Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2

Аз додари Исо ибрат гиред

Аз додари Исо ибрат гиред

«Яъқуб, бандаи Худо ва ғуломи Ҳазратамон Исои Масеҳ» (ЯЪҚ. 1:1).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

ПЕШГУФТОР *

1. Яъқуб дар чӣ гуна оила ба воя расид?

 ЯЪҚУБ, додари Исо, дар оилаи рӯҳан баркамол ба воя расидааст. Волидонаш, Юсуф ва Марям, Яҳуваро аз дилу ҷон дӯст медоштанд ва дар хизматаш ҷадал мекарданд. Боз як баракати Яъқуб дар он буд, ки бародари калониаш ба воя расида Масеҳи ваъдашуда гашт. Узви чунин оила будан барои Яъқуб шарафи бузург буд!

Азбаски Яъқуб бо Исо ба воя расид, ӯро нағз мешинохт (Ба сархати 2 нигаред.)

2. Аз кадом сабабҳо Яъқуб нисбати акааш ҳурмату иззат пайдо карда метавонист?

2 Яъқуб барои ҳурмати акаашро ба ҷо овардан бисёр сабаб дошт (Мат. 13:55). Масалан, Исо аллакай дар 12-солагиаш Навиштаҳоро чунон хуб медонист, ки дар Ерусалим китобдононро қоил кард (Луқ. 2:46, 47). Ҳамчунин, эҳтимол аст, ки Яъқуб дар устохона бо Исо кор мекард ва имконият дошт, ки акаашро хубтар омӯзад. Дар ин хусус Нейтан Нор * одатан чунин мегуфт: «Бо одам кор кунӣ, дар борааш бисёр чизро мефаҳмӣ». Яъқуб боз шоҳиди он буд, ки чӣ тавр «Исо рӯз аз рӯз калон мешуд, хирадаш торафт зиёд мегашт ва ба Худову одамон бештар маъқул мешуд» (Луқ. 2:52). Ҳамаи инро ба назар гирифта фикр мекунӣ, ки Яъқуб дар қатори онҳое буд, ки якум шуда шогирди Исо шуданд. Вале дар асл воқеа дигар хел ранг гирифтааст.

3. Вақте Исо хизматашро сар кард, Яъқуб ба ин чӣ тавр муносибат намуд?

3 Вақте Исо дар замин хизматашро сар кард, Яъқуб дар қатори шогирдонаш набуд (Юҳ. 7:3–5). Эҳтимол, ӯ низ мисли дигар хешовандонаш фикр мекард, ки Исо «девона шудааст» (Марқ. 3:21). Инчунин маълум нест, ки вақте Исоро дар сутуни азобу шиканҷа мехкӯб карданд, Яъқуб дар назди модараш Марям буд ё не (Юҳ. 19:25–27).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Баъдтар Яъқуб ба Исо имон оварда дар ҷамоати масеҳӣ пир таъйин шуд. Дар ин мақола мо фикр мекунем, ки аз кадом ду ҷиҳат ба Яъқуб пайравӣ карда метавонем: 1) чаро мо бояд фурӯтан бошем ва 2) чӣ тавр муаллими бомаҳорат шавем.

МИСЛИ ЯЪҚУБ ФУРӮТАН МОНЕД

Вақте Исо ба Яъқуб намоён шуд, ӯ худро фурӯтан сохт ва аз он лаҳза сар карда содиқона чун шогирди Исо хизмат мекард (Ба сархатҳои 5–7 нигаред.)

5. Чӣ тавр эҳёшавии Исо ба ҳаёти Яъқуб таъсир кард?

