МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39
Мулоимӣ қувват аст, на сустӣ
«Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама хушмуомила бошад» (2 ТИМ. 2:24, поварақ).
СУРУДИ 21 Хушбахтанд раҳмдилон!
ПЕШГУФТОР a
1. Дар мактаб ё кор аз мо дар бораи чӣ пурсиданашон мумкин?
ВАҚТЕ ҳамкор ё ҳамсинфатон дар бораи имонатон савол медиҳад, оё шумо ба ташвиш меоед? Ин ҳиссиёт ба бисёриҳо шинос аст. Лекин аз саволҳои одамон тарсидан даркор нест. Ба воситаи чунин саволҳо фикру ақидаи онҳоро мефаҳмем ва имкон пайдо мекунем, ки хушхабарро ба онҳо расонем. Лекин баъзеҳо бо мақсади баҳс кардан ё норозигӣ саволҳо медиҳанд. Шояд, онҳо дар бораи Шоҳидони Яҳува тасаввуроти нодуруст доранд (Кор. 28:22). Ғайр аз ин, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дар «рӯзҳои охир» одамон «номуросо» ва ҳатто «ваҳшӣ» мешаванд (2 Тим. 3:1, 3).
2. Чаро мо бояд мулоим бошем?
2 Вақте касе дар бораи боварҳои мо бо танқиду нобоварӣ гап мезанад, чӣ хел бо нармдилию хушмуомилагӣ ҷавоб диҳем? Чӣ ба мо ёрдам мекунад? Хислати мулоимӣ. Одами мулоим дар вазъиятҳои норавшан ё вақте ба асабаш мерасанд, ором мемонаду ғамгин намешавад (Пнм. 16:32). Шояд шумо гӯед, ки «инро бо даҳон гуфтан осон». Чӣ тавр хислати мулоимиро инкишоф диҳем? Агар дар бораи имони мо айбҷӯйӣ кунанд, чӣ тавр бо мулоимӣ ҷавоб гардонем? Агар фарзанддор бошем, чӣ тавр онҳоро таълим диҳем, ки бо нармдилию хушмуомилагӣ боварҳои худро ҳимоя кунанд? Биёед мефаҳмем.
ЧӢ ТАВР МУЛОИМИРО ИНКИШОФ ДИҲЕМ?
3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки мулоимӣ нишонаи қувват аст, на сустӣ? (2 Тимотиюс 2:24, 25).
3 Мулоимӣ нишонаи қувват аст, на сустӣ. Барои дар вазъияти душвор истодагӣ кардан ба мо иродаи қавӣ даркор аст. Мулоимӣ як қисми «самари рӯҳ» мебошад (Ғал. 5:22, 23; поварақ). Калимаи юноние, ки «мулоимӣ» тарҷума шудааст, баъзан барои тасвир кардани аспи ёбоие истифода мешуд, ки ром карда шудааст. Лаҳзае чунин аспро тасаввур кунед. Он ором ва ҳамзамон бақувват аст. Мо ҳам мулоимиро инкишоф дода, бақувваттар мешавем. Лекин бо зӯри худамон мо аз уҳдаи ин кор баромада наметавонем. Барои нашъунамо додани ин сифати зебо бояд аз Худоямон рӯҳи муқаддас пурсем. Саргузашти бисёр Шоҳидони Яҳува нишон медиҳад, ки ин имконпазир аст. Вақте мухолифон онҳоро ба дом афтонданӣ мешуданд, хушмуомилагии бисёр Шоҳидон аз чашми атрофиён пӯшида намемонд. (2 Тимотиюс 2:24, 25-ро хонед.) Чӣ тавр шумо дар мулоимӣ пурзӯр шуда метавонед?
4. Мо аз Исҳоқ дар бораи мулоимӣ чиро мефаҳмем?
