МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40
Шумо низ мисли Петрус устувор монда метавонед
«Ҳазратам, ман сазовор нестам, ки дар пеши ту бошам, чунки як одами гунаҳкорам» (ЛУҚ. 5:8).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
ПЕШГУФТОР a
1. Вақте Исо муъҷиза кард, Петрус чӣ гуфт?
ПЕТРУС тамоми шаб зӯр зад, вале ягон моҳӣ қапида натавонист. Исо ба ӯ гуфт: «Қаиқро ба ҷойи чуқуртар бирон ва дар он ҷо тӯрҳои худро ба об андозед» (Луқ. 5:4). Ҳарчанд Петрус дилпур набуд, ки дар ҷойи дигар моҳӣ меқапанд, ба сухани Исо гӯш дод. Дар натиҷа онҳо чунон моҳии зиёде қапиданд, ки тӯрҳо зери бори он даридан гирифтанд. Петрусу ҳамроҳонаш дарк карданд, ки шоҳиди муъҷиза гаштанд ва аз ин «хеле ба ҳайрат» афтоданд. Петрус нидо карда ба Исо гуфт: «Ҳазратам, ман сазовор нестам, ки дар пеши ту бошам, чунки як одами гунаҳкорам» (Луқ. 5:6–9). Аз афташ, Петрус худро лоиқ намедонист, ки ҳатто дар як ҷо бо Исо бошад.
2. Чаро дида баромадани саргузашти Петрус судманд аст?
2 Петрус рост мегуфт, ӯ одами гунаҳкор буд. Баъзан ӯ ягон гапе мегуфт ё коре мекард, ки баъдтар аз он пушаймон мешуд. Оё ҳиссиёти Петрус ба шумо шинос аст? Оё шумо ҳам бо ягон камбудӣ ё майли гунаҳкорона мубориза мебаред? Агар ин тавр бошад, омӯхтани намунаи Петрус ба шумо умед мебахшад. Яҳува метавонист аз хатоҳои Петрус дар Каломаш ёдовар нашавад, аммо ӯ барои фоидаи мо онҳоро дар Навиштаҳо ҷо дод (2 Тим. 3:16, 17). Ба Петрус ҳиссиёту сустиҳои мо бегона набуданд. Намунаи ӯро омӯхта, мо мефаҳмем, ки Яҳува аз мо комилиро наметалабад. Ӯ мехоҳад, ки мо бо вуҷуди сустиҳоямон дар муборизаи зиндагӣ даст нафарорем.
3. Чаро мо бояд устувор бошем?
3 Чаро мо бояд устувор монем? Зарбулмасале ҳаст: «Хуб кардан аз пур кардан аст». Мисоле меорем: навозандае солҳои дароз навохтани як асбоби мусиқиро ёд мегирад. Ҳарчанд ӯ метавонад ҳазорон бор хато кунад, ин пеши роҳашро намегирад. Ӯ машқро давом дода, ин корро аз худ мекунад. Вале ҳатто вақте ӯ навозандаи моҳир мешавад, як-як ба хато роҳ медиҳад. Аммо ин ӯро дилхунук намесозад. Ӯ машқашро давом дода, ҳунарашро сайқал медиҳад. Мо низ баъзан фикр карда метавонем, ки ба сустие ғолиб омадаем, вале шояд ин хаторо такрор мекунем. Дар ин ҳолат мо низ мисли он навозанда бояд сӯйи мақсади худ рафтанро бас накунем. Ҳар яки мо баъзан коре мекунем ё гапе мегӯем, ки баъдтар аз он пушаймон мешавем. Агар дар чунин ҳолат дилшикаставу мағлуб нашавем, Яҳува дар пешрафти рӯҳониямон мадад мерасонад (1 Пет. 5:10). Биёед намунаи устувории Петрусро дида бароем. Исо ба камбудиҳои ӯ нигоҳ накарда ба Петрус ҳамдардӣ нишон дод. Дида баромадани ин ба мо қувват мебахшад, ки хизмати Яҳуваро бас накунем.
