Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6

Ба росткории Яҳува ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед

Ба росткории Яҳува ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед

«Ӯ Кӯҳпора аст, ҳама корҳояш бекамукостанд ва тамоми роҳҳояш одилона. Ӯ Худои бовафост, ноинсофие надорад, ӯ одил ва росткор аст» (5 МӮСО 32:4).

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Чаро бисёр одамон имрӯз аз ҳокимиятҳои боло он қадар дилпур нестанд? б) Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?

 ИМРӮЗҲО бисёр одамон ба ҳокимиятҳои боло қариб ки бовар надоранд. Одамон пай мебаранд, ки коргарони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсатмадорон доим фикри сарватмандону соҳибқудтаронро мекунанду ба камбағалон бошад, беадолатӣ менамоянд. Дар Каломи Худо дар ин хусус гуфта мешавад: «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Ба болои ҳамаи ин рафтори баъзе роҳбарони дин ҳам намунавӣ нест. Аз ин сабаб баъзеҳо ба Худо бовариашонро гум кардаанд. Барои ҳамин ҳангоми омӯзиш мо бояд ба омӯзандаамон ёд диҳем, то ба Яҳува ва намояндагони заминиаш таваккал кунад.

2 Албатта, аз ин ҷиҳат на танҳо ба омӯзандагон кумак кардан даркор. Ҳатто худамон, ки чандин сол Шоҳиди Яҳуваем, ҳеҷ гоҳ набояд росткории Яҳуваро зери шубҳа гузорем. Баъзан вазъиятҳое мешаванд, ки дилпуриамон ба Яҳува санҷида мешавад. Бинобар ин дар мақола мо се мавридро баррасӣ мекунем, ки имонамон озмуда мешавад: 1) Ҳангоми хондани воқеаҳои Китоби Муқаддас, 2) вақте ташкилоти Яҳува ба мо дастурот медиҳад ва 3) вақте дар оянда бо мушкилиҳо дучор мешавем.

ҲАНГОМИ ХОНИШИ КАЛОМ БА РОСТКОРИИ ЯҲУВА ШУБҲА НАКУНЕД

3. Чӣ тавр баъзе воқеаҳои Китоби Муқаддас бовариамонро ба Яҳува озмуда метавонад?

 3 Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо шояд ҳайрон шавем, ки чаро Яҳува дар мавриди баъзе қаҳрамонони Каломаш ин ё он тавр амал кард. Масалан, дар китоби 4-уми Мӯсо Яҳува нисбати марди исроилие, ки дар рӯзи шанбе ҳезум ҷамъ кард, ҳукми қатл баровард. Ҳамзамон дар 2 Подшоҳон Яҳува Довудро, ки зино карду ба куштор даст зад, мебахшад (4 Мӯсо 15:32, 35; 2 Подш. 12:9, 13). Шояд шумо гӯед: «Чаро Яҳува Довуди зинокору одамкушро бахшиду он исроилиро танҳо барои ҳезумчинӣ ҳукми қатл баровард?» Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан ҳангоми хониши Каломи Худо се чизро ба назар гирифтанамон даркор.

4. Чӣ тавр 1 Мӯсо 18:20, 21 ва 5 Мӯсо 10:17 бовариамонро ба росткор будани Яҳува қавӣ мегардонанд?

4 Воқеа на ҳама вақт муфассал оварда мешавад. Масалан, мо аниқ медонем, ки Довуд аз корҳои хатояш пушаймон шуд (Заб. 51:2–4). Лекин он марде, ки рӯзи шанберо риоя накард, чӣ гуна инсон буд? Оё ӯ аз кори кардааш пушаймон шуд? Пеш ҳам аҳкомҳои Яҳуваро поймол мекард? Ба огоҳиҳои пешина низ хунукназарӣ менамуд ё ҳатто рад мекард? Дар ин бора дар Китоби Муқаддас чизе гуфта нашудааст. Вале боварӣ дорем, ки тамоми роҳҳои Яҳува одилонаанд (5 Мӯсо 32:4). Қарорҳои ӯ танҳо бар далелҳо асос меёбанд, на бар овозаю рӯйбинӣ ё ягон чизи дигар, ки аксар вақт ақли одамро ҳангоми ба вазъият баҳо додан тира мекунанд. (1 Мӯсо 18:20, 21; 5 Мӯсо 10:17-ро хонед.) Хулосаи гап, чи қадаре оиди Яҳува ва меъёрҳояш бисёр дониш гирем, ҳамон қадар аз росткориаш дилпур мешавем. Ҳатто агар ҳангоми хониши Калом ягон савол ба миён ояду мо ҷавобашро наёбем, донише, ки дар бораи Худо дорем, моро боварӣ мебахшад, ки Парвардигор «дар ҳамаи корҳояш одил аст» (Заб. 145:17).

