МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38
Одами боваринок бошед
«Одами боваринок сирро нигоҳ медорад» (ПНМ. 11:13).
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
ПЕШГУФТОР a
1. Одами боваринок кист?
ОДАМИ боваринок кӯшиш мекунад, ки ба ваъдааш вафо кунад ва ростқавл мебошад (Заб. 15:4). Одамон медонанд, ки ба ӯ такя кардан мумкин аст. Албатта, мо мехоҳем, ки дар назди бародару хоҳарон чунин обрӯ дошта бошем. Пас, чӣ тавр боварии онҳоро ба даст орем?
2. Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки одами боваринокем?
2 Мо дигаронро маҷбур карда наметавонем, ки ба мо бовар кунанд. Барои боварии атрофиёнро ба даст овардан меҳнат кардан лозим аст. Беҳуда бовариро ба пул монанд накардаанд: пул ёфтан душвору онро аз даст додан осон аст. Яҳува, бешак, боварии моро ба даст овардааст. Ӯ моро ҳеҷ гоҳ ноумед намекунад, зеро «тамоми корҳояш сазовори бовариянд» (Заб. 33:4). Яҳува мехоҳад, ки мо ба ӯ пайравӣ кунем (Эфс. 5:1). Пас, биёед баъзе намунаҳои ходимони Худоро дида бароем, ки ба Яҳува пайравӣ мекарданд ва боварии дигаронро сазовор шуданд. Инчунин мефаҳмем, ки кадом панҷ хислат ба мо кумак мекунанд, ки шахси боваринок бошем.
АЗ ХОДИМОНИ БОВАРИНОКИ ЯҲУВА ОМӮЗЕД
3, 4. Чӣ хел пайғамбар Дониёл исбот кард, ки одами боваринок мебошад? Намунаи ӯро ба назар гирифта мо худро чӣ хел тафтиш карда метавонем?
3 Пайғамбар Дониёл чун одами боваринок намунаи беҳтарин аст. Ҳарчанд ӯро ба Бобил ба асирӣ бурданд, ӯ зуд обрӯи шахси боваринокро пайдо кард. Вақте ӯ бо ёрдами Яҳува хобҳои шоҳи Бобил Набукаднесарро таъбир кард, бештар обрӯ пайдо намуд. Боре пайғамбар Дониёл бояд ба шоҳ мегуфт, ки Яҳува аз вай норозӣ аст. Барои ин хабарро ба шоҳ расондан далерӣ лозим буд, чунки шоҳ Набукаднесарро чун одами золиму бадхашм мешинохтанд (Дон. 2:12; 4:20–22, 25). Пас аз солҳои зиёд, вақте Дониёл навиштаҷотеро, ки дар девори дарбор пайдо шуд, маънидод кард, аз нав исбот намуд, ки одами боваринок мебошад (Дон. 5:5, 25–29). Баъдтар инчунин шоҳ Дориюш ва ходимонаш аҳамият доданд, ки Дониёл «соҳиби ақлу заковати олидараҷа» аст, онҳо тан мегирифтанд, ки ӯ «шахси боваринок буд ва дар кори худ ягон зарра бепарвоӣ намекард ва ба ҳеҷ гуна беинсофӣ даст намезад» (Дон. 6:3, 4). Бале, ҳатто ҳокимони бутпараст тан мегирифтанд, ки ин ходими Яҳува сазовори боварист!
4 Намунаи пайғамбар Дониёлро ба назар гирифта мо аз худ пурсида метавонем: «Берун аз ҷамоат дар бораи ман чӣ мегӯянд? Оё маро чун одами бомасъулият ва боваринок мешиносанд?» Чаро мо бояд ба худ ин саволҳоро диҳем? Чунки, агар одами боваринок бошем, номи Яҳуваро ҷалол медиҳем.
5. Чаро Ҳананёро чун одами боваринок мешинохтанд?