ТАЛОШҲОИ ПЕТРУС ВА МУКОФОТҲОИ Ӯ
4. Мувофиқи Луқо 5:5–10 Петрус дар бораи худаш чӣ гуфт, вале чӣ тавр Исо ӯро дилпур сохт?
4 Навиштаҳо аниқ намегӯяд, ки Петрус ман «одами гунаҳкор»-ам гуфта, чиро дар назар дошт. (Луқо 5:5–10-ро хонед.) Шояд ӯ ба гуноҳҳои ҷиддие даст зада буд. Эҳтимол, тарси Петрус аз он сарчашма мегирифт, ки ӯ дар чашми худаш камарзиш буд. Исо ин ҳиссиёти ӯро пай бурд, аммо ҳамзамон дарк мекард, ки Петрус метавонад ба Яҳува вафодор монад. Аз ин рӯ ӯ бо меҳрубонӣ ба Петрус гуфт, ки натарсад. Боварии Исо ба Петрус таъсири бардавоме гузошт. Ӯву Андриёс моҳигириро тарк карда, пайравони доимии Масеҳ гаштанд. Ин қарорашон баракатҳои зиёде овард (Марқ. 1:16–18).
5. Бар тарсу ваҳми худ ғолиб омада ва даъвати Исоро қабул карда, Петрус соҳиби кадом баракатҳо шуд?
5 Вақте Петрус шогирди Исо шуд, шоҳиди воқеаҳои аҷоибе гашт. Ӯ дид, ки чӣ хел Исо беморонро шифо медиҳад, девҳоро берун меронад ва ҳатто мурдагонро зинда мекунад b (Мат. 8:14–17; Марқ. 5:37, 41, 42). Петрус ҳамчунин дар рӯъё дид, ки Исо дар оянда ҳангоми Подшоҳ шуданаш чӣ гуна ҷалолро соҳиб мешавад. Ин воқеа ба ӯ таъсири сахт расонд (Марқ. 9:1–8; 2 Пет. 1:16–18). Петрус шоҳиди зиндаи рӯйдодҳое шуд, ки пеш ба кунҷи хаёлаш ҳам намеомаданд. Ӯ дар назари худаш беарзишу ночиз буд. Аз афташ, ӯ хеле шод буд, ки нагузошт эҳсосоти манфӣ миёни ӯву баракатҳои беҳисобаш монеа гузорад.
6. Оё Петрус дар як рӯз бар сустиҳояш ғолиб омад? Фаҳмонед.
6 Ҳарчанд Петрус шоҳиди ин қадар воқеаҳои аҷоиб шуда буд, камбудиҳояш як-як рӯ мезаданд. Биёед якчанд мисолро бинем. Вақте Исо фаҳмонд, ки чӣ тавр бояд азоб кашаду бимирад, то пешгӯйӣ иҷро шавад, Петрус ӯро сарзаниш кард (Марқ. 8:31–33). Борҳои зиёд Петрус ва дигар расулон байни ҳам баҳс мекарданд, ки кадомашон бузургтаранд (Марқ. 9:33, 34). Шаби пеш аз марги Исо Петрус ба эҳсосот дода шуда, гӯши мардеро бурид (Юҳ. 18:10). Худи ҳамон шаб Петрус дӯсти худ Исоро се бор инкор кард (Марқ. 14:66–72). Дар натиҷа виҷдонаш азоб дода, ӯ зор-зор гирист (Мат. 26:75).
7. Баъд аз зинда шудани Исо Петрус соҳиби чӣ гуна имкониятҳо гашт?
7 Исо умедашро аз ин расули дилшикастааш наканд. Баъд аз зинда шуданаш ӯ ба Петрус имкон дод, ки муҳаббаташро ба ӯ баён кунад. Исо ба Петрус пешниҳод кард, ки чӯпони рамааш шавад (Юҳ. 21:15–17). Петрус розӣ шуд. Ӯ ҳангоми Иди Ҳафтаҳо дар Ерусалим ҳузур дошт ва дар миёни касоне буд, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд.
