МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
Аз рӯйи раҳнамоии Яҳува амал намоед
«Худо ҳамеша ва то абад. . . роҳнамои ҷовидонии мост» (ЗАБ. 48:14).
МАҚСАДИ МАҚОЛА
Дар ин мақола гап дар бораи он меравад, ки Яҳува имрӯз халқашро чӣ тавр раҳнамоӣ мекунад ва мо ҳангоми итоат ба ин раҳнамоӣ соҳиби чӣ гуна баракатҳо мешавем.
1. Чаро мо бояд ба Яҳува, Роҳнамоямон, пайравӣ кунем?
ТАСАВВУР кунед шумо дар ҷангал раҳгум задаеду гирду атрофатон пур аз хатар аст. Шумо аз хатари ҳайвонҳои ваҳшӣ, ҳашароти бемориангез, растаниҳои заҳрнок ва санглохи беодам метарсед. Бешак, шумо аз доштани ягон раҳнамои ботаҷриба, ки шуморо аз хатар эмин дорад, хурсанд мешудед. Ин дунё низ мисли ҷангали пурхавф аст. Он пур аз хатарҳои рӯҳонист, аммо мо беҳтарин Раҳнамо дорем, ки Яҳува мебошад. Ӯ моро аз хатар эмин дошта, сӯйи мақсадамон раҳнамоӣ мекунад, сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ дар дунёи нав.
2. Яҳува моро чӣ тавр роҳнамоӣ мекунад?
2 Яҳува чӣ тавр моро раҳнамоӣ мекунад? Асосан ба воситаи Каломаш. Аммо ӯ ҳамчунин аз намояндагони заминияш истифода мебарад. Масалан, ӯ ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» ба мо хӯроки рӯҳонӣ медиҳад, то қарорҳои бохирадона кунем (Мат. 24:45). Яҳува ҳамчунин ба воситаи дигар мардони қобил моро раҳнамоӣ мекунад. Масалан, нозирони ноҳиявӣ ва пирон ба мо рӯҳбаландиву дастурот дода, дар вақтҳои тангӣ қувватамон мебахшанд. Худоро шукр, ки дар ин рӯзҳои сахти охирзамон мо чунин дастуроти боваринок дорем. Бо ёрии он мо ризои Худоро нигаҳ дошта, аз роҳи ҳаёт берун намебароем.
3. Мо дар ин мақола чиро баррасӣ мекунем?
3 Бо вуҷуди ин бароямон баъзан қабул кардани дастуроти Яҳува душвор аст, хусусан, вақте ки он аз даҳони одамони нокомил садо диҳад. Чаро чунин шуда метавонад? Баъзан сабабаш ин аст, ки маслиҳат табъи дили мо нест. Ё, шояд, ба назарамон тобад, ки ин дастурот аз рӯйи мантиқ несту мо ба хулосае оем, ки он аз ҷониби Яҳува нест. Дар чунин лаҳзаҳо ба мо бовари сахт даркор аст, ки Яҳува раҳнамои халқаш асту итоат ба раҳнамоии ӯ баракатовар аст. Барои қавӣ кардани боварамон ба ин мо дар ин мақола се фикрро дида мебароем. Мо мебинем, ки 1) чӣ тавр Яҳува дар замонҳои пеш халқашро роҳнамоӣ мекард, 2) чӣ тавр ӯ имрӯз халқашро раҳбарӣ мекунад ва 3) вақте мо ба раҳнамоии Яҳува итоат мекунем, чӣ фоидае мегирем.
ЯҲУВА ЧӢ ТАВР ХАЛҚИ ИРОИЛРО РАҲНАМОӢ МЕКАРД?
4, 5. Чӣ хел Яҳува нишон дод, ки ба воситаи Мӯсо халқашро роҳбарӣ мекунад? (Ба расми муқова нигаред.)