5 Соли 455-и то милод, баъди он ки ҳоким Наҳемё деворҳои шаҳри Ерусалимро барқарор кард, ӯ барои нигаҳбонӣ кардани шаҳр мардони боваринокро меҷуст. Наҳемё аз байни мардон Ҳананёро сарвари қалъа таъйин намуд. Китоби Муқаддас Ҳананёро чун «шахси хеле боваринок ва аз бисёриҳо бештар худотарс» тасвир мекунад (Наҳемё 7:2). Азбаски ӯ Яҳуваро дӯст медошт ва шахси худотарс буд, ҳар таъйинотеро, ки ба ӯ бовар карда мешуд, аз ҷону дил ба ҷо меовард. Ин хислатҳо ба мо низ кумак мекунанд, ки хизматгори бовариноки Яҳува бошем.
6. Чӣ хел Тихиқус исбот кард, ки барои Павлуси расул дӯсти бовафо аст?
6 Акнун намунаи дӯсти боэътимоди Павлуси расул Тихиқусро дида мебароем. Вақте Павлус дар ҳабси хонагӣ буд, ба кумаки Тихиқус такя карда метавонист ва ӯро «хизматгори вафодор» номид (Эфс. 6:21, 22). Павлус ба ӯ на танҳо расондани номаҳоро ба шаҳрҳои Эфсӯс ва Қӯлассо бовар мекард, ӯ инчунин аз Тихиқус хоҳиш мекард, ки бародару хоҳаронро рӯҳбаланд карда тасаллӣ диҳад. Намунаи вафодорӣ ва боваринок будани ӯ ба ёдамон бародаронеро меорад, ки имрӯз аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба мо ғамхорӣ мекунанд (Қӯл. 4:7–9).
7. Шумо аз пирон ва хизматгузорони ҷамоататон дар бораи боваринок будан чӣ меомӯзед?
7 Имрӯз мо аз пирони ҷамоат ва хизматгузорони боваринокамон хеле миннатдорем. Онҳо мисли Дониёл, Ҳананё ва Тихиқус таъйиноташонро аз рӯйи виҷдон иҷро мекунанд. Барои ҳамин, вақте мо ба вохӯриҳои байни ҳафта меоем, дилпурем, ки ҳар як қисми барнома аллакай омода шудааст. Пирони ҷамоат аз бародару хоҳароне, ки супоришҳояшонро тайёр карда, баромад мекунанд, хеле миннатдоранд. Инчунин, вақте мо омӯзандаҳоямонро ба вохӯрии охири ҳафта даъват мекунем, хавотир намешавем, ки нутқи оммавӣ мешавад ё не. Ғайр аз ин, боварӣ дорем, ки адабиёте, ки барои хизмат ба мо лозим аст, ҳама вақт дастрас мешавад. Ин бародарони бовафо дар ҳаққи мо нағз ғамхорӣ мекунанд. Мо барои онҳо аз Яҳува хеле миннатдорем. Хуб, боз бо кадом роҳҳо исбот карда метавонем, ки одами боваринок ҳастем?
БОВАРИНОК БОШЕД ВА МАЪЛУМОТИ МАХФИРО ПАҲН НАКУНЕД
8. Вақте ба дигарон таваҷҷуҳ мекунем, аз кадом ҷиҳат бояд бомулоҳиза бошем? (Панднома 11:13).
8 Мо бародару хоҳаронамонро дӯст медорем ва дар бораи беҳбудии онҳо ғам мехӯрем. Ҳамзамон мо бояд бомулоҳиза бошем ва кунҷкобӣ накунем. Баъзе масеҳиён дар ҷамоати асри як ба корҳои дигарон дахолат карда, ғайбат мекарданд ва суханоне, ки набояд гӯянд, мегуфтанд (1 Тим. 5:13). Мо, албатта, ин тавр рафтор кардан намехоҳем. Лекин фарз кардем, касе ба мо дар бораи худаш маълумоти махфиеро гуфта, умед мекунад, ки мо онро ба дигар кас намегӯем. Масалан, хоҳаре шояд дар бораи саломатӣ ё дигар душвориаш ба мо гуфта хоҳиш кунад, ки дар ин бора ба касе даҳон накушоем. Мо бояд хоҳиши ӯро эҳтиром кунем b. (Панднома 11:13-ро хонед.) Ҳоло якчанд мавридеро дида мебароем, ки маълумотро махфӣ нигоҳ доштанамон даркор.
