Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37

Мисли Шимшӯн ба Яҳува таваккал кун

Мисли Шимшӯн ба Яҳува таваккал кун

«Яҳува, Парвардигоро, илтимос, маро ба хотир ор. . . ба ман қувват деҳ» (ДОВ. 16:28).

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Омӯхтани саргузашти Шимшӯн ба мо чӣ фоида меорад?

 ВАҚТЕ номи Шимшӯнро мешунавед, чӣ ба ёдатон меояд? Шояд қуввати фавқулодаи ӯ. Аммо Шимшӯн ба хатои ҷиддие роҳ дода буд, ки ба ӯ дарди бисёр овард. Бо вуҷуди ин Яҳува диққатро на ба хатояш, балки ба намунаи вафодории ӯ равона кардааст ва онро барои фоидаи мо дар Каломаш ҷо додааст.

2 Бо ёрии Яҳува Шимшӯн корҳои аҷоибе ба амал оварда, ба халқи интихобшудаи Худо, Исроил, кумак мерасонд. Асрҳо пас аз марги ӯ Яҳува Павлуси расулро илҳом бахшид, ки ин марди бовафоро дар қатори дигар ходимони қавиимон номбар кунад (Ибр. 11:32–34). Шимшӯн вақти хушию нохушиҳои зиндагӣ ба Яҳува такя менамуд. Саргузашти ӯро омӯхта, мо ҳам қувват меёбем, ҳам барои худ дарс мегирем.

ШИМШӮН БА ЯҲУВА ТАВАККАЛ МЕКАРД

3. Шимшӯн аз Яҳува чӣ супориш гирифт?

3 Вақте Шимшӯн таваллуд шуд, бар сарзамини Исроил фалиштиён ҳукмронӣ мекарданд (Дов. 13:1). Онҳо ба халқи Худо зулму зӯрӣ мекарданд. Барои ҳамин Яҳува Шимшӯнро интихоб намуд, то «исроилиёнро аз дасти фалиштиён наҷот» диҳад (Дов. 13:5). Барои иҷро кардани ин супориши душвор Шимшӯн бояд ба Яҳува такя менамуд.

Шимшӯн ба Яҳува бовар кард ва ба вазъият мутобиқ шуд. Барои иҷрои хости Яҳува ӯ аз чизе, ки дастрас буд, истифода кард (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.)

4. Чӣ тавр Яҳува ба Шимшӯн кумак кард, ки аз дасти фалиштиён халос хӯрад? (Доварон 15:14–16).

4 Биёед як воқеаро бинем, ки Шимшӯн ба Яҳува такя намуду Яҳува ба ӯ дасти ёрӣ дароз кард. Боре як гурӯҳи ҳарбии фалиштиён бо мақсади дастгир кардани Шимшӯн ба Леҳӣ, ки, эҳтимол, дар Яҳудо аст, омаданд. Мардони Яҳудо аз тарс ҳамватани худро бо ду таноби нав бандубаст карда, ба дасти душман супурданд (Дов. 15:9–13). Аммо ҳамон замон «рӯҳи Яҳува» Шимшӯнро фаро гирифту ӯ «ҷоғи хари навмурдаеро» ба даст гирифта, бо он 1000 нафар фалиштиро зада кушт. (Доварон 15:14–16-ро хонед.)

5. Ҷоғи харро истифода кардани Шимшӯн дар борааш чиро ошкор мекунад?

5 Барои чӣ Шимшӯн ҷоғи харро истифода кард? Охир, онро силоҳи ҷангӣ ҳам гуфта намешавад. Шимшӯн медонист, ки комёбии ӯ на аз ягон силоҳ, балки аз худи Яҳува аст. Ӯ барои хости Худоро иҷро кардан аз он чӣ барояш дастрас буд, истифода намуд. Шимшӯн ба Яҳува такя намуд, Яҳува бошад, имони ӯро баракат дода, ба ӯ ғалабаи бузург ато кард.

6. Ҳангоми иҷро кардани таъйинот мо аз Шимшӯн чӣ меомӯзем?

6 Баъзан ба назарамон метобад, ки зӯрамон ба иҷрои супоришҳоямон намерасад. Агар дар чунин ҳолатҳо мисли Шимшӯн ба Яҳува такя кунем, ӯ барои иҷрои хосташ ба мо қуввати барзиёд медиҳад. Худое, ки ба Шимшӯн қувват бахшид, ба мо низ тавре ёрӣ мерасонад, ки ангушти ҳайрат мегазем (Пнм. 16:3).

7. Бо мисоле фаҳмонед, ки раҳнамоии Яҳуваро ҷустан чӣ қадар муҳим аст?

