Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27

«Ба Яҳува умед банд»

«Ба Яҳува умед банд»

«Ба Яҳува умед банд, далеру нотарс бош!» (ЗАБ. 27:14).

СУРУДИ 135 То охир истодагарӣ бикун

ПЕШГУФТОР a

1. а) Яҳува ба мо чӣ гуна умед додааст? б) «Ба Яҳува умед» бастан чӣ маъно дорад? (Ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо» нигаред.)

 ЯҲУВА ба касоне, ки ӯро дӯст медоранд, умеди олиҷаноб мебахшад. Ӯ ба наздикӣ беморӣ, ғаму дард ва маргро нест мекунад (Ошкор. 21:3, 4). Ба «нармдилон»-е, ки ба ӯ умед мебанданд, кумак мекунад, ки заминро ба биҳишт табдил диҳанд (Заб. 37:9–11). Он вақт ҳар як шахс имконият пайдо мекунад, ки ба Яҳува боз ҳам наздиктар шавад. Чӣ умеди беҳамто! Вале чаро мо ба ин ваъдаи Яҳува бовар карда метавонем? Чунки ӯ ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад, барои ҳамин мо «ба Яҳува умед» b мебандем (Заб. 27:14). Имрӯз мо пурсаброна ва бо хурсандӣ интизорем, ки кай Худо ҳамаи ваъдаҳояшро иҷро мекунад (Иш. 55:10, 11).

2. Яҳува чӣ тавр исбот кардааст, ки ваъдаҳояшро иҷро мекунад?

2 Яҳува аллакай исбот кардааст, ки ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Биёед мисолеро дида бароем: дар китоби Ошкорсозӣ Яҳува ваъда додааст, ки дар рӯзҳои мо одамонро аз ҳар халқу нажод, миллат ҷамъ меорад, то ки ӯро якдилона ибодат кунанд. Имрӯз онҳо чун «мардуми сершумор» маълуманд (Ошкор. 7:9, 10). Ҳарчанд ин гурӯҳи одамон аз ҳар гӯшаю канори дунё мебошанд, онҳо як оилаи тифоқро ташкил медиҳанд (Заб. 133:1; Юҳ. 10:16). Онҳо ҳамчунин воизони боғайратанд ва ҳамеша тайёранд, ки дар бораи умедашон ба дигарон нақл кунанд (Мат. 28:19, 20; Ошкор. 14:6, 7; 22:17). Агар шумо аз ҷумлаи мардуми сершумор бошед, бешубҳа умедатонро дар бораи ояндаи дурахшон хеле қадр мекунед.

3. Шайтон чӣ мақсад дорад?

3 Шайтон мақсад дорад, ки моро аз умедамон маҳрум созад. Вай мехоҳад мо бовар кунем, ки Яҳува парвои моро надорад ва ваъдаҳояшро иҷро намекунад. Агар гузорем, ки ӯ ба мақсадаш расад, он гоҳ тарсончак мешавем ва ҳатто ба Яҳува хизмат карданро бас мекунем. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Иблис Айюбро аз умедаш маҳрум карданӣ шуд, то ки ӯ дигар хизмати Яҳуваро ба ҷо наорад.

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем? (Айюб 1:9–12).

4 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки Шайтон чӣ гуна усулҳоро истифода бурд, то ки беайбии Айюбро шиканад. (Айюб 1:9–12-ро хонед.) Ҳамчунин мебинем, ки аз Айюб чӣ омӯхта метавонем ва чаро набояд фаромӯш кунем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва ба ваъдаҳояш вафо мекунад.

ШАЙТОН АЙЮБРО АЗ УМЕДАШ МАҲРУМ КАРДАНӢ МЕШАВАД

5, 6. Дар як муддати кӯтоҳ чӣ ба сари Айюб омад?

