Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САРГУЗАШТ

Ҳаёти пурбаракат дар хизмати Яҳува

Ҳаёти пурбаракат дар хизмати Яҳува

Соли 1951 ман якум бор ба Руен, шаҳраки Канада, вилояти Квебек омадам. Ман аз рӯйи суроғае, ки ба ман дода буданд, дари хонаеро кӯфтам. Дарро Марсел Филто a ном миссионере, ки мактаби Ҷилъодро хонда буд, кушод. Ӯ ҷавони қаддарози 23-сола буд, ман бошам, 16 сол доштаму қадам аз ӯ пасттар буд. Ман ба ӯ номаи таъйиноти пешравиямро нишон додам. Ӯ номаро хонда, ба ман нигоҳ карду шӯхиомез гуфт: «Модарат медонад, ки ту дар ин ҷойҳо гаштӣ?»

ОИЛАИ МАН

Ман соли 1934 ба дунё омадаам. Волидонам аз Швейтсария ба Тимминс, ба яке аз шаҳрҳои маъдандори Онтарио (Канада), муҳоҷир шуда буданд. Тақрибан соли 1939 модарам бо таълимоти Шоҳидони Яҳува шинос шуда, хондани маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва ҷамъомадравиро сар кард. Ӯ моро, ҳафт кӯдакашро, бо худ мегирифт. Каме баъдтар ӯ ҳам Шоҳиди Яҳува гашт.

Падарам аз қарори модарам хурсанд нашуд. Лекин модарам роҳи ростиро дӯст дошта, онро маҳкам қапид. Ӯ ҳатто солҳои 1940-ум, вақте фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Канада манъ гашта буд, аз роҳи ростӣ дур нашуд. Ҳарчанд падарам ба ӯ суханони пасту баланд мегуфт, ӯ ҳамеша бо падарам меҳрубон буду ӯро ҳурмат мекард. Рафтори хуби модарам ба мо таъсир карду мо, кӯдакон, роҳи Яҳуваро қабул кардем. Хушбахтона, бо гузашти вақт муносибати падарам мулоимтар гашт ва ӯ бо мо меҳрубонтар шуд.

ОҒОЗИ ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ

Тобистони 1950 ман ба шаҳри Ню-Йорк, ба анҷумани «Рушди халқи Худо» рафтам. Вақте бо бародару хоҳарони тамоми дунё суҳбат кардаму мусоҳибаҳои хатмкунандагони Ҷилъодро шунидам, ҳаваси хизмати Яҳува дар дилам ҷӯш зад. Ман азм кардам, ки пешрави доимӣ мешавам. Ҳамин ки ба хона баргаштам, ман варақаи пешрави доимиро пур кардам. Аз филиали Канада ба ман навиштанд, ки аввал бояд таъмид гирам. Аз ин рӯ 1-уми октябри соли 1950 ман таъмид гирифтам. Як моҳ пас ман пешрави доимӣ шудам. Маро ба шаҳри Капускейсинг таъйин карданд. Он шаҳр аз хонаамон чандин километр дур буд.

Хизмат дар Квебек

Баҳори соли 1951 филиал Шоҳидонеро, ки ба забони фаронсавӣ гап мезаданд, ташвиқ кард, ки ба минтақаи фаронсизабони Квебек, ба ҷойи камвоиз кӯчанд. Ман аз кӯдакиям бо забони фаронсавию англисӣ гап мезадам. Барои ҳамин ба дархости онҳо ҷавоб додам ва маро ба шаҳри Руэн таъйин карданд. Ман танҳо суроғаи хонаро доштам, чи хеле ки пештар гуфтам. Лекин ҳама корам барор ёфт. Ману Марсел дӯстони қарин гаштем. Дар Квебек ман чор сол аз хизмат баҳра бурдам. Дар охирҳои хизматам дар он ҷо маро пешрави махсус таъйин карданд.

ҶИЛЪОД ВА УМЕДВОРИҲОЯМ

Вақте дар Квебек будам, маро ба синфи 26-уми мактаби Ҷилъод ба Лансенги Ҷанубӣ, Ню-Йорк, даъват карданд. 12-уми феврали 1956 мактабро хатм кардем ва маро ба Африқои Ғарбӣ, ба Ганаи b ҳозира, таъйин карданд. Барои тахт кардани ҳуҷҷатҳоям ман ба Канада баргаштам. Фикр кардам, ки ин танҳо якчанд ҳафтаро мегираду халос.

