МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40
Мардуми зиёд сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ карда мешаванд
«Онҳое, ки мардуми зиёдро сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ мекунанд, мисли ситораҳо ҳамешаву то абад ҷило медиҳанд» (ДОН. 12:3).
СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо
ПЕШГУФТОР a
1. Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсола моро кадом воқеаҳои хотирмон интизор аст?
ОҒОЗИ зиндашавӣ дар давраи Подшоҳии ҳазорсолаи Исо давраи ниҳоят хотирмон мешавад. Ҳамаи касоне, ки наздиконашонро сахт пазмон шудаанд, онҳоро бо оғӯши гарм пешвоз мегиранд. Яҳува низ бо онҳо шодӣ мекунад (Айюб 14:15). Он вақт дар сар то сари замин одамон наздикони эҳёшудаашонро дида нидоҳои шодӣ мебароранд. Чи хеле аз мақолаи гузашта фаҳмидем, «росткорон»-е, ки номашон дар китоби ҳаёт навишта шудааст, «барои ҳаёт зинда» мешаванд (Кор. 24:15; Юҳ. 5:29). Эҳтимол аст, ки бисёре аз наздикони мо дарҳол баъди Ҳармаҷиддӯн дар рӯйи замин зинда мешаванд b. Бадкороне, ки барои Яҳуваро шинохтан имконияти кофӣ надоштанд ё ба ӯ содиқона хизмат накарда аз дунё гузаштанд, «барои доварӣ шудан» зинда мегарданд.
2, 3. а) Мувофиқи Ишаъё 11:9, 10 дар оянда кадом барномаи таълимии бемислу монанд гузаронда мешавад? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Ҳамаи эҳёшудагонро таълим додан лозим меояд (Иш. 26:9; 61:11). Барои ҳамин барномаи таълимие, ташкил карда мешавад, ки дар таърихи инсоният набудааст. (Ишаъё 11:9, 10-ро хонед.) Бадкорони зиндашуда бояд дар бораи Исои Масеҳ, сохтори Подшоҳӣ, товон, аҳамияти номи Яҳува ва ҳокимияти ӯ дониш гиранд. Он вақт ҳатто ба росткорон лозим меояд, ки дар бораи нияти Яҳува нисбати замин фаҳманд, ки ӯ имрӯз онро пайдарпай ба халқаш ошкор месозад. Зеро баъзеи онҳо пеш аз пурра навишта шудани Китоби Муқаддас вафот карданд. Хулоса, ҳам бадкорон ва ҳам росткорон бояд бисёр чизҳоро омӯзанд.
3 Дар ин мақола мо саволҳои зеринро дида мебароем: «Ин барномаи бузурги таълимӣ чӣ хел мегузарад? Бо онҳое, ки ин таълимро рад мекунанд, чӣ мешавад? Касонеро, ки онро қабул мекунанд, чӣ интизор аст?» Донистани ҷавоби ин саволҳо бароямон муҳим мебошад. Барои ҳамин биёед бо ёрии баъзе пешгӯйиҳои ҷолиби китоби Дониёл ва Ошкорсозӣ фаҳмем, ки баъди эҳё шудани мурдагон чӣ рӯй медиҳад. Дар аввал воқеаҳои шавқовареро дида мебароем, ки дар китоби Дониёл 12:1, 2 пешгӯйӣ шудаанд.
«ОНҲОЕ, КИ ДАР ХОКИ ЗАМИН ХОБИДААНД, БЕДОР МЕШАВАНД»
4, 5. Китоби Дониёл 12:1 дар бораи замони охир чиро ошкор мекунад?
4 Дониёл 12:1-ро хонед. Китоби Дониёл якчанд воқеаҳои ҷолиберо ошкор месозад, ки дар замони охир рӯй медиҳанд. Масалан, дар Дониёл 12:1 гуфта шудааст, ки Микоил, яъне Исои Масеҳ, «барои тарафдории халқи [Худо] истодааст». Оғози иҷрошавии ин қисми пешгӯйӣ ба соли 1914 рост меояд, вақте Исо Шоҳи таъйинкардаи Подшоҳии Худо гашт.
5 Дониёл ҳамчунин гуфта буд, ки Исо дар «замони пуразобе, ки аз вақти пайдоиши халқ то он дам нашудааст» бармехезад. Ин «замони пуразоб» дар Матто 24:21 «азоби азим» номида шудааст. Дар охири он замон, яъне дар Ҳармаҷиддӯн, Исо «бармехезад» ё барои муҳофизат кардани халқи Худо амал мекунад. Китоби Ошкорсозӣ ба ин гурӯҳи одамон ишора карда онҳоро мардуми сершумор меномад, ки «аз азоби азим» мегузаранд (Ошкор. 7:9, 14).
