Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Чӣ тавр дар давраҳои қадим аввали моҳ ва солро муайян мекарданд?

БАРОИ яҳудиёне, ки дар Замини ваъдашуда зиндагӣ мекарданд, сол бо оғози киштукор сар мешуд, ки он ба моҳҳои сентябр ва октябри имрӯза рост меояд.

Соли тақвими қамарӣ, ки аз 12 моҳ иборат аст (ҳар моҳ аз 29 ё 30 рӯз иборат буд), аз соли тақвими шамсӣ кӯтоҳтар мебошад. Барои мувофиқ гардондани ин тақвимҳо усулҳои гуногунро ба кор мебурданд. Масалан, бо илова кардани рӯз ё ин ки гоҳ вақт, эҳтимол, пеш аз оғози соли навбатӣ, илова намудани моҳ. Ба туфайли чунин усул тақвим бо фаслҳои сол, яъне бо шинондан ва ғунучини ҳосил мувофиқ меояд.

Вале дар замонҳои пайғамбар Мӯсо Яҳува ба халқаш гуфт, ки соли динӣ дар моҳи абиб ё найсон аз фасли баҳор оғоз меёбад (2 Мӯсо 12:2; 13:4). Ҳангоми иде, ки дар ин моҳ ҷашн гирифта мешуд, ҳосили ҷавро меғундоштанд (2 Мӯсо 23:15, 16).

Дар ин хусус диншинос Эмил Шӯрер дар китобаш гуфтааст: «Қоидаи илова кардан ё накардани моҳ душвор набуд: Иди Раҳоӣ, ки ҳангоми моҳтоби пурра дар моҳи найсон (14-уми найсон) ҷашн гирифта мешуд, бояд баъди рӯзи баҳорие меомад, ки давомнокии шабу рӯз баробар буд... Бинобар ин, агар дар охири сол маълум мешуд, ки Иди Раҳоӣ пеш аз баробаршавии шабу рӯз меояд, қабл аз моҳи найсон як моҳ (13-ум) илова мекарданд» («The History of the Jewish People in the Age of Jesus Christ, (175 B.C.–A.D.135)»).

Шоҳидони Яҳува низ аз рӯйи ин усул санаи Шоми ёдбуди Ҳазратро муайян мекунанд, ки инчунин дар фасли баҳор мешавад ва ба 14-уми найсони Тақвими ибронӣ мувофиқ аст. Баъд аз муайян намудани рӯз ҷамоатҳо дар саросари ҷаҳон пешакӣ хабардор карда мешаванд a.

Лекин дар давраҳои қадим яҳудиён чӣ тавр муайян мекарданд, ки як моҳ ба охир расиду моҳи дигар сар шуд? Имрӯз мо ба осонӣ сар шудан ё анҷом ёфтани моҳро аз тақвими чопӣ ё ҳатто аз телефонамон фаҳмида метавонем. Лекин дар он давраҳо ин кор осон набуд.

Дар замонҳои Тӯфон як моҳ аз 30 рӯз иборат буд (1 Мӯсо 7:11, 24; 8:3, 4). Вале баъдтар мувофиқи тақвими яҳудиён як моҳ дигар 30 рӯзро ташкил намедод, зеро яҳудиён ҳисоб кардани моҳи навро дар баробари намоён шудани моҳтоб сар мекарданд. Моҳтоб одатан дар рӯзи 29 ё 30-юми моҳ маълум мешуд.

Боре Довуд ва Юнотон дар бораи моҳ чунин гуфтанд: «Пагоҳ навмоҳ аст» (1 Подш. 20:5, 18). Маълум мешавад, ки дар асри 11-уми пеш аз милод саршавии моҳро пешакӣ муайян мекарданд. Вале, чӣ тавр исроилиён мефаҳмиданд, ки моҳи нав оғоз ёфт? Дар «Мишна» китоби дини яҳудӣ баъзе маълумот оварда мешавад. Дар он гуфта шудааст, ки баъд аз он ки исроилиён аз ғуломии Миср озод шуданд, Шӯрои олии яҳудиён аллакай вуҷуд дошт. Аъзои ин Шӯро дар давоми ҳафт моҳи ҷашнгирии идҳо дар рӯзи 30-юми моҳ ҷамъ меомаданд. Вазифаи онҳо аниқ кардани моҳи навбатӣ буд. Биёед фаҳмем, ки онҳо ин корро чӣ тавр мекарданд.

Дар ҷойҳои баланди Ерусалим мардонеро таъйин мекарданд, ки шабона дар осмон намудор гаштани моҳтобро мушоҳида намоянд. Моҳтобро дидан замон онҳо дарҳол ба Шӯрои Олии яҳудиён хабар мерасонданд. Шӯрои Олӣ бошад, ҳамаи далелҳоро аз назар гузаронда оғози моҳи навро эълон мекард. Вале, агар осмон тираву абрнок мебуд-чӣ? Дар ин сурат аъзои Шӯро моҳи ҷориро 30 рӯз ҳисоб карда оғози моҳи навбатиро эълон мекард.

Дар «Мишна» инчунин фаҳмонда мешавад, ки барои эълон кардани саршавии моҳи нав Шӯрои олии яҳудиён дар кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир буд, оташ дармегиронданд. Ҳамзамон дар дигар баландиҳои қаламрави Исроил оташ даргиронда ин хабарро паҳн мекарданд. Баъдтар инчунин хабаррасонҳо назди халқ фиристода мешуданд. Ҳамин тавр ҳар як қабилаи Исроил аз оғоз ёфтани моҳи нав хабардор мешуд. Ба туфайли ин исроилиён идҳои мавсимиро дар як вақт ҷашн мегирифтанд.

Барои фаҳмидани алоқамандии моҳҳо, идҳо ва фаслҳои соли яҳудиён чорчӯбаи зерин кумак карда метавонад:

a Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз с. 1992, мақолаи «От седера ко спасению» ва ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми майи с. 1978, мақолаи «Вопросы читателей» нигаред.