МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38
СУРУДИ 147 Мулки азизи Худо
Шумо ба огоҳӣ диққат медиҳед?
«Яке бурда мешаваду дигаре мемонад» (МАТ. 24:40).
МАҚСАД
Мо се мисоли Исоро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр онҳо ба доварии охири ин замона ишора мекунанд.
1. Сокинони заминро чӣ гуна доварӣ дар пеш аст?
МО ДАР замони нотакрор зиндагӣ дорем! Ба наздикӣ Исо ҳар як сокини заминро доварӣ мекунад. Ӯ замони пеш аз довариро тасвир карда, ба шогирдонаш дар бораи аломати ҳузури нонамоёнаш ва охирзамон гап зад (Мат. 24:3). Ин пешгӯйии Исо дар боби 24 ва 25-уми китоби Матто ва такроран дар боби 13-уми Марқус ва боби 21-уми Луқо омадааст.
2. Мо чиро дида мебароем ва бо кадом мақсад?
2 Исо бо воситаи се мисол моро огоҳ кардааст. Якум, мисоли бузу гӯсфандон, дуюм, духтарони бохираду бехирад ва сеюм, талантҳо. Аз ин мисолҳо мефаҳмем, ки шахс аз рӯйи рафтораш доварӣ мешавад. Ҳангоми дида баромадани ин мисолҳо биёед ба дарсҳою корбарии онҳо аҳамият диҳем. Дар аввал мисоли бузу гӯсфандонро дида мебароем.
БУЗУ ГӮСФАНДОН
3. Кай Исо одамонро доварӣ мекунад?
3 Мувофиқи мисоли бузу гӯсфандон Исо одамонро дар асоси чӣ доварӣ мекунад? Дар асоси он ки онҳо ба хушхабар ва бародарони тадҳиншудааш чӣ тавр муносибат мекунанд (Мат. 25:31–46). Ин доварӣ дар замони «азоби азим» рӯй медиҳаду дарҳол баъд аз он Ҳармаҷиддӯн мешавад (Мат. 24:21).Чи хеле ки чӯпон гӯсфандонро аз бузон ҷудо мекунад, Исо онҳоеро, ки пайравони тадҳиншудаашро содиқона дастгирӣ мекунанд, аз касоне, ки намекунанд, ҷудо мекунад.
4. Мувофиқи Ишаъё 11:3, 4 чаро дилпурем, ки Исо одамонро аз рӯйи адолат доварӣ мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Пешгӯйии Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Исо, довари тадҳинкардаи Яҳува, аз рӯйи адолат доварӣ мекунад. (Ишаъё 11:3, 4-ро хонед.) Ӯ рафтору гуфтор ва нияти одамонро бодиққат мушоҳида мекунад (Мат. 12:36, 37; 25:40). Ӯ мефаҳмад, ки бародарони тадҳиншуда ва кори онҳоро кӣ дастгирӣ мекарду кӣ не a. Як роҳи асосии дастгирӣ кардани бародарони Масеҳ дар кори хушхабаррасонӣ онҳоро ҳамроҳӣ кардан мебошад. Касоне, ки дар ин кор иштирок мекунанд, гӯсфандони росткор ҳисобида мешаванд ва умеди «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро дар замин пайдо мекунанд (Мат. 25:46; Ошкор. 7:16, 17). Чӣ мукофоти олиҷанобе! Дар давоми азоби азим ва баъд аз он онҳо содиқу покрафтор монда, номашон дар «китоби ҳаёт» навишта мешавад (Ошкор. 20:15).
5. Дар мисоли бузу гӯсфандан чӣ огоҳие ҳаст ва он ба кӣ дахл дорад?
5 Бовариноку вафодор бошед. Мисоли бузу гӯсфандон асосан ба касоне дахл дорад, ки умеди заминӣ доранд. Онҳо имонашонро бо он нишон медиҳанд, ки дар хушхабаррасонӣ бародарони Масеҳро дастгирӣ менамоянд ва ба раҳнамоии ғуломи боваринок итоат мекунанд (Мат. 24:45). Дар бораи касоне, ки умеди осмонӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин? Онҳо низ бояд ба огоҳии ин мисол диққат диҳанд. Чаро? Чунки Исо ба кирдору гуфтор ва нияти онҳо диққат медиҳад. Онҳо низ бояд содиқияшонро исбот кунанд. Исо ду мисоли дигаре овардааст, ки дар онҳо барои тадҳиншудагон якчанд огоҳии ҷиддӣ ҳаст. Мо ин мисолҳоро аз боби 25-уми китоби Матто ёфта метавонем. Ҳоло биёед мисоли духтарони бохирад ва бехирадро дида бароем.
