МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3
Аз ашкрезии Исо дарси ибрат гиред
«Аз чашмони Исо ашк равон шуд» (ЮҲ. 11:35).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
ПЕШГУФТОР *
1–3. Аз сабаби кадом мушкилиҳо мо гиря мекунем?
ШУМО бори охир кай гиря карда будед? Баъзан мо ашки шодӣ мерезем, вале аксар вақт аз дарди дил гиря мекунем. Масалан, вақте шахси наздикамонро аз даст медиҳем. Лорили * ном хоҳар аз Иёлоти Муттаҳида мегӯяд: «Лаҳзаҳое буданд, ки аз сабаби марги духтарам дарди дилам чунон ҷонгудоз мешуд, ки ҳеҷ чиз маро тасаллӣ намебахшид. Ман фикр мекардам, ки захмҳои дилам ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад».
2 Албатта, мо бо дигар сабабҳо низ гиря мекунем. Барои мисол пешраве бо номи Ҳироми аз Ҷопон иқрор мешавад: «Аз сабаби бепарвоии одамон дар хизмат ман сахт зиқ мешавам. Гириста ба Яҳува дуо мегӯям, ки кумак кунад, то касеро ёбам, ки дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат аст».
3 Оё ба шумо ин гуна ҳиссиёт шинос аст? Бисёрамон инро аз сар мегузаронем (1 Пет. 5:9). Албатта, мо мехоҳем «ба Яҳува хурсандона хизмат» кунем, лекин баъзан аз сабаби ғаму андӯҳ, дилшикастагӣ ё вазъиятҳои мушкиле, ки содиқиамон ба Яҳува санҷида мешавад, мо гирякунон хизмати Яҳуваро ба ҷо меорем (Заб. 6:6; 100:2). Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр дар чунин лаҳзаҳо истодагарӣ кардан мумкин аст.
4. Мо дар ин мақола чиро мефаҳмем?
4 Намунаи Исо аз ин ҷиҳат ибратангез мебошад. Баъзан ӯ чунон ба ҳиссиёт дода мешуд, ки аз чашмонаш ашк мерехт (Юҳ. 11:35; Луқ. 19:41; 22:44; Ибр. 5:7). Биёед якчанд мавридро дида бароем ва фикр кунем, ки мо аз ин чӣ дарс мегирем. Инчунин мебинем, ки бо кадом роҳҳо дар вазъиятҳое, ки гиряамон меояд, истодагӣ карда метавонем.
ОБИ ДИДА БАҲРИ ДӮСТОН
5. Аз Юҳанно 11:32–36 мо дар бораи Исо чӣ мефаҳмем?
5 Зимистони соли 32-юми милодӣ дӯсти азизи Исо Лаъзор бемор шуда мемирад (Юҳ. 11:3, 14). Ӯ ду хоҳар дошт: Марям ва Марто. Ин оила барои Исо хеле азиз буд. Хоҳарони Лаъзор аз сабаби марги бародарашон ҷигархун буданд. Якчанд рӯз пас аз марги Лаъзор Исо ба деҳаи онҳо, ба Байт-Ҳинӣ меояд. Вақте Марто фаҳмид, ки Исо омада истодааст, ба пешвозаш шитобид. Тасаввур кунед, то чӣ андоза дили ӯ реш-реш мешуд, вақте гуфт: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд» (Юҳ. 11:21). Каме пас Исо Марям ва одамони гирёнро дида аз чашмонаш «ашк равон шуд». (Юҳанно 11:32–36-ро хонед.)
6. Чаро Исо дар ин маврид гиря кард?
6 Чаро Исо дар ин маврид гиря кард? «Назари амиқ ба Навиштаҳо» мегӯяд: «Марги дӯсти азизаш Лаъзор ва ғаму андӯҳи хоҳарони ӯро дида Исо “оҳи аламноке кашид” ва гиря кард» *. Исо шояд тасаввур мекард, ки Лаъзор ҳангоми бемориаш чӣ қадар азоб мекашид ва эҳсос менамуд, ки умраш ба поён расида истодааст. Инчунин, бешак, Исо дарди ҷонгудози Маряму Марторо дида гирён шуд. Агар шумо дӯсти наздик ё узви оилаатонро аз даст дода бошед, ин ҳиссиёт ба шумо шинос аст. Акнун биёед бинем, ки мо аз ин воқеа кадом се дарсро меомӯзем.
7. Аз оби дидае, ки Исо барои дӯстонаш рехт, мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
7 Яҳува дарди дили моро мефаҳмад. Исо «тасвири дурусту равшани» Падараш буд (Ибр. 1:3). Вақте ӯ гиря кард, нишон дод, ки Яҳува дар чунин лаҳзаҳо чӣ ҳис мекунад (Юҳ. 14:9). Бинобар ин агар шумо шахси наздикатонро аз даст дода бошед, донед, ки Яҳува на танҳо азобатонро мебинад, балки бо шумо ҳамдард аст. Ӯ мехоҳад дили пурхуни шуморо шифо бахшад (Заб. 34:18; 147:3).
8. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо наздикони фавтидаамонро зинда мекунад?
8 Исо мехоҳад наздиконамонро зинда кунад. Андак пеш аз гиря карданаш Исо ба Марто гуфт: «Бародарат зинда мешавад». Марто бошад, ба ин суханони Исо бовар дошт (Юҳ. 11:23–27). Ӯ чун зани боимон нағз медонист, ки якчанд аср пеш пайғамбар Илёс ва Элишоъ одамонро зинда карда буданд (3 Подш. 17:17–24; 4 Подш. 4:32–37). Ҳамзамон, аз афташ, Марто шунида буд, ки Исо низ одамонро зинда кардааст (Луқ. 7:11–15; 8:41, 42, 49–56). Шумо низ боварӣ дошта метавонед, ки наздикони фавтидаатонро ҳатман зинда мебинед. Вақте Исо дарди дили дӯстони мотамзадаашро дид ва онҳоро тасаллӣ бахшида гиря кард, баръало нишон дод, ки ӯ бесаброна мехоҳад гузаштагонро зинда кунад.
9. Аз Исо ибрат гирифта чӣ тавр шумо шахси андӯҳгинро дастгирӣ карда метавонед? Мисол оред.
9 Онҳоеро, ки андӯҳгинанд, дастгирӣ кунед. Исо ҳамроҳи Маряму Марто на танҳо гиря кард, балки онҳоро гӯш карда дилбардорӣ намуд. Мо низ бо ғамзадагон чунин карда метавонем. Бародар Ден, ки аз Австралия ҳасту чун пири ҷамоат хизмат мекунад, ба ёд меорад: «Вақте ҳамсарам аз дунё гузашт ба ман кумак лозим шуд. Бинобар ин бисёр бародарон ҳамроҳи ҳамсарашон вақт ҷудо намуда доим маро гӯш мекарданд. Ман ба онҳо дарди дил мекардам, онҳо бошанд, маро гирён дида дар хиҷолат намешуданд. Ба болои ин, вақте бемадор будам, мошинамро мешустанд, ба ҷоям бозорӣ мекарданд ва ҳатто бароям хӯрок мепухтанд, инчунин ҳамроҳам дуо мегуфтанд. Онҳо воқеан ҳам дӯсте буданд, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Пнм. 17:17).
ОБИ ДИДА БАҲРИ ДИГАРОН
10. Дар Луқо 19:36–40 дар бораи кадом воқеа гап меравад?
10 Исо 9-уми найсони соли 33-юми милодӣ ба Ерусалим меояд. Ҳамин ки ӯ ба шаҳр наздик мешавад, одамон ба пешвозаш баромада ҷомаҳои худро ба сари роҳи ӯ мепартоянд. Халқ бо ин амалаш нишон медиҳад, ки Исоро шоҳи худ эътироф мекунад. Он лаҳзаи воқеан ҳам хурсандиовар буд. (Луқо 19:36–40-ро хонед.) Лекин андак пас воқеае рӯй дод, ки шогирдони Исо тамоман интизор набуданд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Вақте ки Исо ба Ерусалим наздик шуд, ба он назар карда, ба ҳолаш гиря кард». Бале, Исо ашк рехта ояндаи андуҳгини сокинони Ерусалимро пешгӯйӣ намуд (Луқо 19:41–44).
11. Чаро Исо барои мардуми Ерусалим гиря кард?
11 Бо вуҷуди он ки мардуми шаҳр Исоро хуш пазироӣ карданд, ӯ афсӯс хӯрд, ки аксар сокинон хушхабарро нағз қабул намекунанд. Дар натиҷа, Ерусалим валангор мегардад, яҳудиёнро бошад, баъди хароб гаштани шаҳр ба асирӣ мебаранд (Луқо 21:20–24). Мутаассифона, чи хеле ки Исо гуфт, аксар одамон ӯро қабул накарданд. Дар минтақаи шумо одамон ба ҳақиқат чӣ хел муносибат мекунанд? Агар ба хушхабар шумораи ками одамон гӯш диҳанд, шумо аз он ки Исо барои мардуми Ерусалим ашк рехт, чӣ дарс гирифта метавонед? Биёед боз се дарсро аз назар гузаронем.
