Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1924. Сад сол пеш

1924. Сад сол пеш

«ОҒОЗИ сол барои фарзандони таъмидёфтаи Худо... фурсати хубест, то ки дар хизмат роҳҳои навро ҷӯянд»,— гуфта мешуд дар «Хабарнома» a аз январи соли 1924. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар давоми он сол ин маслиҳатро бо ду роҳ ба кор бурданд: далерона мавъиза карданд ва барои ин тарзҳои нави хабаррасониро пайдо карданд.

ПЕШДАСТИВУ ДАЛЕРӢ ДАР ИСТИФОДАИ РАДИО

Барои ба кор даромадани радиостансияи WBBR дар ҷазираи Статен (Ню-Йорк) бародарон дар Байт-Ил зиёда аз як сол кор карда буданд. Баъд аз тоза кардани замин онҳо хонаи калоне барои коргарон ва як бино барои асбобу анҷоми радио сохтанд. Вақте ки ин корҳо ба анҷом расиданд, бародарон аз пайи ҷамъ кардани таҷҳизоти лозима шуданд. Лекин онҳо якчанд мушкилиро бояд паси сар мекарданд.

Шинондани антенаи асосӣ барои бародарон мушкил буд. Онҳо бояд антенаи 91-метраро дар байни ду сутуни чӯбин, ки ҳар яктояш 61-метрӣ буд, меовехтанд. Кӯшиши аввали онҳо бебарор буд. Оқибат бо роҳнамоии Яҳува бародарон аз уҳдаи ин кор баромаданд. Келвин Проссер, ки дар он лоиҳа иштирок мекард, мегӯяд: «Агар кӯшиши аввали мо барор мегирифт, якдигарро таъриф карда мегуфтем: “Э, қандамона занем!”» Муваффақияташонро дар ин кор бародарон аз Яҳува медиданд. Лекин бо ин мушкилиҳои онҳо тамом нашуд.

Яке аз антеннаҳои радиостансияи WBBR-ро мечаспонанд

Пахши радиоӣ нав пайдо шуда буд, барои ҳамин дастгоҳи лозимаро дар фурӯшгоҳҳо ба осонӣ ёфта намешуд. Бародарон фиристандаи (радиопередатчик) 500-ваттаи худсохти бадсифатро аз куҷое дастрас карданд. Ба ҷойи харидани микрофон онҳо телефони одиро истифода бурданд. Шабе дар моҳи феврал бародарон қарор карданд, ки ин дастгоҳи камсифати ҷамъкардаашонро месанҷанд. Барои пахш ба онҳо барнома лозим буд, барои ҳамин бародарон сурудҳои Подшоҳиро сароиданд. Бародар Эрнест Лов бо ханда ба лаб ин воқеаро ба ёд меорад. Довар Рутерфорд b аз дурии 25 километр, аз Бруклин, баромади онҳоро шунида, ба онҳо занг зад.

Ӯ гуфт: «Ин хиш-хиши гӯшхарошро бас кунед, мегӯӣ тӯдаи пишакҳо мяв-мяв карда истода бошанд». Каме шарм карда, бародарон фиристандаро хомӯш карданд. Лекин онҳо бовар доштанд, ки ба якум пахши мустақими худ тайёр буданд.

Дар аввалин пахши расмӣ, 24-уми феврали соли 1924, бародар Рутерфорд гуфт, ки ин истгоҳи радиоиро «ба пешравии кори Подшоҳии Масеҳ» мебахшанд. Ӯ қайд кард, ки мақсади ин истгоҳи радиоӣ «кушодани чашмони ҳама одамон аст, то онҳо новобаста ба дину мазҳабашон тавонанд нури Китоби Муқаддасро бинанду фаҳманд, ки дар кадом замонҳо зиндагӣ доранд».

Чап: Бародар Рутерфорд дар аввалин студия

Рост: Дастгоҳ барои пахши радио

Он пахши мустақим ба таври беҳтарин гузашт. Сию се соли минбаъда хизматгорони Яҳува радиостансияи WBBR-ро фаъолона истифода мебурданд.

АЙБНОМА БАР ЗИДДИ ПЕШВОЁНИ ДИНӢ

Моҳи июли соли 1924 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои гузарондани анҷуман дар Колумбуси Оҳаё ҷамъ омаданд. Меҳмонон аз тамоми дунё буданд. Суханрониҳо бо забони англисӣ, арабӣ, венгерӣ, итолиёвӣ, литвонӣ, олмонӣ, полшагӣ, русӣ, украинӣ, фаронсавӣ, юнонӣ ва забонҳои скандинавӣ садо доданд. Баъзе суханрониҳо дар радио пахш шуданд. Мувофиқи дархости бародарон дар рӯзномаи маҳаллӣ дар бораи ҳар рӯзи анҷуман хабар дода мешуд.

