Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои таҳқиқ

Маслиҳатҳо барои таҳқиқ

Супоришҳо барои кӯдакон

Волидон уҳдадории калон доранд, ки дар дили кӯдаконашон меҳри Яҳуваро ҷо кунанд (Эфс. 6:4). Барои ба волидон кумак кардан ташкилоти Яҳува бисёр мақолаҳо, видеонаворҳо ва сурудҳо баровардааст. Чӣ тавр аз онҳо истифода бурда фарзандонро тарбия кардан мумкин?

  • Ба сомонаи jw.org дароед. Аз он ҷо шумо тамоми маълумотеро, ки барои кӯдакону наврасон омода шудааст, ёфта метавонед, аз ҷумла видеонаворҳо ва супоришҳои гуногуне, ки онҳоро чоп кардан мумкин a. Барои ёфтани чунин супоришҳо дар сатри ҷустуҷӯ калимаи «наврасон» ё «кӯдакон»-ро нависед.

  • Маълумотеро, ки барои кӯдакатон мувофиқ аст, интихоб кунед. Дар бахши «Кӯдакон» видеонаворҳо, сурудҳо ва супоришҳоро ёфтан мумкин.

  • Супоришҳоро якҷоя бо кӯдакатон иҷро кунед. Мақсади шумо ӯро бо Яҳува наздик кардан аст, на бо ягон кор андармон намудан.

a Айни ҳол дар JW Library® барои ҷавонон бисёр видеонаворҳо ҳастанд, лекин супоришҳо он қадар зиёд нестанд.