4 Яҳува барои аз Миср баровардани исроилиён Мӯсоро таъйин карда буд. Ӯ ба исроилиён баръало нишон дод, ки онҳоро ба воситаи Мӯсо раҳнамоӣ мекунад. Масалан, Яҳува ба онҳо рӯзона сутуни абрро дода буду шабона оташро (2 Мӯсо 13:21). Мӯсо аз пайи сутун мерафту исроилиён аз паси ӯ. Оқибат онҳо ба Баҳри Сурх расиданд. Вақте исроилиён диданд, ки аз ин тарафашон баҳр асту аз он тарафашон мисриён ба онҳо расида гирифта истодаанд, ба воҳима афтиданд. Онҳо хулоса карданд, ки Мӯсо онҳоро ба Баҳри Сурх оварда, хатои ҷиддие кард. Аммо ин хато набуд. Яҳува худаш ба воситаи Мӯсо халқашро дидаю дониста ба ин ҷо оварда буд (2 Мӯсо 14:2). Баъдтар онҳоро бо як роҳи нотакрор халосӣ бахшид (2 Мӯсо 14:26–28).
5 Тӯли 40 соли навбатӣ Яҳува ба воситаи сутуни абр ба Мӯсо роҳ нишон медоду халқашро дар биёбон раҳнамоӣ мекард a. Як муддате Яҳува сутуни абрро дар болои хаймаи Мӯсо, дар ҷойи ба тамоми Исроил намоён, гузошта буд (2 Мӯсо 33:7, 9, 10). Яҳува аз сутуни абр бо Мӯсо сухан мегуфту Мӯсо рафта, фармудаҳои Яҳуваро ба халқ мерасонд (Заб. 99:7). Исроилиён далелҳои бешумор доштанд, ки Яҳува онҳоро ба воситаи Мӯсо раҳнамоӣ мекунад.
6. Исроилиён ба роҳнамоии Яҳува чӣ хел муносибат карданд? (4 Мӯсо 14:2, 10, 11).
6 Афсӯс, ки аксари исроилиён ба далели он ки Яҳува Мӯсоро намояндаи худ интихоб кардааст, чашм пӯшиданд. (4 Мӯсо 14:2, 10, 11-ро хонед.) Онҳо борҳои зиёд ба Мӯсо ва дастуроти ӯ нописандӣ карданд. Дар натиҷа, як насли исроилиён аз ҳаққи даромадан ба Замини ваъдашуда маҳрум гашт (4 Мӯсо 14:30).
7. Киҳо ба роҳнамоии Яҳува гӯш доданд? (4 Мӯсо 14:24). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Аммо баъзе аз исроилиён ба раҳнамоии Яҳува гӯш андохтанд. Масалан, Яҳува гуфт, ки Колеб ӯро «бо тамоми дил пайравӣ мекард». (4 Мӯсо 14:24-ро хонед.) Яҳува Колебро мукофот дод ва ҳатто ба ӯ ҳаққи интихоби замин дар Канъонро дод (Юшаъ 14:12–14). Насли ояндаи исроилиён дар гӯш кардани дастуроти Яҳува намунаи хуб гузоштанд. Вақте Юшаъ баъд аз Мӯсо раҳбари халқи Исроил шуд, онҳо ӯро «тамоми умраш» ҳурмату эҳтиром мекарданд (Юшаъ 4:14). Дар натиҷа, Яҳува онҳоро баракат доду ба замини ваъдагияш овард (Юшаъ 21:43, 44).
8. Фаҳмонед, ки Яҳува дар замони шоҳон бар халқаш чӣ тавр роҳбарӣ мекард. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Солҳо баъд Яҳува халқашро ба воситаи доварон раҳнамоӣ мекард. Баъдтар бошад, дар замони подшоҳон, Яҳува барои роҳнамоии халқаш пайғамбаронро таъйин менамуд. Подшоҳони содиқ ба суханони пайғамбарон гӯш меандохтанд. Масалан, вақте пайғамбар Нотон подшоҳ Довудро ислоҳ кард, ӯ ислоҳи Нотонро қабул кард (2 Подш. 12:7, 13; 1 Воқ. 17:3, 4). Шоҳ Еҳушофот барои шунидани роҳнамоии Яҳува ба пайғамбар Яҳазиил муроҷиат мекард ва тамоми халқи Яҳудоро даъват мекард, ки ба пайғамбарони Худо бовар кунанд (2 Воқ. 20:14, 15, 20). Шоҳ Ҳизқиё бошад, дар рӯзи тангӣ ба пайғамбар Ишаъё рӯ оварда буд (Иш. 37:1–6). Ҳар вақте подшоҳон ба раҳнамоии илоҳӣ итоат мекарданд, Яҳува онҳоро баракат медоду халқро аз хатар эмин медошт (2 Воқ. 20:29, 30; 32:22). Равшану аён буд, ки Яҳува халқашро ба воситаи пайғамбарон роҳнамоӣ мекунад. Вале аксари подшоҳон ва аксари мардум пайғамбарони Яҳуваро рад намуданд (Ирм. 35:12–15).
