Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38

Ҷавонон, шуморо чӣ гуна оянда дар пеш аст?

Ҷавонон, шуморо чӣ гуна оянда дар пеш аст?

«Рамузфаҳмӣ туро ҳимоя менамояд» (ПНМ. 2:11).

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

ПЕШГУФТОР a

1. Еҳуош, Узиё ва Юшиё чӣ супориши душвор гирифтанд?

 ТАСАВВУР кунед, ки шуморо шоҳи халқи Худо таъйин карданд, лекин шумо ҳоло кӯдак ё наврас ҳастед. Шумо чӣ хел подшоҳӣ мекунед? Дар Китоби Муқаддас дар бораи якчанд ҷавоне гуфта мешавад, ки шоҳи Яҳудо гаштанд. Масалан, вақти бар тахт нишастан Еҳуош ҳамагӣ 7 сол, Узиё 16 ва Юшиё 8 сол дошт. Ҳиссиёти онҳоро тасаввур кунед. Ҳарчанд бар дӯши онҳо бори вазнини масъулият буд, дар барашон Яҳува ва касоне буданд, ки кумак мекарданд, то душвориҳояшонро паси сар карда, дар хизмати Яҳува самар оранд.

2. Чаро мо бояд дар бораи Еҳуош, Узиё ва Юшиё бисёртар фаҳмем?

2 Албатта, мо шоҳ ё малика нестем, лекин аз ин се қаҳрамони Китоби Муқаддас бисёр чизҳоро ёд гирифта метавонем. Онҳо ҳам қарорҳои хуб бароварданд, ҳам қарорҳои бад. Аз мисоли онҳо мо мефаҳмем, ки чаро бояд дӯстони хубро интихоб кунем, хоксор монем ва ҳамеша фикри Яҳуваро ба назар гирем.

ДӮСТОНИ ХУБРО ИНТИХОБ КУНЕД

Ба маслиҳати дӯстони хуб гӯш дода, шумо ба Еҳуош пайравӣ мекунед (Ба сархатҳои 3 ва 7 нигаред.) c

3. Еҳуёдои коҳин ба шоҳ Еҳуош чӣ хел таъсир кард?

3 Аз қарорҳои бохирадонаи Еҳуош ибрат гиред. Ҳангоми ҷавонияш шоҳ Еҳуош қарори бохирадонае қабул кард. Азбаски аз кӯдакӣ бе падар монда буд, ӯ ба маслиҳатҳои саркоҳин Еҳуёдоъ гӯш медод. Еҳуёдоъ Еҳуошро мисли писари худ тарбия мекард. Дар натиҷа Еҳуош қарор кард, ки дар хизмату парастиши Яҳува роҳнамои мардум мешавад. Ӯ ҳатто таъмири ибодатгоҳи Яҳуваро ташкил кард (2 Воқ. 24:1, 2, 4, 13, 14).

4. Ба амрҳои Яҳува гӯш додан чӣ манфиат меорад? (Панднома 2:1, 10–12).

4 Агар волидонатон дар дили шумо меҳри Яҳуваро ҷо карда, аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ карданро ёд диҳанд, ба ин чун ба туҳфаи бебаҳо назар кунед. (Панднома 2:1, 10–12-ро хонед.) Волидон бо роҳҳои гуногун фарзандонашонро таълим медиҳанд. Масалан, падари Катя ба ӯ ёрдам медод, ки қарорҳои дуруст қабул кунад. Ӯ духтарашро ҳар саҳар ба мактаб гусел карда, дар бораи ояти рӯз гап мезад. Катя мегӯяд: «Вақте дар мактаб бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ мешудам, ин суҳбатҳо ба ман ёрдам мекард, ки дуруст рафтор кунам». Лекин, агар волидонатон дар асоси Китоби Муқаддас аз шумо чизеро талаб кунанду он ба назаратон аз ҳад сахтгирона тобад-чӣ? Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба онҳо гӯш диҳед? Анастасия ном хоҳаре ба ёд меорад, ки волидонаш вақтро дареғ надошта, мефаҳмонданд, ки чаро ин ё он чизро аз ӯ талаб мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Ман мефаҳмам, ки онҳо барои назорат кардани ҳар як қадами ман нею барои ҳимоя карданам ин ё он чизро манъ мекунанд. Аз ин рӯ бароям ба онҳо гӯш додан осонтар аст».