8. Петрус дар Антиохия чӣ хатои ҷиддие кард?
8 Ҳатто баъд аз он ки Петрус масеҳии тадҳиншуда гашт, муборизаи ӯ бо сустиҳояш давом меёфт. Соли 36-уми милодӣ ӯ шоҳиди он гашт, ки чӣ тавр Корнилюси бехатна бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфт. Ин нишонаи он буд, ки «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад» ва акнун ғайрияҳудиён ҳам қисми ҷамоати масеҳӣ шуда метавонанд (Кор. 10:34, 44, 45). Аз он вақт иборатан Петрус бо ғайрияҳудиён озодона хӯрок мехӯрду рафтуо мекард (Ғал. 2:12). Вале баъзе масеҳиёни яҳудӣ даъво мекарданд, ки якҷоя хӯрок хӯрдани яҳудиёну ғайрияҳудиён раво нест. Боре Петрус дар Антиохия бо бародарону хоҳарони он ҷо хӯрок мехӯрд, ки ба он ҷо яҳудиёне омаданд, ки чунин ақида доштанд. Баробари омадани онҳо Петрус, эҳтимол, ба хотири онҳо худро аз ҳамимонони Антиохия дур гирифт. Павлуси расул инро дида, барои дурӯягияш ӯро дар пеши ҳама сарзаниш кард (Ғал. 2:13, 14). Аммо ин вазъият азми Петрусро суст накард. Чӣ ба ӯ ёрӣ расонд, ки устувор монад?
ЧӢ БА ПЕТРУС ЁРӢ ДОД, КИ УСТУВОР МОНАД?
9. Чӣ тавр Петрус вафодор буданашро нишон дод? (Юҳанно 6:68, 69).
9 Петрус марди вафодор буд, ӯ намегузошт, ки чизе ба таври доимӣ азми ӯро суст кунад. Боре Исо сухане гуфт, ки шогирдонаш ба маънои он сарфаҳм нарафтанд. (Юҳанно 6:68, 69-ро хонед.) Бисёриҳо ба ҷойи интизор шудани маънидоди ин суханон ё аз Исо пурсидани маънои онҳо Исоро тарк карданд. Вале Петрус бо устодаш монд. Ӯ дарк мекард, ки танҳо Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дорад.
10. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ба Петрус бовар дорад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Исо аз Петрус рӯ нагардонд. Шаби пеш аз маргаш Исо медонист, ки Петрус ва дигар расулон ӯро партофта мегурезанд. Вале Исо гуфт, ки Петрус ба по мехезаду ба ӯ вафодор мемонад (Луқ. 22:31, 32). Исо дарк мекард, ки «рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» (Марқ. 14:38). Аз ин рӯ, ҳатто баъд аз он ки Петрус ӯро инкор кард, Исо аз расулаш умед наканд. Баъд аз зиндашавияш Исо бо Петрус, эҳтимол, дар танҳоӣ вохӯрду ба расули дилафсурдааш қуввати тоза бахшид (Марқ. 16:7; Луқ. 24:34; 1 Қӯр. 15:5).
11. Чӣ хел Исо Петрусро дилпур кард, ки Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад?
11 Исо Петрусро дилпур кард, ки Яҳува рӯзидеҳу мададгори ӯст. Вақте зинда шуд, Исо муъҷиза карда, Петрусу дигар расулонашро бо моҳӣ таъмин намуд (Юҳ. 21:4–6). Ин, бешак, ба Петрус ёдрас кард, ки Яҳува ҳар чизи лозимаро ба осонӣ ба ӯ дода метавонад. Эҳтимол, баъд аз ин муъҷиза Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки, агар шахс «пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо» бошад, чизҳои дигарро Яҳува ба ӯ медиҳад (Мат. 6:33). Аз ин рӯ Петрус на моҳигириро, балки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаёташ монд. Дар Пантикости соли 33-юм Петрус шаҳодати далерона дода, ба ҳазорон нафар ёрӣ расонд, ки хушхабарро қабул кунанд (Кор. 2:14, 37–41). Ҳамчунин бо ёрии ӯ баъдтар сомариён ва ғайрияҳудиён пайрави Масеҳ гаштанд (Кор. 8:14–17; 10:44–48). Бо ёрии Яҳува Петрус дар кори Подшоҳӣ саҳми бузурге гузошт ва бисёриҳоро ба ҷамоати масеҳӣ ҷалб кард.
