Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

Мактубе барои замонҳои мо

Мактубе барои замонҳои мо

«Дилпурии аввалаамонро то охир нигоҳ [ме]дорем» (ИБР. 3:14).

МАҚСАД

Аз Нома ба ибриён баъзе дарсҳоеро мебинем, ки бо ёрии онҳо то анҷом истодагӣ карда метавонем.

1, 2. а) Вақте Павлуси расул ба ибриён нома навишт, вазъият дар Яҳудия чӣ хел буд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки ин номаи саривақтӣ буд?

 СОЛҲОИ баъди марги Масеҳ масеҳиёни ибрие, ки дар Ерусалиму Яҳудия зиндагӣ мекарданд, бо сахтиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштанд (Кор. 8:1). Каме баъд аз ташкил ёфтани ҷамоати масеҳӣ озору азияти онҳо сар шуд. Баъди тақрибан 20 сол, аз афташ, ба сабаби гушнагие, ки пештар дар тамоми замин шуда буд, пайравони Масеҳ бо душвориҳои иқтисодӣ дучор шуданд (Кор. 11:27–30). Лекин тақрибан солҳои 61-ум барои масеҳиён замони нисбатан ором сар шуд. Дар ин давра онҳо аз Павлуси расул номаи саривақтии илҳомбахшида гирифтанд.

2 Замони оромии масеҳиён дер давом намекард. Аз ин рӯ номаи Павлус саривақтӣ буд. Павлус ба масеҳиён маслиҳатҳои судманд дода, онҳоро барои сахтиҳои оянда тайёр намуд. Чи хеле ки Исо пешгӯйӣ карда буд, харобии Ерусалим наздик буд (Луқ. 21:20). Албатта, ҳам Павлус ва ҳам масеҳиёни яҳудӣ аниқ намедонистанд, ки ин харобӣ кай сар мезанад. Бо вуҷуди ин онҳо аз вақташон дуруст истифода бурда, имону истодагияшонро қавӣ карда метавонистанд. Бо ин роҳ онҳо худро тайёр месохтанд (Ибр. 10:25; 12:1, 2).

3. Чаро Нома ба ибриён имрӯз барои масеҳиён фоидабахш аст?

3 Мо назар ба масеҳиёни ибрӣ бо азоби азимтаре рӯ ба рӯ мешавем (Мат. 24:21; Ошкор. 16:14, 16). Аз ин рӯ биёед баъзе маслиҳатҳои муфидеро, ки Яҳува ба он масеҳиён дода буд, дида бароем. Мо ҳам аз омӯхтани онҳо фоида мегирем.

«СӮЙИ КАМОЛОТ ШИТОБЕМ»

4. Масеҳиёни яҳудӣ чӣ гуна душворӣ доштанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Яҳудиёне, ки масеҳӣ гаштанд, дучори душвории калон шуданд. Яҳудиён як вақтҳо халқи интихобкардаи Яҳува буданд. Ерусалим ҷойгоҳи шоҳоне буд, ки Подшоҳии Худоро намояндагӣ мекарданд ва ибодатгоҳи он шаҳр маркази парастиши пок буд. Яҳудиёни содиқ аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ мекарданд ва аз роҳбарони дин, ки тафсиргари Таврот буданд, таълим мегирифтанд. Шариати Мӯсо мавзуъҳои гуногунро дар бар мегирифт: хӯрду хӯрок, хатна ва ҳатто муносибат бо ғайрияҳудиён. Лекин баъди марги Масеҳ Яҳува қурбониҳои онҳоро мақбул намедонист. Ин барои масеҳиёни яҳудие, ки аз рӯйи Шариат зиндагӣ мекарданд, мушкилӣ ба миён овард (Ибр. 10:1, 4, 10). Ҳатто барои масеҳиёни баркамол, ба монанди Петруси расул, ба ин дигаргуниҳо одат кардан душвор буд (Кор. 10:9–14; Ғал. 2:11–14). Азбаски ин масеҳиён роҳу равишашонро дигар карданд, ба чашми роҳбарони дини яҳудӣ бад мехалиданд.

Масеҳиён бояд роҳи ростиро маҳкам дошта, таълими дурӯғи диндорони яҳудиро рад мекарданд (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.)


5. Масеҳиён бояд аз чӣ эҳтиёт мешуданд?

5 Масеҳиёни ибрӣ аз ду тараф бо озору азият дучор мешуданд. Аз як тараф роҳбарони дини яҳудӣ бо онҳо мисли осиён муносибат мекарданд. Аз тарафи дигар баъзе масеҳиён барои ҷонашонро аз озор халос кардан талаб мекарданд, ки масеҳиён минбаъд низ маросиму талабҳои гуногуни Шариати Мӯсоро риоя кунанд (Ғал. 6:12). Чӣ ба масеҳиён кумак мекард, ки аз роҳи ростӣ дур нашаванд?