5. Барои шод кардани Яҳуваю волидонатон чӣ кор карда метавонед? (Панднома 22:6; 23:15, 24, 25).

5 Ба маслиҳати волидонатон, ки аз Китоби Муқаддас медиҳанд, гӯш дода, шумо онҳоро шод мегардонед. Аз ҳама муҳимаш, ин кори шумо ба дили Яҳува хурсандии бузург меорад ва бо ӯ дӯстии пояндае месозед. (Панднома 22:6; 23:15, 24, 25-ро хонед.) Оё мехоҳед ба рафтори Еҳуоши ҷавон пайравӣ кунед?

6. Еҳуош ба маслиҳати кӣ гӯш дод ва ин чӣ натиҷа овард? (2 Воқеанома 24:17, 18).

6 Аз қарорҳои бади Еҳуош дарс гиред. Баъди марги Еҳуёдоъ Еҳуош бо касоне дӯстӣ кард, ки ба ӯ таъсири бад мерасонданд. (2 Воқеанома 24:17, 18-ро хонед.) Ӯ қарор кард, ки ба гапи мирони Яҳудо, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, гӯш диҳад. Равшан аст, ки Еҳуош бояд аз ин дӯстони зараровар дурӣ меҷуст (Пнм. 1:10). Сад афсӯс ки ӯ ба гапи онҳо гӯш дод. Вақте аммабачааш Закарё ӯро ислоҳ карданӣ шуд, Еҳуош фармон дод, ки ӯро кушанд (2 Воқ. 24:20, 21; Мат. 23:35). Чӣ кори ваҳшиёнаю беақлона! Еҳуош дар аввал дуруст рафтор мекард, лекин рафта-рафта осию одамкуш гашт. Охиру оқибат ӯро хизматгорони худаш ба қатл расонданд (2 Воқ. 24:22–25). Агар Еҳуош Яҳува ва дӯстдорони ӯро гӯш мекард, ҳаёти ӯ тамоман дигар мешуд. Шумо аз рафтори бади ӯ чӣ дарс мегиред?

7. Кӣ барои шумо дӯсти хуб шуда метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Мо чӣ тавр хатои Еҳуошро такрор накунем? Дӯстонеро интихоб кунед, ки ба шумо таъсири хуб мерасонанд, дӯстонеро, ки Яҳуваро дӯст медоранду дар пайи шод гардондани дили ӯ мебошанд. Шарт нест, ки дӯстонатон ҳамсоли шумо бошанд. Дар ёд доред, дӯсти Еҳуош, Еҳуёдо, аз ӯ хеле калон буд. Барои фаҳмидани он ки дӯстонатон чӣ гуна инсонанд, аз худ пурсед: «Оё дӯстӣ бо онҳо бовариямро ба Яҳува зиёд мекунад? Оё дӯстонам маро даъват мекунанд, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунам? Ба онҳо дар бораи Яҳува ва мавзуъҳои рӯҳонӣ гап задан маъқул аст? Оё онҳо меъёрҳои Яҳуваро эҳтиром мекунанд? Оё онҳо ба ман гапҳои табъи диламро мегӯянд ё вақте хато мекунам, рӯирост ислоҳ мекунанд?» (Пнм. 27:5, 6, 17). Рости гап, агар дӯстонатон Яҳуваро дӯст надоранд, онҳо ба шумо даркор нестанд. Лекин, агар Яҳуваро дӯст доранд, ба онҳо маҳкам часпед, зеро аз дӯстӣ бо онҳо фоидаи зиёд мегиред (Пнм. 13:20).

8. Агар мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода барем, ба худ кадом саволҳоро додан лозим?

8 Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мо аз ҳолу аҳволи дӯстон ва хешу табор хабардор шуда меистем. Лекин бисёриҳо барои худнамоӣ аз ин шабакаҳо истифода мебаранд. Онҳо машғулиятҳо ва чизҳои харидаашонро ба намоиш мегузоранд. Агар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баред, аз худ пурсед: «Чаро ман дар он ҷо расму видеоҳоро мегузорам: барои рӯҳбаланд кардани дигарон ё худро нишон додан? Оё ман мегузорам, ки дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба фикр, гуфтор ва рафторам таъсири бад расонанд?» Бародар Нейтан Нор, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекард, боре гуфта буд: «Дар пайи ёфтани дили одамон нашавед, чунки дили ҳеҷ касро ёфта наметавонед. Дили Яҳуваро ба даст оред. Ба Яҳува ки маъқул шудед, ба дӯстдорони ӯ ҳам маъқул мешавед».

