Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37

Аз бародару хоҳарон дилпур бошед!

Аз бародару хоҳарон дилпур бошед!

«Муҳаббат... ба ҳама чиз бовар дорад, ба ҳама чиз умед мебандад» (1 ҚӮР. 13:4, 7).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР a

1. Чаро мо нобоварии одамонро дар ин ҷаҳон дида ба ҳайрат намеоем?

 ОДАМОН дар ин ҷаҳони Шайтон намедонанд, ки ба кӣ бовар кунанд. Онҳо аз тоҷирон, сиёсатмадорон ва роҳбарони дин гаштаю баргашта дилхунук мешаванд. Баъзеҳо бовариашонро ба дӯстон, ҳамсояҳо ва ҳатто аъзои оила гум кардаанд. Мо аз ин ба ҳайрат намеоем, зеро дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки «дар рӯзҳои охир... одамон... бевафо... туҳматзан... хиёнаткор» мегарданд. Дигар хел карда гӯем, одамон мисли худои ин ҷаҳон рафтор мекунанд, ки ба ӯ тамоман бовар кардан мумкин нест (2 Тим. 3:1–4; 2 Қӯр. 4:4).

2. а) Мо ба кӣ сад фоиз бовар мекунем? б) Баъзеҳо аз чӣ хавотиранд?

2 Мо, масеҳиён, пурра ба Яҳува бовар мекунем (Ирм. 17:7, 8). Дилпурем, ки ӯ моро дӯст медорад ва «ҳеҷ гоҳ» аз дӯстонаш рӯй намегардонад (Заб. 9:10). Мо ҳамчунин ба Исои Масеҳ бовар мекунем, зеро ӯ ҷонашро барои мо дод (1 Пет. 3:18). Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки роҳнамоии Китоби Муқаддас сазовори боварист (2 Тим. 3:16, 17). Бале, мо аз Яҳуваю Исо дилпурем ва ба Китоби Муқаддас бовар мекунем. Вале баъзеҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки оё ҳамеша ба бародару хоҳарон бовар кардан мумкин аст. Агар ҳа, чаро мо аз онҳо дилпур буда метавонем?

МО БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН МУҲТОҶЕМ

Мо дар саросари ҷаҳон бародару хоҳарони боваринок дорем, ки мисли мо Яҳуваро дӯст медоранд (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Яҳува моро бо чӣ шарафманд гардондааст? (Марқӯс 10:29, 30).

3 Яҳува моро чун узви оилаи умумиҷаҳониаш интихоб кардааст. Ин имконияти пуршараф буда, ба мо манфиати зиёд меорад. (Марқӯс 10:29, 30-ро хонед.) Дар саросари ҷаҳон мо бародарону хоҳароне дорем, ки Яҳуваро дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки аз рӯйи меъёрҳои ӯ зиндагӣ кунанд. Ҳарчанд забон, маданият ва либоси мо аз якдигар фарқ мекунад, вақте аввалин бор чеҳраҳои гармашонро мебинем, онҳо ба диламон наздик мегарданд. Вале, вақте мо Яҳуваро якҷоя ҷалол дода ибодат мекунем, ин моро махсусан шод мегардонад (Заб. 133:1).

4. Чаро мо ба бародару хоҳарон муҳтоҷем?

4 Имрӯзҳо, назар ба ҳарвақта, мо бояд ягонагиро нигоҳ дорем. Бародару хоҳарон дар рӯзҳои сахт мададгори моянд (Рум. 15:1; Ғал. 6:2). Онҳо ҳамчунин кумак мекунанд, ки дар хизмати Яҳува фаъол бошем ва рӯҳан қавӣ гардем (1 Тас. 5:11; Ибр. 10:23–25). Як фикр кунед, агар дастгирии ҷамоат намешуд, мо дар мубориза бар зидди душманамон Шайтон Иблис ва ҷаҳони бади ӯ чӣ ҳол медоштем? Шайтон ва онҳое, ки зери роҳбарии ӯянд, ба наздикӣ ба халқи Худо ҳамла меоранд. Он гоҳ мо, бешак, миннатдор хоҳем буд, ки бародару хоҳарон дар барамон ҳастанд.

5. Баъзеҳо аз кадом сабаб ба бародару хоҳарон бовар намекунанд?