5. Чӣ тавр нокомилӣ ба қобилияти дуруст баҳо доданамон таъсир мекунад? (Инчунин ба чорчӯбаи  «Нокомилӣ назари моро нисбати адолат коста мегардонад» нигаред.)

5 Нокомилӣ намемонад, ки мо ҳамеша ба чизе дуруст баҳо диҳем. Худо моро ба сурати худ офарид, аз ин рӯ мо хоҳиши сахт дорем, ки ҳама аз рӯйи адолат рафтор кунанд (1 Мӯсо 1:26). Лекин мо одамони нокомил ба ин ё он чиз нодуруст баҳо дода метавонем, ҳатто агар ба ақидаамон ҳамаи далелҳо ба мо дастрас бошанд. Мисол, вақте Яҳува халқи Нинверо бахшид, Юнус бо ин қарори ӯ розӣ нашуд (Юнус 3:10–4:1). Вале мо медонем, ки қарори Яҳува буд, ки 120 000 нафар сокини Нинве наҷот ёфтанд. Аз ин маълум мегардад, ки Юнус нисбати халқи Нинве назари нодуруст дошт, на Яҳува.

6. Чаро Яҳува вазифадор нест, ки сабаби қарорҳояшро ба мо фаҳмонад?

6 Ба Яҳува шарт нест, ки сабаби қарорҳояшро ба инсони хокӣ фаҳмонад. Албатта, дар давраҳои қадим Яҳува мегузошт, ки хизматгоронаш нисбати қарорҳои ӯ фикри худро гӯянд (1 Мӯсо 18:25; Юнус 4:2, 3). Баъзан Яҳува ҳатто сабаби қарорҳояшро ба онҳо мефаҳмонд (Юнус 4:10, 11). Лекин бояд гуфт, ки Худо вазифадор нест, ки ҳар як қарорашро ба мо фаҳмонад. Ба Офаридгор на қаблан ва на баъд аз иҷрои хосташ розигии моро пурсидан лозим нест (Иш. 40:13, 14; 55:9).

ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ДАСТУРОТ БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД

7. Кардани кадом кор ба мо на ҳама вақт осон аст ва чаро?

7 Мо шубҳае надорем, ки Яҳува ҳамеша росткор мебошад, лекин аз намояндагони заминиаш дилпур будан ба мо на ҳама вақт осон аст. Мо шояд шубҳа кунем, ки онҳое, ки дар ташкилоти Яҳува ба қадре соҳибқудратанд, аз рӯйи дастуроти Худо амал мекунанд ё ба табъи дили худ. Бояд гуфт, ки баъзеҳо дар замонҳои қадим ҳамин хел фикр мекарданд. Мисоли  сархати 3-ро ба ёд оред. Хеши он марде, ки рӯзи шанберо риоя накард, шояд мегуфт: «Оё Мӯсо пеш аз ҳукми қатл баровардан аниқ бо Яҳува маслиҳат кард?» Дӯсти Уриёи ҳиттӣ бошад, ки занаш бо Довуд зино кард, эҳтимол, фикр мекард, ки Довуд аз мартабааш суиистифода бурда ҷонашро аз ҷазои марговар халос кард. Мақсади гап, агар мо ба намояндагони заминии Худо бовар накунем, гуфта наметавонем, ки ба Яҳува такя менамоем.

8. Байни ҷамоати масеҳиёни асри як ва имрӯза чӣ алоқамандие ҳаст? (Корнома 16:4, 5).