Интизории ман ҳафт моҳ тӯл кашид. Дар Торонто ман бо хонаводаи Крипсҳо зиндагӣ мекардам. Дар он ҷо бо духтарашон Шейла шинос шудаму мо ба якдигар дил бастем. Вақте ман ба Шейла пешниҳоди оиладорӣ карданӣ будам, визаам тайёр шуд. Ману Шейла дуо гуфта, қарор кардем, ки ман бояд ба ҷойи таъйинотам равам. Ҳамчунин мо маслиҳат кардем, ки ба якдигар нома навишта меистем, то фаҳмем, ки дар оянда оиладор мешавем ё не. Ин қарори осон набуд. Баъд маълум шуд, ки ин қарори дуруст буд.

Баъди як моҳи дарози бо қатора, киштии боркаш ва ҳавопаймо сафар карданам, оқибат ба Акраи Гана расидам. Дар он ҷо маро нозири вилоятӣ таъйин карданд. Ман бояд сар то сари Гана ва ҳамсоякишварҳои он, Соҳили Оҷ (ҳозир Кот-д’Ивуар) ва Тоголанд (ҳозир Того), сафар мекардам. Бисёр вақт ман танҳо бо ҷипи ташкилот ба роҳ мебаромадам. Ман аз ҳар як лаҳзаи сафарам хурсандӣ мегирифтам.

Рӯзҳои истироҳат ман дар анҷуманҳои ноҳиявӣ баромад мекардам. Мо ягон Толори анҷуман надоштем. Барои ҳамин бародарон аз пояҳои қамиш болопӯши муваққатӣ месохтанд ва аз рӯяшон шохаҳои нахл мегузоштанд. Он мардумро аз офтоби сӯзон ҳимоя мекард. Азбаски дар ошхона яхдон набуд, бародарон дар наздикӣ чорворо нигоҳ медоштанд, то вақти даркорӣ онҳоро сар бурида, аз гӯшташ барои ҳозирон хӯрок тайёр кунанд.

Дар он анҷуманҳо баъзан воқеаҳои хандаовар мешуд. Боре, вақте ки Ҳерб Ҷеннингс c ном миссионере суханронӣ мекард, як буққаи ҷавоне аз ошхона гурехта, дар миёни саҳнаву нишастгоҳ давидан гирифт. Бародар Ҳерб аз суханронӣ бозистод. Чор бародари бақувват буққаи бетартибро дошта, ба ошхона бурданд ва шунавандагон хурсанд шуданд.

Дар рӯзҳои анҷуман дар қишлоқҳои гирду атроф ман филми «Дунёи нав дар амал»-ро нишон медодам. Барои ин ман матои сафедро гирифта, ба ду сутун ё ду дарахт мебастам ва филмро дар он нишон медодам. Ин ба одамон сахт маъқул буд. Бисёри онҳо дар умри сарашон якумин бор филм тамошо мекарданд. Вақте онҳо саҳнаи таъмидгириро диданд, баланд-баланд кафкӯбӣ намуданд. Ба воситаи ин филм онҳо фаҳмиданд, ки дар байни халқи Яҳува ягонагӣ ҳасту он ташкилоти умумиҷаҳонӣ мебошад.

Мо соли 1959 дар Гана тӯй шудем

Тақрибан баъди ду соли дар Африқо хизмат карданам, соли 1958, ман ба анҷумани байналхалқӣ, ба Ню-Йорк, рафтам. Вақте дар он ҷо Шейларо дидам, беҳад хурсанд гаштам. Ӯ аз Квебек, ки он ҷо пешрави махсус хизмат мекард, омада буд. Мо то ин дам ба якдигар фақат нома менавиштем, акнун бошад, боз якҷоя шудем. Ман ба ӯ оиладор шуданро таклиф кардам — ӯ қабул кард. Баъдтар ман ба бародар Норр d нома навишта, гуфтам, ки оё Шейла метавонад дар мактаби Ҷилъод таҳсил карда, бо ман дар Африқо хизмат кунад. Бародар розӣ шуд. Охиру оқибат Шейла ба Гана омад. Мо 3-юми октябри соли 1959 дар Акра оиладор шудем. Азбаски мо хости Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаётамон мондем, ӯ моро саршори баракат гардонд.