5 Яъқуб кай пайрави содиқи Исо шуд? Ҷолиб аст, ки вақте Исо эҳё гашт, «ба Яъқуб, баъд ба ҳамаи расулон» намудор шуд (1 Қӯр. 15:7). Баъд аз ин вохӯрӣ ҳаёти Яъқуб ба куллӣ тағйир ёфт. Чанде пас ӯ дар Ерусалим дар болохона ҳамроҳи расулон интизори рӯҳи муқаддаси ваъдашуда буд (Кор. 1:13, 14). Баъдтар Яъқуб узви ҳайати роҳбарикунандаи асри як таъйин шуд (Кор. 15:6, 13–22; Ғал. 2:9). Андак пеш аз соли 62-и милодӣ бошад, ӯ зери илҳоми Худо ба масеҳиёни тадҳиншуда нома навишт. Имрӯз ҳамаи мо, хоҳ умедамон осмонӣ бошад, хоҳ заминӣ, аз ин нома баҳра бурда метавонем (Яъқ. 1:1). Мувофиқи суханони таърихшинос Юсуф Флавиюс Яъқубро бо фармони саркоҳини яҳудӣ Ҳанониё, писари Ҳонон, ба қатл расонданд. Вале ӯ то дами маргаш ба Яҳува вафодор монд.

6. Яъқуб аз роҳбарони дини он замон чӣ фарқ дошт?

6 Яъқуб фурӯтан буд. Мо инро аз куҷо медонем? Аҳамият диҳед, баъд аз эҳёшавии Исо Яъқуб чӣ тавр амал карду бисёр роҳбарони дин чӣ кор карданд. Вақте Яъқуб дид, ки Исо бешак Писари Худо аст, ӯ фурӯтанона ин ҳақиқатро қабул кард. Коҳинони калон бошанд, Исоро рад намуданд. Мисол, онҳо нағз медонистанд, ки Исо Лаъзорро эҳё карда буд. Бо вуҷуди ин ба ҷойи Исоро чун намояндаи Яҳува қабул кардан, кӯшиш намуданд, ки ҳам ӯву ҳам Лаъзорро дастгир карда кушанд (Юҳ. 11:53; 12:9–11). Баъдтар, вақте Исо худаш эҳё шуд, роҳбарони дин инро аз мардум пинҳон карданӣ шуданд (Мат. 28:11–15). Чаро онҳо Масеҳро қабул накарданд? Зеро мағрурӣ чашмашонро кӯр карда буд.

7. Чаро аз мағрурӣ гурехтан даркор аст?

7 Дарс барои мо: Аз мағрурӣ гурезед, таълимпазир бошед. Чи хеле беморӣ намемонад, ки дил дуруст кор кунад, ҳамин тавр ғурур намегузорад, ки аз рӯйи гуфти Яҳува амал кунем. Фарисиён чунон мағрур буданд, ки ба ҳақиқати раднашаванда чашм пӯшиданд ва Исоро, ки рӯҳи муқаддас доштану Писари Худо буданаш аён буд, рад намуданд (Юҳ. 12:37–40). Ин рафторашон хеле хатарнок буд, зеро онҳо худро аз ҳаёти ҷовидона маҳрум месохтанд (Мат. 23:13, 33). Бинобар ин мо бояд гузорем, ки Каломи Худо ва рӯҳи муқаддасаш моро шакл диҳад, ҳамзамон ба фикрронӣ ва қарорҳоямон таъсир расонад (Яъқ. 3:17). Азбаски Яъқуб шахси фурӯтан буд, бо омодагӣ аз Яҳува таълим мегирифт. Аз ин мақола бармеояд, ки агар Яъқуб фурӯтанӣ намедошт, муаллими бомаҳорат намегашт.

МИСЛИ ЯЪҚУБ НАҒЗ ТАЪЛИМ ДИҲЕД

8. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки муаллими хуб шавем?

8 Яъқуб шахси соҳибмаълумот набуд. Роҳбарони дини он давра бешак Яъқубро мисли Петрусу Юҳанно «мардони нохондаву одӣ» меҳисобиданд (Кор. 4:13). Лекин, вақте китоби навиштаи ӯро мехонӣ, мефаҳмӣ, ки ӯ муаллими бомаҳорат буд. Шояд мо низ мисли Яъқуб соҳибмаълумот набошем, вале бо ёрии рӯҳи муқаддаси Худо ва таълиме, ки дар ташкилоташ мегирем, мо ҳам муаллими хуб шуда метавонем. Биёед бо маҳорати таълимдиҳии Яъқуб наздиктар шинос шуда фикр кунем, ки аз ӯ чӣ дарс гирифта метавонем.