МО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?
12. Агар мо дурудароз бо сустие мубориза барем, чӣ хел намунаи Петрус ба мо ёрӣ мерасонад?
12 Яҳува ба мо ёрӣ мерасонад, ки устувор монем. Хусусан вақти мубориза бо камбудие, ки ба осонӣ аз он халос шуда наметавонем. Баъзан ба назарамон метобад, ки сустиҳои мо аз сустиҳои Петрус бадтаранд. Вале Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар ин мубориза ғолиб оем (Заб. 94:17–19). Биёед мисоли бародареро бинем, ки солҳои дароз пеш аз фаҳмидани ростӣ ҳамҷинсбозӣ мекард. Ҳарчанд ӯ аз тарзи ҳаёти пештарааш пурра рӯ гардонда буд, фикрҳои нодуруст як-як ба сараш меҳмон мешуданд. Чӣ ба ӯ ёрӣ расонд, ки устувор монад? Ӯ мегӯяд: «Яҳува ба ман қувват мебахшад. Ман фаҳмидам, ки бо ёрии рӯҳи Яҳува. . . дар роҳи ҳақиқат устувор монда метавонам. . . Бо вуҷуди камбудиҳоям Яҳува маро дар хизматаш истифода мебараду пайваста қувват мебахшад».
13. Аз рафтори Петрус, ки дар Корнома 4:13, 29, 31 навишта шудааст, мо чӣ ибрат мегирем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Чуноне дидем Петрус чандин бор ба доми одамтарсӣ афтод. Вале аз Яҳува далерӣ пурсида, ӯ нотарсона амал карда тавонист. (Корнома 4:13, 29, 31-ро хонед.) Мо низ метавонем бар тарсҳоямон дастболо шавем. Мисоли бародари ҷавонамонро, ки дар Германияи фашистӣ зиндагӣ мекард, бо номи Ҳорст дида мебароем. Ӯ чандин бор дар мактаб ба фишори одамон дода шуда, «Ҳайл Ҳитлер!»-ро ба забон овард, ки маънояш чунин аст: «Наҷот аз Гитлер аст!» Волидони Ҳорст ба ҷойи ӯро сарзаниш кунанд, ҳамроҳаш дуо мегуфтанду аз Яҳува барояш далерӣ мепурсиданд. Бо ёрии Яҳува ва дастгирии падару модар Ҳорст тавонист устувор монад. Ӯ баъдтар навишт: «Яҳува маро ҳеҷ гоҳ тарк намекард». c
14. Чӣ хел чӯпонони ғамхор рӯҳафтодагонро дилбардорӣ карда метавонанд?
14 Яҳува ва Исо ҳеҷ гоҳ аз мо умедашонро намекананд. Вақте Петрус Масеҳро инкор кард, дар чорсӯйи зиндагӣ раҳгум зада буд. Ӯ намедонист чӣ кор кунад: пайравии Исоро бас кунад ё давом диҳад? Исо аз Яҳува хоҳиш карда буд, ки имони Петрус побарҷо монад. Исо ба Петрус дар бораи ин дуояш нақл карду ӯро дилпурӣ бахшид, ки метавонад ба по хезаду бародаронашро қувват бахшад (Луқ. 22:31, 32). Суханони Исоро ба ёд оварда, Петрус, бешак, қувват мегирифт. Вақте мо низ сари калобаамонро гум кунем, дар чорсӯйи зиндагӣ раҳгум занем, Яҳува метавонад ба воситаи пирони ғамхор ба мо дастгирию тасаллӣ бахшад, то ба ӯ вафодор монда тавонем (Эфс. 4:8, 11). Пири таҷрибадоре бо номи Пол кӯшиш мекунад бародару хоҳаронро дилбардорӣ кунад. Ӯ аз хастадилон хоҳиш мекунад дар бораи он андеша кунанд, ки чӣ тавр Яҳува онҳоро ба роҳи ростӣ ҷалб кард. Сипас ӯ онҳоро дилпур месозад, ки Яҳува, ки Худои меҳру вафост, ҳеҷ гоҳ умедашро аз онҳо намеканад. Бародарамон мегӯяд: «Ман шоҳиди он будам, ки чӣ тавр рӯҳафтодагони бисёр бо дастгирии Яҳува устувор монданд».
