САРГУЗАШТ
Ба ман дар бораи Яҳува омӯхтан ва таълим додан маъқул аст
Ман дар Истони Пенсилвания (ИМА) ба воя расидаам. Мақсад доштам, ки ба донишгоҳ дохил шуда соҳиби касб гардам. Ба ман дарсҳои математика ва илмшиносӣ хеле маъқул буданд. Соли 1956 ташкилот доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ман 25 доллар туҳфа кард, зеро дар байни хонандаҳои сиёҳпӯст баҳои беҳтарин доштам. Вале баъдтар мақсадҳоям тағйир ёфтанд. Чаро?
ЯҲУВАРО МЕШИНОСАМ
Баъди солҳои 1940-ум волидони ман бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд. Вале ин омӯзиш дер давом накард. Бо вуҷуди ин модарам минбаъд низ нусхаҳои маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро мегирифт. Соли 1950 бошад, оилаи мо дар анҷумани байналмилалие, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок кард.
Баъди анҷуман, дере нагузашта, бародар Лоренс Ҷефрис оилаи моро хабар мегирифтагӣ шуд. Ӯ хост ба ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ кумак кунад. Дар аввал ман бо ӯ баҳс мекардам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ бетараф будани Шоҳидони Яҳува ва муносибаташон ба хизмати ҳарбӣ нодуруст аст. Ман мегуфтам, ки агар ҳар як амрикоӣ аз хизмати ҳарбӣ даст кашад, душман омада тамоми давлатамонро забт мекунад. Бародар Ҷефрис бошад, пурсаброна бо ман мулоҳиза ронда гуфт: «Ба фикрат, агар ҳамаи амрикоиҳо Шоҳиди Яҳува мебуданду душман ба давлатамон ҳамла меовард, Яҳува нигоҳ карда меистод?» Далелҳои ӯ дар ин ва дигар мавзӯъҳо маро қонеъ карданд, ки ақидаҳоям беасосанд. Барои ҳамин шавқи ман ба ҳақиқат бедор шуд.
Ман соатҳои дароз нашрҳои пешинаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро мехондам, ки модарам дар таҳхона ҷамъ карда буд. Бо гузашти вақт дарк намудам, ки ҳақиқатро ёфтам. Бинобар ин пешниҳоди бародар Ҷефрисро қабул карда омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Инчунин пайваста ба вохӯриҳо мерафтам. Ҳақиқат дар дилам ҷо гирифт ва ман ниҳоят воизи хушхабар шудам. Вақте фаҳмидам, ки «рӯзи бузурги Яҳува наздик аст», мақсадҳоям тағйир ёфтанд (Саф. 1:14). Ба ҷойи ба донишгоҳ рафтан ман хостам ба дигарон кумак кунам, ки ҳақиқати Каломро фаҳманд.
Ман 13-уми июни соли 1956 мактабро хатм карда, баъди 3 рӯз, дар анҷумани ноҳиявӣ таъмид
гирифтам. Тасаввур намекардам, ки худро ба Яҳува бахшида, дар борааш дониш гирифтану дигаронро таълим додан чӣ қадар баракат меовардааст.ЧУН ПЕШРАВ ҲАҚИҚАТРО ОМӮХТА ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ
Шаш моҳ пас аз таъмид гирифтанам, ман пешрави доимӣ шудам. Декабри соли 1956 дар «Хизмат ба Салтанат» мақолае чоп шуд, ки чунин ном дошт: «Оё шумо доираи хизмататонро васеъ карда метавонед?» Ин даъват ба ман ҳам дахл дошт. Ман хостам дар ҷое хизмат кунам, ки воизон кам буданд (Мат. 24:14).
Бинобар ин ба Эҷфилди Каролинаи Ҷанубӣ кӯчидем. Дар ҷамоати он ҷо танҳо чор воиз хизмат мекард, ман панҷумаш будам. Мо дар меҳмонхонаи як бародар вохӯриҳоямонро мегузарондем. Ҳар моҳ ман садсоатӣ хизмат мекардам, кӯшиш менамудам, ки дар хизмат барои дигарон намуна бошам, инчунин қисмҳои вохӯриро мегузарондам. Ҷолиб аст, ки чи қадаре бештар барои Яҳува хизмат мекардам, ҳамон қадар донишам дар борааш зиёдтар мешуд.