5 Айюб ҳаёти осудаву оилаи тифоқ дошт ва марди сарватманд буд. Ӯ инчунин бо Яҳува муносибати хеле наздик дошт (Айюб 1:1–5). Вале дар як рӯз ин марди бовафо қариб ҳамаи дороияшро аз даст дод. Дар аввал боигариаш аз даст рафт (Айюб 1:13–17). Сипас фарзандони маҳбубаш вафот карданд. Қобили зикр аст, ки барои волидон мурдани ҳатто як фарзандашон зарбаи хеле сахт аст. Акнун тасаввур кунед, ки вақте Айюб даҳ ҷигарбандашро аз даст дод, то чӣ андоза дилу ӯву занаш пурхун гашт. Ҷойи тааҷҷубе нест, ки чаро Айюб либосашро дар тан чок карда аз сӯзи дил аз по афтид (Айюб 1:18–20).

6 Сипас Шайтон ба саломатӣ ва иззати нафси Айюб ҳамла овард (Айюб 2:6–8; 7:5). Айюб, ки марди иззатманд ва маслиҳатгари дигарон буд, дар як лаҳза радди маърака гашт (Айюб 31:18). Ҳама аз ӯ рӯ гардонданд, аз ҷумла бародаронаш, дӯстони ҷонӣ ва ҳатто хизматгоронаш (Айюб 19:13, 14, 16).

Ба бисёр хизматгорони имрӯзаи Яҳува мусибате, ки Айюб бо он рӯ ба рӯ шуд, шинос аст (Ба сархати 7 нигаред.) d

7. а) Ба фикри Айюб сабаби азобу уқубаташ чӣ буд, вале ӯ чӣ кор накард? б) Масеҳиён бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд, ки мисли озмоишҳои дар расм овардашуда дардоваранд?

7 Шайтон мехост Айюб бовар кунад, ки ҳамаи ранҷу азобаш аз ҷониби Яҳува аст, чунки ӯ дигар писанди Худо нест. Барои ин Шайтон ба воситаи шамоли сахт хонаеро, ки дар он даҳ фарзанди Айюб хӯрок мехӯрданд, чаппа карда онҳоро кушт (Айюб 1:18, 19). Ӯ боз оташе аз осмон фурӯ рехта на танҳо рама, балки чӯпонони Айюбро низ нобуд кард (Айюб 1:16). Айюб дар паси шамоли сахт ва оташ қувваи ғайриодиеро медид, барои ҳамин гумон кард, ки ҳамаи ин аз ҷониби Яҳува аст. Аз ин рӯ ӯ хулоса кард, ки бо ягон рафтораш Худоро хафа кардааст. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Айюб нахост, ки Падари осмониашро лаънат гӯяд. Ӯ фикр мекард, ки агар ҳамин қадар солҳои зиёд некии Яҳуваро қабул карда бошад, пас чаро бадиро аз ҷониби Худо қабул накунад. Баъди он ки ӯ аз чизу чора ва фарзандонаш маҳрум шуда саломатиашро аз даст дод, чунин нидо кард: «Номи Яҳува муборак бод!» (Айюб 1:20, 21; 2:10). Вале бо ҳамин ҳамлаҳои Шайтон ба охир нарасид.

8. Шайтон зидди Айюб боз кадом усулро ба кор бурд?

8 Шайтон боз дигар усулро ба кор бурд. Ӯ ба ном се дӯсти Айюбро истифода бурда тавре карданӣ шуд, ки Айюб худро беқадр ҳис кунад. Онҳо ба Айюб гуфтанд, ки ӯ барои кадом як корҳои бадаш азоб кашида истодааст (Айюб 22:5–9). Ин ба ном дӯстон ҳамчунин ӯро боварӣ бахшиданӣ буданд, ки ҳатто агар вай бадкор набошад, Худо корҳои некашро қадр намекунад (Айюб 4:18; 22:2, 3; 25:4). Дар асл онҳо мехостанд Айюб бовар кунад, ки Яҳува ӯро нағз намебинад, дар ҳаққаш ғамхорӣ намекунад ва хизматаш барои ӯ арзиш надорад. Аз ин суханон дар дили Айюб ноумедӣ пайдо шуда метавонист.

9. Чӣ ба Айюб кумак кард, ки далер ва қавӣ бошад?