ЧӢ ТАВР ЯҲУВА МАСЕҲИЁНИ АВВАЛРО РАҲНАМОӢ МЕКАРД?
9. Яҳува дар асри як ба масеҳиён чӣ тавр дастур медод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Дар асри якуми милодӣ Яҳува ҷамоати масеҳиро барпо намуд. Ӯ он масеҳиёни аввалинро чӣ тавр роҳнамоӣ мекард? Яҳува Исоро сарвари ҷамоат таъйин намуд (Эфс. 5:23). Вале Исо худаш шахсан ҳар як шогирдашро дастурот намедод. Ӯ ба воситаи расулон ва пирон дар Ерусалим амал менамуд (Кор. 15:1, 2). Ҳамчунин барои раҳнамоӣ кардану дастур додан дар ҷамоатҳо пирон таъйин гашта буданд (1 Тас. 5:12; Тит. 1:5).
10. а) Аксари масеҳиёни асри як ба дастурот чӣ хел муносибат карданд? (Корнома 15:30, 31). б) Чаро дар замонҳои пеш баъзеҳо намояндаҳои Яҳуваро писанд намекарданд? (Ба чорчӯбаи «Чаро баъзеҳо аз далелҳои раднопазир чашм пӯшиданд?» нигаред.)
10 Оё масеҳиёни асри як итоаткор буданд? Аксарашон бо шодиву хурсандӣ ба дастуроте, ки мегирифтанд, итоат мекарданд. (Корнома 15:30, 31-ро хонед.) Аммо чӣ тавр имрӯз Яҳува халқашро раҳнамоӣ мекунад?
ЧӢ ТАВР ЯҲУВА ИМРӮЗ МОРО РАҲНАМОӢ МЕКУНАД?
11. Мисол оред, ки чӣ тавр вақтҳои охир Яҳува касонеро, ки роҳбариро ба уҳда доштанд, роҳнамоӣ мекард.
11 Яҳува имрӯз ҳам раҳнамоӣ кардани халқашро бас намекунад. Ӯ инро ба воситаи Каломаш ва Писараш, ки сарвари ҷамоат аст, мекунад. Оё Яҳува имрӯз ҳам аз одамони хокӣ истифода мекунад, то халқашро раҳнамоӣ кунад? Оё ягон далеле барои ин ҳаст? Бале. Биёед баъзе рӯйдодҳои охири асри 19-ро бинем. Чарлз Тейз Рассел ва ҳамроҳонаш пай бурдан гирифтанд, ки соли 1914 воқеаи таърихие рӯй медиҳад, ки бо барпо шудани Подшоҳии Худо дар осмон алоқаманд аст (Дон. 4:25, 26). Онҳо дар асоси пешгӯйии Китоби Муқаддас ба чунин хулоса омаданд. Оё гуфтан мумкин аст, ки кофтукови онҳоро Яҳува раҳнамоӣ мекард? Бе ҳеҷ шакку шубҳа. Рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, ки соли 1914 рӯй доданд, тасдиқ карданд, ки Подшоҳии Худо ҳукмронияшро сар кардааст. Баъд аз оғоз ёфтани Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ вабоҳо, заминҷунбиҳо ва гушнагиҳо сар зад (Луқ. 21:10, 11). Дар он вақт Яҳува ба воситаи ҳамин мардони софдили масеҳӣ халқашро роҳнамоӣ мекард.
12, 13. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои паҳн кардани кори мавъиза ва таълим чӣ корҳо карда шуд?