Дар шаҳраки Ҷонстон, ки якчанд километр аз мо дуртар буд, ман бо зане омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам, ки толор барои гузарондани маросими дафн дошт. Ӯ ба ман кори нимрӯза пешниҳод кард, ки ман ба он хеле муҳтоҷ будам. Инчунин як бинои хурдакакеро бароямон ҷудо кард, ки вохӯриҳои ҷамоатро дар он ҷо гузаронем.
Ҷоли Ҷефрис писари бародаре, ки бо ман омӯзиш мекард, аз Бруклини Ню-Йорк кӯчида наздам омад ва мо якҷоя чун пешрав ҳамкорӣ кардем. Мо дар автомашинаи истиқоматии хурде, ки як бародар дода буд, зиндагӣ мекардем.
Дар тарафҳои ҷануб маоши корӣ хеле кам буд. Мо дар як рӯзи корӣ ду-се доллар мегирифтем. Боре ман бо тангаҳои охиринам ба мағозаи хӯрокворӣ даромада харид кардам. Ҳангоми баромадан марде наздам омада пурсид: «Кор кардан мехоҳӣ? Соати кориат як доллар мешавад». Ӯ ба ман кори серӯза дод, то ки майдони сохтмониеро рӯбучин кунам. Ман бараъло дасти Яҳуваро дидам. Ҳис мекардам, ки ӯ мехоҳад, ман дар Эҷфилд монам. Лекин бо вуҷуди ин соли 1958 ман ба анҷумани байналмилалӣ ба шаҳри Ню-Йорк сафар кардам.
Дар дуюм рӯзи анҷуман воқеаи хурсандиоваре рӯй дод. Ман Руби Уадлинтон ном хоҳареро вохӯрдам, ки дар ҷамоати Галатини Теннесси чун пешрав хизмат мекард. Мақсадҳои мо як буд, ҳар дуямон мехостем миссионер шуда хизмат кунем. Барои ҳамин дар он анҷуман, дар вохӯрие, ки барои Мактаби Ҷилъод гузаронда шуд, иштирок намудем. Баъдтар мо ба якдигар нома менавиштагӣ шудем. Рӯзе маро ба ҷамоати Галатин барои бо нутқи оммавӣ баромад кардан даъват намуданд. Ман аз фурсат истифода бурда ба Руби пешниҳод кардам, ки бо ман оиладор шавад. Ниҳоят ба ҷамоати онҳо гузашта соли 1959 ману Руби тӯй шудем.
ДАР ҶАМОАТ ДОНИШ ГИРИФТА ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ
Дар 23-солагиам маро дар Галатин ходими ҷамоат (ҳозир координатори ҳайати пирон мегӯянд)
таъйин карданд. Мо аввалин ҷамоате будем, ки бародар Чарлз Томпсон чун нозири ноҳиявӣ хабар гирифт. Ӯ соҳибтаҷриба буд, бо вуҷуди ин аз ман мепурсид, ки бародару хоҳарон ба чӣ ниёз доранд ва чӣ тавр дигар нозирони ноҳиявӣ ниёзҳои онҳоро қонеъ мегардонанд. Ман аз бародар Чарлз омӯхтам, ки савол додан хеле фоидаовар аст ва ҳангоми ҳал кардани ягон масъала ҳамаи паҳлуҳои онро бояд баркашид.Соли 1964 маро ба Ленсинги Ҷанубии Ню-Йорк ба Мактаб барои пирон даъват намуданд, ки як моҳ давом кард. Дар ин мактаб муаллимонамон дар мо хоҳиши бештар дониш гирифтан ва рӯҳан инкишоф ёфтанро бедор намуданд.
ЧУН НОЗИРИ НОҲИЯВӢ ВА ВИЛОЯТӢ ДОНИШ ГИРИФТА ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ
Январи соли 1965 маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Минтақае, ки мо хизмат мекардем хеле калон буд. Он аз Ноксвили Теннесси сар карда то Ричмонди Вирҷиния тӯл мекашид. Дар ин минтақа ҷамоатҳои Каролинаи Шимолӣ, Кентуки ва Вирҷинияи Ғарбӣ буданд. Ман танҳо дар ҷамоати сиёҳпӯстон хизмат мекардам, зеро он вақт дар ҷануби Иёлоти Муттаҳида сафедпӯстон бо сиёҳпӯстон дар як ҷо ҷамъ омада наметавонистанд. Бародару хоҳаронамон камбағал буданд, барои ҳамин мо якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекардем. Боре як бародар, ки чандин сол нозири ноҳиявӣ буд, ба ман чунин маслиҳат дод: «Барои аҳли ҷамоат раис неву бародар бош. Агар онҳо ба ту чун ба бародар нигаранд, он гоҳ онҳоро дастгирӣ карда метавонӣ».