7 Бисёр бародару хоҳароне, ки дар лоиҳаҳои сохтмонии ташкилот иштирок мекунанд, ба Яҳува таваккал карданашонро нишон доданд. Пеш бародарон одатан ин хел мекарданд: онҳо худашон нақшаи Ибодатгоҳ ё дигар биноро кашида, худашон онро месохтанд. Аммо бо гузашти вақт ниёзҳои ташкилот каме дигар шуд. Бародарон ба Яҳува бисёр дуо гуфта аз ӯ роҳнамоӣ меҷустанд ва роҳҳои навро месанҷиданд. Яке аз ин роҳҳо харидани биноҳои тайёр ва таъмир кардани онҳо буд. Бародаре бо номи Роберт, ки солҳои охир бо лоиҳаҳои сохтмонии ташкилот дар тамоми ҷаҳон кор кардааст, мегӯяд: «Дар аввал ба баъзеҳо ба ин дигаргунӣ одат кардан душвор буд. Мо солҳои зиёд корро ба тарзи дигар ба ҷо меовардем. Аммо бародарон бо омодагӣ ба ниёзҳои ташкилот мутобиқ мешуданд. Маълум мешуд, ки Яҳува ин навигариҳоро баракат медиҳад». Ин танҳо як мисолест, ки чӣ тавр Яҳува халқашро барои иҷрои хосташ роҳнамоӣ мекунад. Ҳар яки мо бояд гоҳ-гоҳ аз худ пурсем: «Оё ман дар ҳар ҷониби хизматам аз Яҳува роҳнамоӣ меҷӯям ва барои навигарӣ даровардан тайёрам?»

ШИМШӮН АЗ ҲАМА АТОҲОИ РӮҲОНИИ ЯҲУВА ИСТИФОДА МЕКАРД

8. Боре, вақте Шимшӯн сахт ташна шуд, чӣ кор кард?

8 Шояд шумо дар бораи дигар корнамоиҳои Шишмӯн хабар дошта бошед. Масалан, ӯ як бор шерро кушта буд, бори дигар бошад, тоқаю танҳо дар шаҳри фалиштии Ашқалӯн 30 нафарро зарба зад (Дов. 14:5, 6, 19). Шимшӯн медонист, ки сарчашмаи қуввати ӯ Яҳува аст. Чаро мо ба ин бовар дорем? Боре, баъди зарба задани 1000 нафар, аз ташнагӣ ҳалқи Шимшӯн қоқ шуд. Вале ба ҷойи он ки ба қуввати худ такя кунад, ӯ аз Яҳува мадад ҷуст (Дов. 15:18).

9. Яҳува ба дуои Шимшӯн чӣ хел ҷавоб дод? (Доварон 15:19).

9 Яҳува ба мадади Шимшӯн расида, дар он ҷо ба таври муъҷиза чашмаи обе баровард. «Шимшӯн аз он об нӯшида, ҷон гирифт ва ба худ омад». (Доварон 15:19-ро хонед.) Аз афташ, солҳо баъд аз марги Шимшӯн, вақти китоби Доваронро навиштани Самуил, ин чашма вуҷуд дошт. Эҳтимол, ҳар боре исроилиён онро медиданд, ёдовар мешуданд, ки Яҳува дар вақти муҳтоҷӣ ба ёрии хизматгорони вафодораш мерасад.

Баъди нӯшидани обе, ки Яҳува ато кард, Шимшӯн қувват ёфт. Мо низ, агар аз тамоми чизҳое, ки Яҳува медиҳад, истифода барем, рӯҳан бақувват мешавем (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Чӣ тавр аз ёрдами Яҳува баҳравар шавем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Мо ҳам чӣ қобилият, истеъдод ё таҷрибае дар хизмати Яҳува надошта бошем, бояд ба дасти пурзӯри Худоямон таваккал кунем. Одами ҳадшинос дарк мекунад, ки танҳо вақти таваккал кардан ба Яҳува комёб мегардад. Ҳамон тавре ки Шимшӯн аз чашмаи баровардаи Яҳува нӯшида, ҷон гирифт, мо ҳам аз ҷӯйбори атоҳои Яҳува нӯш карда, қувват меёбем (Мат. 11:28).

11. Чӣ кор кунем, то аз атоҳои Яҳува пурра баҳра барем? Мисол оред.