5 Бо вуҷуди ин ба баъзеҳо ба бародару хоҳарон бовар кардан душвор аст. Эҳтимол, барои он ки онҳо аз боварӣ баромаданд ё ваъдахилофӣ карданд. Ё ин ки, шояд, касе бо гуфтор ё рафтораш дар ҷамоат онҳоро сахт хафа кардааст. Дар чунин мавридҳо ба касе бовар кардан хеле душвор мешавад. Пас, чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки аз бародару хоҳарон шубҳа накунем?

МУҲАББАТ КУМАК МЕКУНАД, КИ АЗ ДИГАРОН ДИЛПУР БОШЕМ

6. Чӣ тавр муҳаббат кумак мекунад, ки аз дигарон дилпур бошем? (1 Қӯринтиён 13:4–8).

6 Муҳаббат асоси боварӣ аст. Дар 1-ум Қӯринтиён боби 13 бисёр ҷиҳатҳои муҳаббат оварда шудаанд; онҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки аз дигарон дилпур бошем ё бовариамонро ба онҳо барқарор гардонем. (1 Қӯринтиён 13:4–8-ро хонед.) Масалан, дар ояти 4-ум гуфта мешавад, ки «муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст». Яҳува нисбати мо пуртоқат аст, ҳатто вақте мо зидди ӯ гуноҳ мекунем. Барои ҳамин мо низ, бешак, нисбати ҳамимононе, ки моро бо сухан ё корашон ба ғазаб меоранд ё хафа мекунанд, пурсабр буда метавонем. Дар ояти 5-ум илова шудааст: «[Муҳаббат] ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад». Мо намехоҳем, ки дар бораи амали ҳамимононе, ки моро хафа карданд, гаштаю баргашта фикр кунему «ба дил кина» гирем. Дар Пандгӯ 7:9 гуфта мешавад, ки «зудранҷ набош». Беҳтараш, маслиҳатеро, ки дар Эфсӯсиён 4:26 омадааст, ба кор барем: «Нагузоред, ки хашми шумо то нишастани офтоб боқӣ монад».

7. Чӣ тавр гуфтаҳои Матто 7:1–5 кумак мекунад, ки аз бародару хоҳарон дилпур бошем?

7 Боз чӣ боварии моро ба бародару хоҳарон зиёд мегардонад? Ба онҳо бо чашми Яҳува нигаред. Худо онҳоро дӯст медорад ва гуноҳҳояшонро ҳисоб намекунад. Мо ҳам бояд чунин кунем (Заб. 130:3). Ба ҷойи диққатро ба камбудиҳои онҳо равона кардан, беҳтараш, ба хислатҳои хубашон аҳамият диҳем, бинем, ки онҳо кадом корҳои некро карда метавонанд. (Матто 7:1–5-ро хонед.) Муҳаббат «ба ҳама чиз бовар дорад». Барои ҳамин мо шубҳа надорем, ки бародару хоҳаронамон некукор будан мехоҳанд ва нияти ба мо зарар расондан надоранд (1 Қӯр. 13:7). Албатта, Яҳува интизор нест, ки мо кӯр-кӯрона ба дигарон бовар кунем. Мо ба он корҳои бародару хоҳарон аҳамият медиҳем, ки сазовори боварӣ будани онҳоро нишон медиҳанд b.

8. Чӣ тавр бовариатонро ба бародару хоҳарон инкишоф дода метавонед?

8 Чи хеле ки барои соҳиб шудани эҳтироми дигарон вақт лозим аст, бовариро низ дар як рӯз ба даст оварда намешавад. Пас, чӣ тавр бовариатонро ба бародару хоҳарон зиёд карда метавонед? Онҳоро беҳтар шиносед, дар вохӯриҳо ҳамсуҳбат шавед, якҷоя хизмат кунед, нисбаташон пурсабр бошед ва имкон диҳед, то нишон диҳанд, ки онҳо сазовори боварианд. Дар аввал шумо шояд пурра дилатонро ба онҳо накушоед, лекин бо гузашти вақт ҳиссиётатонро ошкоро гуфтан осонтар мешавад (Луқ. 16:10). Вале, агар бародар ё хоҳаре аз бовариатон барояд-чӣ? Дарҳол аз ӯ рӯй нагардонед, балки ба ӯ вақт диҳед. Нагузоред, ки як-ду кори хатои онҳо боварии шуморо гум кунад. Вобаста ба ин мо мисоли баъзе хизматгорони бовафои Яҳуваро дида мебароем. Дилшикастагӣ боварии онҳоро ба дигарон гум накард.