4 Дар Китоби Муқаддас дар бораи бисёр одамони мулоим гуфта шудааст. Яке аз онҳо Исҳоқ буд. Вақте ӯ дар замини фалиштиён, дар Ҷарор, сокин шуд, одамони гирду атроф ба ӯ ҳасад бурда, чоҳҳои хизматгорони падараш кофтаро хок пур карданд. Исҳоқ барои ҳаққу ҳуқуқи худ талош накард, балки хонаводаи худро ба дигар ҷо кӯчонда, чоҳҳои нав кофт (1 Мӯсо 26:12–18). Лекин фалиштиён даъво карданд, ки ин обҳо низ ба онҳо дахл дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Исҳоқ сулҳҷӯёна муомила кард (1 Мӯсо 26:19–25). Ҳарчанд дигарон Исҳоқро пайваста асабӣ мекарданд, ӯ оромиро нигоҳ медошт. Чӣ ба ӯ кумак кард? Ӯ аз намунаи волидонаш, Иброҳиму Соро, бисёр чизро омӯхта буд. Ӯ медид, ки чӣ тавр падараш созишкор буд ва модараш бошад, «рӯҳи орому мулоим» дошт (1 Пет. 3:4–6; 1 Мӯсо 21:22–34).
5. Кадом мисол нишон медиҳад, ки волидони масеҳӣ ба фарзандонашон мулоимиро омӯхта метавонанд?
5 Волидони азиз, шумо ҳам метавонед ба фарзандонатон мулоимиро омӯзед. Мисоли ҷавони 17-сола Максенсро мегирем. Ӯ дар мактаб ва хизмат бо одамони бадхашм рӯ ба рӯ мешуд. Волидонаш ба ӯ пурсаброна ёрдам доданд, ки мулоимиро аз худ кунад. Онҳо мегӯянд: «Максенс фаҳмид, ки, вақте одамро асабонӣ мекунанд, дағалию зӯроварӣ кардан осон аст, лекин худдорӣ қуввати бисёрро талаб мекунад». Хушбахтона, Максенс дар мулоимӣ пурзӯр шуд.
6. Чӣ тавр дуо ёрдам мекунад, ки бештар мулоимӣ нишон диҳем?
6 Вақте вазъият нофорам мешавад, чӣ кор карда метавонем: масалан, вақте дар ҳаққи Яҳува бадгӯйӣ мекунанд ё вақте Китоби Муқаддасро масхара мекунанд? Дар ин ҳол мо бояд аз Яҳува хирад ва рӯҳи муқаддас пурсем, то бо мулоимӣ ҷавоб диҳем. Лекин, агар баъдтар дарк кунем, ки нодуруст рафтор кардем, чӣ кор кунем? Дар ин ҳолат низ дуо гуфта, фикр кунем, ки чӣ тавр ин дафъа беҳтар амал кунем. Яҳува ба мо рӯҳи муқаддас медиҳад, то ҷилави ҳиссиётамонро дошта, бо мулоимӣ рафтор кунем.
7. Чӣ тавр аз ёд кардани баъзе оятҳои Китоби Муқаддас ба мо кумак мекунанд, ки ҷилави забону рафторамонро кашем? (Панднома 15:1, 18).
7 Баъзан дар вазъиятҳои нофорам ҷилави забонамонро кашидан осон нест. Дар ин маврид ба мо оятҳои Китоби Муқаддас ёрдам мекунанд. Рӯҳи муқаддаси Яҳува ин оятҳоро ба ёдамон оварда метавонад (Юҳ. 14:26). Барои мисол, дар китоби Панднома бисёр маслиҳатҳои хуб омадааст. Агар ба онҳо гӯш диҳем, мулоимтар мешавем. (Панднома 15:1, 18-ро хонед.) Дар ин китоб ҳамчунин гуфта мешавад, ки чӣ тавр дар вазъиятҳои душвор худдорӣ кардан муҳим аст (Пнм. 10:19; 17:27; 21:23; 25:15).
ЧӢ ТАВР МУЛОҲИЗАКОРӢ ЁРДАМ МЕКУНАД, КИ МУЛОИМ БОШЕМ?
8. Чаро сабаби савол додани шахсро фаҳмидан муҳим аст?
8 Барои мулоим шудан ба мо мулоҳизакорӣ зарур аст (Пнм. 19:11). Вақте ба одами мулоҳизакор дар бораи имонаш савол медиҳанд, ӯ хулосаи шитобкорона намекунад. Баъзе саволҳо ё суханҳо мисли харсангҳои дарёиянд, ки фақат нӯгашон метобанду қисми зиёдашон дар таги об пинҳон аст. Мо намедонем, ки одамон аз кадом сабаб савол медиҳанд, шояд, «таги коса нимкоса» бошад. Барои ҳамин, пеш аз ҷавоб додан, мо бояд тан гирем, ки, шояд, сабаби савол додани шахсро намедонем (Пнм. 16:23).