15. Аз мисоли Петрус ва бародар Ҳорст ба чӣ хулоса меоем?
15 Ҳамон тавре ки Яҳува ниёзҳои Петрусу дигар расулонро қонеъ мекард, ба ниёзҳои мо низ ғамхорӣ мекунад, агар мо кори ӯро дар ҷойи аввали зиндагиямон гузорем (Мат. 6:33). Бародар Ҳорст, ки дар ин мақола дар борааш гуфта гузаштем, баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар фикри пешрав шудан афтод. Ӯ бисёр камбағал буд ва дилаш пур набуд, ки оё аз уҳдаи худро таъмин кардану пешрав хизмат кардан мебарояд ё не. Ӯ чӣ кор кард? Ӯ қарор кард, ки некии Яҳуваро меозмояд. Ӯ вақти хабаргирии нозири ноҳиявӣ тамоми ҳафтаро дар хизмат гузаронд. Дар охири ҳафта бошад, як воқеаи аҷоибе рӯй дод. Нозири ноҳиявӣ аз як шахси номаълум ба бародар Ҳорст як лифофаро дод, ки дар дарунаш пул буд. Ин пул барои якчанд моҳ пешрав хизмат карданаш мерасид. Бародар Ҳорст инро ҳамчун туҳфа аз ҷониби Яҳува ва нишонаи он донист, ки Худо ниёзҳои ӯро қонеъ мекунад. Ӯ бақияи умрашро дар хизмати Яҳува гузаронду кори Подшоҳиро дар ҷойи аввали ҳаёташ монд (Мал. 3:10).
16. Чаро саргузашту навиштаҳои Петрус сазовори диққати моянд?
16 Петрус аз Исо хоҳиш карда буд, ки аз ӯ дур шавад. Аз афташ, ӯ хеле хурсанд буд, ки Исо ба ин хоҳишаш гӯш наандохт. Дар натиҷаи таълими давомнок гирифтан аз Исо Петрус расули вафодор ва намунаи барҷаста барои масеҳиён гардид. Баъзе маслиҳатҳоеро, ки Петрус аз Исо омӯхта буд, дар қатори дигар дарсҳо ӯ дар номаҳои илҳомёфтааш ҷо додааст. Аз баррасии онҳо мо низ баҳра мегирем. Дар мақолаи навбатӣ мо якчанд ёдовариро аз номаҳои Петрус дида, фикр мекунем, ки чӣ хел онҳоро ба кор барем.
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Мақсади ин мақола дилпур кардани онҳоест, ки бо сустиҳояшон мубориза мебаранд, то онҳо дар ин мубориза ғолиб оянд ва содиқона хизмати Яҳуваро давом диҳанд.
b Дар ин мақола бисёртар Хушхабари Марқус иқтибос оварда шудааст. Аз афташ, Марқус маълумоти ин китобро аз даҳони Петрус, ки шоҳиди воқеаҳо буд, навишта гирифтааст.
c Саргузашти Ҳорст Ҳеншелро аз мақолаи «Меня вдохновляла верность семьи Богу» хонда метавонед, ки дар «Бедор шавед»-и 22-юми феврали 1998 омадааст.
d ШАРҲИ РАСМ: Чи хеле дар расм оварда шудааст, волидони Ҳорст Ҳеншел бо ӯ дуо гуфта, барояш аз Яҳува далерӣ мепурсанд.