ХИЗМАТ ДАР КАМЕРУН

Корам дар филиали Камерун

Соли 1961 моро ба давлати Камерун таъйин карданд. Аз ман хоҳиш карданд, ки барои сохтани филиали нав кумак кунам. Ман беҳад серкор будам. Азбаски ҳама чиз бароям нав буд, ман бояд бисёр чизҳоро ёд мегирифтам. Соли 1965 мо фаҳмидем, ки Шейла ҳомиладор аст. Ман мефаҳмидам, ки бояд ба фикри волид шудан одат кунам. Вақте дар бораи уҳдадории нав ва ба Канада кӯчиданамон нақша мекашидем, як воқеаи даҳшатнок рӯй дод.

Шейла бача партофт. Духтур ба мо гуфт, ки вай писар буд. Аз ин воқеа зиёда аз 50 сол гузаштааст, лекин онро мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ҳарчанд аз ин воқеаи нохуш сахт зиқ шудем, мо дар ҷойи таъйинотамон мондем, зеро онро хело дӯст медоштем.

Бо Шейла дар Камерун соли 1965

Бародарони Камерун аз сабаби бетарафияшон бисёр вақт бо озору азият рӯ ба рӯ мешуданд. Асосан дар давраи интихоботи президент вазъият душвортар мешуд. 13-уми майи соли 1970 чизе, ки метарсидем, ба сарамон омад: фаъолияти Шоҳидони Яҳува расман манъ карда шуд. Ҳокимиятдорон филиали наву зебоямонро, ки танҳо панҷ моҳ пеш ба он кӯчида будем, кашида гирифтанд. Дар давоми як ҳафта ҳамаи миссионерон, аз ҷумла ману Шейла, аз давлат бадарға шудем. Диламон ба бародару хоҳарони маҳаллӣ месӯхт. Мо онҳоро сахт дӯст медоштем ва барояшон хавотир будем.

Баъд мо дар филиали Фаронса шаш моҳ хизмат кардем. Дар он ҷо ман, чи қадаре ки аз дастам меомад, дар бораи ниёзҳои ҳамдинони камеруниямон ғамхорӣ мекардам. Моҳи декабри ҳамон сол моро ба филиали Нигерия, ки акнун ба воизони Камерун ғамхорӣ мекард, таъйин намуданд. Вақте мо ба Нигерия омадем, бародару хоҳарон моро хуш пазируфтанд. Мо дар он ҷо якчанд сол маза карда хизмат кардем.

ҚАРОРИ ДУШВОР

Соли 1973 мо қарори беҳад душвор қабул кардем. Саломатии занам бад шудан гирифт. Вақте мо дар анҷумани Ню-Йорк будем, Шейла дилаш пур шуда, ба ман гуфт: «Ман дигар ҷон надорам, доим касалу беҳолам». Шейла бо ман беш аз 14 сол дар Африқои Ғарбӣ хизмат карда буд. Ман бо хизмати содиқонаи ӯ фахр мекардам, лекин мо бояд баъзе дигаргуниҳо мекардем. Баъди андешарониву дуогӯии дурудароз мо қарор кардем, ки ба Канада баргашта, аз пайи саломатии ӯ мешавем. Бас кардани хизмати миссионериямон ва хизмати пурравақт вазнинтарину дардноктарин қарор буд.

Баъди ба Канада омаданамон ман бо як дӯсти деринаам, ки дар як шаҳраки шимоли Торонто ширкати мошинфурӯшӣ дошт, ба кор даромадам. Ману ҳамсарам хонаеро иҷора гирифтем. Барои хонаамон аз куҳнафурӯшон асбобу анҷом харидем ва ҳамин тавр бе ягон қарз зиндагиямонро пеш мебурдем. Мо мехостем одӣ зиндагӣ кунем, зеро умед доштем, ки як рӯз не, як рӯз ба хизмати пурравақт бармегардем. Хушбахтона, дере нагузашта орзуи мо ҷомаи амал пӯшид.

Рӯзҳои шанбе ман ихтиёрӣ шуда, дар сохтмони Толори нави анҷуман, дар Норвал, хизмат мекардам. Чанде пас аз ман хоҳиш карданд, ки нозири Толори он анҷуман шавам. Саломатии Шейла беҳтар мешуд, аз ин рӯ мо фикр кардем, ки ӯ аз уҳдаи ин таъйиноти нав мебарояд. Мо моҳи июни соли 1974 ба як хонаи Толори анҷуман кӯчида омадем. Мо беҳад шод будем, ки хизмати пурравақтро аз нав сар кардем.

