҳои бисёр доранд, масалан, сариштаи ҳуҷҷатҳо ва минтақаи ҷамоат, бо адабиёт таъмин кардани воизон, нигоҳубини таҷҳизоти аудио ва видео, таъмиру беҳдошти Ибодатгоҳ ва дар ҷамоат ҳамчун танзимгар хизмат кардан (1 Пет. 4:10). Ҳамаи ин вазифаҳоро иҷро карда, онҳо дар тартибу низоми ҷамоат саҳми арзанда мегузоранд (1 Қӯр. 14:40). Баъзе аз хизматгузорони ҷамоат қисмҳои вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»-ро мегузаронанд ва бо суханрониҳо баромад мекунанд. Ҳамчунин ягон хизматгузорро метавонанд дастёри нозири гурӯҳ кунанд. Баъзе хизматгузорони қобил пирони ҷамоатро вақти хабаргирии бародару хоҳарон ҳамроҳӣ мекунанд.

6. Шумо аз хизматгузорони заҳматкашамон барои кадом корашон миннатдоред?

6 Чӣ тавр аз корҳои хизматгузорони ҷамоат бародару хоҳаронамон фоида мегиранд? Хоҳарамон Беберли b аз Боливия мегӯяд: «Ман аз хизматгузорони ҷамоат миннатдорам. Меҳнату заҳмати онҳо ҳаст, ки барномаро баҳазур гӯш карда, баҳра мебарам. Ман суруд месароям, шарҳ медиҳам, суханрониҳоро мешунавам ва видеонавору расмҳоро дида метавонам. Онҳо дар вақти гузаштани вохӯриҳо бехатариро таъмин мекунанд ва назорат мекунанд, ки касоне, ки ба воситаи интернет пайваст мешаванд, вохӯриро нағз гӯш карда тавонанд. Баъд аз вохӯрӣ онҳо дар рӯбучини Ибодатгоҳ пешдастӣ мекунанд, ҳуҷҷатҳоро саришта мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ягон кас бе адабиёт намонад. Ман аз онҳо миннатдорам!» Хоҳарамон Лесли аз Колумбия, ки шавҳараш пири ҷамоат аст, мегӯяд: «Ба шавҳарам барои иҷрои вазифаҳои гуногунаш кумаки хизматгузорони ҷамоат лозим аст. Бе дастгирии онҳо ӯ серкортар мешуд. Ман аз онҳо барои меҳнатдӯстию фидокорияшон сипосгузорам». Бешак, шумо бо гуфтаҳои ин хоҳарон розиед (1 Тим. 3:13).

7. Мо чӣ тавр ба хизматгузорони ҷамоат миннатдорӣ нишон дода метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Сипосгузор бошед» (Қӯл. 3:15). Сипосгузории мо нисбати хизматгузорони ҷамоат ҳиссиёти холӣ нест, он бояд дар амал дида шавад. Кишиштоф пири ҷамоат аз Финландия мегӯяд, ки бо кадом роҳ миннатдорияшро ба ин бародарон баён мекунад: «Ман дар номача ё паёмак оятро нависта, қайд мекунам, ки кадом кори бародар маро хурсанд карда буд ё чаро хизматашро қадр мекунам». Паскал ва Ҷаел, ки дар Каледонияи Нав зиндагӣ мекунанд, дар дуоҳояшон аз хизматгузорони ҷамоат ном мебаранд: «Вақтҳои охир дар дуоҳоямон чӣ зориву илтиҷо бошад, чӣ шукргузорӣ мо аз ин бародарони масъули ҷамоатамон ёдовар мешавем». Яҳува чунин дуоҳоро мешунаваду аз ин тамоми ҷамоат баракат меёбад (2 Қӯр. 1:11).

ПИРОНИ ҶАМОАТ «БИСЁР МЕҲНАТ МЕКУНАНД»

8. Чаро Павлус дар бораи пирони асри як гуфт, ки онҳо «бисёр меҳнат мекунанд» (1 Таслӯникиён 5:12, 13).

