Ду узви нави Ҳайати роҳбарикунанда
РӮЗИ чоршанбе, 18-уми январи соли 2023, дар сомонаи jw.org эълони махсусе баромад. Дар он гуфта мешуд, ки бародарон Гейҷ Флиҷел ва Ҷефри Виндер узви Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува таъйин шуданд. Ҳар дуи ин бародарон солҳои зиёд аст, ки ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд.
Бародар Флиҷел дар ИМА, дар ғарби Пенсилвания, дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя расидааст. Вақте ӯ наврас буд, оилааш ба шаҳраки хурди воизталаб кӯчид. Каме баъдтар, 20-уми ноябри соли 1988, бародар Флиҷел таъмид гирифт.
Волидони Флиҷел ҳамеша ӯро ҳавасманд мекарданд, ки хизмати пурравақтро интихоб кунад. Онҳо бисёр вақт нозирони ноҳиявӣ ва ходимони Байт-Илро ба меҳмонӣ ҷеғ мезаданд ва бародар Флиҷел хурсандии ин бародару хоҳаронро медид. Каме баъд аз таъмидаш, 1-уми сентябри соли 1989, ӯ пешрави доимӣ шуд. Баъди ду сол, моҳи октябри соли 1991, ӯ ба мақсаде расид, ки дар 12-солагияш гузошта буд— ӯ хизматро дар Байт-Или Бруклин сар кард.
Дар Байт-Ил бародар Флиҷел ҳашт сол дар шуъбаи муқовабандӣ кор кард ва баъд ӯро ба шуъбаи хизматӣ таъйин карданд. Он вақт ӯ якчанд сол бо ҷамоати русӣ ҳамкорӣ мекард. Соли 2006 ӯ бо Надя ном хоҳаре оиладор шуд ва ӯ ба бародарамон дар хизмати Байт-Ил ҳамроҳ шуд. Онҳо якҷоя дар ҷамоати португализабон ва баъд зиёда аз даҳ сол дар ҷамоати испанизабон хизмат карданд. Баъди солҳои зиёд дар шуъбаи хизматӣ кор карданаш, бародар Флиҷелро ба Кумитаи таълимӣ ва баъдтар ба Кумитаи хизматӣ таъйин карданд. Моҳи марти соли 2022 бошад, ӯ ёрдамчии Кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунанда гашт.
Бародар Виндер дар Мариетаи Калифорния (ИМА) ба воя расидааст. Ӯ дар оилаи Шоҳидони
Яҳува калон шуда, 29-уми марти соли 1986 таъмид гирифтааст. Як моҳ пас аз таъмидаш ӯ пешрави ёвар шуд. Бародар Виндер аз ин хел хизмат чунон хурсанд буд, ки хост онро давом диҳад. Баъди якчанд моҳи пешрави ёвар хизмат карданаш, 1-уми октябри соли 1986, пешрави доимӣ шуд.Ҳангоми наврасияш ӯ ду акаашро, ки он вақт дар Байт-Ил хизмат мекарданд, хабаргирӣ рафт. Баъди ин дар дилаш меҳри хизмати Байт-Ил бедор шуд ва ният кард, ки баъди ба воя расидан дар он ҷо хизмат мекунад. Моҳи майи соли 1990 ӯро барои хизмат ба Байт-Или Уолкил даъват карданд.
Дар Байт-Ил бародар Виндер дар шуъбаи тозагӣ, ферма ва офиси Байт-Ил кор кардааст. Ӯ соли 1997 ба Анҷела ном хоҳаре оиладор шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб онҳо якҷоя дар Байт-Ил хизмат мекунанд. Соли 2014 онҳоро ба Уорвик кӯчонданд ва дар он ҷо бародар Виндер ёрдамчии сохтмони лоиҳаҳои идораи марказӣ таъйин гардид. Соли 2016 онҳо ба Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ ба Паттерсон рафтанд. Дар он ҷо бародар Виндер дар шуъбаи аудио-видео кор мекард. Баъди чор сол онҳо ба Уорвик гашта омаданд ва бародар Виндерро барои хизмат ба Кумитаи кадрҳо таъйин карданд. Моҳи марти соли 2022 бошад, ӯ ёрдамчии Кумитаи кадрҳои Ҳайати роҳбарикунанда гашт.
Мо аз Яҳува барои ин «ҳадия»-ҳо аз миёни одамон беҳад миннатдорем ва дуо мегӯем, ки ӯ меҳнати онҳоро барои кори Подшоҳӣ беҳисоб баракат диҳад (Эфс. 4:8).