12 Биёед ҳамчунин бинем, ки ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ чӣ рӯй дод. Бародарони масъул дар идораи марказӣ Ошкорсозӣ 17:8-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки баъд аз ҷанг на Ҳармаҷиддӯн, балки замони осоиштагии нисбие мешавад, ки барои доман паҳн кардани хушхабаррасонӣ имкон медиҳад. Аз ин рӯ он вақт ташкилоти Яҳува Мактаби Ҷилъодро бо мақсади таълими миссионерон барои мавъизаву шогирдсозӣ дар тамоми ҷаҳон таъсис дод. Миссионеронро ба таъйинотҳояшон ҳатто ҳангоми ҷанг мефиристоданд. Ғайр аз ин, ғуломи боваринок Курси мактаби таълими мавъизаро b ташкил дод, то тамоми аҳли ҷамоатро воизу омӯзгори беҳтар созад. Ҳамин тавр Яҳува халқашро барои коре, ки дар пеш буд, омода месохт.
13 Ба қафо нигариста мо равшан мебинем, ки Яҳува дар он замонҳои сахт халқашро раҳнамоӣ мекард. Аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ инҷониб халқи Яҳува дар мамлакатҳои бисёр аз сулҳу осоиштагии нисбӣ баҳравар буда, кори хабаррасониро пеш мебарад. Дар ин кор пешрафти назаррасе дида мешавад.
14. Чаро мо ба роҳнамоие, ки ташкилоти Яҳува ва пирон медиҳанд, бовар карда метавонем? (Ошкорсозӣ 2:1). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Имрӯз ҳама аъзои Ҳайати роҳбарикунанда раҳнамоии Исоро меҷӯянд. Онҳо мехоҳанд, ки дастуроташон ба бародарон ҳамоҳанги дастуроте бошад, ки дар осмон дода мешавад. Нозирони ноҳиявӣ ва пирон бошанд, ба ҷамоатҳо дастуру роҳнамоӣ медиҳанд c. Пирони тадҳиншуда «дар дасти рост»-и Масеҳ мебошанд. (Ошкорсозӣ 2:1-ро хонед.) Албатта, ин пирон нокомиланду ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Мӯсою Юшаъ ва расулон низ гоҳ-гоҳ хато мекарданд (4 Мӯсо 20:12; Юшаъ 9:14, 15; Рум. 3:23). Аммо Масеҳ «ҳамеша то охирзамон» ҳар як қадами ғуломи боваринок ва пирони таъйинкардаашро раҳнамоӣ мекунад (Мат. 28:20). Аз ин рӯ мо ба ин бародароне, ки раҳбариро ба уҳда доранд, бовари комил дорем.
МО АЗ ИТОАТ БА РАҲНАМОИИ ЯҲУВА ФОИДА МЕГИРЕМ
15, 16. Шумо аз намунаи касоне, ки ба роҳнамоии Яҳува гӯш доданд, чӣ меомӯзед?
15 Вақте мо аз рӯйи раҳнамоии Яҳува амал мекунем, фоидаашро аллакай имрӯз мебинем. Биёед мисоли Энди ва занаш, Робинро, мебинем, ки аз рӯйи дастуроти Яҳува амал карда, ҳаёташонро одӣ гардонданд (Мат. 6:22). Дар натиҷаи ин онҳо тавонистанд дар лоиҳаҳои сохтмонии ташкилот ҳамчун ихтиёрӣ иштирок кунанд. Робин мегӯяд: «Мо дар ҳуҷраҳои хурд зиндагӣ мекардем, ки аксар вақт ошхона надоштанд. Суратгирӣ машғулияти дӯстдоштаи ман буд. Вақте ман маҷбур шудам дастгоҳи барои суратгириямро фурӯшам, ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Вале ман ҳам мисли зани Иброҳим, Соро, азм карда будам, ки ба пеш нигоҳ мекунам, на ба қафо» (Ибр. 11:15). Ин зану шавҳар аз ин воқеаи зиндагияшон чӣ омӯхтанд? Робин мегӯяд: «Мо медонем, ки барои Яҳува тамоми дору надорамонро дода истодаем. Лаззати бузургтар аз ин бароямон нест. Дар лоиҳаҳои ташкилот иштирок карда, мо гӯё бо кунҷи чашмамон мебинем, ки зиндагӣ дар дунёи нав чӣ хел мешавад». Шавҳараш, Энди, суханони ӯро қувват дода, мегӯяд: «Мо аз он хурсандем, ки бо тамоми ҳастиямон Подшоҳии Худоро дастгирӣ мекунем».