ХОКСОР МОНЕД

9. Узиё бо мадади Яҳува ба кадом комёбиҳо ноил шуд? (2 Воқеанома 26:1–5).

9 Аз қарорҳои хуби Узиё ибрат гиред. Шоҳ Узиё дар ҷавонӣ хоксор буд ва худотарсиро ёд гирифта буд. Яҳува қисми зиёди умри 68-солаи Узиёро баракат дод. (2 Воқеанома 26:1–5-ро хонед.) Ӯ бар бисёр душманонаш дастболо гашт ва Ерусалимро ба ҳамлаҳои душманон тобовар кард (2 Воқ. 26:6–15). Бо дастгирии Яҳува Узиё ба комёбиҳои зиёд ноил гашт. Аз афташ, ӯ дар ин бора мулоҳиза карда, шодӣ мекард (Пандгӯ 3:12, 13).

10. Бо Узиё чӣ рӯй дод?

10 Аз қарорҳои бади Узиё дарс гиред. Шоҳ Узиё ба ҳама фармон доданро одат карда буд. Шояд ба ҳамин сабаб гумон кард, ки ҳама кор ба ӯ мумкин аст. Боре ӯ як кори нодуруст кард. Ӯ ба ибодатгоҳи Яҳува даромада, бухур сӯзонданӣ шуд, коре, ки ба он подшоҳон ҳақ надоштанд (2 Воқ. 26:16–18). Саркоҳин Азарё ӯро манъ кардан хост, лекин Узиё сахт ба ғазаб омад. Омада-омада ӯ хизмати содиқонаашро бо як рафтори аблаҳона доғдор кард ва махавӣ гашт (2 Воқ. 26:19–21). Агар Узиё хоксор мемонд, ҳеҷ гоҳ бо ӯ чунин рӯй намедод.

Дар бораи муваффақиятҳои худ лоф назанед, балки тамоми ҷалолро ба Яҳува равона кунед (Ба сархати 11 нигаред.) d

11. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хоксор монем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Вақте Узиё пурқувват шуд, ӯ фаромӯш кард, ки ҳамаи комёбиҳояш аз Яҳува буданд. Мо чӣ дарс мегирем? Мо бояд дар ёд дорем: ҳар чизи хубе, ки дар хизмат ё дар ҳаёт бо мо рӯй медиҳад, аз ҷониби Яҳува мебошад. Ба ҷойи дар бораи дастовардҳоямон лоф задан беҳтараш Яҳуваро ҷалол диҳем b (1 Қӯр. 4:7). Мо бояд тан гирем, ки нокомилем ва ба ислоҳу сарзаниш ниёз дорем. Як бародар, ки аз 60 гузаштааст, мегӯяд: «Ман ба худ назари дуруст карданро ёд гирифтам. Баъзан вақт ман хатоҳои кӯдакона мекунам ва вақте маро ислоҳ мекунанд, маслиҳатро ба кор бурда, ба пеш ҳаракат мекунам». Агар мо Яҳуваро гӯш кунему хоксор монем, моро ояндаи хушбахт дар пеш аст (Пнм. 22:4).

ЯҲУВАРО ҶӮЁ БОШЕД

12. Чӣ тавр Юшиёи ҷавон нишон дод, ки ба Яҳува хизмат кардан мехоҳад? (2 Воқеанома 34:1–3).

12 Ба қарорҳои хуби Юшиё пайравӣ кунед. Вақте Юшиё наврас буд, ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи Яҳува гашт. Ӯ ният дошт, ки Яҳува ва хосташро беҳтар фаҳмад. Лекин ҳаёти ин шоҳи ҷавон пур аз пасту баландиҳо буд. Вақте аксарияти одамон тарафдори бутпарастӣ буданд, ӯ пуштибони парастиши пок шуд. Ҳанӯз ба синни бист нарасида, ӯ аз пайи он шуд, ки парастиши дурӯғро аз байни халқ нест кунад. (2 Воқеанома 34:1–3-ро хонед.)