Як замон, вақте мо ҷамоати хурдеро хабар гирифтем, Руби бо як зани ҷавон, ки духтарчаи яксола дошт, омӯзиш сар кард. Азбаски дар он ҷамоат ҳеҷ кас имконият надошт, ки бо он зан омӯзиш кунад, Руби ба воситаи мактуб бо ӯ омӯзиш кард. Вақте мо бори дуюм ба он ҷамоат омадем, он зан аллакай пайваста ба вохӯриҳо меомад. Баъдтар ду хоҳари пешрав ба ин ҷамоат гузашта бо он зан омӯзишро давом доданд. Ниҳоят ӯ таъмид гирифт. Соли 1995, тақрибан баъд аз 30 сол, як хоҳари ҷавон дар Байт-Или Паттерсон назди Руби омада бо ӯ шинос шуд. Мо фаҳмидем, ки ӯ духтари ҳамон зане будаст, ки Руби бо ӯ омӯзиш мекард. Ин хоҳари ҷавонамон он вақт ҳамроҳи шавҳараш дар синфи 100-уми Мактаби Ҷилъод таҳсил мекард.
Дуюм минтақаи мо Флоридаи марказиро дар бар мегирифт. Он лаҳза бароямон аллакай мошин лозим шуд. Аз ин рӯ мо бо нархи арзон мошин харидем. Вале аллакай ҳафтаи аввал насоси мошинамон вайрон шуд. Барои соз кардани он мо пул надоштем. Бинобар ин ман ба бародаре занг зада хоҳиш кардам, ки ба мо кумак кунад. Ӯ як коргарашро оварда, мошинамонро бепул соз кард ва гуфт: «Акнун мошинатон соз аст». Ин бародари ғамхор ба мо ҳатто пул дод. Баъди ин воқеа ман дидам, ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш ғамхорӣ мекунад ва ба худ ёдрас кардам, ки мо низ бояд саховатманд бошем.
Ҳангоми ягон ҷамоатро хабар гирифтан мо одатан дар хонаҳои бародару хоҳарон меистодем, барои ҳамин бисёр дӯстони хуб пайдо кардем. Рӯзе ман дар мошинаи ҳуруфчиниам дар бораи як ҷамоат қисман ҳисобот навишта, аз пайи дигар корҳо шудам. Вақте бегоҳӣ хона баргаштам, дидам, ки писараки сесолаи бародаре, ки дар хонааш меистодем, ба тавраш ба ман «кумак расонда» ҳисоботамро пурра чоп кардааст. Ман барои ин кораш ӯро солҳои зиёд масхара мекардам.
Соли 1971 маро чун нозири вилоятӣ ба Ню-Йорк таъйин карданд. Мо ба ҳайрат омадем. Охир, вақте ба он ҷо мекӯчидем, ман нав 34-сола будам. Бо вуҷуди ин бародару хоҳарон нозири вилоятии сиёҳпӯсташонро нағз истиқбол гирифтанд.
Чун нозири вилоятӣ ба ман ҳар рӯзҳои истироҳат дар анҷумани ноҳиявӣ дар бораи Яҳува таълим додан маъқул буд. Бисёр нозирони ноҳиявие, ки вомехӯрдам, аз ман дида таҷрибаи бой доштанд. Яке аз онҳо бародаре буд, ки вақти таъмид гирифтанам, нутқ гуфт. Дигаре бародар Теодор Ярач буд, ки баъдтар узви Ҳайати Роҳбарикунанда шуд. Боз бародарони соҳибтаҷрибае буданд, ки дар Байт-Или Бруклин хизмат мекарданд. Ман аз нозирони ноҳиявӣ ва ходимони Байт-Ил хеле миннатдорам, зеро онҳо тавре рафтор мекарданд, ки ман дар ин таъйинот худро озод ҳис менамудам. Онҳо чӯпонони бениҳоят ғамхор буданд ва ба Каломи Худо такя намуда содиқона ташкилоташро дастгирӣ мекарданд. Фурӯтании онҳо буд, ки ман бемалол ба сифати нозири вилоятӣ хизмат мекардам.
БОЗ ЧУН НОЗИРИ НОҲИЯВӢ ХИЗМАТ МЕКУНАМ
Соли 1974 Ҳайати роҳбарикунанда дигар гурӯҳи бародаронро нозири вилоятӣ таъйин намуд. Бинобар ин ман боз ба таъйиноти пештараам баргаштам, яъне нозири ноҳиявӣ шуда хизмат кардам. Ин дафъа дар Каролинаи Ҷанубӣ. Хушбахтона, он вақт ҷамоатҳову минтақаҳо аллакай ҳамбаста карда шуданд, ки бародару хоҳарон аз ин шодӣ мекарданд.