9. Чӣ тавр Ҷидъӯн ҳангоми ба эфроимиён ҷавоб додан бомулоҳизагию мулоимӣ нишон дод?
9 Мисоли Ҷидъӯнро ба ёд меорем. Ӯ чӣ тавр ба эфроимиён ҷавоб дод? Эфроимиён даъво карданд, ки чаро Ҷидъӯн онҳоро ба ҷанги зидди душманони Исроил дер хабар кард. Сабаби асосии норозигии онҳо чӣ буд? Шояд ғурур. Чизе ки набошад, Ҷидъӯн бо мулоҳизакорӣ рафтор кард. Ӯ кӯшиш карда, ҳиссиёти онҳоро фаҳмид ва бо мулоимӣ ҷавоб гардонд. Бо ҷавоби мулоими худ ӯ дили онҳоро ба даст овард ва «онҳо ором шуданд» (Дов. 8:1–3).
10. Чӣ ба мо кумак мекунад, то ба одамоне, ки боварҳои моро зери шубҳа мемонанд, бо мулоимӣ ҷавоб диҳем? (1 Петрус 3:15).
10 Агар ҳамкор ё ҳамсинфамон аз мо пурсад, ки чаро мо аз рӯйи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунем, бояд чӣ кор кунем? Мо ҳаракат мекунем, ки эътиқодамонро пуштибонӣ кунем, вале ҳамзамон назари ҳамсуҳбатамонро эҳтиром мекунем. (1 Петрус 3:15-ро хонед.) Вақте ба шумо савол медиҳанд, онро танқид ё ҳамла ба имонатон наҳисобед. Шояд, шахс мехоҳад дар бораи боварҳои шумо бисёртар фаҳмад. Ҳатто баъд аз фаҳмидани нияти шахс мо мехоҳем ҳамеша мулоиму меҳрубон бошем. Эҳтимол, ҷавоби мо ба ӯ таъсир мекунаду ақидаашро аз нав дида мебарояд. Ҳатто агар ба назарамон тобад, ки шахс дағалона ё пичингомез гап мезанад, мақсади мо ҷавоби нарм додан аст (Рум. 12:17).
11, 12. а) Пеш аз ҷавоб додан ба саволи душвор дар бораи чӣ бояд фикр кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Чӣ тавр савол оғози суҳбати хуб шуда метавонад? Мисол оред.
11 Агар ягон ҳамкоратон пурсад, ки чаро Шоҳидони Яҳува рӯзи таваллудро ҷашн намегиранд, аз худ пурсед: «Оё ӯ фикр мекунад, ки мо тамоман вақтхушӣ намекунем? Ё шояд хавотир аст, ки зодрӯзро ҷашн нагирифтанамон мурғи дили ҳамкоронро мекушад?» Чӣ тавр ин хавотириҳояшро бартараф кунем? Мо гуфта метавонем: «Раҳмат, ки ту дар бораи ҳамкорон фикр мекунӣ. Ман ҳам мехоҳам дар ҷойи кор муҳити хуб бошад». Эҳтимол, он гоҳ суҳбат ранги дигар мегираду мо аз Китоби Муқаддас дар бораи рӯзи таваллуд нақл мекунем.
12 Ҳангоми бардошта шудани дигар мавзуъҳои нозук низ чунин амал карда метавонем. Агар ҳамсинфамон гӯяд, ки Шоҳидони Яҳува бояд нигоҳашонро дар бораи ҳамҷинсбозӣ дигар кунанд. Мо бояд фикр кунем: чаро ҳамсинфам чунин гуфт? Оё ӯ дар бораи Шоҳидони Яҳува тасаввуроти нодуруст дорад? Ё ягон дӯст ё хешу табораш ҳамҷинсбоз аст? Ё ӯ фикр мекунад, ки мо аз чунин одамон нафрат дорем? Бояд ӯро дилпур созем, ки мо ба ҳама одамон некӣ мекунем ва интихоби ҳар як инсонро эҳтиром мекунем b (1 Пет. 2:17). Шояд, он гоҳ нақл карда тавонем, ки бо риоя кардани меъёрҳои Китоби Муқаддас шахс хушбахт мегардад.