9. Чӣ хел дар оила ҳар як кас нишон дода метавонад, ки боваринок аст?
9 Дар оила. Ҳар як узви оила вазифадор аст, ки сирри оиларо берун набарорад. Масалан, хоҳаре одате дошта метавонад, ки ба ҳамсараш хандаовар аст. Оё ӯ дар ин бора ба дигарон гуфта ҳамсарашро дар хиҷолат мемонад? Не, албатта! Ӯ занашро дӯст медорад ва асло намехоҳад, ки ба ӯ зараре расонад (Эфс. 5:33). Наврасон низ мехоҳанд, ки онҳоро ба қадре ҳурмат кунанд. Хуб мебуд, ки волидон инро ба назар гиранд. Падару модар ҳеҷ гоҳ айбу хатои фарзандашонро дар пеши дигарон гуфта онҳоро ноҳинҷор намесозанд (Қӯл. 3:21). Кӯдакон низ бояд бомулоҳиза бошанд ва маълумотеро, ки аъзои оиларо дар хиҷолат монда метавонад, ба дигарон нагӯянд (5 Мӯсо 5:16). Агар дар хонавода ҳар як кас сирри оиларо нигоҳ дорад, пайванди он мустаҳкам мегардад.
10. Дӯсти ҳақиқӣ кист? (Панднома 17:17).
10 Бо дӯстонамон. Дар ҳаёт лаҳзаҳое мешаванд, ки ба касе дарди дил кардан мехоҳӣ. Баъзан ин тавр кардан мушкил аст, чунки шояд ба мо дарди дил кардан хос набошад. Ба болои ин, агар раваду мо ба дӯстамон дарди дил карда баъдтар фаҳмем, ки ӯ дар ин бора ба дигарон гуфтааст, дилшикаста мегардем. Аз дигар тараф, мо аз шахсе, ки маълумотро махфӣ нигоҳ дошта метавонад, хеле миннатдор мешавем. Ӯ дӯсти ҳақиқӣ аст. (Панднома 17:17-ро хонед.)
11. а) Чӣ хел пирони ҷамоат ва ҳамсари онҳо нишон медиҳанд, ки бовариноканд? б) Мо аз пире, ки масъалаҳои махфии ҷамоатро ҳал карду ба аҳли хонаводааш чизе нагуфт, чӣ меомӯзем? (Ба расм нигаред.)
11 Дар ҷамоат. Пирони ҷамоат сазовори боварианд ва барои бародарони худ «мисли ниҳонгоҳе аз бод, мисли паноҳгоҳе» мебошанд (Иш. 32:2). Мо медонем, ки бо онҳо дар ҳар мавзӯъ бемалол гап зада метавонем ва боварӣ дорем, ки ин гапҳо паҳн намегарданд. Ҳамзамон пиронро маҷбур намекунем, ки дар бораи масъалаҳои махфӣ ба мо маълумот диҳанд. Ғайр аз ин, мо аз занони пирони ҷамоат миннатдор ҳастем, чунки онҳо барои гирифтани маълумоти махфӣ ба шавҳари худ фишор намеоранд. Нағз ки зани пири ҷамоат дар бораи бародару хоҳарон маълумоти махфиро, ки ба шавҳараш гуфта мешавад, намедонад. Ҳамсари як пири ҷамоат мегӯяд: «Ман аз шавҳарам хеле миннатдорам, ки ӯ ба ман дар бораи киро хабар гирифтан ва ба кӣ ёрдами рӯҳонӣ расонданаш чизе намегӯяд. Ӯ ба ман инчунин дар бораи масъалаҳое, ки ҳаллашон аз дастам намеояд, намегӯяд. Ин ба ман ёрдам мекунад, ки бо бародару хоҳарон озодона суҳбат кунам. Инчунин, вақте дар бораи ҳиссиёт ва душвориҳои шахсиам ба ӯ гап мезанам, дилпурам, ки ин маълумот байни ҳардуямон мемонад». Албатта, мо мехоҳем, ки обрӯи шахси боваринокро дошта бошем. Пас, биёед фаҳмем, ки кадом панҷ хислат ба мо кумак мекунанд, ки ба ин мақсад расем.