8 Имрӯз Яҳува ташкилоташро ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» роҳнамоӣ мекунад (Мат. 24:45). Мисли ҳайати роҳбарикунандаи асри як ин ғулом халқи Худоро дар саросари ҷаҳон нигоҳубин намуда, ба пирони ҷамоат дастур медиҳад. (Корнома 16:4, 5-ро хонед.) Пирон бошанд, дастуроти онҳоро ба аҳли ҷамоат мерасонанд. Мо бошем, ба ташкилот ва пирон итоат карда, нишон медиҳем, ки ба хиради Яҳува, Худои росткор, такя мекунем.

9. Дар кадом маврид ба мо аз рӯйи дастури пирон амал кардан душвор буда метавонад ва чаро?

9 Гоҳ вақт аз рӯйи дастуроти пирон амал кардан бароямон шояд душвор бошад. Мисол, солҳои охир бисёр ҷамоатҳо якҷоя карда шуданд. Аз ин сабаб минтақаи баъзе ҷамоатҳо дигар шуд. Дар баъзе мавридҳо барои пур кардани ҷойҳои холӣ дар Ибодатгоҳ аз воизон хоҳиш карда шуд, ки ба дигар ҷамоат гузаранд. Албатта, дӯстону аъзои оиларо тарк намуда, ба дигар ҷамоат гузаштан шояд мушкил бошад. Пирони ҷамоат низ барои воизонро ба ин ё он ҷамоат таъйин кардан аз осмон ба таври муъҷиза дастур намегиранд. Бинобар ин дар мавридҳои номбаршуда ба мо аз рӯйи гуфти пирон амал намудан шояд осон набошад. Лекин мо бояд фаромӯш накунем, ки агар Яҳува ба пирон бовар карда бошад, мо низ бояд ба онҳо бовар кунем *.

10. Мувофиқи Ибриён 13:17 чаро мо бояд бо пирон ҳамкорӣ кунем?

10 Чаро мо бояд бо пирони ҷамоат ҳамкорӣ карда қарорҳояшонро дастгирӣ кунем, ҳатто агар бо онҳо розӣ набошем ҳам? Зеро ин тавр карда, мо ба ягонагии ҷамоат мусоидат менамоем (Эфс. 4:2, 3). Илова бар ин, вақте мо фурӯтанона дастуроти ҳайати пиронро ба ҷо меорем, ҷамоатамон обод мегардад. (Ибриён 13:17-ро хонед.) Вале аз ҳама муҳимаш бо онҳое, ки Яҳува барои ғамхории мо таъйин кардааст, ҳамкорӣ намуда, нишон медиҳем, ки ба ӯ такя мекунем (Кор. 20:28).

11. Чӣ кумак мекунад, то бовариамон ба дастури пирони ҷамоат қавитар гардад?

11 Боз як чиз кумак мекунад, ки бовариамон ба дастури пирон қавитар гардад. Вақте онҳо ягон масъаларо дида мебароянд, дар дуо рӯҳи муқаддас мепурсанд. Инчунин бодиққат маслиҳатҳои Каломи Худоро аз назар мегузаронанд ва дастури ташкилотро ба кор мебаранд. Пирон ҳамеша розигии Яҳуваро ба даст овардан мехоҳанд ва меҳнат мекунанд, ки ба халқи ӯ самимона ғамхорӣ намоянд. Охир, онҳо мефаҳманд, ки дар иҷрои вазифаашон дар пеши Яҳува ҷавобгаранд (1 Пет. 5:2, 3). Як фикр кунед, дар ин дунёе, ки аз ҷиҳати дин, нажод ва сиёсат пароканда аст, халқи Яҳува якдилона Худои яккаву ягонаро ибодат мекунанд. Ин кор ба ташкилот бе баракати Яҳува ҳаргиз муяссар намегашт!

12. Барои муайян кардани пушаймонии кас пирони ҷамоат бояд ба чӣ диққат диҳанд?