12. Аз он ки Исо барои дигарон гиря кард, мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
12 Яҳува ба одамон ғамхорӣ мекунад. Оби дидаи Исо ба мо ёдрас мекунад, ки Яҳува дар бораи одамон чӣ сон ғамхорӣ мекунад. Яҳува «нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9). Имрӯз, вақте мо аз таҳти дил кӯшиш мекунем, то хушхабарро ба одамон нақл кунем, нишон медиҳем, ки онҳоро дӯст медорем (Мат. 22:39) *.
13, 14. Чӣ тавр Исо ба одамон раҳмдилӣ нишон дод ва чӣ хел мо ин хислатро инкишоф дода метавонем?
13 Исо дар хизмат фаъол буд. Ӯ аз ҳар имконият истифода бурда одамонро таълим медод ва бо ҳамин муҳаббат зоҳир мекард (Луқ. 19:47, 48). Дили ӯ ба одамон месӯхт. Баъзан чунон мардуми бисёр мехостанд Исоро гӯш кунанд, ки ӯ ва шогирдонаш ҳатто барои хӯрок хӯрдан вақт намеёфтанд (Марқ. 3:20). Исо ҳатто шабона таълим медод. Масалан, боре як мард шаб назди Исо омад, то аз ӯ таълим гирад (Юҳ. 3:1, 2). Сазовори диққат аст, ки аксар одамоне, ки ӯро гӯш мекарданд, оқибат шогирдаш нашуданд. Ба ҳар ҳол ба онҳо пурра шаҳодат дода шуд. Барои ҳамин мо низ имрӯз кӯшиш мекунем, ки ба ҳарчи бештар одамон хушхабарро расонем (Кор. 10:42). Барои ин шояд лозим ояд, ки тарзи мавъиза карданро тағйир диҳем.
14 Агар лозим ояд, тарзи хизмататонро тағйир диҳед. Агар мо дар вақтҳои гуногун хизмат накунем, шояд онҳоеро, ки ба ҳақиқат моиланд, наёбем. Пешрави доимие бо номи Матилда мегӯяд: «Ману шавҳарам кӯшиш мекунем, ки дар вақтҳои гуногун ба минтақаамон равем. Масалан, саҳарӣ дар маҳалҳои корӣ мавъиза мекунем. Рӯзона, вақте одамон берун мебароянд, бо аробачаи адабиётдор хизмат мекунем. Қарибиҳои бегоҳ бошад, хона ба хона мегардем». Хулоса, мо бояд дар вақту соате хизмат кунем, ки одамонро дар хонаашон ёфтан мумкин аст. Агар ин тавр кунем, боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува аз мо розӣ аст.
ОБИ ДИДА БАРОИ ДОҒДОР НАШУДАНИ НОМИ ПАДАР
15. Мувофиқи Луқо 22:39–44 шаби охирини пеш аз марги Исо чӣ рӯй дод?
15 Шаби 14-уми найсони соли 33-и милодӣ Исо барои дилашро ба Яҳува холӣ кардан ба боғи Ҷатсамонӣ меравад. (Луқо 22:39–44-ро хонед.) Дар он лаҳзаи душвори ҳаёташ Исо «бо нолаҳои зиёду ашкрезӣ... зориву илтиҷо» карда ба Яҳува дуо гуфт (Ибр. 5:7). Исо дар бораи чӣ дуо гуфт? Ӯ аз Яҳува қувват пурсид, то содиқ монад ва иродаашро ба ҷо оварда тавонад. Яҳува дарди дили Писари азизашро шунида фариштаашро фиристод, то Исоро қувват бахшад.
16. Ҳангоми дар боғи Ҷатсамонӣ дуо гуфтан Исо аз чӣ дар изтироб буд?
16 Чаро Исо дар боғи Ҷатсамонӣ, ҳангоми дуо гуфтан мегирист? Зеро ӯ хавотир буд, ки одамон ӯро шахсе меҳисобанд, ки ба номи Худо доғ овардааст. Исо инчунин дар ёд дошт, ки кадом уҳдадории муҳим бар гарданаш гузошта шудааст, ӯ бояд номи Яҳуваро муқаддас мегардонд. Бинобар ин агар шумо ба вазъияти душвор дучор шуда содиқиатон ба Яҳува озмуда шавад аз он ки Исо ашк рехт чӣ омӯхта метавонед? Биёед боз се дарсро дида бароем.
17. Аз он ки Яҳува ба дуои самимии Исо ҷавоб дод, мо дар борааш чӣ мефаҳмем?
17 Яҳува ба зориву таваллоятон гӯш медиҳад. Чаро Яҳува ба дуои самимонаи Исо ҷавоб дод? Зеро мақсади асосии Исо ба Падараш содиқ монда, номи ӯро ҷалол додан буд. Агар мо низ бо чунин мақсад аз Яҳува кумак пурсем, ӯ ҳатман ба мададамон мерасад (Заб. 145:18, 19).
18. Чаро Исоро ба дӯсти дилсӯз монанд кардан мумкин?
