МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24
Яҳува — бузургтарин бахшанда!
«Ту, эй Яҳува, неку ва бахшандаӣ ва аз ҳамаи онҳое, ки туро мехонанд, меҳру вафоятро дареғ намедорӣ» (ЗАБ. 86:5).
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
ПЕШГУФТОР a
1. Мувофиқи Пандгӯ 7:20 шоҳ Сулаймон чӣ гуфтааст?
ШОҲ Сулаймон гуфтааст: «Дар рӯйи замин росткоре нест, ки ҳамеша некӣ кунаду ба гуноҳе даст назанад» (Пандгӯ 7:20). Ӯ ҳақ асту рост! Ҳамаи мо гунаҳкор мебошем (1 Юҳ. 1:8). Барои ҳамин ҳар яки мо муҳтоҷем, ки Худо ва дигарон моро бахшанд.
2. Вақте дӯсти наздикамон моро мебахшад, чӣ ҳис мекунем?
2 Оё дар ёд доред, ки чӣ хел дӯсти наздикатонро хафа карда будед? Барои муносибататонро бо вай барқарор кардан шумо аз ӯ самимона бахшиш пурсидед. Баъд аз он ки дӯстатон шуморо бахшид, чӣ ҳис кардед? Бори вазнине аз китфатон ғалтид, ҳамин хел не? Хурсандиатон ҳам ҳадду канор надошт.
3. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
3 Мо мехоҳем, ки дӯсти ҷонии Яҳува шавем, ҳамзамон дарк мекунем, ки як рӯз не, як рӯз бо гуфтор ва рафторамон ӯро хафа мекунем. Барои ҳамин аз ин мақола мо ба се савол ҷавоб мегирем: Чаро дилпур буда метавонем, ки ӯ моро бахшидан мехоҳад? Бахшоиши Яҳува аз бахшоиши инсон чӣ фарқ дорад? Ва Яҳува киро мебахшад?
ЯҲУВА БА БАХШИДАН ТАЙЁР АСТ
4. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува барои бахшидан тайёр аст?
4 Каломи Худо моро дилпур мекунад, ки Яҳува тайёр аст моро бахшад. Ӯ ба воситаи фариштааш дар кӯҳи Сино ба пайғамбар Мӯсо дар бораи худ чунин гуфт: «Яҳува, Яҳува, Худои меҳрубону дилсӯз, пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ, ки ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунад ва хатову айбу гуноҳро мебахшад» (2 Мӯсо 34:6, 7). Бале, Яҳува Худои меҳрубону раҳмдил аст. Барои ҳамин ҳар як гунаҳкори пушаймоншударо мебахшад (Наҳемё 9:17; Заб. 86:15).
5. Мувофиқи Забур 103:13, 14 азбаски Яҳува сиришти моро медонад, ӯ бо мо чӣ гуна муносибат мекунад?
5 Чун Офаридгор Яҳува сиришти моро медонад. Як фикр кунед, ӯ дар бораи ҳар як сокини замин ҳама чиро медонад (Заб. 139:15–17). Ӯ мефаҳмад, ки мо нокомилиро аз волидонамон мерос гирифтаем. Ҳамчунин аз воқеаҳое, ки мо дар ҳаёт аз сар гузарондаему шахсиятамонро шакл додаанд, ӯ бохабар аст. Пас, ҳамаи инро ба назар гирифта Яҳува ба мо чӣ гуна муносибат мекунад? Бале, ӯ ба мо меҳру вафо нишон медиҳад. (Заб. 78:39; Забур 103:13, 14-ро хонед.)
6. Чӣ тавр Яҳува исбот кард, ки моро бахшидан мехоҳад?
6 Дар асл Яҳува исбот намудааст, ки одамонро бахшидан мехоҳад. Ӯ мефаҳмад, ки аз сабаби беитоатии Одам мо низ гунаҳкор шуда мемирем (Рум. 5:12). Ҳеҷ як инсон наметавонист, ки худ ё дигаронро аз лаънати гуноҳ озод кунад (Заб. 49:7–9). Вале азбаски Яҳува Худои меҳрубону дилсӯз аст, ӯ чора андешид, ки моро аз ғуломии гуноҳ озод кунад. Ӯ чӣ кор кард? Мувофиқи Юҳанно 3:16 Яҳува Писари нахустзодаашро фиристод, то ӯ ба ҷойи мо бимирад (Мат. 20:28; Рум. 5:19). Исо ихтиёран баҳри мо ҷонашро қурбон кард, бинобар ин онҳое, ки ба ӯ имон меоранд, аз ҳукми марг халос мешаванд (Ибр. 2:9). Тасаввур кунед, ки марги даҳшатноки Писари азизашро дидан барои Яҳува то чӣ андоза дардовар буд! Агар Яҳува моро бахшидан намехост, ӯ ҳаргиз ба ин роҳ намедод.
