Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ

Ганҷҳоеро ёбед, ки ба кор бурда метавонед

Ганҷҳоеро ёбед, ки ба кор бурда метавонед

Ҳангоми хондану таҳқиқ кардани Китоби Муқаддас мо ганҷҳои муҳимро ёфта метавонем. Чӣ кор кунем, ки аз хондани Каломи Худо фоидаи бештар гирем?

Дарунтар дароед. Даруни воқеаҳо дароед, ба ҷузъиёташон аҳамият диҳед. Масалан, фаҳмед, ки ин воқеаро кӣ, кай ва дар кадом вазъият навишта буд. Он ба кӣ гуфта шудааст? Пеш ва баъди он чӣ воқеа рӯй додааст?

Дарс гиред. Ба худ чунин саволҳо диҳед: «Қаҳрамонҳои матни хондаам чӣ ҳис мекарданд? Чӣ хел хислатҳо нишон доданд? Ба кадом хислатҳо ман пайравӣ карданияму аз кадомаш дур шудан мехоҳам ва чаро?»

Дарсҳои гирифтаатонро ба кор баред. Чизҳои фаҳмидаатонро дар хизмат ё ҳаёти ҳаррӯза истифода баред. Он гоҳ шумо ҳаққонияти суханони Исоро мебинед: «Агар ин чизҳоро донеду ба кор баред, хушбахт мешавед» (Юҳ. 13:17).

  • Маслиҳат: аҳамият диҳед дар вохӯрии байни ҳафта дар қисми «Ганҷҳои Каломи Худо» чӣ тавр корбурди фикрҳо кушода мешаванд. Дар ин қисм саволҳо барои худсанҷӣ ва расмҳо барои мулоҳиза оварда мешаванд.