11 Мисоли бародар Алексейро мебинем, ки аз тарафи ҳокимияти Русия озор мебинад. Чӣ ба ӯ дар ин вазъияти сахт қувват мебахшад? Ӯву занаш реҷаи рӯҳонияшонро нигоҳ медоранд. Алексей мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам аз реҷаи рӯҳониям қафо намонам, пайваста омӯзиши шахсӣ кунам ва Китоби Муқаддас хонам. Ману занам ҳар саҳар ояти рӯзро муҳокима карда, якҷоя дуо мегӯем». Аз ин мо чӣ дарс мегирем? Мо ҳам дар вазъиятҳои душвор бояд ба Яҳува рӯ орем. Инро чӣ тавр кунем? Бо омӯзиши шахсӣ ва иштирок дар чорабиниҳои рӯҳонӣ. Агар бо ин роҳҳо имонамонро обод созем, Яҳува кӯшишҳои моро дар хизматаш баракат медиҳад ва чуноне ки ба Шимшӯн қувват мебахшид, ба мо низ мебахшад.

ШИМШӮН ДИЛШИКАСТА НАШУД

12. Шимшӯн кадом қарори нодуруст кард ва, эҳтимол, ин аз вазъиятҳои пешина чӣ фарқ дошт?

12 Шимшӯн мисли ҳар яки мо нокомил буду баъзан қарорҳои хато мебаровард. Як қарораш бар сараш фалокат овард. Баъди чанд вақти довар буданаш Шимшӯн «Далило ном занеро, ки аз водии Шӯреқ буд, дӯст дошт» (Дов. 16:4). Чанде пеш Шимшӯн духтари фалиштиеро хостгор шуд, аммо ин «аз тарафи Яҳува буд, зеро ӯ фурсат меҷуст, ки бар зидди фалиштиён. . . амал кунад». Баъдтар бошад, ба хонаи фоҳишае дар Ғаззаи фалиштӣ меҳмон шуд. Он шаб Худо ба Шимшӯн қувват бахшид ва ӯ дарҳои дарвозаи шаҳрро канда, шаҳрро беҳимоя монд (Дов. 14:1–4; 16:1–3). Вале дилбастагияш ба Далило вазъияти дигар буд, чунки ӯ, эҳтимол, исроилӣ буд.

13. Чӣ тавр Далило Шимшӯнро ба қарори нодуруст кардан тела дод?

13 Далило барои фурӯхтани Шимшӯн аз фалиштиён пораи калоне гирифт. Ӯ Шимшӯнро ба ҳолу ҷонаш намонда, сирри пурзӯрияшро фаҳмиданӣ мешавад. Ҳангоми хондани ин воқеа баъзан ҳайрон мешавед, ки чӣ қадар чашми ошиқи Шимшӯн кӯр буд, ки нияти Далилоро пай набурд. Оқибат Шимшӯн ба илтимосҳои ӯ тан дода, сирри пурқувватияшро фош мекунад. Дар натиҷа ӯ ба муддате аз қуввати худ ва ризои Яҳува маҳрум мешавад (Дов. 16:16–20).

14. Ба Далило бовар карданаш ба сари Шимшӯн чӣ фалокат овард?

14 Ба ҷойи ба Яҳува таваккал намудан Шимшӯн ба Далило такя карда, шаттаи сахт хӯрд. Фалиштиён ӯро дастгир намуда, кӯр карданд ва дар Ғазза ба зиндон андохтанд. Душманонаш, ки чанде пеш Шимшӯн онҳоро хору зор карда буд, корфармои ӯ шуда, меҳнати сиёҳи ғаллакӯбиро бар гарданаш бор карданд. Болои сӯхта намакоб, вақте онҳо барои худояшон базм оростанд, Шимшӯнро барои паст задан он ҷо оварданд. Онҳо барои худояшон Доҷӯн қурбонии калоне оварданд, зеро онҳо бовар доштанд, ки маҳз ӯ душманашонро ба дасташон супурдааст. Онҳо Шимшӯнро барои дилхушӣ, барои масхара кардан, аз зиндон бароварданд (Дов. 16:21–25).

Яҳува ба Шимшӯн қувват бахшид, то фалиштиёнро нест карда, доварии Яҳуваро ба амал орад (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Аз чӣ маълум гашт, ки Шимшӯн аз нав ба Яҳува таваккал мекунад? (Доварон 16:28–30). (Ба расми муқова нигаред.)

15 Ҳарчанд Шимшӯн хатои ҷиддӣ карда буд, ӯ ноумед нагашт. Ӯ фурсат меҷуст, ки супориши Яҳуваро иҷро карда, бар зидди фалиштиён амал намояд. (Доварон 16:28–30-ро хонед.) Ӯ аз Яҳува илтиҷо намуд: «Ба ман қувват деҳ, то. . . аз ин фалиштиён қасд гирам». Яҳува илтиҷои Шимшӯнро шунида, ба вай қувваи ғайриодияшро баргардонд. Дар натиҷа Шимшӯн чунон фалиштии бисёреро ба ҳалокат расонд, ки то ин дам накушта буд.