ДУХТАРОНИ БОХИРАД ВА БЕХИРАД
6. Чаро панҷ духтар бохирад номида шудаанд? (Матто 25:6–10).
6 Дар мисоли духтарон Исо дар бораи даҳ духтаре гуфт, ки ба пешвози домод рафтанд (Мат. 25:1–4). Ҳамаи онҳо мехостанд, ки ҳамроҳи домод ба базми тӯёна раванд. Исо панҷтои онҳоро «бохирад» ва панҷтои дигарашро «бехирад» номид. Духтарони бохирад омодаву ҳушёр буданд. Онҳо тайёр буданд, ки домодро, чи қадаре даркор шавад, интизор шаванд, ҳатто агар домод нисфи шаб ояд. Онҳо барои дар торикӣ намондан чароғ оварда буданд. Панҷ духтари бохирад ҳатто барои чароғҳояшон равғани иловагӣ оварданд, бо нияте, ки мабодо домод дер кунад, чароғҳояшон хомӯш нашаванд. (Матто 25:6–10-ро хонед.) Вақте домод омад, духтарони бохирад бо ӯ ба базми арӯсӣ даромаданд. Ба ин монанд, агар масеҳиёни тадҳиншуда то омадани Исо ҳушёру вафодор монанд, соҳиби мукофот мешаванд. Онҳо ҳамроҳи Домод, яъне Исо, ба Подшоҳии осмонияш медароянд (Ошкор. 7:1–3) b. Дар бораи духтарони бехирад чӣ гуфтан мумкин?
7. Бо панҷ духтари бехирад чӣ шуд ва чаро?
7 Баръакси духтарони бохирад, панҷ духтари бехирад барои омадани домод тайёр набуданд. Ҳангоми омад-омади домод чароғи онҳо қариб хомӯш мешуд ва онҳо равғани иловагӣ надоштанд. Вақте онҳо фаҳмиданд, ки ана-мана домод меояд, барои равғанхарӣ рафтанд. Вақте домод омад, онҳо набуданд. Он гоҳ «духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд» (Мат. 25:10). Баъдтар, вақте ки духтарони бехирад аз равғанхарӣ омаданду ба базм даромадан хостанд, домод ба онҳо гуфт: «Ман шуморо намешиносам» (Мат. 25:11, 12). Духтарони бехирад барои то охир интизор шудани домод тайёр набуданд. Аз ин мисол тадҳиншудагон чӣ дарс мегиранд?
8, 9. Тадҳиншудагон аз мисоли духтарон чӣ омӯхта метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Ҳушёру тайёр бошед. Исо пешгӯйӣ накарда буд, ки ду гурӯҳи тадҳиншудагон мешаванд: яке барои интизор шудани замони охир тайёр мешаваду дигаре не. Исо танҳо фаҳмонд, ки, агар тадҳиншудагон тайёр набошанд то охир содиқ монанд, мукофоташонро намегиранд (Юҳ. 14:3, 4). Чӣ огоҳии ҷиддие! Ҳамаи мо, хоҳ умеди осмонӣ дошта бошему хоҳ умеди заминӣ, бояд аз мисоли духтарон барои худ дарс гирем. Ба ҳар яки мо лозим аст, ки барои то охир истодагӣ кардан ҳушёру тайёр бошем (Мат. 24:13).
9 Исо дар мисоли духтарон аҳамияти ҳушёриву бедориро нишон медиҳад. Дар мисоли навбатӣ бошад, ӯ фоидаи кӯшишу ғайратро қайд мекунад.
ТАЛАНТҲО
10. Чаро ду ғулом боваринок номида шуданд? (Матто 25:19–23).