8 Дар асри як пирон барои беҳбудии ҷамоат бисёр меҳнат мекарданд (1 Таслӯникиён 5:12, 13-ро хонед; 1 Тим. 5:17). Онҳо ҷамоатро «роҳнамоӣ» мекарданд — вохӯриҳоро мегузаронданд ва ҳамчун ҳайати пирон қарорҳо мебароварданд. Онҳо бародару хоҳаронро «насиҳат» мекарданд — барои муҳофизати ҷамоат маслиҳати рӯирост ва меҳрубонона медоданд (1 Тас. 2:11, 12; 2 Тим. 4:2). Ғайр аз ин, ин мардон бисёр заҳмат мекашиданд, ки оилаашонро таъмин кунанд ва рӯҳан бардам монанд (1 Тим. 3:2, 4; Тит. 1:6–9).

9. Баъзе корҳои пиронро номбар кунед.

9 Имрӯз пирон вақти сархорӣ надоранд. Онҳо воизони боғайратанд (2 Тим. 4:5). Онҳо кори хабаррасониро бо шӯру шавқ раҳбарӣ мекунанд, дар минтақа кори мавъизаро ташкил медиҳанд ва ба мо кори омӯзгориву воизиро ёд медиҳанд. Ҳамчунин онҳо доварони раҳмдилу боинсофанд. Вақте ягон масеҳӣ ба гуноҳи ҷиддӣ даст мезанад, пирон ба ӯ кумак мекунанд, ки пайванди дӯстияшро бо Яҳува барқарор кунад. Ҳамзамон онҳо ҷамоатро назорат мекунанд, ки ба он нопокие роҳ наёбад (1 Қӯр. 5:12, 13; Ғал. 6:1). Пеш аз ҳама пиронро ҳамчун чӯпонон мешиносанд (1 Пет. 5:1–3). Онҳо аз рӯйи Калом суханрониҳо тайёр мекунанд. Кӯшиш мекунанд бо ҳар як аъзои ҷамоат шинос шаванд ва бо мақсади дилбардорӣ бародару хоҳаронро хабар мегиранд. Баъзе пирон серкор ҳам бошанд, дар сохтмон ва таъмири Ибодатгоҳ, ташкил додани анҷуманҳо, дар кумитаи кор бо беморхонаҳо ва гурӯҳи аёдати беморон меҳнат мекунанд. Ин бародарон ҳақиқатан ҳам пуркору ҷонфидоянд!

10. Чаро шумо пирони меҳнаткашро қадр мекунед?

10 Яҳува пешгӯйӣ кардааст, ки чӯпонон ғами моро мехӯранд ва мо «дигар тарсону ҳаросон» намешавем (Ирм. 23:4). Хоҳарамон Ҷоҳана аз Финландия, вақте модараш ба бемории ҷиддӣ гирифтор шуд, ба ҳақ будани ин суханон боварӣ пайдо кард. Ӯ мегӯяд: «Ба ман дарди диламро ба дигарон гуфтан душвор буд. Пири ҷамоате, ки ман он қадар намешинохтам, нисбатам пурсабр буд. Ӯ ҳамроҳам дуо гуфт ва маро дилпур сохт, ки Яҳува дӯстам медорад. Ҳар як сухани он бародар дар ёдам нест, лекин ӯ ба дилам осудагӣ бахшид. Шубҳае надорам, ки он бародарро Яҳува фиристода буд, то дар лаҳзаи муҳтоҷӣ ба ман дасти ёрӣ дароз кунад». Чӣ хел пирони ҷамоататон ба шумо кумак кардаанд?

11. Чӣ тавр миннатдориямонро ба пирон нишон дода метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Яҳува мехоҳад, ки мо миннатдориямонро барои меҳнати пирон нишон диҳем (1 Тас. 5:12, 13). Хоҳари дигаре аз Финландия бо номи Ҳенрита мегӯяд: «Ҳарчанд пирон барои кумак кардан тайёранд, мо набояд гумон кунем, ки ҳаёташон беғам асту назар ба мо вақту қуввати бештар доранд. Баъзан ман ба онҳо мегӯям: “Ту бисёр чӯпони хубӣ! Инро фаромӯш накун”». Хоҳаре аз Туркия бо номи Сера мегӯяд: «Барои он ки пирон бо ғайрати бештар хизмат кунанд, онҳо ба таваҷҷуҳ ниёз доранд. Мо метавонем ба онҳо номача нависем, ба хӯрокхӯрӣ даъват кунем ва ҳамроҳашон ба хизмат бароем». Шумо беш аз ҳама ба кадом пири ҷамоат барои меҳнаташ миннатдориятонро нишон доданиед? Дар ин кор фурсат ҷӯед (1 Қӯр. 16:18).