6. Баъди он ки мардуми сершумор аз азоби азим мегузаранд, чӣ мешавад? Фаҳмонед. (Ҳамчунин ба мақолаи «Саволҳои хонандагон»-и ин маҷалла нигаред, ки оид ба зиндашавӣ дар замин мебошад.)
6 Дониёл 12:2-ро хонед. Баъди он ки мардуми сершумор аз «замони пуразоб» мегузаранд, чӣ мешавад? Пеш мо фикр мекардем, ки дар ин ҷо гап дар бораи эҳёшавии рамзӣ меравад ё эҳёшавӣ дар осмон, ки дар рӯзҳои охир ба амал меояд c. Ҳоло бошад, мо фаҳмидем, ки ин оят ба онҳое ишора мекунад, ки дар дунёи нав зинда мешаванд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Калимаи «хок» инчунин дар Айюб 17:16 ба маънои «гӯр» омадааст. Барои ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки Дониёл 12:2 ба зиндашавии аслӣ ишора мекунад, ки баъди анҷоми рӯзҳои охир ва ҷанги Ҳармаҷиддӯн ба амал меояд.
7. а) Ба кадом маъно баъзеҳо барои «зиндагии ҷовидонӣ» эҳё мешаванд? б) Чаро ин «зиндашавии беҳтар» ба ҳисоб меравад?
7 Пас, ба кадом маъно мувофиқи Дониёл 12:2 баъзеҳо барои «зиндагии ҷовидонӣ» эҳё мешаванд? Ин маънои онро дорад, ки дар давоми ҳазор сол онҳое, ки зинда шуда дар бораи Яҳува ва Исо дониш мегиранд ё дониш гирифтанро давом медиҳанд ва ба онҳо итоат мекунанд, ниҳоят соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд (Юҳ. 17:3). Ин назар ба эҳёшавие, ки дар қадим шуда буд, «зиндашавии беҳтар» ба ҳисоб меравад (Ибр. 11:35). Зеро он одамон барои нокомилиашон оқибат боз мурданд.
8. Чӣ тавр баъзеҳо «барои нангу шармандагии ҷовидонӣ» зинда мешаванд?
8 Лекин на ҳамаи эҳёшудагон барномаи таълимии Яҳуваро қабул мекунанд. Дар пешгӯйии Дониёл гуфта мешавад, ки баъзеҳо «барои нангу шармандагии ҷовидонӣ» эҳё мешаванд. Азбаски онҳо рӯҳияи исёнкорӣ нишон медиҳанд, номашон дар китоби ҳаёт навишта намешавад ва онҳо соҳиби ҳаёти абадӣ намегарданд. Баръакс, онҳоро «нангу шармандагии ҷовидонӣ» ё худ нобудшавӣ интизор аст. Бинобар ин аз Дониёл 12:2 бармеояд, ки оқибати зиндашудагон ба амалҳои онҳо вобаста мешавад, ки баъди зинда шуданашон мекунанд d (Ошкор. 20:12). Ҳамин тавр баъзеҳо ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мегарданду дигарон не.
МАРДУМИ ЗИЁД СӮЙИ РОСТКОРӢ РОҲНАМОӢ КАРДА МЕШАВАНД
9, 10. Баъди азоби азим боз чӣ рӯй медиҳад ва киҳо «мисли паҳнои осмон хоҳанд дурахшид»?
9 Дониёл 12:3-ро хонед. Баъди «замони пуразоб» боз чӣ рӯй медиҳад? Дар Дониёл 12:3 дар бораи чизе гуфта мешавад, ки баъди азоби азим рӯй медиҳад.
10 Киҳо «мисли паҳнои осмон хоҳанд дурахшид»? Барои ёфтани ҷавоб ба мо суханони Исо, ки дар Матто 13:43 оварда шудааст, кумак мекунад: «Он вақт росткорон дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд». Пеш аз он ки ин суханонро гӯяд, Исо дар бораи «писарони Подшоҳӣ», яъне бародарони тадҳиншудааш гуфт, ки бо ӯ дар Подшоҳии осмонӣ хизмат мекунанд (Мат. 13:38). Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки Дониёл 12:3 ба тадҳиншудагон ва корҳое, ки онҳо дар давоми Ҳукмронии ҳазорсола ба ҷо меоранд, ишора мекунад.