9 Саҳнаи зеринро тасаввур кунед: Айюб бар хокистар нишастаасту аз дарди беист азоб мекашад (Айюб 2:8). Дӯстонаш ӯро паст зада номашро доғдор мекунанд. Барои Айюб, ки даҳ ҷигарбандашро аз даст додааст, ҳамаи ин озмоишҳо болои сӯхта намакоб аст. Дар аввал ӯ хомӯш меистад (Айюб 2:13–3:1). Агар дӯстонаш хомӯшии ӯро дида фикр кунанд, ки ӯ аз Худо рӯ гардонданӣ аст, хато мекунанд. Баногоҳ Айюб сарашро бардошта ба онҳо нигоҳ мекунаду чунин мегӯяд: «То дами марг аз беайбиям даст намекашам!» (Айюб 27:5). Чӣ ба Айюб ёрдам кард, ки ба ин қадар бадбахтиҳояш нигоҳ накарда қавӣ ва далер бошад? Ҳарчанд Айюб хеле дилшикаста буд, ӯ боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва ба мададаш мерасад. Ӯ медонист, ки бимирад ҳам, Яҳува ӯро зинда мекунад (Айюб 14:13–15).

ЧӢ ТАВР БА АЙЮБ ПАЙРАВӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

10. Аз саргузашти Айюб мо чӣ омӯхта метавонем?

10 Мо аз саргузашти Айюб фаҳмидем, ки Шайтон ҳеҷ вақт моро маҷбур карда наметавонад, ки аз Яҳува рӯ гардонем. Инчунин фаҳмидем, ки Яҳува аз ҳама чиз бохабар аст. Аз саргузашти Айюб боз дарсҳои муҳимро омӯхтан мумкин аст. Кадом дарсҳоро? Биёед фаҳмем.

11. Агар мо минбаъд низ ба Яҳува такя кунем, аз чӣ дилпур буда метавонем? (Яъқуб 4:7).

11 Айюб исбот кард, ки агар мо минбаъд низ ба Яҳува такя кунем, дар ҳар озмоиш истодагарӣ намуда, ба Шайтон муқобилат карда метавонем. Ин чӣ натиҷа меорад? Мувофиқи Навиштаҳо Иблис аз мо мегурезад. (Яъқуб 4:7-ро хонед.)

12. Чӣ хел умед ба эҳёшавӣ Айюбро қувват мебахшид?

12 Мо бояд ба эҳёшавӣ умеди қавӣ дошта бошем. Чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, бисёр вақт Шайтон тарс аз маргро истифода бурда кӯшиш мекунад, ки моро аз роҳи Яҳува занад. Дар мавриди Айюб Шайтон даъво кард, ки вай ба хотири зинда монданаш тайёр аст, ки аз Яҳува рӯ гардонад. Лекин Шайтон ҳақ набуд. Айюб ҳатто дар лаҳзаи душвортарини ҳаёташ, вақте бо марг рӯ ба рӯ шуд, ба Яҳува вафодор монд. Ӯ медонист, ки Яҳува меҳрубон аст ва шубҳае надошт, ки ба мададаш мерасад, ҳатто агар дар вақти зинда будани ӯ мушкилиҳояшро ҳал накунад, дар оянда ӯро зинда хоҳад кард. Барои Айюб эҳёшавӣ афсона набуд. Агар мо ҳам ба зиндашавӣ имони қавӣ дошта бошем, он гоҳ ҳеҷ чиз беайбии моро шикаста наметавонад, ҳатто тарс аз марг.

13. Чаро аз усулҳое, ки Шайтон дар мавриди Айюб ба кор бурд, бояд бохабар бошем?