13. Ба касе, ки ба Худо бовар кардани моро масхара мекунад, чӣ хел кумак кардан мумкин?
13 Агар ягон кас ақидаи моро қатъиян рад кунад, дарав хулоса карда нагӯем, ки «ман ба чӣ бовар кардани ӯро медонам» (Тит. 3:2). Фарз кардем, ҳамсинфатон мегӯяд, ки ба Худо бовар кардан хандаовар аст. Оё ин маънои онро дорад, ки ӯ ба эволютсия бовар мекунад ва дар ин бора маълумоти хуб дорад? Шояд, ӯ чизеро, ки аз дигарон шунидааст, такрор мекунад. Ба ҷойи бо ӯ баҳсҳои илмӣ кардан якчанд фикрҳоро барои мулоҳиза пешниҳод кунед. Барои мисол, ба ӯ нишон диҳед, ки дар сомонаи jw.org дар бораи офариниш чӣ гуфта шудааст ё суроғаи маълумотро равон кунед. Аз эҳтимол дур нест, ки баъдтар ӯ дар бораи чизе, ки аз сомонаамон мехонад ё тамошо мекунад, суҳбат кардан хоҳад. Рафтори эҳтиромонаи мо, шояд, кунҷкобии ӯро ба Китоби Муқаддас бедор созад.
14. Чӣ тавр Нил ба воситаи сомонаамон ба ҳамсинфаш кумак кард, ки ақидаашро дар бораи Шоҳидони Яҳува дигар кунад?
14 Нил ном наврасе барои бартараф кардани ақидаи нодурусти одамон дар бораи Шоҳидони Яҳува аз сомонаамон истифода мебарад. Ӯ мегӯяд: «Як ҳамсинфам бисёр вақт мегуфт, ки ман илмро писанд намекунаму ба ким-кадом як китоби афсонаю ривоят такя мекунам». Азбаски ин ҳамсинфаш намемонд, ки Нейл эътиқоди худро фаҳмонад, ӯ диққати ҳамсинфашро ба сомонаи jw.org бахши «Китоби Муқаддас ва илм» равона кард. Баъдтар бародарамон пай бурд, ки, аз афташ, ҳамсинфаш бо маълумоти сомонаамон шинос шудааст, чунки ӯ акнун дар бораи пайдоиши ҳаёт ба суҳбат кардан моилтар аст. Шумо ҳам, агар ин усулро истифода баред, шояд, натиҷаҳои хуб ба даст оред.
ОИЛАВӢ ТАЙЁРӢ БИНЕД
15. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро таълим дода метавонанд, то бо мулоимӣ имонашонро ҳимоя кунанд?
15 Дар мактаб одамон ба ҳамимонони ҷавони мо саволҳо доданашон мумкин. Чӣ тавр волидон ба кӯдаконашон ёд дода метавонанд, ки ҷавоби хуб диҳанд? (Яъқ. 3:13). Баъзе волидон ҳангоми парастиши оилавӣ бо фарзандонашон аз ҳаёт саҳначаҳо ташкил мекунанд. Онҳо мавзуъҳоеро интихоб мекунанд, ки дар мактаб бардошта мешаванд. Ин мавзуъҳоро якҷоя дида мебароянд, тарзи ҷавоб доданро нишон медиҳанд ва ба кӯдаконашон ёд медиҳанд, ки чӣ тавр бо мулоимӣ ҷавоб диҳанд. (Ба чорчӯбаи « Ҳангоми парастиши оилавӣ машқ кунед» нигаред.)
16, 17. Чӣ тавр саҳначаҳо дар парастиши оилавӣ ба ҷавононамон кумак мекунанд?