Барои он, ки пирон бо ғайрати бештар хизмат кунанд, онҳо ба таваҷҷуҳ ниёз доранд (Ба сархатҳои 7, 11, 15 нигаред.)


НОЗИРОНИ НОҲИЯВӢ ОБОДГАРОНИ ҶАМОАТ

12. Исо дар асри як ба воситаи кӣ ҷамоатҳоро қавӣ месохт? (1 Таслӯникиён 2:7, 8).

12 Биёед як ҳадияи дигар аз миёни одамонро бинем, ки Ҳазратамон Исо ба ҷамоат додааст. Бо роҳбарии Исо пирони Ерусалим Павлус, Барнаббо ва дигаронро нозирони сайёр таъйин карданд (Кор. 11:22). Лекин, чаро? Бо ҳамон мақсаде, ки хизматгузорон ва пирон таъйин мегарданд: обод гардонидани ҷамоат (Кор. 15:40, 41). Ин мардон аз баҳри ҳаёти бароҳат гузашта, ҳатто баъзан ҷонашонро зери хатар мемонданд, то дигаронро таълим диҳанду қувват бахшанд. (1 Таслӯникиён 2:7, 8-ро хонед.)

13. Нозирони ноҳиявӣ бо кадом корҳо машғуланд?

13 Ҳаёти нозирон дар сафар мегузарад. Баъзан онҳо садҳо километрро тай карда, аз як ҷамоат ба ҷамоати дигар мераванд. Нозири ноҳиявӣ ҳар ҳафта бо якчанд суханронӣ баромад мекунад, ба хабаргирии пирон ҳамроҳ мешавад, вохӯрӣ бо пешравон, пирон ва вохӯрии хизматиро мегузаронад. Ӯ бо суханрониҳо баромад мекунад, анҷуманҳои минтақавию ноҳиявиро ташкил мекунад, дар мактаби пешравон таълим медиҳад, вохӯрии махсус бо пешравонро ташкил мекунад ва дигар вазифаҳои филиалро, ки баъзан фавриянд, иҷро мекунад.

14. Чаро шумо нозирони меҳнатдӯстро қадр мекунед?

14 Аз хизмати нозирон ҷамоат чӣ фоида мегирад? Бародаре аз Туркия дар бораи хабаргирии нозирон чунин гуфт: «Ҳар хабаргирии онҳо ман ҳавасманд мешавам, ки ба кумаки бародару хоҳарон вақти бештар ҷудо кунам. Ман бо бисёр нозирони ноҳиявӣ ҳамсуҳбат шуда, пай бурдам, ки ҳеҷ якеашон бо вуҷуди серкорӣ вақташонро аз бародару хоҳарон дареғ намедоштанд». Ҷоҳана, ки дар боло дар борааш гуфта будем, боре бо нозири ноҳиявӣ ба хизмат баромад, лекин касеро дар хона наёфт. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Бо вуҷуди ин, он рӯз бароям хотирмон буд. Он вақт ҳар ду апаам кӯчида буданд ва ман онҳоро сахт ёд мекардам. Лекин он нозири меҳрубон маро дилбардорӣ кард ва фаҳмонд, ки барои хизматгори Яҳува дурӣ аз наздикон як-дурӯза аст. Дар дунёи нав мо аз дидори ёру наздикон сер мешавем». Бо чунин сифатҳои зебояшон бисёр нозирон дар дилу дидаи бародару хоҳарон ҷо шудаанд (Кор. 20:37–21:1).

15. а) Аз рӯйи 3 Юҳанно 5–8 чӣ хел нишон диҳем, ки меҳнати нозиронро қадр мекунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Чаро мо ҳамсарони мардони таъйиншударо қадр мекунем ва чӣ тавр миннатдориямонро нишон диҳем? (Ба чорчӯбаи « Ҳамсарони онҳоро дар ёд доред» нигаред.)