13. Чӣ тавр худро ба Яҳува бахшидан ҳаёти моро дигар мекунад?

13 Бародару хоҳаракони ҷавон, шумо аз Юшиё ибрат гирифта дар бораи Яҳува ва сифатҳои зебои ӯ бисёртар фаҳмида метавонед. Дар натиҷа, дар дили шумо хоҳиши ҳаётатонро ба Яҳува бахшидан қувват мегирад. Ин қадам ба ҳаёти шумо чӣ таъсир мерасонад? Бародаре бо номи Лука, ки дар 14-солагияш таъмид гирифтааст, мегӯяд: «Аз ин рӯз иборатан хизмати Яҳува бароям дар ҷойи аввал меистад. Ман мехоҳам ҳамеша дили Яҳуваро шод гардонам» (Марқ. 12:30). Агар шумо ҳам ин хел мақсад дошта бошед, ин қадам бароятон як баракати бузург мешавад.

14. Ҷавонон, аз шоҳ Юшиё чӣ ибрат гирифта метавонанд?

14 Хизматгорони ҷавон имрӯз бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Ба Ёҳан, ки дар 12-солагияш таъмид гирифтааст, ҳамсинфонаш ҳамеша фишор меоварданд, ки сигорҳои электронӣ кашад. Чӣ тавр ӯ тоб меовард? Ӯ ба худ хотиррасон мекард, ки кашидани ин хел сигорҳо ҳам ба саломатияш зарар дораду ҳам муносибаташро бо Яҳува вайрон мекунад. Рейчел ном хоҳаре, ки дар 14-солагияш таъмид гирифтааст, мегӯяд, ки чӣ тавр бо душвориҳои мактаб мубориза мебарад. Ӯ қайд мекунад: «Ман чизҳои фаҳмидаамро бо маълумоте, ки аз Китоби Муқаддас омӯхтаам, алоқаманд мекунам. Масалан, дар дарси таърих мавзуе ягон воқеа ё пешгӯйии Китоби Муқаддасро ба ёдам меорад. Ё вақти бо ягон кас суҳбат карданам, фикр мекунам, ки кадом ояти Китоби Муқаддасро истифода бурдан мумкин». Ҷавонони азиз, шояд, душвориҳои шумо аз душвориҳое, ки Юшиё рӯ ба рӯ шуд, фарқ кунанд, лекин шумо ҳам мисли ӯ бохираду бовафо буда метавонед. Тоб овардан ба душвориҳои имрӯза шуморо ба вазъиятҳои оянда тайёр мекунад.

15. Чӣ ба Юшиё кумак кард, ки ба Яҳува вафодор монад? (2 Воқеанома 34:14, 18–21).

15 Вақте шоҳ Юшиё ба воя расид, ӯ таъмири ибодатгоҳро сар кард. Вақти таъмир «китоби Тавроти Яҳуваро, ки ба воситаи Мӯсо дода шуд», пайдо карданд. Вақте онро хонданд, ӯ дарҳол мувофиқи суханони он амал кард. (2 Воқеанома 34:14, 18–21-ро хонед.) Оё шумо ҳам Китоби Муқаддасро мунтазам хондан мехоҳед? Агар сар карда бошед, пешравиятон чӣ хел аст? Оё рӯйхати оятҳои дӯстдоштаатонро доред? Лука, ки суханонашро пештар оварда будем, фикрҳои шавқоварро дар як ҷо навишта мегирад. Шумо ҳам чунин кардан намехоҳед? Агар ин тавр кунед, оятҳо ва фикрҳои бароятон маъқулро даррав ба ёд оварда метавонед. Ҳар қадаре бо Китоби Муқаддас шинос шуда, онро дӯст доред, ҳамон қадар хоҳиши ба Яҳува хизмат карданатон зиёдтар мегардад. Ҳамин тавр мисли Юшиё Каломи Худоро фаҳмида, шумо ҳам дарҳол амал мекунед.

16. Чаро Юшиё хатои ҷиддӣ кард ва мо чӣ омӯхта метавонем?