9. Яъқуб ҷамоатро чӣ хел таълим медод?

9 Яъқуб калимаҳои душворро истифода намебурд ва осон мефаҳмонд. Барои ҳамин шунавандагони ӯ мефаҳмиданд, ки аз онҳо чӣ талаб карда мешавад ва чӣ тавр онро ба ҷо оранд. Барои мисол, аҳамият диҳед чӣ тавр Яъқуб фаҳмонд, ки масеҳиён бояд бо омодагӣ ба беадолатӣ тоб оранд ва хафа нашаванд. Ӯ навиштааст: «Мо онҳоеро, ки истодагарӣ мекарданд, хушбахт меҳисобем. Шумо дар бораи истодагарии Айюб шунидаеду медонед, ки чӣ тавр Яҳува ӯро баракат дод, ва фаҳмидед, ки Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст» (Яъқ. 5:11). Чи хеле мебинед, Яъқуб дар асоси Каломи Худо таълим медод. Ӯ ба воситаи Навиштаҳо нишон дод, ки Яҳува ба онҳое, ки мисли Айюб ба ӯ содиқ мемонанд, мукофот медиҳад. Яъқуб калимаҳои болохонадорро истифода намебурд, ӯ мақсадашро сода карда мефаҳмонд.

10. Як роҳи ба таълимдиҳии Яъқуб пайравӣ кардан кадом аст?

10 Дарс барои мо: Бояд одӣ ва дар асоси Каломи Худо таълим диҳем. Мақсади мо нишон додани доноиямон нест, балки фаҳмондани он аст, ки Яҳува чӣ қадар хирад дораду чӣ сон дар бораи одамон ғамхорӣ мекунад (Рум. 11:33). Барои ба ин мақсад расидан мо бояд ҳама вақт дар асоси Каломи Худо таълим диҳем. Масалан, набояд ба омӯзандаамон гӯем, ки дар ин ё он маврид мо ба ҷояш мебудем, чӣ кор мекардем. Беҳтараш ба ӯ кумак кунем, ки дар бораи мисолҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронда фикрронии Яҳуваро дарк намояд. Агар ин тавр кунем, омӯзандаамон мувофиқи чизҳои омӯхтааш амал мекунад, то писанди Яҳува гардад, на ин ки писанди мо.

11. Баъзе бародару хоҳарон дар замонҳои Яъқуб чӣ мушкилӣ доштанд ва ӯ ба онҳо чӣ маслиҳат дод? (Яъқ. 5:13–15).

11 Яъқуб аз ҳоли бародару хоҳарон бохабар буд. Аз номаи Яъқуб маълум мешавад, ки ӯ мушкилии бародару хоҳаронро медонист ва барои ҳалли он дастуроти аниқ медод. Масалан, мушкилии баъзе бародару хоҳарон дар он буд, ки онҳо дастуротро дарҳол ба кор намебурданд (Яъқ. 1:22). Дигарон бошанд, сарватмандонро хушомад мезаданд (Яъқ. 2:1–3). Боз буданд ҳамимононе, ки лаҷоми забонашонро кашида наметавонистанд (Яъқ. 3:8–10). Чи хеле мебинед, он бародару хоҳарон камбудиҳои ҷиддӣ доштанд, лекин Яъқуб аз онҳо умедашро наканд. Ӯ ҳамчунин ба бародару хоҳароне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст буданд, меҳрубонона, вале ҳамзамон рӯйирост маслиҳат медод, ки аз пирони ҷамоат кумак пурсанд. (Яъқуб 5:13–15-ро хонед.)

12. Чӣ хел ҳангоми таълим додан мо некбин буда метавонем?