15 Юҳаннои расул ба Ғоюс гуфт, ки ба бародару хоҳароне, ки ҷамоаташонро хабар мегиранд, меҳмоннавозӣ нишон диҳад ва онҳоро тавре гусел кунад, ки «ба Худо маъқул аст». (3 Юҳанно 5–8-ро хонед.) Мо чӣ тавр аз рӯйи ин маслиҳат амал карда метавонем? Як роҳаш нозирони ноҳиявиро ба хӯрокхӯрӣ даъват кардан аст. Роҳи дигараш бошад, дар вақти хабаргирии нозир фаъолона дар хизмат иштирок кардан аст. Лесли, ки дар боло дар борааш гуфтем, бо як роҳи дигар сипосгузорияшро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Ман дуо мегӯям, ки Яҳува ғами онҳоро хӯрда, камбудиҳояшонро буд кунад. Боз ману шавҳарам ба онҳо нома нависта, мегӯем, ки чӣ хел аз хабаргирияшон қувват мегирем». Дар ёд доред, ки онҳо ҳам мисли мо инсонанд ва ҷонашон аз оҳан нест. Баъзан онҳо ҳам ғаму ташвиш доранд, аз бемориву рӯҳафтодагӣ азоб мекашанд. Шояд, маҳз суханони меҳрубонона ё туҳфаатон ҷавоби дуои нозири ноҳиявиатон шавад (Пнм. 12:25).

МО МУҲТОҶИ ҲАДИЯҲОЕМ

16. Мувофиқи Панднома 3:27 бародарон ба худ кадом саволҳоро дода метавонанд?

16 Дар сар то сари ҷаҳон дар ҷамоатҳо ба бародарони масъул ниёзи калон аст. Агар ту бародари таъмидёфта бошӣ, ба дӯш гирифтани ин масъулият «аз дастат» меояд? (Панднома 3:27-ро хонед.) Оё мехоҳӣ хизматгузори ҷамоат шавӣ? Ё пири ҷамоат шуда, ба бародарону хоҳаронат ғамхорӣ кунӣ? c Оё барои дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кардан ҳаётатро дигар карда метавонӣ? Ин мактаб ба ту кумак мекунад, ки Исо туро дар кори ҷамоат бештар истифода барад. Агар фикр кунӣ, ки аз уҳдаи ин корҳо намебароӣ, ба Яҳува дуо гӯй, рӯҳи муқаддас пурс, ки чӣ таъйиноте ба ту надиҳанд, онро ба хубӣ иҷро карда тавонӣ (Луқ. 11:13; Кор. 20:28).

17. Аз чӣ маълум аст, ки Исо Подшоҳи ғамхор аст?

17 Бародароне, ки Ҳазратамон Исо ҳамчун ҳадия додааст, исботи онанд, ки дар ин рӯзҳои охир ӯ моро роҳнамоӣ мекунад (Мат. 28:20). Оё шумо шодед, ки Подшоҳи меҳрубон, дасткушод ва дилсӯзамон барои ғамхории мо бародарони баркамолро додааст? Пас, имконро аз даст надода миннатдориятонро ба ин бародарони меҳнаткаш нишон диҳед. Яҳуваро, ки Сарчашмаи «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» аст, доимо шукр гӯед (Яъқ. 1:17).

СУРУДИ 31 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!

a Дигар бародарони масъул ҳам ҳадия «аз миёни одамон» мебошанд: пироне, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекунанд, ёрдамчиёни кумитаҳои Ҳайати роҳбарикунанда, аъзои кумитаи филиалҳо ва дигар бародароне, ки дар ташкилоти Яҳува корҳои гуногунро ба ҷо меоранд.

b Баъзе номҳо иваз шудаанд.

c Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи чӣ тавр хизматгузор ё пири ҷамоат шудан ба мақолаҳои «Бародарон, барои хизматгузори ҷамоат шудан ҳаракат кунед» ва «Бародарон, ҳаракат кунед, ки пири ҷамоат шавед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи ноябри соли 2024 нигаред.