7. Дар кадом ду маврид Яҳува нишон дод, ки ӯ бахшанда аст?
7 Дар Китоби Муқаддас бисёр мавридҳое оварда шудаанд, ки Яҳува бо омодагӣ одамонро бахшида буд (Эфс. 4:32). Аз миёни онҳо кӣ пеши назаратон меояд? Шояд шоҳ Менашше. Ин марди бадкирдор зидди Яҳува гуноҳҳои ҷиддӣ карда буд. Масалан, ӯ худоҳои бардурӯғро ибодат мекардагӣ шуд ва дигаронро низ ба ин кор ташвиқ мекард. Инчунин фарзандони худро ба он худоён ба қурбонӣ меовард. Бадкориаш ба дараҷае расид, ки ӯ бутеро ба маъбади муқаддаси Яҳува овард. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «Менашше корҳоеро, ки дар назари Яҳува бад буд, беҳад зиёд карда ӯро ба хашм овард» (2 Воқ. 33:2–7). Баъди ҳамаи ин, вақте Менашше пушаймон шуд, Яҳува бо омодагӣ ӯро бахшид ва ҳатто подшоҳиашро ба ӯ баргардонд (2 Воқ. 33:12, 13). Шумо шояд инчунин дар бораи Довуд фикр кардед. Довуд ғайр аз зинову ба куштор даст задан, зидди Яҳува дигар гуноҳҳои азим карда буд. Аммо баъди он ки ӯ пушаймон шуд ва хатояшро фаҳмид, Яҳува ӯро низ бахшид (2 Подш. 12:9, 10, 13, 14). Хулоса, Яҳува ҳама вақт барои бахшидан тайёр аст. Ҳоло бошад, мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бахшоиши Яҳува аз бахшоиши инсон комилан фарқ мекунад.
БАХШОИШИ ЯҲУВА БЕҲАМТОСТ!
8. Чӣ тавр беҳтарин Довар будани Яҳува бо бахшанда буданаш алоқаманд аст?
8 Яҳува «Довари тамоми замин» аст (1 Мӯсо 18:25). Довари хуб бояд қонунро нағз донад. Яҳува бошад, на танҳо Довари мо мебошад, ӯ инчунин Қонунгузори мо аст (Иш. 33:22). Ҳеҷ кас мисли Яҳува неку бадро хуб фарқ карда наметавонад. Довар боз чиро бояд донад? Ӯ бояд пеш аз қарор баровардан ҳамаи далелҳоро ба назар гирад. Аз ин ҷиҳат низ Яҳува Довари беҳтарин аст, чунки ҳеҷ чиз аз назари ӯ пӯшида намемонад.
9. Вақте Яҳува шахсро бахшиданӣ мешавад, чиро ба назар мегирад?
9 Баръакси доварони инсонӣ, Яҳува кадом вазъиятро аз назар нагузаронад, ҳамаи далелҳо барояш аёнанд (1 Мӯсо 18:20, 21; Заб. 90:8). Ӯ аз одамон дида беҳтар мебинад ва мешунавад. Яҳува мефаҳмад, ки ба рафтори инсон нокомилие, ки ӯ мерос гирифтааст, тарбия, муҳити гирду атрофаш ва ҳолати равонии ӯ таъсир мерасонад. Яҳува инчунин дили моро мебинад. Нияту хоҳишҳои ҳар як инсон ба ӯ маълуманд, ҳеҷ чиз аз назари ӯ пӯшида намемонад (Ибр. 4:13). Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки вақте Яҳува касеро мебахшад, ин маънои онро дорад, ки ӯ вазъиятро ҳаматарафа бар кашидааст.
10. Чаро гуфта метавонем, ки Яҳува ҳамеша аз рӯйи адлу инсоф доварӣ мекунад? (5 Мӯсо 32:4).
10 Яҳува ҳама вақт аз рӯйи адлу инсоф доварӣ мекунад. Ӯ рӯйбинӣ надорад. Ҳеҷ гоҳ зебогӣ, машҳур будан, боигарӣ ва истеъдоди шахсро рӯихотир намекунад (1 Подш. 16:7; Яъқ. 2:1–4). Ба ӯ фишор оварда ё ӯро харида намешавад (2 Воқ. 19:7). Инчунин Яҳува дар асоси эҳсосот қарор қабул намекунад (2 Мӯсо 34:7). Шубҳае нест, ки ӯ Довари беҳтарин аст, зеро ҳама чиз ба ӯ аён мебошад. (5 Мӯсо 32:4-ро хонед.)