Анҷуман дар Колумбус (Оҳаё). Соли 1924

Рӯзи панҷшанбе, 24-уми июл, зиёда аз 5000 бародару хоҳар ба хизмат рафтанд. Онҳо қариб 30 000 китобро тақсим карданду ҳазорҳо омӯзишро сар карданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» ин рӯз «қисми шодибахштарини анҷуман» номида шуд.

Боз як воқеаи хотирмон рӯзи ҷумъа, 25 июл, буд, вақте бародар Рутерфорд айбномаеро бар зидди пешвоёни динӣ хонд. Ин айбнома мисли ҳуҷҷати ҳуқуқӣ навишта шуда буд. Дар он гуфта мешуд, ки пешвоёни сиёсӣ, динӣ ва тиҷоратӣ «нури ростиро аз одамон пинҳон медоранду дари ҳаёти абадиро барои онҳо мепӯшанд». Инчунин дар айбнома навишта шуда буд, ки ин одамон «Лигаи Миллатҳоро дастгирӣ карда, онро “намояндаи Подшоҳии Худо дар замин” эълон мекарданд». Барои ин хабарро расондан ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас далерии зиёд даркор буд.

Баъдтар дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин омада буд: «Баъд аз анҷумани Колумбус лашкари хурди Ҳазрат бо имони қавӣ рафтанд... Дигар ҳеҷ қувва ё тири оташбори душман имони онҳоро рахна карда наметавонист». Лео Клаус, ки дар он анҷуман буд, ба ёд меорад: «Аз анҷуман баромада, дили мо ҷӯш мезад, ки тезтар чизҳои фаҳмидаамонро ба одамони маҳалламон расонем».

Нусхаи рисолаи «Айбномаи калисо»

Моҳи октябр Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас миллионҳо нусхаи рисолаи «Айбномаи калисо»-ро паҳн карданд. Дар он матни суханронии бародар Рутерфорд чоп шуда буд. Бародар Френк Ҷонсон паҳнкунии рисолаҳоро 20 дақиқа пеш аз вақте ки бояд бо воизон вомехӯрд, тамом кард. Ӯ дар кӯча истода, воизонро интизор шуда наметавонист, чунки одамоне, ки аз мавъиза кардани ӯ ба хашм омада буданд, ӯро мекофтанд. Бародар Ҷонсон қарор кард, ки дар калисои наздиктарин пинҳон мешавад. Азбаски дар калисо ҳеҷ кас набуд, ӯ як нусхаи рисоларо дар даруни Китоби Муқаддаси коҳин монду дигаронашро дар ҳар як ҷойи нишаст. Ӯ дарҳол аз калисо баромад. Лекин боз каме вақт дошт, барои ҳамин ӯ ба ду калисои дигар рафта, он амалашро такрор кард.

Френк ба ҷойи вохӯрӣ бо бародарон давида омад. Ӯ дар паси нуқтаи сӯзишворӣ пинҳон шуда, таъқибгаронашро назорат кардан гирифт. Онҳо аз он ҷо гузаштанд, лекин ӯро надиданд. Вақте онҳо аз назар дур шуданд, воизон бо мошин расида омаданд ва ӯро гирифта рафтанд.

Як бародар ба ёд меорад: «Вақте мо аз шаҳр мебаромадем, аз назди се калисо гузаштем. Дар пеши ҳар як калисо тахминан 50-нафарӣ истода буданд. Баъзеяшон рисоларо мехонданду баъзеи дигар онро ба коҳин нишон медоданд. Хайрият ки, ба даст наафтодем, набошад ҳоламон хароб мешуд. Мо Яҳуваро шукр мегуфтем, ки корашро дар назди душманон иҷро карда тавонистем».

ДАЛЕРӢ ДАР ХИЗМАТ

Ҷозеф Кретт

Дар дигар давлатҳо ҳам Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо далерӣ мавъиза мекарданд. Дар шимоли Фаронса бародар Ҷозеф Кретт ба муҳоҷирони конкани полшагӣ шаҳодат медод. Ӯ бо суханронии «Зиндашавӣ наздик аст» баромад карданӣ буд. Вақте бародару хоҳарон даъватномаҳоро барои суханронӣ ба сокинони шаҳр тақсим карданд, коҳини маҳаллӣ аъзои калисоро таҳдид карда, гуфт, ки ба он ҷо қадам намонанд. Лекин воқеа ранги дигар гирифт: зиёда аз 5000 нафар, инчунин худи коҳин, барои гӯш кардани суханронӣ омаданд. Бародар Кретт ба коҳин пешниҳод кард, ки эътиқоди худро ҳимоя кунад, аммо ӯ инро рад кард. Баъди суханронӣ Кретт ҳамаи адабиёташро тақсим кард. Маълум буд, ки одамон ташнаи суханони Худо буданд (Омӯс 8:11).