10 Дар мисоли талантҳо Исо дар бораи ду ғуломи боваринок ва як ғуломи танбал гап мезанад (Мат. 25:14–18). Ду ғулом бо кӯшишу заҳматашон дороии хӯҷаинашонро зиёд карда нишон доданд, ки бовариноканд. Пеш аз он ки хӯҷаин ба роҳи дурудароз сафар кунад, ӯ ба ғуломон талантҳо, яъне пули бисёре, дод. Ду ғуломи боваринок меҳнат карда, он пулҳоро бохирадона истифода бурданд. Ин чӣ натиҷа овард? Вақте ки хӯҷаин баргашт, онҳо пули хӯҷаинашонро ду баробар карда, баргардонданд. Хӯҷаин онҳоро таъриф карда гуфт: «Ба шодии хӯҷаинатон дохил шавед». (Матто 25:19–23-ро хонед.) Лекин дар бораи ғуломи сеюм чӣ гуфтан мумкин? Ӯ бо пули хӯҷаинаш чӣ кор кард?
11. Бо ғуломи «танбал» чӣ рӯй дод ва чаро?
11 Ғуломи сеюм як талант гирифт, лекин танбалӣ кард. Хӯҷаин аз ӯ интизор буд, ки таланти гирифтаашро бохирадона истифода мебарад. Ӯ бошад, онро гирифту дар замин гӯр кард. Вақте хӯҷаинаш баргашт, ӯ ягон пули иловагӣ ба хӯҷаинаш дода натавонист. Нияти ин ғулом хуб набуд. Ба ҷойи он ки барои беамалию беғайратияш бахшиш пурсад, ӯ шарм накарда, хӯҷаинашро «одами серталаб» номид. Хӯҷаин аз ин ғулом розӣ набуд. Ӯ талантро аз дасташ кашида гирифту ӯро аз хонааш пеш кард (Мат. 25:24, 26–30).
12. Имрӯз ду ғуломи боваринок киро тасвир мекунанд?
12 Ду ғуломи боваринок тадҳиншудагони содиқро тасвир мекунанд, хӯҷаин бошад, Исоро. Ӯ онҳоро даъват мекунад, ки ба шодии Хӯҷаинашон шарик шаванд. Онҳо мукофоти осмонияшон, зиндашавии якумро, соҳиб мешаванд (Мат. 25:21, 23; Ошкор. 20:5а). Мисоли ғуломи танбал бошад, барои тадҳиншудагон огоҳӣ мебошад. Чӣ тавр?
13, 14. Тадҳиншудагон аз мисоли талантҳо чиро меомӯзанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Меҳнатдӯсту боғайрат бошед. Ҳам дар мисоли духтарон ва ҳам дар мисоли талантҳо Исо пешгӯйӣ накард, ки тадҳиншудагон танбал мешаванд. Ӯ танҳо фаҳмонд, ки, агар ғайраташонро гум кунанд, бо онҳо чӣ мешавад. Агар онҳо чун «даъватшудагон ва интихобшудагон» вафодор намонанд, ба Подшоҳии осмон роҳ намеёбанд (2 Пет. 1:10).
14 Исо ҳам дар мисоли талантҳо ва ҳам дар мисоли духтарон нишон дод, ки ҳамаи тадҳиншудагон бояд ҳушёру тайёр ва меҳнатдӯсту боғайрат бошанд. Оё Исо барои тадҳиншудагон ягон огоҳии дигаре дод? Бале, ин суханони Исоро дар Матто боби 24:40, 41 ёфта метавонем.
КӢ «БУРДА МЕШАВАД»?
15, 16. Чӣ тавр Матто 24:40, 41 нишон медиҳад, ки тадҳиншудагон бояд бедор бошанд?
15 Пеш аз овардани се мисол Исо дар бораи доварии ниҳоии тадҳиншудагон гап зад. Ӯ гуфт, ки дар ин доварӣ маълум мешавад, ки кадоме аз онҳо ризои Худоро соҳиб гаштаасту кадомашон не. Ӯ аз ду марде ёдовар мешавад, ки дар саҳро кор мекарданд ва ду зане, ки бо осиёби дастӣ кор мекарданд. Ба назар мерасад, ки ҳар ду зан бо як кор машғул буданд. Он ду мард ҳам як корро мекарданд, лекин Исо гуфт, ки «яке бурда мешаваду дигаре мемонад». (Матто 24:40, 41-ро хонед.) Баъд ӯ ба пайравонаш чунин гуфт: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки Ҳазрататон дар кадом рӯз меояд» (Мат. 24:42). Исо баъди овардани мисоли духтарон ҳам суханони ба ин монанде гуфт (Мат. 25:13). Оё ин суханон бо якдигар алоқаманданд? Аз афташ, ҳа. Исо танҳо касонеро, ки дар ҳақиқат тадҳиншудаи содиқ ҳастанд, ба Подшоҳии осмон мебарад (Юҳ. 14:3).