11. Бахшоиши Яҳува аз бахшоиши инсон чӣ фарқ дорад?
11 Нависандагони Навиштаҳои Ибронӣ қайд мекунанд, ки бахшоиши Яҳува беҳамто аст. Мувофиқи як маълумотнома дар баъзе мавридҳо онҳо «барои ифодаи бахшоиши Яҳува калимаи махсусеро истифода мебурданд, ки онро танҳо ба Худо муносиб донистан мумкин аст ва дар мавриди бахшоиши инсон он калимаро истифода бурда намешавад». Бале, танҳо Яҳува метавонад гуноҳи одамро пурра бахшад. Мо аз ин чӣ манфиат мегирем?
12, 13. а) Баъд аз бахшоиши Яҳува мо чӣ ҳис мекунем? б) Яҳува ба кадом андоза мебахшад?
12 Вақте мо тан мегирем, ки Яҳува бахшанда аст, «мавсими тароват», яъне оромӣ ва виҷдони покро соҳиб мегардем. Чунин оромиро мо танҳо баъд аз бахшоиши Яҳува ҳис мекунем (Кор. 3:19). Вақте Яҳува моро мебахшад, ӯ муносибаташро бо мо пурра барқарор месозад, тавре ки мо гӯё ҳеҷ гоҳ гуноҳ накарда будем.
13 Баъди бахшидан Яҳува дигар моро барои гуноҳамон айбдор намекунад ва ҷазо намедиҳад (Иш. 43:25; Ирм. 31:34). Дар асл ӯ гуноҳҳоямонро «чи қадаре ки шарқ аз ғарб дур аст», аз мо дур мекунад b (Заб. 103:12). Вақте мо дар бораи бузургии бахшоиши Яҳува фикр мекунем, диламон аз миннатдорӣ ва эҳтиром пур мешавад (Заб. 130:4). Вале киро Яҳува мебахшад?
ЯҲУВА КИРО МЕБАХШАД?
14. Мо аз сархатҳои боло дар бораи бахшоиши Яҳува чиро фаҳмидем?
14 Чи хеле фаҳмидем, бахшоиши Яҳува ба ҷиддӣ будан ё набудани гуноҳи шахс вобаста нест. Мо инчунин фаҳмидем, ки Яҳува чун Довар ва Қонунгузор амал карда қарор мекунад, ки шахсро бахшад ё не. Акнун биёед бинем, ки пеш аз бахшидан Яҳува чиро ба назар мегирад.
15. Мувофиқи Луқо 12:47, 48 пеш аз бахшидан Яҳува чиро ба назар мегирад?
15 Пеш аз бахшидан ё набахшидани шахс Яҳува ба назар мегирад, ки оё ӯ дарк мекард, ки кори нодуруст карда истодааст. Дар ин бора Исо дар Луқо 12:47, 48 гуфтааст. (Оятҳоро хонед.) Аз ин бармеояд, ки, вақте шахс дидаю дониста ба коре даст мезанад, ки ба Яҳува маъқул нест, гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад. Яҳува чунин шахсро метавонад набахшад (Марқ. 3:29; Юҳ. 9:41). Лекин ногуфта намонад, ки боз мавридҳое мешаванд, ки шахс танҳо баъд аз кори кардааш дарк мекунад, ки хато кард. Оё Яҳува дар ин сурат ӯро мебахшад? Бале, биёед фаҳмем, ки ӯ боз ба чӣ аҳамият медиҳад.
16. Пушаймонӣ чӣ маъно дорад ва чаро он барои бахшоиши Яҳуваро ба даст овардан муҳим аст?
16 Яҳува инчунин ба назар мегирад, ки шахс самимона пушаймон аст ё не. Пушаймонӣ чист? Шахсе, ки пушаймон мешавад, фикрронӣ ва рафторашро ислоҳ мекунад. Ӯ аз сабаби он ки нодуруст рафтор кардааст, сад афсӯс мехӯраду зиқ мешавад. Лекин шахси пушаймон на танҳо барои хатояш афсӯс мехӯрад, балки инчунин барои суст шудани муносибаташ бо Яҳува. Чи хеле дар сархатҳои боло дидем, Менашше ва Довуд гуноҳи ҷиддӣ содир карданд, лекин барои самимона пушаймон шуданашон Яҳува онҳоро бахшид (3 Подш. 14:8). Бале, Яҳува танҳо шахсеро мебахшад, ки самимона пушаймон мешавад. Лекин бояд қайд кард, ки танҳо афсӯс хӯрдан кифоя нест. Мо бояд дар амал нишон диҳем, ки тавба кардаем c. Ин боз як чиз аст, ки Яҳува барои моро бахшидан ба назар мегирад.