АЗ ОНҲОЕ, КИ БОВАРИАШОНРО БА ДИГАРОН ГУМ НАКАРДАНД, ДАРС ГИРЕД

Нигоҳ накарда ба суханони сахти Элӣ Ҳанно ба хаймаи муқаддас омада Яҳуваро ибодат мекард (Ба сархати 9 нигаред.)

9. а) Чӣ тавр Ҳанно новобаста ба камбудиҳои баъзе намояндагони Яҳува ибодат кардани ӯро бас накард? б) Шумо аз Ҳанно чӣ омӯхтед? (Ба расм нигаред.)

9 Оё шумо боре аз рафтори бародари масъул дилшикаста гаштаед? Агар ҳа, мисоли Ҳанно ба шумо кумак мекунад. Дар замонҳои ӯ дар Исроил пешвои дин саркоҳин Элӣ буд. Оилаи Элӣ намунаи ибрат набуд. Барои мисол, писаронаш, ки дар хаймаи муқаддас хизмат мекарданд, рафтори расвою бадахлоқона доштанд, вале падарашон онҳоро сарзаниш намекард. Яҳува бошад, Элиро дарҳол аз саркоҳинӣ нагирифт. Бо вуҷуди ин, ҳарчанд Элӣ дар хайма саркоҳин буд, Ҳанно дар он ҷо Яҳуваро ибодат мекард. Вақте Элӣ дид, ки ӯ аз сӯзи дил дуо мегӯяд, нодуруст хулоса кард, ки Ҳанно маст аст. Элӣ ҳамаи далелҳоро тафтиш накарда ин зани ғамзадаро айбдор кард (1 Подш. 1:12–16). Баъди ин ҳам Ҳанно қасам хӯрд, ки агар писардор шавад, ӯро ба хаймаи муқаддас меорад, то зери дасти Элӣ ба Яҳува хизмат кунад (1 Подш. 1:11). Оё нисбати писарони Элӣ ягон чора андешида шуд? Бале, Яҳува дар вақташ амал кард (1 Подш. 4:17). Ҳанноро бошад, Худованд баракат дода соҳиби писар гардонд, ки номашро Самуил монданд (1 Подш. 1:17–20).

10. Чӣ тавр Довуд новобаста ба дилшикастагиаш ба дигарон бовар мекард?

10 Оё ягон бор дӯсти наздикатон аз боварии шумо баромада буд? Агар ин тавр бошад, намунаи шоҳ Довуд ба шумо шинос аст. Довуд дӯсте бо номи Аҳитӯфал дошт. Вақте писараш Абшолӯм барои ба тахт нишастан зидди падараш исён бардошт, Аҳитӯфал низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. Бешак, хиёнати писар ва дӯсти наздикашро дида Довуд ҷигархун шуд. Ба ин нигоҳ накарда ӯ ба дигарон бовар карданро бас накард. Мисол, Довуд ба дигар дӯсти бовафояш, ки Ҳушой ном дошту ба исёни Абшолӯм ҳамроҳ нашуд, бовар мекард. Ӯ барои дастгирӣ кардани Довуд ҳатто ҷонашро зери хатар гузошт. Бале, Ҳушой воқеан ҳам дӯсти боваринок буд (2 Подш. 17:1–16).

11. Чӣ тавр як хизматгори Нобол нишон дод, ки ба дигарон бовар мекунад?

11 Биёед инчунин намунаи яке аз хизматгорони Нобол ном марди исроилиро дида бароем. Як вақт Довуд ва ҷанговаронаш хизматгорони Ноболро муҳофизат мекарданд. Дере нагузашта Довуд аз ин марди сарватманд хоҳиш кард, ки аз дороиаш ба ҷанговарони ӯ хӯрок диҳад. Вақте Нобол ин хоҳиши ночизи Довудро рад намуд, ӯ ба ғазаб омада қарор кард, ки ҳар як марди хонадони Ноболро аз дами шамшер мегузаронад. Хизматгори Нобол инро шунида шитобон назди зани ӯ, Абиҷайл, рафт. Ӯ чун узви хонадон медонист, ки ҳаёташ дар дасти Абиҷайл аст. Ба ҷойи гурехта дар ягон ҷой пинҳон шудан, ин хизматгор боварӣ дошт, ки Абиҷайл масъаларо ҳал мекунад. Зеро Абиҷайлро ҳама чун зани рамузфаҳм мешинохтанд. Хизматгор хато накард. Абиҷайл далерона амал намуда нагузошт, ки Довуд қасд гирад (1 Подш. 25:2–35). Ӯ дилпур буд, ки Довуд аз рӯйи хирад амал мекунад.

12. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки новобаста ба камбудии шогирдонаш ба онҳо бовар мекунад?

12 Исо новобаста ба камбудии шогирдонаш ба онҳо бовар мекард (Юҳ. 15:15, 16). Масалан, вақте Яъқубу Юҳанно аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар Подшоҳии осмонӣ ба онҳо мавқеи махсус диҳад, Исо хулоса накард, ки онҳо бо нияти нодуруст ба Яҳува хизмат мекунанд ё ин ду шогирдашро аз имконияти расул будан маҳрум нагардонд (Марқ. 10:35–40). Баъдтар, вақте Исоро дастгир карданд, ҳамаи шогирдонаш ӯро партофта гурехтанд (Мат. 26:56). Бо вуҷуди ин Исо аз онҳо рӯ нагардонд. Ӯ медонист, ки онҳо нокомиланд, ба ҳар ҳол «онҳоро то охир дӯст дошт» (Юҳ. 13:1). Баъди зинда шуданаш ӯ ба ёздаҳ расули содиқи худ супориши муҳиме дод: Онҳо бояд дар кори шогирдсозӣ иштирок мекарданду ба гӯсфандони Исо ғамхорӣ менамуданд (Мат. 28:19, 20; Юҳ. 21:15–17). Исо ба шогирдони нокомилаш бовар карда хато накард. Ҳамаи онҳо то охири умрашон супориши ӯро пурра иҷро намуданд. Бале, Ҳанно, Довуд, хизматгори Нобол, Абиҷайл ва Исо ба одамони нокомил бовар мекарданд. Онҳо аз ин ҷиҳат барои мо намунаи ибратанд.

АЗ НАВ БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН БОВАР МЕКУНЕМ

13. Барои ба касе эътимод кардан чӣ халал расонда метавонад?

13 Оё бо шумо ягон бор чунин шудааст, ки маълумоти махфиеро ба касе гуфтеду баъдтар фаҳмидед, ки он шахс сирри шуморо фош кардааст? Агар ҳа, шумо мефаҳмед, ки чунин вазъият шахсро дилшикаста мегардонад. Боре як хоҳар ба пири ҷамоат масъалаи шахсиро бовар карда гуфт. Рӯзи дигар ҳамсари он пир ба ин хоҳар занг зада ӯро дилбардорӣ кард. Маълум буд, ки пири ҷамоат ба занаш дар бораи мушкилии хоҳар нақл кардааст. Дар натиҷа ин бародар аз боварии хоҳарамон баромад. Лекин, хушбахтона, ин хоҳар барои гирифтани кумак шитоб кард; ӯ бо дигар пир ҳамсуҳбат шуд. Он пири ҷамоат ба ӯ кумак кард, ки аз нав ба пирон эътимод кунад.

14. Чӣ ба як бародар кумак кард, ки ба дигарон аз нав бовар кунад?

14 Боре дили як бародар муддати дароз аз ду пири ҷамоат монда буд. Ӯ мегуфт, ки онҳо лоиқи боварӣ нестанд. Лекин баъдтар дар бораи суханони бародаре, ки иззату ҳурматаш мекард, мулоҳиза ронд. Он бародар як гапи одӣ, вале таъсирбахш гуфт: «Шайтон душмани мо аст, на бародару хоҳарон». Бародарамон дар ин бора ҳаматарафа андеша кард. Сипас ба Яҳува дуо гуфту бо он ду пир муросо кард.

15. Чаро барои ба касе аз нав эътимод кардан вақт лозим аст? Мисол оред.

15 Оё шумо ягон бор таъйинотатонро аз даст додаед? Аз даст додани таъйинот дардовар аст. Мисоли хоҳар Гретеро мегирем. Ӯву модараш солҳои 1930-юм, дар давраҳои Олмони фашистӣ, Шоҳиди Яҳува буданд. Он вақт фаъолиятамон дар Олмон банд буд. Грете барои бародару хоҳарон мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро нусхабардорӣ мекард. Лекин, вақте бародарон фаҳмиданд, ки падари ӯ ба ҳақиқат зид баромадааст, Гретеро аз ин таъйиноти пуршараф маҳрум сохтанд. Бародарон тарсиданд, ки падари ӯ ҷамоатро ба душманон мефурӯшад. Лекин озмоиши хоҳарамон бо ин хотима наёфт. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бародарон ба Грете ва модараш нашрҳои маҷаллаҳоямонро намедоданд. Дар берун бошад, бо онҳо тамоман гап намезаданд. Ин барои хоҳарон зарбаи сахт буд. Грете мегӯяд, ки захмҳои дилаш чунон чуқур буданд, ки муддати дароз дилаш аз бародарон монда буд ва онҳоро бахшида наметавонист. Бо гузашти вақт Грете дарк намуд, ки Яҳува, бешак, он бародаронро бахшидааст ва ӯ низ бояд бахшад c.