16 Аз итоат ба раҳнамоии Яҳува мо боз чӣ фоида мегирем? Баъди хатми мактаб хоҳарамон Марсия аз рӯйи маслиҳат амал намуда, қарор кард, ки хизмати Яҳуваро пеша мекунад (Мат. 6:33; Рум. 12:11). Ӯ мегӯяд: «Ба ман пешниҳод карданд, ки барои чор сол дар донишгоҳе хондан пули таҳсиламро медиҳанд. Вале дили ман ба мақсадҳои рӯҳонӣ кашол буд. Аз ин рӯ ман ба мактаби касбомӯзӣ рафта, ҳунареро омӯхтам, то худро таъмин кунаму ба Яҳува хизмат карда тавонам. Ин яке аз қарорҳои беҳтарини зиндагиям буд. Ҳозир ман маза карда пешрав хизмат мекунаму хӯҷаини вақти худам. Ба ҳамин сабаб ман метавонам ҳамчун ходими дурдасти Байт-Ил хизмат кунам ва соҳиби дигар баракатҳои махсус бошам».
17. Боз аз кадом сабаб ба роҳбарии Яҳува итоат кардан манфиатовар аст? (Ишаъё 48:17, 18).
17 Баъзан мо аз Яҳува маслиҳатеро мегирем, ки пойи моро аз доми пулдӯстӣ нигаҳ медорад ва моро аз роҳе, ки сӯйи шикастани қонунҳои ӯ мебарад, бармегардонад. Агар дар чунин ҳолатҳо мо ба раҳнамоии Яҳува итоат кунем, соҳиби баракатҳо мешавем. Мо виҷдонамонро аз доғ тоза нигаҳ дошта, диламонро аз ғами зиёдатӣ эмин медорем (1 Тим. 6:9, 10). Ҳамин тавр мо метавонем Яҳуваро бемамоният парастиш карда, шодӣ, оромӣ ва қаноатмандии бемисл дошта бошем. (Ишаъё 48:17, 18-ро хонед.)
18. Чаро шумо мехоҳед, ки ҳамеша ба роҳнамоии Яҳува бовар кунед?
18 Яҳува минбаъд низ — ҳангоми азоби азим ва то анҷоми Ҳукмронии ҳазорсола — ба воситаи одамони хокӣ халқашро раҳнамоӣ мекунад (Заб. 45:16). Оё мо дар оянда ба дастуроти Яҳува, ҳатто агар он табъи диламон набошад, итоат мекунем? Агар аз имрӯз мо аз рӯйи дастури Яҳува амал карданро одат кунем, дар оянда бароямон осонтар мешавад. Пас, биёед ҳамеша ба раҳнамоии Яҳува итоат кунем, аз ҷумла вақте он ба воситаи одамони таъйинкардаи ӯ дода мешавад (Иш. 32:1, 2; Ибр. 13:17). Агар чунин кунем, мо дилпурем, ки Раҳнамоямон, Яҳува, моро аз хатари рӯҳонӣ эмин дошта, сӯйи мақсадамон — зиндагонии ҷовидона дар дунёи нав мебарад.
ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?
-
Яҳува халқи Исроилро чӣ тавр раҳнамоӣ мекард?
-
Чӣ тавр Яҳува масеҳиёни аввалро раҳнамоӣ мекард?
-
Имрӯз мо аз итоат ба раҳнамоии Яҳува чӣ фоида мегирем?
СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем
a Яҳува барои халқашро ба Замини ваъдашуда овардан ҳамчунин фариштаеро фиристод, «ки пешопеши исроилиён мерафт». Аз афташ, он фаришта Микоил буд, ки Исоро пеш аз замин омаданаш чунин ном мебурданд (2 Мӯсо 14:19; 32:34).
b Баъдтар он Мактаби таълими мавъиза ном гирифт. Имрӯз чунин таълим дар вохӯрии байни ҳафта мегузарад.
c Ба чорчӯбаи «Нақши Ҳайати роҳбарикунанда» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи феврали соли 2021 саҳ. 18 нигаред.