Хушбахтона, саломатии Шейла беҳтару беҳтар мешуд. Ду сол пас маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Ноҳияи мо Манитоба буд, яке аз вилоятҳои Канада, ки бо зимистони қаҳратунаш ном бароварда буд. Лекин меҳру муҳаббати бародару хоҳарон моро гарм медошт. Мо ҳаминро фаҳмидем, ки дар куҷо хизмат кардани шахс муҳим нест, муҳим он аст, ки дар куҷое набошӣ, бо хизмати Яҳува банд бошӣ.

САБАҚИ ЯКУМРӢ

Баъди якчанд соли хизмати нозирӣ соли 1978 моро ба Байт-Или Канада даъват карданд. Каме баъдтар ман як дарси дардовару муҳим гирифтам. Дар вохӯрии махсуси Монреал ба ман супориш доданд, ки бо нутқи якунимсоата ба забони фаронсавӣ баромад кунам. Афсӯс ки, то охири нутқ диққати шунавандагонро ҷалб карда натавонистам ва бародаре аз Кумитаи хизматӣ дар ин бора ба ман маслиҳат дод. Рости гап, ман он вақт дарк намекардам, ки нотиқи бомаҳорат нестам, ҳоло бошад, инро нағз мефаҳмам. Ман маслиҳати он бародарро қабул накардаму гапамон гурехт. Ба назарам тофт, ки ӯ айбҷӯйӣ мекунад. Охир, вай як даҳон ҳам маро таъриф накард. Ба ман он бародар ва тарзи маслиҳатдиҳияш маъқул нашуду ба маслиҳати судмандаш гӯш надодам.

Баъди бо забони фаронсавӣ суханронӣ карданам дарси муҳим гирифтам

Якчанд рӯз пас узви Кумитаи филиал омада, дар ин масъала бо ман гап зад. Ман хатоямро тан гирифта, бахшиш пурсидам. Баъд ба назди бародаре, ки ба ман маслиҳат дода буд, рафта, бо ӯ гап задам. Ӯ аз таҳти дил маро бахшид. Аз ин воқеа ман фаҳмидам, ки хоксорӣ чӣ қадар муҳим аст ва ин дарсро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам (Пнм. 16:18). Ман дар ин бора ба Яҳува борҳои зиёд дуо гуфтам ва азм кардам, ки дую дубора вақти маслиҳат ин тавр назар намекунам.

Ҳоло ман зиёда аз 40 сол мешавад, ки дар Байт-Или Канада хизмат мекунам ва аз соли 1985 инҷониб дар Кумитаи филиал кор мекунам. Моҳи феврали соли 2021 ҳамсари азизам Шейла ба хоби марг рафт. Илова ба дарди ҷудоӣ саломатиям маро ғам медиҳад. Лекин бо хизмати Яҳува машғул шуда, «гузашти умрро» қариб ки пай намебарам (Пандгӯ 5:20). Ҳарчанд дар давоми ҳаётам баъзе душвориҳо буданд, хурсандиям ҳамаи онҳоро ҷуброн мекунад. Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаётам монда, аз 70 соли пурмаънову пурбаракати хизмати пурравақт баҳра бурдам. Ман дуо мегӯям, ки бародару хоҳарони ҷавони мо минбаъд низ Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд. Ман дилпурам, ки бо ин роҳ онҳо низ аз ҳаёти пурмаъною хурсандибахш лаззат мебаранд. Инро танҳо дар хизмати Яҳува чашидан мумкин аст.

a Барои хондани саргузашти Марсел Филто ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми феврали соли 2000, ба мақолаи «Яҳува паноҳгоҳ ва қуввати ман» (рус.) нигаред.

b То соли 1957 ин минтақаи Африқо мустамликаи Бритониё ба ҳисоб мерафт ва Голд-Кост ном дошт.

c Барои хондани саргузашти Ҳербет Ҷеннингс ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми декабри соли 2000, ба мақолаи «Намедонед, ки пагоҳ чӣ мешавад» (рус.) нигаред.

d Он вақт Нейтан Норр фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро роҳбарӣ мекард.