«Шайтон душмани мо аст, на бародару хоҳарон»

16. Чаро барои ба дигарон бовариамонро қавӣ гардондан бояд ҳамаи монеаҳоро паси сар кунем?

16 Агар шумо низ ин гуна воқеаро аз сар гузаронда бошед, кӯшиш кунед, ки аз нав ба дигарон эътимод пайдо кунед. Барои ин шояд вақт лозим шавад, лекин боварӣ дошта бошед, ки кӯшишу ғайрати шумо беҳуда намешавад. Барои мисол, агар мо ягон хӯрок хӯрда касал шавем, шояд минбаъд эҳтиёткорона интихоб кунем, ки чӣ хӯрему чӣ не. Вале баъди як бор хӯрок хӯрда касал шудан мо хӯрокхӯриро бас намекунем-ку. Ба ин монанд, нагузоред, ки як воқеаи нохуш бовариатонро ба ҳамаи бародару хоҳароне, ки нокомиланд, суст гардонад. Бояд қайд кард, ки, вақте мо аз нав ба дигарон бовар мекунем, хушбахттар мегардем. Инчунин барои пойдор гаштани эътимоди қавӣ байни бародару хоҳарон саҳми худро мегузорем.

17. Чаро ба дигарон бовар доштан муҳим аст ва дар мақолаи навбатӣ чӣ дида баромада мешавад?

17 Барои одамони ин ҷаҳон ба якдигар бовар кардан душвор аст. Дар оилаи заминии Яҳува бошад, бовариеро, ки бар муҳаббат побарҷост, бисёр дидан мумкин аст. Чунин боварӣ ба мо хушбахтӣ меорад ва ба ягонагии ҷамоат мусоидат мекунад. Он дар оянда низ, вақте бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешавем, моро муҳофизат мекунад. Лекин, агар ягон кас аз боварии шумо баромада бошад-чӣ? Кӯшиш кунед ба вазъият бо чашми Яҳува нигаред, принсипҳои Каломи Худоро ба кор баред, ба бародарону хоҳарон муҳаббати пурзӯр инкишоф диҳед ва аз Китоби Муқаддас дар бораи намунаҳои пеш хонед. Мо ба захмҳои диламон нигоҳ накарда аз нав ба дигарон бовар карда метавонем. Агар ин тавр кунем, соҳиби дӯстони зиёде мешавем, ки «аз бародар сахттар» мечаспанд (Пнм. 18:24). Вале «қарсак аз ду даст» гуфтаанд. Агар мо хоҳем, ки дигарон боваринок бошанд, худамон низ бояд сазовори боварӣ бошем. Дар мақолаи навбатӣ ин мавзӯъ муҳокима мешавад.

СУРУДИ 31 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!

a Мо бояд ба бародару хоҳарон бовар кунем. Ин на ҳама вақт осон аст, чунки онҳо баъзан моро рӯҳафтода мекунанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас ва мулоҳиза дар бораи хизматгорони пеш ба мо ёрдам мекунад, ки имонамонро қавӣ гардонем. Ҳамчунин мебинем, ки, вақте ҳамимонон моро дилшикаста мекунанд, чӣ тавр бовариамонро ба онҳо барқарор кунем.

b Китоби Муқаддас ба диққати мо мерасонад, ки, шояд, баъзеҳо дар ҷамоат сазовори боварии мо нашаванд (Яҳудо 4). Чунин шуданаш мумкин аст, ки ба ном бародарон ба воситаи «таълимоти нодуруст» моро гумроҳ карданӣ мешаванд (Кор. 20:30). Мо ба ин гуна ҳамимонон бовар намекунем ё гӯш намедиҳем.

c Дар бораи ин воқеа аз «Солномаи Шоҳидони Яҳува» с. 1974, саҳ. 129–131 (англ.) маълумот гирифта метавонед.