17. Тағйир ёфтани шахс чиро дар бар мегирад ва чаро барои гуноҳҳои пешинаамонро такрор накардан он муҳим аст? (Ишаъё 55:7).
17 Боз як чизи муҳиме, ки Яҳува ба он диққат медиҳад, ин тағйир ёфтани шахс аст. Яъне шахс бояд ба ҳаёташ дигаргунӣ дарорад. Аз роҳи бадаш гашта мувофиқи хости Яҳува зиндагӣ кунад. (Ишаъё 55:7-ро хонед.) Чунин шахс тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ карда аз фикрронӣ ва рафтори нодурусташ даст мекашад (Рум. 12:2; Эфс. 4:23; Қӯл. 3:7–10). Вале бояд гуфт, ки Яҳува махсусан дар асоси қурбонии Исо моро мебахшад. Маҳз товони Масеҳ аст, ки вақте мо тавба карда ба ҳаётамон дигаргунӣ медарорем, бахшоиши Яҳуваро соҳиб мешавем (1 Юҳ. 1:7).
БОВАРӢ ДОШТА БОШЕД, КИ ЯҲУВА ШУМОРО МЕБАХШАД
18. Мо дар бораи бахшоиши Яҳува чӣ фаҳмидем?
18 Ҳоло бошад, фикрҳои асосии мақоларо такрор мекунем. Яҳува дар олам Бахшандаи бузургтарин мебошад. Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Якум, барои он ки ӯ ҳама вақт тайёр аст, ки бахшад. Дуюм, азбаски Яҳува сиришти моро медонад, ӯ бехато муайян карда метавонад, ки пушаймонии мо самимӣ аст ё не. Сеюм, баъд аз бахшидан Яҳува ҳеҷ гоҳ гуноҳамонро ба рӯямон намекашад. Ба туфайли ин мо ниҳоят виҷдони пок ва розигии ӯро ба даст меорем.
19. Гарчанд мо нокомилему минбаъд низ гуноҳ мекунем, чаро шод буда метавонем?
19 Қобили зикр аст, ки то даме ки мо нокомилем, гуноҳ мекунем. Бо вуҷуди ин суханоне, ки дар китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» саҳифаи 3216 (рус.) омадаанд, моро тасаллӣ мебахшанд: «Азбаски Яҳува Худои пурмеҳр сустиҳои хизматгоронашро ба назар мегирад, онҳо набояд барои хатоҳояшон, ки натиҷаи талхи нокомилии меросгирифта мебошад, як умр азоби виҷдон кашанд (Заб. 103:8–14; 130:3). Баръакс, агар онҳо кӯшиш карда дар роҳи ҳақиқат бимонанд, шодиашонро аз даст намедиҳанд (Флп. 4:4–6; 1 Юҳ. 3:19–22)». Чӣ фикри дилгармкунанда!
20. Мо дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?
20 Мо бениҳоят миннатдор ҳастем, ки дар сурати пушаймон шуданамон Яҳува моро мебахшад. Вале, чӣ тавр мо ба бахшанда будани Яҳува пайравӣ карда метавонем? Бахшоиши Яҳува аз бахшоиши одамон бо чӣ фарқ мекунад ва аз кадом ҷиҳат монандӣ дорад? Чаро донистани ин муҳим аст? Ба ин саволҳо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб мегирем.
СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман
a Яҳува дар Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳоеро, ки аз гуноҳашон самимона пушаймон мешаванд, мебахшад. Бо вуҷуди ин, гоҳ вақт мо шояд худро лоиқи бахшоиши ӯ нашуморем. Дар ин мақола саволи зерин дида баромада мешавад: Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳамеша онҳоеро, ки аз гуноҳашон самимона пушаймон мешаванд, мебахшад?
b Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» боби 26, сарх. 9 (рус.) нигаред.
c МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: «Тавба» ин вақте шахс аз рафтору кирдори пешинааш афсӯс хӯрда тарзи фикррониашро дигар мекунад. Дар натиҷаи пушаймонии самимӣ рафтори кас пурра тағйир меёбад.