Охирҳои соли 1976 маро ба минтақаи Ҷорҷия, ки дар байни Атланта ва Колумбус ҷойгир аст, таъйин намуданд. Дар ёдам ҳаст дар он ҷо экстремистон хонаи як оилаи сиёҳпӯстро, ки ҳамимонамон буд, алов сар доданд. Дар натиҷа панҷ фарзанди онҳо ҳалок гашт. Ман барои онҳо нутқи дафнро гуфта будам. Модарашонро бо ҷароҳати вазнин ба беморхона бурданд. Он вақт ҳамимононамон, ҳам сиёҳпӯстон ва ҳам сафедпӯстон, пайиҳам ба беморхона омада, ин оилаи ғамзадаро тасаллӣ мебахшиданд. Муҳаббати аҳли ҷамоат ниҳоят назаррас буд. Маҳз чунин ҳамдардӣ ба халқи Худо кумак мекунад, ки дар рӯзҳои тираву тор истодагӣ кунанд.
ДАР БАЙТ-ИЛ МЕОМӮЗАМУ ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ
Соли 1977 моро ба Байт-Или Бруклин даъват карданд. Бародарон гуфтанд, ки якчанд моҳ дар лоиҳае иштирок кардани мо лозим аст. Вақте он лоиҳа тамом шуд, ду узви Ҳайати роҳбарикунанда пешниҳод карданд, ки ману Руби ходими доимии Байт-Ил шавем. Мо пешниҳоди онҳоро қабул кардем.
Тӯли 24 сол ман дар Шӯъбаи хизматӣ фаъолият дорам. Бародару хоҳарони ин шӯъба масъалаҳои душворро ҳал мекунанд. Чандин сол мешавад, ки Ҳайати роҳбарикунанда дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас дастурот медиҳад. Ин дастурот барои ҳалли масъалаҳои гуногун ба мо кумак мерасонад. Инчунин ба воситаи он нозирони ноҳиявӣ, пирони ҷамоат ва пешравон таълим дода мешаванд. Маводи таълимии мазкур ба бисёриҳо кумак мерасонад, ки рӯҳан пешравӣ кунанд. Инчунин ташкилоти Яҳува бақувват мегардад.
Аз соли 1995 то 2018 мо ҳар гуна филиалҳоро чун намояндаи Идораи марказӣ, ки пеш нозири зонавӣ мегуфтанд, хабар мегирифтем. Ман бо Кумитаҳои филиал, ходимони Байт-Ил ва миссионерон вохӯрда онҳоро рӯҳбаланд мекардам. Дар асл, вақте бародару хоҳарон ба ману Руби аз ҳаёти худ қисса мекунанд, мо хеле рӯҳбаланд мешавем. Барои мисол, соли 2000-ум мо ба Руанда сафар карда будем. Бародарони он ҷо, аз ҷумла ходимони Байт-Ил, нақл карданд, ки чӣ тавр соли 1994 қатли оммро аз сар гузаронданд. Бисёрашон, ҳарчанд наздикони худро аз даст доданд, имон, умед ва хурсандиашонро гум накарданд.
Айни ҳол синну соли мо аз 80 гузаштааст. Бист соли охир ман дар Кумитаи филиали Иёлоти Муттаҳида хизмат мекунам. Бояд гӯям, ки ман охиру оқибат ба донишгоҳ нарафтам, вале аз Яҳува ва ташкилоташ маълумоти беҳтаринро гирифтам. Ин маълумот ба ман кумак мекунад, ки дигаронро дар бораи ҳақиқати Калом таълим диҳам, ки он манфиати абадӣ меорад (2 Қӯр. 3:5; 2 Тим. 2:2). Ман мебинам, ки чӣ тавр хабари Каломи Худо ба одамон кумак мекунад, ки ҳаёташонро беҳтар гардонанд ва бо Офаридгор муносибати наздик инкишоф диҳанд (Яъқ. 4:8). Вақте фурсат пайдо мешавад, ману Руби бародару хоҳаронро насиҳат мекунем, ки имконияти дар бораи Яҳува дониш гирифтанро қадр кунанд ва ҳақиқати Каломро ба дигарон таълим диҳанд. Ин имтиёзи беҳтаринест, ки хизмагори Худо пайдо карда метавонад.