13 Мо бояд аз усулҳое, ки Шайтон дар мавриди Айюб истифода бурд, бохабар бошем, чунки ӯ онҳоро дар рӯзҳои мо низ ба кор мебарад. Аҳамият диҳед, Шайтон чӣ хел моро тӯҳмат кардааст: «Одам [на фақат Айюб] барои ҷони худ тайёр аст аз баҳри ҳама чиз барояд» (Айюб 2:4, 5). Бо ин суханонаш Шайтон гуфтанӣ аст, ки мо Яҳуваро дӯст намедорем ва барои наҷот додани ҷони худ аз ӯ рӯ мегардонем. Шайтон инчунин тӯҳмат мекунад, ки Худо моро дӯст намедорад ва он кӯшишҳоеро, ки мо барои ба ӯ писанд омадан мекунем, қадр намекунад. Вале, хушбахтона мо аз ин усулҳои Шайтон бохабарем ва ба дурӯғаш бовар намекунем.

14. Чӣ тавр озмоишҳо ботини моро ошкор мекунанд? Мисол оред.

14 Озмоишҳо барои худшиносӣ имконияти хуб фароҳам меоранд. Айюб дар озмоишҳояш фаҳмид, ки чӣ гуна сустиҳо дорад ва онҳоро ислоҳ кард. Масалан, ӯ фаҳмид, ки бояд фурӯтаниро инкишоф диҳад (Айюб 42:3). Мо ҳам дар вақти озмоишҳо дар бораи худ бисёр чизҳоро фаҳмида метавонем. Бародаре бо номи Николай c, ки нигоҳ накарда ба саломатии бадаш ҳабс шуда буд, чунин мегӯяд: «Ҳабсхона мисли рентгене мебошад, ки ботини хизматгори Худоро нишон медиҳад». Бале, агар мо донем, ки чӣ сустӣ дорем, ислоҳ шудан осонтар мешавад.

15. Киро мо бояд гӯш кунем ва чаро?

15 Мо бояд Яҳуваро гӯш кунем, на ин ки душманони худро. Вақте Яҳува бо Айюб гап зад, ӯ бодиққат гӯш дод. Худо бо Айюб мулоҳиза ронда ба маъное гуфт: «Оё ту қувваи маро дар офаридаҳоям мебинӣ? Ман аз ҳар чизе, ки ба сари ту омад, бохабарам. Наход ки дар ҳаққи ту ғамхорӣ карда натавонам?» Дар ҷавоб Айюб фурӯтанона аз Яҳува барои некуияш миннатдор шуда гуфт: «То ҳол гӯшҳоям дар бораи ту шунида буданд, вале акнун туро бо чашмони сарам мебинам» (Айюб 42:5). Вақте Айюб ин суханонро гуфт, аз афташ то ҳол ба хокистар нишаста, баданаш пур аз яраҳои дарднок буд ва барои фарзандони худ мотам мегирифт. Бо вуҷуди ин Яҳува ӯро боварӣ бахшид, ки дӯсташ медорад ва аз ӯ розӣ аст (Айюб 42:7, 8).

16. Мувофиқи Ишаъё 49:15, 16 ҳангоми душвориҳо мо бояд чиро дар хотир нигоҳ дорем?

16 Имрӯз низ одамон шояд моро паст зананд ва бо мо тавре муносибат кунанд, ки гӯё қадре надорем. Мумкин онҳо обрӯйи мо ё ташкилотамонро резондан хоҳанд ва моро «ҳар хел туҳмат» кунанд (Мат. 5:11). Аз саргузашти Айюб мо фаҳмидем, ки вақте бо душвориҳо дучор мешавем, Яҳува бовар мекунад, ки ба ӯ содиқ мемонем. Яҳува моро дӯст медорад ва асло касонеро, ки ба ӯ умед мебанданд, намепартояд. (Ишаъё 49:15, 16-ро хонед.) Барои ҳамин ба ҳар хел туҳматҳои душманони Худо аҳамият надиҳед. Бародар Ҷеймс, ки аз Туркия мебошаду оилааш бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, чунин мегӯяд: «Мо фаҳмидем, ки агар ба суханони дурӯғе, ки дар ҳаққи халқи Худо гуфта мешавад, гӯш кунем, рӯҳафтода мешавем. Аз ин рӯ диққатро ба умедамон равона мекардем ва кӯшиш менамудем, ки дар хизмати Яҳува фаъол бошем. Ин чизҳо кумак мекарданд, ки хурсандиамонро гум накунем». Мисли Айюб мо ба Яҳува гӯш медиҳем ва намегузорем, ки душманонамон бо дурӯғи худ моро аз умедамон маҳрум созанд.