6. Павлус ҳамимононашро ба чӣ даъват кард? (Ибриён 5:14–6:1).

6 Павлус дар Нома ба ибриён ҳамдинонашро даъват кард, ки ба Каломи Худо амиқтар назар кунанд. (Ибриён 5:14–6:1-ро хонед.) Ӯ аз Навиштаҳои Ибронӣ далелҳо оварда, нишон дод, ки роҳи парастиши масеҳиён аз дини яҳудиён боло меистад a. Павлус медонист, ки, агар он масеҳиён хубтар дониш гирифта, ростиро дақиқтар омӯзанд, таълимоти дурӯғро пай мебаранду ҳеҷ кас онҳоро гумроҳ карда наметавонад.

7. Имрӯз мо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем?

7 Мисли масеҳиёни яҳудӣ имрӯз бар сари мо борони маълумоту фикрҳои ғалат мерезад. Ин ақидаву андешаҳо зидди меъёрҳои одилонаи Яҳува мебошанд. Душманон бисёр вақт боварҳои моро танқид мекунанд. Масалан, онҳо мегӯянд, ки меъёрҳои ахлоқии мо аз ҳад сахтгиронаанд ва аз ҷамоат дур кардани касеро бераҳмона меҳисобанд. Роҳҳою нуқтаи назари ин ҷаҳон рӯз аз рӯз аз назари комили Худо дур шуда истодаанд (Пнм. 17:15). Душманон бо фикру ақидаҳои зиёновар мехоҳанд моро гумроҳ созанд ё рӯҳафтода кунанд. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёриро инкишоф дода, ин фикрҳоро аз дур шинохта, рад кунем (Ибр. 13:9).

8. Мо чӣ тавр сӯйи камолот шитофта метавонем?

8 Агар мо маслиҳатҳои Павлусро бо ҷону дил қабул карда, сӯйи камолот шитобем, кори хубе мекунем. Барои ин ба мо зарур аст, ки дар бораи ростӣ дониши дақиқтар гирем ва фикрронии Яҳуваро аз худ кунем. Ин корро ҳатто баъди таъмид давом додан лозим аст. Чанд соле, ки дар роҳи ростӣ набошем, бояд Каломи Худоро мунтазам хонда, омӯзем (Заб. 1:2). Нақшаи хуби омӯзиши шахсӣ имонамонро қавӣ месозад — хислатеро, ки Павлуси расул дар Нома ба ибриён қайд карда буд (Ибр. 11:1, 6).

«ИМОН ҶОНҲОИ МОРО ЗИНДА НИГОҲ МЕДОРАД»

9. Чаро ба масеҳиёни ибрӣ имони қавӣ даркор буд?

9 Ба масеҳиёни Яҳудия барои аз азоби оянда гузаштан имони қавӣ даркор буд (Ибр. 10:37–39). Исо пайравонашро огоҳ карда буд, ки, вақте аскарон Ерусалимро гирд мекунанд, онҳо бояд гурезанд. Маслиҳати ӯ ба ҳамаи масеҳиён дахл дошт, хоҳ онҳо дар даруни шаҳр зиндагӣ мекарданд, хоҳ дар деҳот (Луқ. 21:20–24). Одатан вақти ҳуҷуми душманон мардуми беруни шаҳр дар шаҳрҳои ҳисордор, ба монанди Ерусалим, паноҳ меёфтанд. Ба кӯҳистон гурехтан бошад, бехирадона метофт ва барои ин имони бақувват даркор буд.

10. Масеҳиёне, ки имони қавӣ доштанд, бояд чӣ кор мекарданд? (Ибриён 13:17).

10 Масеҳиёни ибрӣ бояд ҳамчунин ба касоне, ки Исо роҳбарии ҷамоатро супорида буд, бовар мекарданд. Аз афташ, бародарони масъул ба ҷамоат дастури аниқ доданд, ки кай ва чӣ тавр гурезанд. (Ибриён 13:17-ро хонед.) Калимаи юноние, ки дар Ибриён 13:17 «фармонбардору итоаткор» тарҷума шудааст, ба он ишора мекунад, ки шахс аз боварӣ ба роҳнамояш ба ӯ итоат мекунад. Пас, итоаткории шахс танҳо ба сабаби он нест, ки дастурдиҳанда бародари масъул аст. Масеҳиёни ибрӣ бояд пеш аз сар задани харобӣ ба касоне, ки роҳбариро ба уҳда доштанд, боварашонро қавӣ мекарданд. Агар дар замонҳои тинҷӣ масеҳиён ба шахсони масъул бо ҷону дил итоат мекарданд, дар замони душвор итоаткорӣ хеле осонтар мешуд.