12 Яҳува ба пирон боз як вазифаи масъулиятнокро бовар кардааст — нигоҳ доштани покии ҷамоатро. Агар масеҳӣ гуноҳи ҷиддӣ кунад, Яҳува интизор мешавад, то пирон қарор кунанд, ки гунаҳкор дар ҷамоат монда метавонад ё не. Ҳамчунин пирон бояд аз кори кардааш самимона пушаймон шудани ӯро муайян созанд. Ӯ гуфта метавонад, ки пушаймон аст, вале оё аз кори кардааш нафрат дорад? Оё азм кардааст, ки ба ин гуноҳаш дигар даст намезанад? Масалан, агар муоширати бад ӯро ба кори нодуруст тела дода бошад, оё тайёр аст, ки аз чунин дӯстон худро дур гирад? Пирон бодиққат бо ёрии Каломи Худо асли воқеаро муҳокима менамоянд ва диққат медиҳанд, ки шахси гунаҳкор ба гуноҳаш чӣ тавр муносибат мекунад. Сипас қарор мекунанд, ки ӯ дар ҷамоат мемонад ё не. Дар баъзе мавридҳо шахси гуноҳкардаро хориҷ мекунанд (1 Қӯр. 5:11–13).

13. Агар дӯст ё шахси наздикамонро хориҷ кунанд, мо аз чӣ хавотир шуда метавонем?

13 Чӣ тавр боварии мо ба пирон озмуда шуда метавонад? Масалан, агар шахсеро хориҷ кунанд, ки дӯст ё узви оилаамон нест, мо бемалол қарори пиронро дастгирӣ мекунем. Лекин хориҷшуда шахси наздикамон бошад-чӣ? Шояд мо хавотир шавем, ки пирон ҳамаи далелҳоро ба назар нагирифтанд. Ё гӯем, ки агар Яҳува мебуд, дигар хел қарор мебаровард. Пас, чӣ кумак мекунад, ки қарори пиронро зери шубҳа нагузорем?

14. Агар пирон ягон дӯст ё хешамонро хориҷ кунанд, чӣ ба мо кумак мекунад, ки назари дурустро нигоҳ дорем?

14 Мо набояд фаромӯш кунем, ки хориҷ кардан низомест, ки Яҳува барои манфиати ҷамоат ва худи гунаҳкор ҷорӣ намудааст. Воизе, ки аз гуноҳаш пушаймон нест, дар ҷамоат бимонад, дигаронро низ ба роҳи гуноҳ мебарад (Ғал. 5:9). Илова бар ин, ҷиддӣ будани гуноҳашро намефаҳмад, барои розигии Яҳуваро ба даст овардан фикрронӣ ва рафторашро ҳам ислоҳ намекунад (Пандгӯ 8:11). Лекин мо дилпур буда метавонем, ки пеш аз хориҷ кардани касе пирон вазифаашонро бо тамоми масъулият ба ҷо меоранд. Онҳо дарк менамоянд, ки мисли доварони Исроили қадим «на барои одам, балки барои Яҳува» доварӣ мекунанд (2 Воқ. 19:6, 7).

АЛЛАКАЙ ИМРӮЗ БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД, ТО ДАР ОЯНДА ҲАМ АЗ Ӯ ДИЛПУР БОШЕД

Чӣ кумак мекунад, ки ҳангоми азоби азим ба дастуроте, ки мегирем, бовар ва итоат намоем? (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Чаро имрӯз ба дастури Яҳува такя кардан аз ҳарвақта дида муҳимтар аст?

15 Рӯзҳои ин замона кам мондааст, аз ин рӯ мо бояд аз ҳарвақта дида бештар ба Яҳува таваккал кунем. Чаро? Ҳангоми азоби азим ташкилот шояд ба мо дастуре диҳад, ки ба назар ғайриодӣ ё бемантиқ тобад. Яҳува он вақт бо мо бевосита гап намезанад. Ӯ ба воситаи намояндагони таъйиншудааш моро роҳнамоӣ мекунад. Он лаҳза вақти он намешавад, ки дастури Яҳуваро зери шубҳа гузошта гӯем: «Яҳува аниқ мехоҳад, ки мо чунин кунем, ё бародарони масъул аз пеши худ ин тавр мегӯянд?» Оё шумо дар он рӯзҳои муҳимтарини таърихи инсоният ба Яҳува ва ташкилоташ такя менамоед? Ҷавоби ин савол аз он маълум мешавад, ки чӣ тавр шумо аллакай имрӯз ба дастуроти Яҳува муносибат мекунед. Агар имрӯз аз рӯйи он амал карда итоат намоед, эҳтимоли зиёд аст, ки ҳангоми азоби азим низ чунин мекунед (Луқ. 16:10).

