Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

«Иҷрокунандаи Калом бошед»

«Иҷрокунандаи Калом бошед»

«На фақат шунавандагони калом, балки иҷрокунандаи он бошед» (ЯЪҚ. 1:22).

МАҚСАД

Ин мақола хоҳиши каломхонӣ, андешаронӣ ва корбурди маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар мо зиёд мегардонад.

1, 2. Чаро халқи Худо одамони хушбахтанд? (Яъқуб 1:22–25).

 ЯҲУВА ва Писари азизаш Исо мехоҳанд, ки мо хушбахт бошем. Нависандаи Забур 119:2 чунин гуфтааст: «Хушбахтанд касоне, ки ёдовариҳои ӯро риоя мекунанд, касоне, ки ӯро бо тамоми дил меҷӯянд». Исо низ суханони ба ин монанд гуфтааст: «Хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад» (Луқ. 11:28).

2 Мо, парастандагони Яҳува, халқи хушбахтем. Чаро? Барои хушбахт шудани мо сабабҳои зиёд ҳаст. Яке аз сабабҳои муҳим мунтазам хондани Каломи Худо ва ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаамон мебошад. (Яъқуб 1:22–25-ро хонед.)

3. Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда чӣ фоида мегирем?

3 Вақте мо иҷрокунандагони Калом мегардем, аз чанд ҷиҳат фоида мегирем. Якумаш, мо дили Яҳуваро шод мегардонем. Донистани ин моро хурсанд мекунад (Пандгӯ 12:13). Боз чизҳои хондаамонро ба кор бурда, ҳаёти оилавиамон беҳтар мешавад ва дӯстиямон бо бародару хоҳарон қавитар мегардад. Эҳтимол, шумо инро дар ҳаёти худ дидаед. Иҷрогари Каломи Худо будан як фоидаи дигар ҳам дорад: мо аз мушкилиҳои зиёд эмин мешавем. Одамоне, ки аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува зиндагӣ намекунанд, сари ҳар қадам ба чунин мушкилиҳо гирифтор мешаванд. Мо бо суханҳои шоҳ Довуд розием. Ӯ дар сурудаш дар бораи шариат, фармудаҳо ва ҳукмҳои Яҳува чунин гуфтааст: «Дар риояи онҳо мукофоти бузургест» (Заб. 19:7–11).

4. Чаро мувофиқи Каломи Худо амал кардан на ҳама вақт осон аст?

4 Ҳамеша иҷрогари Калом будан осон нест. Кору бори зиндагӣ вақти зиёдамонро мегирад. Аз ин рӯ барои каломхонӣ ва фаҳмидани хости Яҳува вақт ҷудо кардан гоҳе душвор аст. Вале якчанд маслиҳати ин мақола ин корро бароямон осонтар мегардонад. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем ва онҳоро дар ҳаётамон ба кор барем.

БАРОИ ХОНИШИ КАЛОМ ВАҚТ ҶУДО КУНЕД

5. Мо бо кадом корҳои муҳим машғулем?

5 Қисми зиёди Шоҳидони Яҳува кори бисёр доранд. Каломи Худо моро ба корҳои зиёде вазифадор кардааст. Масалан, бисёре аз мо барои таъмин кардани худу оилаамон меҳнат мекунем (1 Тим. 5:8). Дигарон бошанд, наздикони бемор ё пиронсолашонро нигоҳубин мекунанд. Ҳар яки мо бояд аз пайи саломатии худамон шавем ва ин ҳам вақтро талаб мекунад. Ғайр аз ин уҳдадориҳо мо дар ҷамоат бояд баъзе корҳоро ба анҷом расонем. Як супориши муҳими мо боғайратона расондани хушхабар мебошад. Дар ин ҳаёти сертараддуд чӣ тавр барои каломхонӣ, андешаронӣ ва корбурди насиҳатҳои Китоби Муқаддас доимо вақт ёбем?

6. Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддасро ба реҷаи ҳаррӯзаатон дароварда метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Барои мо, масеҳиён, яке аз чизҳои муҳимтари зиндагиямон хониши Каломи Худо мебошад. Аз ин рӯ мо бояд барои ин кор вақт ҷудо кунем (Флп. 1:10). Дар бораи одами хушбахт дар боби аввали китоби Забур гуфта мешавад: «Аз шариати Яҳува лаззат мебарад ва онро рӯзу шаб зери лаб мехонад» (Заб. 1:1, 2). Маълум аст, ки барои чунин хониш вақти кофӣ даркор аст. Барои шумо кадом вақт қулай аст? Ба ин савол ҳар кас ҳар хел ҷавоб медиҳад. Як вақтеро интихоб кунед, ки ин корро мунтазам карда тавонед. Бародаре бо номи Виктор мегӯяд: «Ман саҳархезиро нағз намебинам, лекин, вақте пагоҳии барвақт Китоби Муқаддасро мехонам, ҳушамро ягон чиз парешон намекунад. Сарам аз ғаму ташвиш холӣ асту вақти хониш диққати бештар медиҳам». Шояд, барои шумо ҳам пагоҳии барвақт қулай бошад. Аз худ пурсед: «Барои хониши Китоби Муқаддас кадом вақт барои ман беҳтар аст?»

Кадом соат барои каломхониям вақти беҳтарин аст? Оё ман ҳар рӯз дар ҳамин соат хонда метавонам? (Ба сархати 6 нигаред.)


АНДЕША РОНЕД

7, 8. Чаро баъзан аз хониши Калом фоидаи кам мегирем? Мисол оред.

7 Эҳтимол, мо маълумоти бисёр мехонему камашро ҳазм мекунем. Оё бо шумо чунин шудааст, ки чизеро хондеду чанде пас қариб ҳеҷ чиз дар ёдатон намонд? Бо ҳамаи мо ин хел мешавад. Сад афсӯс ки, вақти каломхонӣ ҳам чунин шуданаш мумкин. Баъзеҳо мақсад мемонанд, ки ҳар рӯз як ё якчанд боби Китоби Муқаддасро мехонанд. Чунин мақсад мондан ва дар пайи иҷрои он кӯшидан бисёр кори хуб аст (1 Қӯр. 9:26). Аммо хониш, ҳарчанд қадами хуб аст, он танҳо қадами аввал аст. Агар хоҳем, ки аз хониши Китоби Муқаддас фоидаи бештар гирем, қадамҳои дигарро низ бояд гузорем.

8 Як фикр кунед: борон набототро сероб гардонда, месабзонад. Лекин, агар борон аз ҳад зиёд борад, замин заҳ мезанаду наметавонад ба зудӣ тамоми обро кашида гирад. Борони аз ҳад зиёд фоида намеорад. Ба замин вақт лозим аст, ки обро ҷаббида гираду ҳосилхез гардад. Ба ин монанд, мо набояд Каломро сарсарию шитобкорона хонда, худро маълумотборон кунем. Агар ин хел кунем, маълумоти Каломи Худоро ҷаббида гирифта, ҳазм карда наметавонем (Яъқ. 1:24).

Ба замин вақт даркор аст, ки оби боронро ҷаббида гирад. Ба мо низ вақт даркор аст, ки дар бораи пандҳои Калом мулоҳиза ронему онҳоро ба кор барем (Ба сархати 8 нигаред.)


9. Агар пай баред, ки Китоби Муқаддасро шитобкорона мехонед, чӣ кор карда метавонед?

9 Агар шумо пай баред, ки Китоби Муқаддасро шитобкорона мехонед, чӣ кор карда метавонед? Каме истода, дар бораи чизи хондаатон фикр кунед. Аз калимаи «мулоҳизаронӣ» натарсед — маънои он «каме фикр кардан» аст. Шумо метавонед муддати омӯзишатонро каме зиёдтар карда, дар давоми он мулоҳиза ронед. Ё кӯшиш кунед, ки аз ҳарвақта дида ояти камтар хонеду бисёртар мулоҳиза ронед. Бародар Виктор, ки пештар дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Ман дар як нишаст бисёр не, шояд, як боби Китоби Муқаддасро мехонам. Азбаски ман ин корро саҳари барвақт мекунам, дар давоми рӯз барои мулоҳиза вақти бисёр дорам». Барои хондани Китоби Муқаддас кадом усулеро истифода набаред, суръати хонишатон бояд ҳамон қадаре бошад, ки маълумотро аз худ карда тавонед (Заб. 119:97; ба чорчӯбаи « Саволҳо барои мулоҳиза» нигаред).

10. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр маълумоти гирифтаатонро ба кор бурда метавонед. (1 Таслӯникиён 5:17, 18).

10 Китоби Муқаддасро кадом вақте нахонед, чӣ қадар вақт ҷудо накунед, барои корбурди он фурсат ҷӯед. Вақте ягон порчаи Китоби Муқаддасро мехонед, аз худ пурсед: «Ман чӣ тавр ҳозир ё ба наздикӣ ин маълумотро ба кор бурда метавонам?» Фарз кардем, шумо 1 Таслӯникиён 5:17, 18-ро мехонед. (Оятҳоро хонед.) Баъди хондани ин ду оят истода, аз худ пурсед: «Оё ман зуд-зуд дуо мегӯям? Оё дуоҳоям пурмазмунанд ё кӯтоҳу рӯ-рӯякӣ? Ман аз Яҳува барои чиҳо миннатдорам?» Шояд, шумо азм мекунед, ки ҳар рӯз барои се чиз ба Яҳува миннатдорӣ баён менамоед. Чанд дақиқае ҳушу диққататонро ба мулоҳизаронӣ бахшида, шумо андаке ҳам бошад, шунаванда ва иҷрокунандаи Каломи Худо мешавед. Ҳар рӯз як порчаи Каломро бо ҳамин усули пухтаву мақсаднок мутолиа карда, як ҷаҳон фоида мегиред. Шумо рафта-рафта дар корбурди гуфтаҳои Калом усто мешавед. Лекин, агар пай баред, ки масъалаҳои ислоҳталаб дар зиндагиятон бисёранд, чӣ кор карда метавонед?

МАҚСАДҲОИ ДАСТРАС МОНЕД

11. Чаро баъзан ба кор бурдани маълумоти гирифтаатон вазнинӣ мекунад? Мисол оред.

11 Вақте шумо Китоби Муқаддасро хонда, маслиҳатҳои онро ба кор бурданӣ мешавед, баъзан, шояд, ин кор бароятон вазнинӣ кунад. Фарз кардем, шумо имрӯз аз Китоби Муқаддас дар бораи рӯйбинӣ накардан хонда, ба худ мегӯед: «Ман бояд ҳушёр бошам, ки ба ҳама бо як чашм нигарам» (Яъқ. 2:1–8). Бисёр мақсади хуб! Рӯзи дуюм дар бораи идора кардани забон хонда, ба худ мегӯед: «Аз даҳонам гоҳ-гоҳ суханони манфӣ мебароянд. Бояд бо забонам шодиву ободии бештар биёрам» (Яъқ. 3:1–12). Порчае, ки рӯзи сеюм мехонед, огоҳ мекунад, ки бо ин ҷаҳон дӯстӣ накунед (Яъқ. 4:4–12). Шумо азм мекунед: «Бояд дар интихоби вақтхушӣ эҳтиёткортар бошам». Рӯзи чорум аз ин қадар маслиҳати бисёр саратон чарх мезанад. Шумо аз худ мепурсед: «Ҳамаи ин фикрҳоро кай ба кор барам?»

12. Чаро дар оинаи Калом камбудиҳоямонро дида набояд дилмонда шавем? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)

12 Агар дар худ камбудиву норасоии бисёр бинед, зиқ нашавед. Ин нишонаи он аст, ки шумо дили софу таълимпазир доред. Одами хоксору ростқавл айбашро тан мегирад ва Китоби Муқаддасро бо чашми ибратбин, бо мақсади сабақгирӣ мехонад a. Фаромӯш накунед, ки «одами нав»-ро дар бар кардан кори давомнок аст (Қӯл. 3:10). Чӣ тавр минбаъд низ иҷрокунандаи Каломи Худо бошем?