12 Дарс барои мо: Бояд новобаста ба камбудиҳои дигарон некбин бошем. Ба бисёр касоне, ки омӯзиш мегузаронем, маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба ҷо овардан осон нест (Яъқ. 4:1–4). Барои аз одатҳои бад даст кашида, хислатҳои хубро инкишоф додан вақт лозим аст. Вале аз Яъқуб ибрат гирифта мо бояд далерона ба омӯзандагонамон гӯем, ки аз кадом ҷиҳат ислоҳ шаванд. Инчунин бояд некбин бошем ва шубҳа накунем, ки Яҳува одамони самимиро ба худ ҷалб мекунад ва кумак мерасонад, ки онҳо ба ҳаёташон дигаргунӣ дароранд (Яъқ. 4:10).

13. Яъқуб дар бораи худ чӣ фикр мекард? (Яъқуб 3:2; поварақ).

13 Яъқуб нисбати худ назари дуруст дошт. Ӯ фикр намекард, ки азбаски додари Исо аст ё таъйиноти пуршараф дорад, аз дигар бародару хоҳарон дида волотар мебошад. Ӯ ҳамимононашро «бародарони азизи ман» меномид (Яъқ. 1:16, 19; 2:5). Яъқуб ҳеҷ гоҳ худро шахси комил наметарошид. Баръакс, тан гирифта мегуфт, ки «ҳамаи мо бисёр хато мекунем». (Яъқуб 3:2 ва поварақро хонед.)

14. Чаро мо бояд хатоҳоямонро тан гирем?

14 Дарс барои мо: Бояд фаромӯш накунем, ки ҳамаи мо нокомилем. Мо набояд фикр кунем, ки аз омӯзандагонамон як сару гардан болоем. Чаро? Агар дар пеши омӯзанда вонамуд созем, ки мо ягон камбудӣ надорем, ӯ шояд фикр кунад, ки ҳеҷ гоҳ ба талаботи Худо ҷавобгӯ намешавад. Вале агар ошкоро гӯем, ки баъзан маслиҳатҳои Каломи Худоро ба ҷо овардан ҳатто ба мо осон нест ва фаҳмонем, ки чӣ хел Яҳува ба мадади мо мерасад, омӯзандаамон дарк мекунад, ки ӯ низ хизматгори Яҳува шуда метавонад.

Мисолҳои Яъқуб одӣ, фаҳмо ва таъсирбахш буданд (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Яъқуб чӣ гуна мисолҳо меовард? (Яъқуб 3:2–6, 10–12).

15 Яъқуб ба воситаи мисолҳо ба дили шунавандагон роҳ меёфт. Албатта, дар ин кор ба ӯ рӯҳи муқаддас кумак мекард, лекин ҳамзамон ӯ аз афташ боз дар бораи мисолҳои зиёде, ки Исо ҳангоми таълимдиҳӣ истифода мебурд, мулоҳиза меронд ва маҳорати таълимдиҳиашро сайқал медод. Бинобар ин мисолҳое, ки ӯ дар номаҳояш меорад, одиянд ва маълум аст, ки ба кадом мақсад ӯ ин ё он мисолро меорад. (Яъқуб 3:2–6, 10–12-ро хонед.)

16. Чаро мо бояд мисолҳои таъсирбахшро истифода барем?

16 Дарс барои мо: Бояд мисолҳои таъсирбахш орем. Чунин мисолҳо тасаввуроти касро зинда мегардонанд. Омӯзанда чизҳои таълим гирифтаашро пеши назар меорад. Дар натиҷа ҳақиқатҳои муҳими Каломи Худо дар хотираш нақш мебанданд. Исо дар истифода бурдани мисолҳои мувофиқ усто буд. Яъқуб бошад, аз ин ҷиҳат ба ӯ пайравӣ мекард. Акнун биёед як мисоли Яъқубро гирифта, фикр кунем, ки чаро он таъсирбахш аст.

17. Чаро мисоле, ки дар Яъқуб 1:22–25 оварда шудааст, хеле таъсирнок мебошад?