16. Чӣ тавр дар ояндаи наздик бовариамон ба қарорҳои Яҳува санҷида мешавад?

16 Мо бояд боз як ҷиҳати ин масъаларо сарфи назар накунем — доварии Яҳуваро дар охири ин замона. Айни ҳол мо умед дорем, ки бисёр одамон, аз ҷумла хешовандонамон, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, наҷот меёбанд. Вале дар Ҳармаҷиддӯн Исо чун довари таъйиншуда, дар бораи ояндаи онҳо қарори ниҳоӣ мебарорад (Мат. 25:31–33; 2 Тас. 1:7–9). Он вақт ба мо вобаста намешавад, ки кӣ соҳиби раҳму шафқати Яҳува мешаваду кӣ не (Мат. 25:34, 41, 46). Оё мо аз доварии Яҳува дилпур мешавем ё он бароямон санги монеа мегардад? Чи хеле мебинед, мо бояд аллакай имрӯз бовариамонро ба Яҳува қавӣ гардонем, то дар оянда ба ӯ такя кардан бароямон осонтар гардад.

17. Чӣ тавр мо баъди Ҳармаҷиддӯн аз довариҳои Яҳува манфиат мегирем?

17 Тасаввур кунед, вақте мо дар дунёи нав натиҷаи довариҳои Яҳуваро мебинем, чӣ ҳис мекунем. Дини дурӯғ, аз қафои он дунёи тиҷорат ва системаи сиёсӣ, ки одамонро азобу озор медиҳанд, нобуд хоҳанд шуд. Мо дигар намебинем, ки чӣ хел наздиконамон бемор ва пир шуда мемиранд. Шайтону девҳояш бошанд, ба муддати ҳазор сол ҳабс мешаванд. Таъсири бади исёни онҳо нест мегардад (Ошкор. 20:2, 3). Он вақт мо бисёр миннатдор мешавем, ки ҳаматарафа ба Яҳува такя кардем.

18. Мувофиқи 4 Мӯсо 11:4–6 ва 21:5 мо аз мисоли исроилиён чӣ панд мегирем?

18 Оё дар дунёи нав ҳам бовариамон ба Яҳува озмуда мешавад? Дар ёд доред, вақте исроилиён аз Миср баромаданд, чӣ рӯй дод? Баъзеҳо шикоят мекарданд, ки аз хӯроки тару тозаи Миср монданд, ба болои ин маннеро, ки Яҳува дод, назарашон нагирифт. (4 Мӯсо 11:4–6; 21:5-ро хонед.) Оё чунин шуданаш мумкин аст, ки баъди азоби азим мо низ мисли исроилиён рафтор кунем? Мо намедонем, ки бартараф кардани натиҷаи нестшавии ин замона ва ба биҳишт табдил додани замин чӣ қадар корро дар бар мегирад. Вале маълум аст, ки дар аввал кор бисёр ва ҳаёт мушкил мешавад. Оё он вақт мо бо чизҳое, ки Яҳува таъмин мекунад, қаноат мекунем? Як чиз аниқ аст: чи қадаре ба неъматҳои Яҳува имрӯз шукрона кунем, ҳамон қадар дар оянда шукргузор мешавем.

19. Шумо фикрҳои асосии ин мақоларо чӣ тавр ҷамъбаст мекардед?

19 Мо ҳеҷ гоҳ ба росткории Яҳува набояд шубҳа кунем. Инчунин ба онҳое таваккал кунем, ки ӯ ба воситаашон моро роҳнамоӣ мекунад. Пас, биёед насиҳати зерини Яҳуваро дар ёд дорем: «Ором бошед ва ба ман таваккал кунед, он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед» (Иш. 30:15).

СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

^ Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза ба Яҳува ва намояндагони заминиаш бовар кардан аҳамият дорад. Инчунин мебинем, ки ин ба мо имрӯз чӣ манфиат меорад ва чӣ тавр моро ба душвориҳои оянда тайёр мекунад.

^ Албатта, мавридҳое ҳастанд, ки шахс ё узви оила бояд дар ҷамоати худ бимонад. Ба «Хизмат ба Салтанат»-и ноябри соли 2002, «Замимаи саволҳо» (рус.) нигаред.