ХИСЛАТҲОЕРО ИНКИШОФ ДИҲЕД, КИ ШУМОРО БОВАРИНОК МЕГАРДОНАНД
12. Чаро гуфтан мумкин аст, ки муҳаббат таҳкурсии боварӣ аст? Мисол оред.
12 Муҳаббат таҳкурсии боварӣ аст. Исо гуфта буд, ки ду амри бузургтарин вуҷуд дорад: якум, дӯст доштани Яҳува ва дуюм, дӯст доштани дигарон (Мат. 22:37–39). Азбаски мо Яҳуваро дӯст медорем, мехоҳем, ки ба намунаи комили ӯ пайравӣ карда сазовори боварӣ бошем. Масалан, муҳаббат нисбат ба бародару хоҳарон ба мо ёрдам мекунад, ки маълумоти махфиро дар бораи онҳо нагӯем. Зеро мо асло намехоҳем, ки сирашонро фош карда ба онҳо зарар расонем, онҳоро дар хиҷолат монем ё дилшикаста кунем (Юҳ. 15:12).
13. Чӣ хел фурӯтанӣ ба мо кумак мекунад, ки боэътимод бошем?
13 Фурӯтанӣ ба мо ёрдам мекунад, ки боэътимод бошем. Масеҳие, ки фурӯтан аст, барои қоил кардани дигарон маълумотеро якум шуда ошкор намекунад (Флп. 2:3). Ӯ худро аз дигарон боло гирифта намегӯяд, ки маълумоти махфиеро медонаду вале дар бораи он даҳон кушода наметавонад. Ҳамчунин шахси фурӯтан дар бораи масъалае, ки дар Китоби Муқаддас ва адабиётамон оидаш чизе гуфта нашудааст, нуқтаи назари худро паҳн намекунад.
14. Чӣ хел рамузфаҳмӣ ба мо ёрдам мекунад, ки одами боваринок бошем?
14 Рамузфаҳмӣ ба масеҳӣ ёрдам мекунад, то донад, ки кай хомӯш монаду кай гап занад (Пандгӯ 3:7). Баъзе халқҳо мегӯянд, ки «сухан кардан нуқра бошад, хомӯшӣ тиллост». Дигар хел карда гӯем, баъзан хап истодан назар ба гап задан беҳтар аст. Беҳуда дар Панднома 11:12 гуфта нашудааст: «Рамузфаҳм хомӯширо пеша мекунад». Мисоли як пири ҷамоатро дида мебароем. Азбаски ин пир ботаҷриба аст, ӯро зуд-зуд барои ҳал кардани душвориҳои дигар ҷамоатҳо ҷеғ мезананд. Пири ҷамоате ӯро таъриф карда мегӯяд: «Ӯ ҳеҷ вақт маълумоти махфиро дар бораи дигар ҷамоатҳо намегӯяд». Барои ҳамин ҳайати пирони ҷамоаташ ӯро барои фаҳму фаросаташ иззату эҳтиром мекунанд. Онҳо дилпуранд, ки ӯ ҳаргиз масъалаҳои махфиашонро ба дигарон намегӯяд.
15. Чӣ хел ростқавлӣ кумак мекунад, ки сазовори боварӣ бошем? Мисол оред.