18 Исо ҳиссиёти шуморо мефаҳмад. Ҳангоми андӯҳгин будан, вақте дӯсти дилсӯз моро тасаллӣ мебахшад, махсусан агар ҳиссиёти мо ба ӯ шинос бошад, мо қувват мегирем. Исо айнан чунин дӯст аст. Ӯ медонад, ки худро заиф ва ба кумак муҳтоҷ ҳис кардан чӣ гуна аст. Бале, Исо сиришти моро медонад, барои ҳамин боварӣ ҳосил мекунад, ки мо «кумаки саридарвақт» ёбем (Ибр. 4:15, 16). Пас, чи хеле ки Исо дар боғи Ҷатсамонӣ кумаки фариштаро қабул кард, мо низ бояд бо омодагӣ дастгирии Яҳуваро қабул кунем, хоҳ ба воситаи адабиёт бошад, хоҳ видеонавор, нутқ, хабаргирии пире ё ягон дӯсти рӯҳан баркамол.
19. Вақте содиқиатон ба Яҳува озмуда шавад, шумо аз куҷо қувват ёфта метавонед? Мисол оред.
19 Ба шумо «осоиштагии Худо» дода мешавад. Чӣ тавр Яҳува моро қувват мебахшад? Вақте дуо мегӯем, ба мо «осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст», дода мешавад (Флп. 4:6, 7). Осоиштагие, ки Яҳува медиҳад, диламонро ором гардонда ақламонро равшан мекунад. Аҳамият диҳед, хоҳаре бо номи Луз дар ин маврид чӣ мегӯяд: «Ман доим бо ҳисси танҳоӣ мубориза мебарам. Аз ин сабаб баъзан ба сарам фикрҳое меоянд, ки гӯё Яҳува маро дӯст намедорад. Дар чунин ҳолатҳо ман дарҳол ба Яҳува рози дил мекунам. Маҳз дуо кумак мекунад, ки ҳиссиётамро идора кунам». Чи хеле ин хоҳар қайд кард, мо ба воситаи дуо осоиштагии Яҳуваро ёфта метавонем.
20. Мо аз он ки Исо ашк мерехт, кадом дарсҳоро омӯхтем?
20 Дар ҳақиқат мавридҳоеро, ки Исо оби дида рехта буд аз назар гузаронда тасаллӣ меёбӣ ва бисёр дарс мегирӣ. Мо аз ин мақола фаҳмидем, ки дӯстони андӯҳгинамонро бояд дастгирӣ намоем ва боварӣ дошта бошем, ки агар шахси наздикамонро аз даст диҳем, Яҳува ва Исо ба мададамон мерасанд. Инчунин фаҳмидем, ки бояд дилсӯзона мавъиза кунем ва таълим диҳем, зеро Яҳува ва Исо меҳрубону дилсӯзанд. Дар асл, тасаллибахш аст донистани он ки Яҳува ва Писари азизаш, Исо, ҳиссиёти моро мефаҳманд, дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ мекунанд ва мехоҳанд ба мо мадад расонанд, то истодагӣ кунем. Пас, биёед то рӯзе, ки Яҳува ваъдаи дилгармкунандаашро иҷро намуда «ҳар ашкро аз чашмони [мо] пок мекунад», аз рӯйи дониши гирифтаамон амал намоем (Ошкор. 21:4).
СУРУДИ 21 Хушбахтанд раҳмдилон!
^ Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзан Исо ба эҳсосот дода шуда, ашк мерехт. Дар ин мақола мо се мавридеро дида мебароем, ки Исо ашк рехта буд ва фикр мекунем, ки аз ин чӣ дарс гирифта метавонем.
^ Баъзе номҳо иваз шуданд.
^ Ба «Понимание Писания», мақолаи «Иисус Христос», сарлавҳаи «Дела и качества», зерсарлавҳаи «Глубокие чувства и теплота» нигаред.
^ Калимаи юноние, ки дар Матто 22:39 «ёр» тарҷума шудааст, на танҳо онҳоеро дар назар дорад, ки дар наздики мо зиндагӣ мекунанд. Он ҳама одамонеро дар назар дорад, ки мо вомехӯрем.
^ ШАРҲИ РАСМ: Исо Марям ва Марторо тасаллӣ бахшид. Мо низ онҳоеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд, қувват бахшида метавонем.
^ ШАРҲИ РАСМ: Исо бо омодагӣ Ниқӯдимусро шабона таълим дод. Мо бояд бо одамон дар вақти барояшон қулай омӯзиш гузаронем.
^ ШАРҲИ РАСМ: Исо ба Яҳува дуо гуфта қувват пурсид, то содиқ монад. Мо низ бояд дар озмоишҳо мисли Исо амал кунем.