16. Аз хатои Шимшӯн чӣ дарс мегирем?

16 Ҳарчанд Шимшӯн хатои дардоваре кард, ӯ аз иҷрои хости Яҳува бознаистод. Мо низ, агар хатое кунему моро сарзанишу ислоҳ кунанд ё аз таъйинотамон маҳрум кунанд, набояд ноумед шавем. Дар ёд доред, Яҳува дар ҳеҷ вазъият аз мо дасту дил намешӯяд (Заб. 103:8–10). Ҳатто агар хато кунем, Яҳува моро дар хизмати худ истифода бурдан мегирад, ҳамон тавре ки Шимшӯнро истифода мебурд.

Аз афташ, Шимшӯн аз хатои худ пушаймон шуд, лекин ӯ дилшикаста нагашт. Мо ҳам набояд дилшикаста шавем (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.)

17, 18. Аз саргузашти Майкл чӣ ба шумо маъқул шуд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

17 Биёед мисоли бародари ҷавоне бо номи Майклро дида мебароем. Ӯ дар кори Яҳува банд буда, ҳамчун хизматгузори ҷамоат ва пешрави доимӣ хизмат мекард. Вале, мутаассифона, ӯ ба хатое роҳ дода, аз таъйинотҳояш дар ҷамоат маҳрум гашт. Майкл мегӯяд: «Ман бо кори Яҳува бо ҷӯшу хурӯш машғул будам, вале ногаҳон гӯё ба деворе бархӯрдам. Ман лаҳзае фикр намекардам, ки Яҳува аз ман тамоман рӯй мегардонад, вале шубҳа мекардам, ки оё дӯстиям бо Яҳува мисли пештара мешавад ва оё мисли пештара дар ҷамоат хизмат карда метавонам».

18 Бо вуҷуди душвориҳояш дили Майкл аз хизмати Яҳува хунук нашуд. Ӯ мегӯяд: «Ман аз пайи обод кардани дӯстии харобгаштаам бо Худо шудам. Ман дуо гуфта диламро холӣ мекардам, омӯзиш мекардам ва мулоҳиза мерондам». Бо гузашти вақт Майкл дар ҷамоат аз нав номи нек пайдо карду ҳозир пири ҷамоат ва пешрави доимӣ хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Дастгирии бародару хоҳарон, хусусан пирони ҷамоат, маро дилпур кард, ки Яҳува ҳанӯз ҳам маро дӯст медорад. Ман хеле шодам, ки дубора дар ҷамоат бо виҷдони соф хизмат карда метавонам. Аз ин воқеа ман дарс гирифтам, ки чӣ гуноҳе накарда бошем, Яҳува моро мебахшад, агар аз таҳти дил тавба кунем». Агар мо низ хато карда бошем, набояд фикр кунем, ки ин поёни сафари рӯҳониямон аст. Яҳува минбаъд низ хизматашро ба мо бовар мекунад ва моро баракат медиҳад, агар барои ислоҳ шудан ҷон канему ба ӯ такя кунем (Заб. 86:5; Пнм. 28:13).

19. Чӣ тавр намунаи Шимшӯн ба шумо ёрдам кард?

19 Дар ин мақола мо якчанд воқеаи ҳаяҷонбахши зиндагии Шимшӯнро дида баромадем. Шимшӯн одами комил набуд, вале баъд аз хатояш бо Далило ӯ аз иҷрои хости Яҳува бознаистод. Ӯ аз хизмати Яҳува дасту дил нашуст, Яҳува низ аз ӯ рӯ нагардонд. Баъд аз хатои Шимшӯн Яҳува ба воситаи ӯ кори хеле бузурге кард. Бо вуҷуди нокомилияш Яҳува ӯро шахси қавиимон меҳисобид ва ӯро дар боби 11-и китоби Ибриён дар қатори дигар шахсони имондор дохил кард. Мо шодем, ки ба чунин Худои пурмуҳаббат хизмат мекунем. Падари осмониямон дар вақти сустиҳо қувватбахши мост. Аз ин рӯ биёед мо низ мисли Шимшӯн аз Яҳува илтиҷо кунем: «Илтимос, маро ба хотир ор. Худоё. . . ба ман қувват деҳ» (Дов. 16:28).

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

a Номи Шимшӯнро одамони бисёре медонанд, ҳатто касоне, ки бо Китоби Муқаддас нағз шинос нестанд. Дар бораи Шимшӯн одамон асарҳо навиштаанд, филмҳо сохтаанд ва шеърҳо эҷод кардаанд. Аммо саргузашти Шимшӯн афсона нест. Мо аз намунаи ин марди қавиимон бисёр чизро омӯхта метавонем.