УМЕДАТОН БА ШУМО ҚУВВАТ МЕБАХШАД

Яҳува Айюбро барои беайбиаш баракат дод. Ӯву занаш солҳои зиёд аз баракатҳои Яҳува баҳравар буданд (Ба сархати 17 нигаред.) e

17. Шумо аз намунаи мардону занони содиқе, ки дар Ибриён боби 11 номбар шудаанд, чӣ меомӯзед?

17 Аз хизматгорони Худо на танҳо Айюб дар вақти душвориҳои сахт устувор монд. Дар номаи худ ба ибриён Павлуси расул дар бораи касоне гуфт, ки «абри бузурги шоҳидон» номида шудаанд (Ибр. 12:1). Ҳамаи онҳо душвориҳои сахтро паси сар карда ба Яҳува тамоми ҳаёти худ содиқ монданд (Ибр. 11:36–40). Оё истодагарӣ ва меҳнати онҳо бефоида буд? Не, албатта! Ҳарчанд онҳо ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон иҷрошавии тамоми ваъдаҳои Яҳуваро надиданд, ҳаргиз аз ӯ умедашонро намеканданд. Азбаски онҳо боварӣ доштанд, ки розигии Яҳуваро ба даст овардаанд, дилпур буданд, ки иҷрошавии ваъдаҳои ӯро ҳатман мебинанд (Ибр. 11:4, 5). Намунаи онҳо азми моро қавӣ мегардонад, ки ба Яҳува умед бандем.

18. Шумо ба чӣ азм доред? (Ибриён 11:6)

18 Дунёи имрӯза торафт бадтар шуда истодааст (2 Тим. 3:13). Шайтон то ҳол ба халқи Худо ҳамла меорад. Нигоҳ накарда ба душвориҳое, ки моро дар пеш интизоранд, биёед «ба Худои зинда... умед баста» дар кори ӯ ҷидду ҷаҳд кунем (1 Тим. 4:10). Саргузашти Айюбро фаромӯш накунед, зеро анҷоми он исбот мекунад, ки «Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст» (Яъқ. 5:11). Биёед мо ҳам ба Яҳува содиқ монем ва боварӣ дошта бошем, ки Яҳува ба касоне, ки ӯро «аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад». (Ибриён 11:6-ро хонед.)

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

a Вақте гап дар бораи озмоишҳои душвор меравад, мо одатан Айюбро ба хотир меорем. Мо аз ин марди содиқ чӣ меомӯзем? Мо мефаҳмем, ки Шайтон ҳеҷ вақт моро маҷбур карда наметавонад, ки аз Яҳува рӯ гардонем, инчунин Яҳува аз ҳар як озмоишу душвории мо бохабар аст. Чи хеле ки ӯ ба озмоишҳои Айюб хотима бахшид, ҳамин тавр як рӯз не як рӯз ба озмоишу душвориҳои мо ҳам хотима мебахшад. Агар мо сад фоиз аз ин суханон дилпур бошем, дар қатори онҳое хоҳем буд, ки «ба Яҳува умед» мебанданд.

b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаи иброние, ки чун «умед» тарҷума шудааст, маънои чизеро бесаброна «интизор будан»-ро дорад. Он инчунин маънои ба касе таваккал кардан ё аз касе дилпур буданро дорад (Заб. 25:2, 3; 62:5).

c Баъзе номҳо иваз шудаанд.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Айюб ва занаш дар ҷое қарор доранд, ки фарзандонашон ҳалок гаштанд.

e ШАРҲИ РАСМҲО: Айюб то охири озмоишҳояш истодагарӣ кард. Ӯ ва занаш дар бораи баракатҳои Яҳува мулоҳиза ронда истодаанд.