15 Ростқавлӣ боз як ҷониби боэътимодӣ мебошад. Мо ба одами ростқавл бовар мекунем, зеро медонем, ки ӯ ҳама вақт гапи ростро мегӯяд (Эфс. 4:25; Ибр. 13:18). Фарз кардем, шумо барои маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар кардан аз касе хоҳиш мекунед, ки баъди нутқ гуфтанатон маслиҳати муфид диҳад. Шумо аз кӣ маслиҳат мепурсед? Аз касе, ки чизи мехостаатонро мегӯяд ё аз касе, ки меҳрубонона ҳаққи гапро мегӯяд? Ҷавобаш маълум аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Сарзаниши рӯирост беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ. Захме, ки дӯст мерасонад, аз вафодорист» (Пнм. 27:5, 6). Маслиҳати ростқавлонаи дӯстамонро дар аввал қабул кардан душвор бошад ҳам, он манфиати бардавом меорад.
16. Мувофиқи Панднома 10:19 чаро худдорӣ муҳим аст?
16 Худдорӣ барои боварии дигаронро ба даст овардан хеле муҳим аст. Вақте мо ба васваса дода шуда ба дигарон маълумоти махфиро гуфтанӣ мешавем, ин хислат ёрдам мекунад, ки лаҷоми забонамонро кашем. (Панднома 10:19-ро хонед.) Худдории мо хусусан ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ санҷида мешавад. Агар эҳтиёт нашавем, нохост маълумоти махфиро ба гурӯҳи зиёди одамон ошкор мекунем. Ҳамин ки маълумотро ба интернет ворид кардем, дигар ба мо вобаста намешавад, ки одамон онро чӣ хел истифода мебаранд ё он чӣ қадар зарар меорад. Инчунин, вақте мухолифон бо ҳиллаю найранг аз мо чизеро мепурсанд, ки ҳаёти бародару хоҳаронро дар хатар мегузорад, худдорӣ ёрдам мекунад, ки хомӯш монем. Ин кай рӯй дода метавонад? Масалан, вақте дар давлатҳое, ки фаъолиятамон манъ ё маҳдуд аст, полис моро пурсуков мекунад. Дар ин ва дигар мавридҳо мо мувофиқи принсипи зерин амал карда метавонем: «Даҳонамро лаҷом мезанам» (Заб. 39:1). Хулоса, дар муносибат бо касе набошад: бо аъзои оила, дӯстон, бародару хоҳарон ва дигарон мо бояд боваринок бошем. Барои ин худдорӣ лозим аст.
17. Барои он ки дар байни бародару хоҳарон боварӣ пойдор бошад, мо чӣ кор карда метавонем?
17 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки дар сар то сари ҷаҳон бародару хоҳарони меҳрубон ва боваринок дорем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки боварии бародару хоҳаронро ба даст орем. Агар ҳар яки мо муҳаббат, фурӯтанӣ, рамузфаҳмӣ, ростқавлӣ ва худдориро нишон диҳем, байни бародару хоҳарон боварӣ қавитар мегардад. Мо бояд барои ба даст овардани боварии дигарон пайваста ҷадал кунем. Пас, биёед ба Худоямон Яҳува пайравӣ карда минбаъд низ нишон диҳем, ки сазовори боварӣ ҳастем.
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Агар хоҳем, ки дигарон ба мо бовар кунанд, бояд исбот кунем, ки одами боваринок ҳастем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро боваринок будан муҳим аст ва кадом хислатҳо ёрдам мекунанд, то дигарон ба мо бовар кунанд.
b Агар мо фаҳмем, ки ягон бародар ё хоҳар гуноҳи ҷиддӣ кардааст, бояд ба ӯ маслиҳат диҳем, ки аз пирон кумак пурсад. Агар ӯ ба гапамон гӯш надиҳад, мо ба пирон дар бораи кори ӯ хабар медиҳем, зеро мехоҳем ба Яҳува ва ҷамоат содиқ бошем.
c ШАРҲИ РАСМ: Пире баъди ҳал кардани масъалаи махфии ҷамоат ба оилааш дар ин бора чизе намегӯяд.