13. Чӣ хел фикрҳои Каломро ба кор барем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Ба ҷойи ҳазору як маслиҳатро яку якбора ба кор бурдан яктоӣ қадам монда, майда-майда пешравӣ кунед (Пнм. 11:2). Ин маслиҳатро санҷида бинед: дар аввал рӯйхати ҳамаи масъалаҳои ислоҳталабро тартиб диҳеду як ё дутояшро интихоб карда, аз пайи ислоҳи он шавед. Дигар масъалаҳоро баъдтар дида мебароед. Аз кадом маслиҳат сар карда метавонед?

Ҳама чиро яку якбора ба кор набаред, мақсадҳои дастрас монед. Масалан, як ё ду маслиҳатро интихоб карда, ба кор баред (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)


14. Шумо аз кадом кор сар карда метавонед?

14 Шояд, шумо аз масъалае сар кардан хоҳед, ки бароятон осонтар аст. Ё ҷиҳатеро интихоб кунед, ки бароятон аз ҳама муҳим аст. Баъди интихоб кардани мақсад шумо аз адабиётамон, масалан, аз «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ё «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» истифода бурда метавонед. Дар бораи мақсадатон ба Яҳува дуо гуфта, аз ӯ ҳам хоҳиш ва ҳам қувват пурсед (Флп. 2:13). Баъд чизи фаҳмидаатонро ба кор баред. Вақте шумо ба мақсади якуматон мерасед, завқатон барои ба дигар мақсадҳо расидан зиёдтар мешавад. Агар шумо дар як соҳа пешравӣ кунед, дасту дилатон гарм мешавад, ки аз дигар ҷиҳатҳо низ беҳтар шавед. Вақте як сифати масеҳиро аз худ мекунед, омӯхтани дигар сифатҳо осонтар мешавад.

БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО ДАР ШУМО АМАЛ КУНАД

15. Шоҳидони Яҳува аз дигар одамоне, ки Китоби Муқаддасро мехонанд, чӣ фарқ доранд? (1 Таслӯникиён 2:13).

15 Баъзе одамон даъво мекунанд, ки Китоби Муқаддасро даҳҳо бор хондаанд, вале, оё онҳо бовар доранд, ки он Каломи Худост? Оё маслиҳатҳои онро дар ҳаёташон ба кор мебаранд? Сад афсӯс ки, ҷавоби ин савол аксар вақт «не» аст. Лекин Шоҳидони Яҳува ба Навиштаҳо чунин хунукназарӣ намекунанд. Мо мисли масеҳиёни асри як Китоби Муқаддасро «чун Каломи Худо қабул [кардаем], ки он, дар ҳақиқат, ҳамин хел аст». Беш аз ин, мо кӯшиш мекунем, ки ҳикмати Калом дар зиндагиямон маълум шавад. (1 Таслӯникиён 2:13-ро хонед.)

16. Чӣ тавр иҷрогари Калом шавем?

16 Хонишу бакорбарии маслиҳатҳои Каломи Худо кори осон нест. Шояд, мо Каломро тез-тезу сарсарӣ хонда, мазмунашро ҷаббида нагирем ё дар оинаи Калом камбудиҳоямонро дида, зиқ шавем. Лекин ҳеҷ душворие нест, ки бо Яҳува ҳал нашавад. Биёед ёрдами Яҳуваро қабул карда, олимони беамали Каломи Худо нагардему омӯзандагони амалпешаи он бошем. Бовар кунед, ҳар қадаре Каломи Худоро хонда, онро ба кор баред, ҳамон қадар хушбахт мегардед (Яъқ. 1:25).

СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

a Аз сомонаи jw.org видеонавори «Ҳамсолонат чӣ мегӯянд? Хониши Китоби Муқаддас»-ро тамошо кунед.