11, 12. Тадҳиншудагон дар давоми 1000 сол кадом корро анҷом медиҳанд?
11 Чӣ тавр тадҳиншудагон «мардуми зиёдро сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ мекунанд»? Онҳо бо Исои Масеҳ ҳамкорӣ карда, дар давоми 1000 сол дар замин барномаи таълимиро роҳбарӣ мекунанд. Тадҳиншудагон на танҳо чун подшоҳон, балки инчунин коҳинон шуда хизмат мекунанд (Ошкор. 1:6; 5:10; 20:6). Ҳамин тавр онҳо «барои шифо додани халқҳо» кумак карда оҳиста-оҳиста одамизодро ба комилӣ мерасонанд (Ошкор. 22:1, 2; Ҳиз. 47:12). Чӣ супориши хурсандибахш барои тадҳиншудагон!
12 «Мардуми зиёд»-е, ки сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ карда мешаванд, киҳо мебошанд? Дар сафи онҳо зиндашудагон, касоне, ки аз Ҳармаҷиддӯн наҷот меёбанд ва кӯдаконе мешаванд, ки дар биҳишт ба дунё меоянд. Дар охири Ҳазорсола ҳамаи одамон комил мегарданд. Оё он вақт номи онҳо дар китоби ҳаёт бо сиёҳӣ навишта мешавад?
ОЗМОИШИ ОХИРИН
13, 14. Одамони комил пеш аз соҳиб шудани ҳаёти ҷовидона чиро бояд исбот кунанд?
13 Мо бояд дар ёд дорем, ки комилӣ маънои онро надорад, ки шахс ҳатман соҳиби ҳаёти ҷовидона мешавад. Одаму Ҳавворо ба ёд оред: Онҳо комил буданд, лекин пеш аз соҳиб шудани ҳаёти ҷовидона бояд итоаткориашонро ба Яҳува нишон медоданд. Сад афсӯс, ки онҳо беитоатӣ карданд (Рум. 5:12).
14 Онҳое, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, дар охири Ҳазорсола чиро ба даст меоранд? Ҳамаи онҳо комил мегарданд. Оё ин одамони комил ҳокимияти Яҳуваро то охир дастгирӣ менамоянд? Ё баъзеҳо мисли Одаму Ҳавво амал мекунанд, ки ба комилиашон нигоҳ накарда аз Яҳува рӯ гардонданд? Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб ёфтан лозим мешавад, вале чӣ тавр?
15, 16. а) Кай тамоми одамизод содиқиашонро ба Яҳува нишон дода метавонанд? б) Натиҷаи озмоиши охирин чӣ мешавад?
15 Шайтон дар давоми 1000 сол занҷирбанд карда мешавад ва дар ин муддат ӯ ягон касро аз роҳ зада наметавонад. Лекин дар охири Ҳазорсола Шайтон озод карда мешавад. Он вақт ӯ кӯшиш мекунад, ки одамони комилро гумроҳ кунад. Ҳангоми ин озмоиш тамоми одамони комил исбот карда метавонанд, ки номи Яҳуваро эҳтиром менамоянд ва тарафдори ҳокимияти ӯянд (Ошкор. 20:7–10). Аз рафтори онҳо маълум мегардад, ки номашон дар китоби ҳаёт ба таври доимӣ навишта мешавад ё не.
16 Он вақт баъзеҳо мисли Одаму Ҳавво амал карда ҳокимияти Яҳуваро рад мекунанд. Бо онҳо чӣ мешавад? Дар Ошкорсозӣ 20:15 гуфта мешавад: «Касе, ки номаш дар китоби ҳаёт навишта нашудааст, ба кӯли оташ партофта шуд». Бале, ин исёнкорон абадан нест мешаванд, лекин аксари одамони комил аз озмоиши охирин бо сари баланд мегузаранд ва номашон дар китоби ҳаёт ба таври доимӣ навишта мешавад.
ДАР «ЗАМОНИ ОХИР»
17. Кадом суханони фаришта, ки ба Дониёл гуфт, дар замони мо иҷро мешаванд? (Дониёл 12:4, 8–10).