Клод Браун

Дар Африқо бародар Клод Браун хушхабарро ба Соҳили Тилло (ҳозир Ганна) бурд. Ӯ суханрониҳо мекард, адабиётро тақсим мекард ва ҳамин тавр хушхабар дар он ҷо паҳн шуд. Донишҷӯе бо номи Ҷон Бланксон, ки дорусозиро меомӯхт, дар яке аз суханрониҳои бародар Браун иштирок кард. Ӯ даррав фаҳмид, ки ростиро ёфтааст. Ӯ ба ёд оварда, мегӯяд: «Аз фаҳмидани ростӣ чунон ба завқ омада будам, ки дар мактаби дорусозӣ чапу рост дар бораи он гап мезадам».

Ҷон Бланксон

Акнун Ҷон медонист, ки таълимоти сегона ба Китоби Муқаддас асос намеёбад. Барои ҳамин рӯзе ба калисои англиканӣ рафта, бо коҳини он суҳбат кард. Он коҳин ба ӯ дод зада гуфт: «Ту масеҳӣ нестӣ, ту хизматгори Шайтонӣ! Дафъ шав аз ин ҷо!»

Вақте Ҷон ба хона расид, ба коҳин мактубе навишту ӯро даъват кард, ки дар ҳузури дигарон мавзуи сегонаро баррасӣ кунанд. Дар ҷавоб коҳин ба Ҷон амр дод, ки ба утоқи муаллими калони мактабаш ҳозир шавад. Дар он ҷо муаллим аз Ҷон пурсид, ки оё ӯ дар ҳақиқат ба коҳин мактуб навиштааст.

«Бале муаллим»,— ҷавоб дод Ҷон.

Муаллим аз Ҷон талаб кард, ки ба коҳин нома навишта, аз ӯ бахшиш пурсад. Ӯ чунин навишт:

«Ҷаноб, муаллимам аз ман хоҳиш карданд, ки ба шумо нома навишта, бахшиш пурсам. Агар шумо тан гиред, ки таълимоти дурӯғро ёд медиҳед, ман тайёрам, ки аз шумо бахшиш пурсам».

Муаллим ҳайрон шуда, аз ӯ пурсид: «Бланксон, ту дар ҳақиқат ҳамин хел навиштаниӣ?»

«Бале, ман ҳақиқатро навиштан мехоҳам».

«Охир, туро аз мактаб хориҷ мекунанд. Чӣ хел метавонӣ бар зидди коҳини калисои давлатӣ гап заниву таҳсилатро дар мактаби давлатӣ давом диҳӣ?»

«Муаллим, агар дар вақти дарс ягон чизро нафаҳмем, мо ба шумо савол медиҳем-ку!»

«Бале, савол медиҳед».

«Ман айнан ҳамин хел кардам. Он мард ба мо Китоби Муқаддасро таълим медод ва ман ба ӯ савол додам. Агар ӯ ба саволҳои ман ҷавоб дода натавонад, барои чӣ ман ба ӯ бояд мактуб навишта, бахшиш пурсам?»

Бланксон на мактуб навишта бахшиш пурсиду на ӯро аз мактаб хориҷ карданд.

НАЗАР БА ОЯНДА

Тамоми он солро хулоса карда, дар «Бурҷи дидбонӣ» навишта шуда буд: «Мо бо суханони Довуд розием: “Миёнамро барои ҳарбу зарб мустаҳкам месозӣ” (Забур 18:39). Чӣ хел соли пурфайзу пурбаракат буд, зеро мо дасти Ҳазратамонро дидем... Хизматгорони бовафои ӯ... хурсандона шаҳодат доданд».

Дар охири сол бародарон қарор карданд, ки дар наздикии Чикаго боз як радиостансияи дигар месозанд. Онро WORD номиданд, ки маънояш «сухан» аст. Бо фиристандаи 5000-вата WORD метавонист, хабари Подшоҳиро садҳо километр дур, ҳатто то шимоли Канада пахш кунад.

Соли 1925 Яҳува ба пешгӯйии боби 12-и китоби Ошкорсозӣ равшанӣ андохт. Барои баъзеҳо ин санги монеа шуд, лекин бисёриҳо аз он хурсанд шуданд. Охир, онҳо беҳтар фаҳмиданд, ки дар осмон чӣ воқеа рӯй доду он ба халқи Худо дар замин чӣ таъсир расонд.

a Ҳозир «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”».

b Он вақт Ҷозеф Франклин Рутерфорд фаъолияти Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро роҳбарӣ мекард. То Байт-Ил ӯ дар «Додгоҳи ҳаштуми Миссури» гоҳ-гоҳ чун довари махсус хизмат мекард. Барои ҳамин ӯро «довар» меномиданд.