16 Бедор бошед. Ҳар тадҳиншудае, ки рӯҳан бедор намемонад, ба сафи интихобшудагон намедарояд (Мат. 24:31). Ин огоҳӣ ба гӯсфандони дигар низ дахл дорад. Онҳо ҳам ба насиҳати Исо гӯш дода, бояд бедору вафодор монанд.
17. Чаро мо набояд хавотир шавем, ки Яҳува кай ва киро тадҳин мекунад?
17 Мо Яҳуваро хуб мешиносем, аз ин рӯ ба довариҳои ӯ бовар мекунем. Агар Яҳува солҳои охир ягон шахсро тадҳин кунад, мо хавотир намешавем c. Ин ба ёдамон аз мисоли токзор коргаронеро меорад, ки соати панҷи бегоҳ киро карда шуданд (Мат. 20:1–16). Онҳо баробари касоне ҳаққи хизмат гирифтанд, ки рӯзи дароз кор карда буданд. Ба ҳамин монанд, тадҳиншудагон кадом вақте интихоб нашаванд, агар то охир содиқ монанд, мукофоти осмониро мегиранд.
БА ОГОҲИҲО АҲАМИЯТ ДИҲЕД
18, 19. Дар ин мақола мо кадом дарсҳо ва огоҳиҳоро дида баромадем?
18 Мо чиро дида баромадем? Аз мисоли бузу гӯсфандон фаҳмидем, ки касоне, ки умеди заминӣ доранд, бояд ба Яҳува содиқу вафодор монанд — ҳам ҳозир, ҳам дар давоми азоби азим. Дар ояндаи наздик Исо вафодоронро доварӣ карда, сазовори ҳаёти ҷовидонӣ меҳисобад (Мат. 25:46).
19 Мо ҳамчунин ду мисоли дигареро дидем, ки барои тадҳиншудагон огоҳӣ мебошад. Дар мисоли духтарони бохираду бехирад панҷтояшон бохирадона амал карданд. Онҳо тайёру ҳушёр буданд ва бо омодагӣ, чи қадаре ки даркор буд, домодро интизор шуданд. Духтарони бехирад бошанд, нотайёр буданд. Аз ин рӯ домод онҳоро ба базми арӯсӣ роҳ надод. Мо ҳам бояд тайёр бошем, ки Исоро то охир интизор шавем, то даме ки ӯ омада, ба ин дунёи бадкор хотима бахшад. Аз мисоли талантҳо бошад, мо дар бораи ду ғуломи боваринок ва боғайрату меҳнатдӯст фаҳмидем. Онҳо ба фоидаи хӯҷаинашон ҷон канда, розигии ӯро ба даст оварданд. Ғуломи танбалро бошад, хӯҷаин рад кард. Дарс барои мо: мо бояд то омадани анҷом дар кори Яҳува ҷидду ҷаҳд кунем. Дар охир мо фаҳмидем, ки чӣ тавр тадҳиншудагон барои ба осмон бурда шуданашон бояд бедор монанд. Ин шахсон бесаброна интизоранд, ки дар осмон бо Исо ҷамъ оянд. Баъди ҷанги Ҳармаҷиддӯн онҳо дар тӯйи Барра арӯси Исо мешаванд (2 Тас. 2:1; Ошкор. 19:9).
20. Яҳува барои касоне, ки ба огоҳиҳои ӯ гӯш медиҳанд, чӣ кор мекунад?
20 Ба наздикӣ замони доварӣ мешавад. Лекин мо набояд аз ин тарсем. Агар ба Яҳува содиқ монем, Падари пурмеҳри осмониямон ба мо «қувваи барзиёд» медиҳад, то «дар пеши Фарзанди одам истода» тавонем (2 Қӯр. 4:7; Луқ. 21:36). Агар ба ин огоҳиҳои Исо диққат диҳем, новобаста ба он ки чӣ гуна умед дорем, Яҳуваро шод карда метавонем. Падари дилсӯзамон Яҳува мехоҳад, ки номҳои мо дар китоби ҳаёт бошанд (Дон. 12:1; Ошкор. 3:5).
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
a Ба мақолаи «Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?» аз «Бурҷи дидбонӣ», моҳи майи соли 2024 нигаред.
b Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми марти соли 2015 нигаред.
d ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари тадҳиншуда бо ҷавонзане, ки дар хизмат ёфта буд, омӯзиш мегузаронад.