11. Чаро имрӯз ба масеҳиён доштани имони қавӣ муҳим аст?

11 Имрӯз ба мо мисли касоне, ки дар асри як номаи Павлусро гирифтанд, имон лозим аст. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки бисёр одамон огоҳии Китоби Муқаддасро дар бораи охири ин замона рад ё ҳатто масхара мекунанд (2 Пет. 3:3, 4). Ғайр аз ин, ҳарчанд Китоби Муқаддас дар бораи сар задани «азоби азим» баъзе чизҳоро ошкор мекунад, бисёр чизҳо бароямон пӯшида аст. Барои ҳамин ба мо имони қавӣ даркор аст, то бовар кунем, ки анҷоми ин замона дар вақташ меояд ва Яҳува моро ҳеҷ гоҳ намепартояд (Ҳаб. 2:3).

12. Барои аз азоби азим наҷот ёфтан мо бояд чӣ кор кунем?

12 Мо ҳамчунин бояд боварамонро ба «ғуломи бовариноку боандеша» қавӣ созем, чунки Яҳува ба воситаи вай ғизои рӯҳонӣ медиҳад (Мат. 24:45). Аз афти кор, масеҳиёни ибрӣ ҳангоми ҳуҷуми румиён дастуроти аниқ гирифтанд. Мо низ ҳангоми азоби азим, шояд, дастуроти аниқе гирем, ки ҳаётамонро наҷот медиҳад. Ҳоло бошад, вақти қавӣ кардани имон ва дилпурӣ ба роҳнамоии шахсони таъйинкардаи Яҳува мебошад. Агар имрӯз ба роҳнамоии онҳо итоат кардан бароямон душвор бошад, дар азоби азим душвортар мешавад.

13. Чаро маслиҳати Ибриён 13:5 саривақтӣ буд?

13 Масеҳиёни ибрӣ то замони ба кӯҳ гурехтан бояд ҳаёташонро одӣ карда, аз «пулдӯстӣ» халос мешуданд. (Ибриён 13:5-ро хонед.) Баъзеи онҳо гушнагию камбағалиро аз сар гузаронида буданд (Ибр. 10:32–34). Ҳарчанд онҳо барои хушхабар шуда бисёр сахтиҳоро паси сар карда буданд, акнун баъзеяшон, шояд, боигариро чораи наҷоташон меҳисобиданд (Яъқ. 5:3). Барои касе, ки ба чизу чора дил баста буд, боигарияшро партофта, гурехтан душвор гашта метавонист.

14. Агар имони қавӣ дошта бошем, ба пулу мол чӣ хел назар мекунем?

14 Агар мо боварии қавӣ дошта бошем, ки анҷоми ин замона наздик аст, чизпараст намешавем. Дар айёми азоби азим одамон «нуқраашонро ба кӯчаҳо мепартоянд», зеро онҳо мефаҳманд, ки «на нуқра ва на тиллояшон наметавонад онҳоро дар рӯзи ғазаби Яҳува халос кунад» (Ҳиз. 7:19). Аз ин рӯ мо намехоҳем ҳаётамонро ба ҷамъоварии пулу мол бахшем. Мо барои таъмин кардани худамону аҳли оилаамон меҳнат карда, мехоҳем ҳаёти одиву бекарру фар ба сар барем. Мо бе сабаби ҷиддӣ қарз намегирем ё чизу чораи бисёр ҷамъ намеорем. Охир, чизи бисёр ташвишу ғами бисёр дорад. Мо ҳамчунин эҳтиёт мешавем, ки ба чизу чораамон сахт дил набандем (Мат. 6:19, 24). Дар вақти интизор шудани анҷоми ин замона, шояд, имони мо нисбати чизу чора ва дигар масъалаҳо озмуда шавад.

«ШУМО БОЯД ТОБ ОРЕД»

15. Чаро ба масеҳиёни ибрӣ истодагии зиёд даркор буд?

15 Масеҳиёни Яҳудия бояд ба озмоиши имон тоб меоварданд, чунки харобӣ наздик буд (Ибр. 10:36). Ҳарчанд баъзеи ин масеҳиён озору азияти сахтро паси сар карда буданд, бисёри онҳо ростиро дар замони тинҷу ором қабул карданд. Павлус гуфт, ки, агарчӣ ин масеҳиён озмоиши сахти имонро паси сар карданд, онҳо мисли Исо то дами марг азоб накашидаанд (Ибр. 12:4). Ҳар қадаре ки шумораи масеҳиён зиёд мегашт, ғазаби яҳудиён бештар аланга мезад. Якчанд сол пештар, вақте Павлус дар Ерусалим мавъиза мекард, душманон шӯриш бардошта буданд. Аз байни яҳудиён зиёда аз чил нафар «нақшаи куштани Павлусро кашиданд ва қасам хӯрданд, ки то ин корро накунанд, чизе ба даҳон намегиранд» (Кор. 22:22; 23:12–14). Ҳатто дар чунин фазои нафрату бадбинӣ ба он масеҳиён лозим буд, ки барои парастиши пок ҷамъ оянд, хушхабарро мавъиза кунанд ва имони худро қавӣ созанд.