16 Дар парастиши оилавӣ аз чунин саҳначаҳо масеҳиён фаҳмондани боварашонро ёд мегиранд ва худашон дилпур мешаванд, ки Китоби Муқаддас сазовори боварист. Дар сомонаи jw.org, ба бисёр забонҳо дар силсиламақолаи «Саволҳои ҷавонон» супоришҳо барои наврасон оварда шудаанд. Мақсади онҳо қавӣ сохтани имони бародару хоҳарони ҷавонамон мебошад ва онҳоро тайёр мекунанд, ки бо суханони худ ҷавоб гӯянд. Ин мавзуъҳоро оилавӣ омӯхта, ҳам волидон ва ҳам кӯдакон дар бораи имонашон бо мулоимӣ ва эҳтиром гап заданро ёд мегиранд.
17 Метю ном ҷавоне мегӯяд, ки чӣ тавр саҳначаҳо дар парастиши оилавӣ ба ӯ кумак мекунанд. Бисёр вақт ӯ ва волидонаш саволҳоеро таҳқиқ мекунанд, ки дар мактаб бардошта мешаванд. Ӯ мегӯяд: «Мо тасаввур мекунем, ки кадом вазъият пайдо шуданаш мумкин, онро тадқиқ мекунем ва баъд машқ мекунем. Вақте ман аниқ мефаҳмам, ки чаро ба ин ё он чиз бовар дорам, худро оромтар ҳис мекунам ва ба ман бо мулоимӣ ҷавоб додан осонтар мешавад».
18. Суханони Қӯлассиён 4:6 моро ба чӣ даъват мекунанд?
18 Албатта, барои дилпур кардани ҳамсуҳбатамон фақат далелҳои бақувват кофӣ нест. Лекин мулоҳизакорию мулоимӣ муъҷизаҳо ба амал меоранд. (Қӯлассиён 4:6-ро хонед.) Бо касе ҳамсуҳбат шуданро ба тӯббозӣ монанд кардан мумкин. Мо метавонем тӯбро ба касе оҳиста партоем ё онро бо тамоми қувват ҳаво диҳем. Агар мо тӯбро хушрӯ партоем, бозингари дигар онро ба осонӣ дошта метавонад ва бозӣ давом меёбад. Ба ҳамин монанд, агар мо фикрҳои худро хушрӯй ва бо мулоимӣ баён кунем, эҳтимол, ҳамсуҳбатамон моро бо майли бештар гӯш мекунад ва суҳбатамон давом меёбад. Албатта, агар шахс бо мо танҳо баҳс карданӣ бошад ё имонамонро масхара карданӣ бошад, шарт нест, ки мо суҳбатро давом диҳем (Пнм. 26:4). Лекин ин хел одамон ками дар каманд. Бештари одамон, шояд, ба суханонатон гӯш диҳанд.
19. Чаро ҳангоми ҳимоя кардани имони худ мо мулоим будан мехоҳем?
19 Равшан аст, ки бе мулоимӣ корамон пеш намеравад. Вақте бо саволҳои баҳснок ё танқиди ноҳақ рӯ ба рӯ мешавед, барои ором мондан аз Яҳува қувват пурсед. Дар ёд доред, мулоимии шумо намегузорад, ки гуногунии фикрҳо ба баҳс табдил ёбад. Ҷавоби нарму эҳтиромонаи шумо ба баъзе шунавандагон таъсир мекунад, то муносибаташонро бо мо ва Китоби Муқаддас дигар кунанд. «Доимо тайёр бошед, ки. . . бо мулоимӣ ва эҳтироми зиёд» эътиқоди худро ҳимоя кунед (1 Пет. 3:15). Биёед мулоимиро аз худ кунем, зеро он моро пурқувват месозад.
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
a Дар ин мақола мо маслиҳатҳоеро мебинем, ки, вақте дар бораи боварҳоямон савол медиҳанд ё айбҷӯйӣ мекунанд, чӣ тавр бо мулоимӣ ҷавоб диҳем.
b Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Китоби Муқаддас дар бораи ҳамҷинсбозӣ чӣ мегӯяд» аз «Бедор шавед»-и соли 2016 №4 (рус.) нигаред.
c Маълумоти фоиданокро дар сомонаи jw.org аз силсиламақолаи «Саволҳои ҷавонон» ва «Саволҳое, ки дар бораи Шоҳидони Яҳува зуд-зуд дода мешаванд» ёфтан мумкин.