17 Ин воқеаҳои оянда дар ҳақиқат ҳаяҷоноваранд. Вале фаришта ба Дониёл ҳамчунин маълумоти муҳимеро расонд, ки ба «замони охир», яъне замони мо, дахл дорад (Дониёл 12:4, 8–10-ро хонед; 2 Тим. 3:1–5). Фаришта ба Дониёл гуфт: «Дониши ҳақиқӣ афзоиш хоҳад ёфт». Бале, халқи Худо ба мазмуни ин пешгӯйӣ беҳтар сарфаҳм хоҳанд рафт. Фаришта ҳамчунин гуфт, ки дар ин замон бадкорон «бадӣ кардан мегиранд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо фаҳм нахоҳад кард».
18. Ба наздикӣ бо бадкирдорон чӣ мешавад?
18 Имрӯзҳо эҳтимол ба назар чунин тобад, ки шахсони бадкирдор барои амалҳои бадашон ҷазо намегиранд (Мал. 3:14, 15). Лекин ба наздикӣ Исо чунин шахсони бузмонандро доварӣ карда аз гӯсфандон ҷудо мекунад (Мат. 25:31–33). Ин бадкирдорон ҳангоми азоби азим наҷот намеёбанд ва дар дунёи нав низ зинда намешаванд. Номи онҳо дар «китоби ёддошт», ки дар Малокӣ 3:16 омадааст, навишта намешавад.
19. Ҳозир мо бояд чӣ кор кунем ва барои чӣ? (Малокӣ 3:16–18).
19 Ҳоло вақти он аст, ки бо рафторамон исбот кунем, ки мо дар қатори бадкирдорон нестем. (Малокӣ 3:16–18-ро хонед.) Яҳува онҳоеро, ки дар назараш «ганҷи барчида» ё худ бебаҳоянд, ҷамъ оварда истодааст. Албатта, мо мехоҳем, ки дар қатори онҳо бошем.
20. Ваъдаи охирине, ки ба Дониёл дода шуд, кадом аст ва чаро шумо иҷро шудани онро бесаброна интизоред?
20 Бале, мо дар давраи хотирмон зиндагӣ дорем. Вале ба наздикӣ чизҳои боз ҳам ҷолибтар ба амал меояд: Ба қарибӣ мо нест шудани бадиро мебинем. Сипас шоҳиди он мегардем, ки чӣ тавр ваъдаи зерини Яҳува ба Дониёл иҷро мешавад: «Дар охири рӯзҳо барои гирифтани насибаи худ бармехезӣ» (Дон. 12:13). Оё шумо рӯзеро, ки Дониёл дар қатори наздиконатон «бармехезад», бесаброна интизоред? Агар чунин бошад, аллакай имрӯз содиқиро пеша кунед. Дар ин сурат дилпур буда метавонед, ки номатон дар китоби ҳаёт нигоҳ дошта мешавад.
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
a Дар ин мақола гап дар бораи фаҳмиши нав меравад. Он дар бораи барномаи таълимии бузурге мебошад, ки дар Дониёл 12:2, 3 омадааст. Мо мефаҳмем, ки ин кай рӯй медиҳад ва киҳо дар он иштирок мекунанд. Ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр ин барномаи таълимӣ одамонро ба озмоиши ниҳоӣ тайёр мекунад, ки он дар охири Подшоҳии ҳазорсолаи Исо мешавад.
b Дар аввал шояд хизматгорони содиқе зинда шаванд, ки дар рӯзҳои охир мурда буданд ва баъд, аз насл ба насл, касоне, ки пеш аз онҳо вафот карданд. Агар ин тавр шавад, ҳар як насл онҳоеро пешвоз мегиранд, ки шахсан мешиносанд. Дар Навиштаҳо оиди тадҳиншудагон гуфта мешавад, ки онҳо «бо навбат» зинда мешаванд. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки дар замин низ эҳёшавӣ бо як тартиби муайян рӯй медиҳад (1 Қӯр. 14:33; 15:23).
c Ин ақида ислоҳи фаҳмишест, ки дар китоби «Ба пешгӯйиҳои Дониёл таваҷҷӯҳ кунед!» (рус.) боби 17 ва «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми декабри с. 1987 саҳ. 17–21 (рус.) оварда шудааст.
d Баръакси ин, калимаи «росткорон» ва «бадкорон», ки дар Корнома 24:15 омадааст ва ибораи «ҳар кӣ корҳои нек мекард» ва «ҳар кӣ корҳои бад мекард» аз Юҳанно 5:29 диққатро ба амалҳое равона мекунад, ки зиндашудагон пеш аз марг мекарданд.