16. Мувофиқи Нома ба ибриён мо бояд ба озору азият чӣ гуна назар дошта бошем? (Ибриён 12:7).

16 Чӣ тавр масеҳиёни ибрӣ зиддияти сахтро паси сар карда метавонистанд? Павлус мехост, ки ин масеҳиён ба озмоишҳо назари дуруст дошта бошанд. Ӯ фаҳмонд, ки баъзан Яҳува озмоишҳоро роҳ дода, масеҳиёнро шакл медиҳад ва ин қисми таълими онҳост. (Ибриён 12:7-ро хонед.) Ба ин восита онҳо хислатҳои бебаҳоро инкишоф медоданд. Диққатро ба натиҷаи озмоишҳо равона карда, масеҳиён душвориҳоро сабуктар мегузарониданд (Ибр. 12:11).

17. Павлус дар бораи истодагӣ чиро ёд гирифт?

17 Павлуси расул масеҳиёни ибриро даъват кард, ки озмоишҳоро бо сари баланд гузаранд. Павлус худаш як вақтҳо масеҳиёнро озор медод. Барои ҳамин медонист, ки ба сарашон чӣ мушкилиҳо меояд. Ӯ ҳамчунин медонист, ки дар ин хел мавридҳо чӣ тавр истодагӣ кардан мумкин, зеро баъди масеҳӣ гаштанаш бо зиддиятҳои гуногун рӯ ба рӯ шуда буд (2 Қӯр. 11:23–25). Аз ин рӯ бо дили пур дар бораи истодагӣ маслиҳат дода метавонист. Ӯ ба бародаронаш хотиррасон кард, ки ҳангоми озмоишҳо онҳо бояд ба Яҳува такя кунанд, на ба худ. Павлус бо забони дароз чунин гуфта метавонист: «Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид» (Ибр. 13:6).

18. Донистани чӣ моро ба озмоишҳо тайёр мекунад?

18 Имрӯз баъзе бародару хоҳаронамон озору азиятро паси сар мекунанд. Мо онҳоро бо ҳар роҳ дастгирӣ карда метавонем, масалан, дар ҳаққашон дуо мегӯем ё ягон камбудии зиндагияшонро бартараф мекунем (Ибр. 10:33). Дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта мешавад, ки «ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд» (2 Тим. 3:12). Барои ҳамин ба ҳамаи мо лозим аст, ки ба вақтҳои душвор тайёр шавем. Биёед минбаъд низ ба Яҳува такя намоем ва заррае шубҳа накунем, ки ӯ дар вақти озмоишҳо дар барамон аст. Дар вақти муқарраркардааш ӯ ҳамаи парастандагони вафодорашро тасаллӣ мебахшад (2 Тас. 1:7, 8).

19. Ба воситаи кадом қадамҳо мо ба азоби азим тайёр шуда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

19 Номаи Павлус ба ибриён, бешубҳа, масеҳиёни асри якро ба азоб тайёр кард. Павлус бародаронашро даъват кард, ки дониши дақиқ гирифта, ба Навиштаҳо беҳтар сарфаҳм раванд. Бо ин роҳ онҳо таълимоти имонкушро шинохта, рад карда метавонистанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки онҳо бояд имонашонро қавӣ созанд, то дарҳол ба роҳнамоии Исо ва бародарони масъул итоат карда тавонанд. Ӯ нигоҳи масеҳиёнро ба озмоишҳо ислоҳ карда, онҳоро истодагӣ омӯхт. Павлус гуфт, ки бародару хоҳарон сахтиҳоро бояд имкони таълимгирӣ аз Падари меҳрубонашон шуморанд. Мо низ ин маслиҳатҳои илҳомбахшидаро ба кор бурда метавонем. Агар чунин кунем, то анҷоми ин замона содиқона истодагӣ хоҳем кард (Ибр. 3:14).

Масеҳиёни вафодор барои истодагияшон соҳиби баракатҳо шуданд. Баъди аз Яҳудия гурехтанашон ҳам онҳо якҷоя ҷамъ мешуданд. Мо аз ин чӣ меомӯзем? (Ба сархати 19 нигаред.)

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

a Танҳо дар боби якум Павлус аз Навиштаҳои Ибронӣ камаш ҳафт порчаро оварда, исбот кард, ки тарзи парастиши масеҳиён аз парастиши яҳудиён боло аст (Ибр. 1:5–13).