17 Яъқуб 1:22–25-ро хонед. Мисоли Яъқуб дар бораи оина аз якчанд сабаб таъсирбахш аст. Яъқуб ин мисолро бо мақсади аниқ овард, ӯ гуфтанӣ буд, ки барои аз Каломи Худо манфиат гирифтан танҳо хондани он кифоя нест, мо бояд аз рӯйи чизҳои хондаамон амал кунем. Вақте Яъқуб ин мисолро овард, шунавандагонаш дарҳол ба маънои он сарфаҳм рафтанд. Онҳо шахсеро, ки ба оина менигарад, ба осонӣ пеши назар оварда метавонистанд. Хуб, Яъқуб бо кадом мақсад ин мисолро овард? Ӯ гуфтанӣ буд, ки агар кас дар оина камбудиашро бинаду ягон чора наандешад, ин беақлист. Ба ин монанд, агар мо Каломи Худоро хонда фаҳмем, ки аз ягон ҷиҳат бояд ислоҳ шавем, вале бо вуҷуди ин чорае наандешем, ин аз рӯйи хирад нест.

18. Ҳангоми мисол овардан мо бояд ба кадом се ҷиҳат аҳамият диҳем?

18 Вақте мисол меоред, аз Яъқуб ибрат гирифта ба ҷиҳатҳои зерин диққат кунед: 1) Боварӣ ҳосил кунед, ки мисолатон барои фаҳмондани мавзӯъ кумак мекунад. 2) Мисолҳое оред, ки осонфаҳманд ва 3) равшан созед, ки бо кадом мақсад ин мисолро овардед. Агар бароятон мисоли мувофиқ овардан душвор бошад, ба «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) нигаред. Дар бахши «Мисолҳо» барои истифодаи мо ҳар гуна мисолҳо оварда шудаанд. Бояд гуфт, ки мисолҳоро аз як ҷиҳат ба баландгӯяк монанд кардан мумкин аст, онҳо мақсади асосиро ба шахс маълумтар месозанд. Кӯшиш кунед, ки танҳо вобаста ба фикрҳои асосӣ мисол оред. Хулосаи гап, мақсади беҳтар гардондани маҳорати таълимдиҳиамон ба худ диққат ҷалб кардан нест. Мо мехоҳем ба шумораи ҳарчи бештари одамон кумак кунем, то ки аъзои оилаи хушбахти Яҳува шаванд.

19. Мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки бародару хоҳаронро дӯст медорем?

19 Албатта, мо мисли Яъқуб бародари комил надорем. Лекин имконият дорем, ки ба Яҳува ҳамроҳи бародару хоҳаронамон чун як оилаи бузург хизмат кунем. Ҳангоми бо бародару хоҳарон вақт гузарондан, аз онҳо таълим гирифтан ва якдилона дар хизмат иштирок карда шогирд сохтан мо муҳаббатамонро ба онҳо нишон медиҳем. Инчунин вақте дар рафтору кирдор ва усулҳои таълимдиҳии худ ба Яъқуб пайравӣ мекунем, Яҳуваро ҷалол медиҳем ва ба одамони самимӣ кумак мерасонем, ки ба Падари осмониамон наздик шаванд.

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

^ Исо ва Яъқуб акаву додар буданд. Барои ҳамин Яъқуб писари Худоро аз дигарон дида нағзтар медонист. Дар ин мақола мо мебинем, ки аз ҳаёт ва тарзи таълимдиҳии ин бародари хурдии Исо, ки дар ҷамоати масеҳиёни асри як роҳбариро ба уҳда гирифт, чӣ дарс мегирем.

^ Нейтан Норр узви Ҳайати роҳбарикунанда буд. Ҳаёти заминии ӯ соли 1977 ба охир расид.

^ ШАРҲИ РАСМ: Яъқуб мисоли оташро оварда нишон дод, ки агар лаҷоми забонамонро накашем, ин хеле хатарнок аст. Шунавандагони ӯ ин мисолро нағз мефаҳмиданд.