16 Аз қарори бади Юшиё дарс гиред. Вақте Юшиё тақрибан 39-сола буд, ӯ як хатое кард, ки ҳаёташро барбод дод. Ӯ Яҳуваро ҷӯё нашуда, аз пеши худ кор кард (2 Воқ. 35:20–25). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Чанд соле надошта бошем ё чӣ қадаре Китоби Муқаддасро наомӯхта бошем, мо бояд ҳамеша фикри Яҳуваро ҷӯё бошем. Барои ин аз Яҳува доим роҳнамоӣ пурсем, Каломи ӯро омӯзем ва ба маслиҳати масеҳиёни баркамол гӯш диҳем. Он гоҳ пеши роҳи бисёр хатоҳои ҷиддиро мегирему роҳи шодию хурсандиро мекушоем (Яъқ. 1:25).

ҶАВОНОНИ АЗИЗ, ШУМОРО ОЯНДАИ ХУШБАХТ ДАР ПЕШ АСТ

17. Мо аз саргузашти се шоҳи яҳудӣ чӣ меомӯзем?

17 Дар ҷавонӣ дари имкониятҳои олиҷаноб боз мешавад. Саргузашти Еҳуош, Узиё ва Юшиё нишон медиҳад, ки ҷавонон бо қарорҳои бохирадонаашон дили Яҳуваро шод карда метавонанд. Рост аст, ки ин се подшоҳ баъзан нодуруст рафтор карда, оқибати талхи рафторашонро чашиданд. Лекин, агар мо хатои онҳоро такрор накунему аз онҳо ибрат гирем, моро ояндаи аҷоиб дар пеш аст.

Довуди ҷавон ба Яҳува наздик шуда, розигии ӯро ба даст овард ва дар ҳаёт комёб гашт (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки дар ҳаёт комёб шуда метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

18 Аз Китоби Муқаддас мо дар бораи дигар хизматгорони ҷавони Яҳува низ хонда метавонем. Онҳо бо Яҳува муносибати наздик доштанд ва дар ҳаёт комёб буданд. Яке аз онҳо Довуд буд. Дар ҷавонӣ ӯ дӯсти Яҳува гашт ва баъдтар шоҳи вафодори Яҳува шуд. Албатта, ӯ баъзан хато мекард, лекин дар маҷмӯъ Худо аз ӯ розӣ буд (3 Подш. 3:6; 9:4, 5; 14:8). Агар шумо ҳаёт ва хизмати содиқонаи Довудро омӯзед, хоҳишатон ба хизмати Яҳува зиёд мегардад. Ғайр аз ин, намунаи Марқус ва Тимотиюсро дида баромадан мумкин. Ҳаёти онҳоро омӯхта шумо мебинед, ки онҳо аз ҷавонӣ хизмати Яҳуваро сар карданду то охир ба ӯ вафодор монданд. Онҳо роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб карда, розигии Яҳуваро ба даст оварданд ва шодии зиёд пайдо карданд.

19. Ҳаёти шумо чӣ гуна шуда метавонад?

19 Чӣ қароре, ки имрӯз қабул мекунед, ба ояндаи шумо таъсир мерасонад. Агар шумо ба худ нею ба Яҳува таваккал кунед, ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад (Пнм. 20:24). Шумо дар ҳақиқат хушбахтӣ ба даст меоред. Дар ёд доред, Яҳува ҳама корҳоеро, ки баҳри ӯ мекунед, қадр мекунад. Магар аз хизмат ба Падари осмонии меҳрубонамон зиндагонии беҳтаре ҳаст?

СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!

a Ҷавонон, Яҳува медонад, ки баъзан ба шумо дуруст рафтор кардану дӯсти ӯ мондан осон нест. Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, то бо қарорҳоятон дили Яҳуваро шод гардонед? Мо мисоли се навҷавонеро мебинем, ки шоҳи Яҳудо шуданд. Дар бораи қарорҳои онҳо фикр карда, шумо чӣ омӯхта метавонед? Биёед бинем.

b Дар сомонаи jw.org аз мақолаи «На что ты готов ради популярности в соцсетях?» ба чорчӯбаи «Остерегайся скромного хвастовства» нигаред.

c ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари баркамоле ба хоҳари ҷавон маслиҳати бохирадона медиҳад.

d ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре, ки дар анҷуман иштирок мекунад, ба Яҳува такя карда, ӯро ҷалол медиҳад.