Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

«Фурсатро ғанимат донед»

«Фурсатро ғанимат донед»

«Бодиққат бошед, ки на чун бехирадон, балки чун хирадмандон рафтор кунед, ва фурсатро ғанимат донед» (ЭФС. 5:15, 16).

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

ПЕШГУФТОР *

1. Чӣ хел мо бо Яҳува вақт гузаронда метавонем?

 БО ОНҲОЕ, ки бароямон азизанд, вақт гузарондан ба мо маъқул аст. Масалан, зану шавҳар бегоҳиҳо дар як муҳити ором якҷоя вақт гузаронда хеле хурсанд мешаванд. Ба ҷавонон бошад, бо дӯстонашон вақт гузарондан маъқул. Мо ҳамчунин лаҳзаҳоеро, ки бо ҳамимононамон мегузаронем, қадр менамоем. Вале аз ҳама муҳимаш он аст, ки бо Яҳува вақт гузарондан ба кас хурсандии зиёд меорад. Бале, вақте мо дуо мегӯем, Китоби Муқаддас мехонем ва дар бораи нияту хислатҳои беҳамтои Яҳува мулоҳиза меронем, ба маъное бо ӯ вақт мегузаронем. Дарвоқеъ бо Яҳува вақт гузарондан имконияти олиҷаноб аст (Заб. 139:17).

2. Мо бо чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем?

2 Бояд гуфт, ки бо Яҳува вақт гузарондан на ҳама вақт осон аст. Азбаски имрӯзҳо ҳаёти мо дар ҷӯшу хурӯш аст, бо корҳои рӯҳонӣ машғул будан бароямон мушкил буда метавонад. Кору бор уҳдадориҳои оилавӣ ва дигар корҳои рӯзғор баъзан чунон вақту қувватамонро мегирад, ки мо барои дуо гуфтан, омӯзиш кардан ва мулоҳиза рондан тамоман вақт намеёбем.

3. Ба вақти мо кадом хатари ноаён таҳдид мекунад?

3 Боз як чизи дигаре ҳаст, ки ноаён вақти моро гирифта метавонад. Агар эҳтиёт нашавем, корҳое, ки албатта нодуруст нестанд, вақтеро, ки мо барои бо Яҳува наздик шудан сарф карда метавонистем, дуздида метавонанд. Масалан, вақтхуширо мегирем. Як-як вақтхушӣ кардан ба ҳамаи мо фоида меорад. Ҳамзамон чунин шуданаш мумкин аст, ки он вақтамонро то дараҷае мегирад, ки барои корҳои рӯҳонӣ қариб ки вақт намемонад. Барои ҳамин мо набояд фаромӯш кунем, ки вақтхушӣ дар ҳаёт аз ҳама чизи муҳим нест (Пнм. 25:27; 1 Тим. 4:8).

4. Мо аз ин мақола чӣ мефаҳмем

4 Дар ин мақола мо мебинем, ки чаро бояд чизҳоеро, ки дар ҳаётамон аҳамияти бештар доранд, дар ҷойи аввал монем. Инчунин дида мебароем, ки чӣ тавр вақтамонро бо Яҳува ба таври беҳтарин гузаронем ва аз кадом ҷиҳат хирадмандона истифода бурдани вақт бар манфиати мост.

ҚАРОРҲОИ БОХИРАДОНА БАРОРЕД; ЧИЗҲОИ МУҲИМРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ГУЗОРЕД

5. Чӣ тавр Эфсӯсиён 5:15–17 ба ҷавонон кумак карда метавонад, ки роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб кунанд?

5 Роҳи беҳтаринро интихоб кунед. Ҷавонон аксар вақт донистан мехоҳанд, ки чӣ хел вақташонро ба таври беҳтарин гузаронанд. Аз як тараф дар мактаб ё ягон узви оила ба онҳо маслиҳат дода метавонад, ки маълумоти олӣ гиранд, то дар оянда соҳиби кори сердаромад шаванд. Ин роҳи ҳаёт одатан вақту қуввати зиёдро мегирад. Аз тарафи дигар волидон ва дӯстон дар ҷамоат ба ҷавонон маслиҳат дода метавонанд, ки ҳаёташонро ба хизмати Яҳува бахшанд. Пас, чӣ ба ҷавоне, ки Яҳуваро дӯст медорад, кумак мекунад, ки қарори дуруст барорад? Мулоҳиза оиди гуфтаҳои Эфсӯсиён 5:15–17. (Оятҳоро хонед.) Баъд аз хондани ин оятҳо ҷавонон аз худ пурсида метавонанд: «Хости Яҳува чӣ аст? Кадом қарорам ба ӯ маъқул мешавад? Кадом роҳи ҳаёт кумак мекунад, ки фурсатро ғанимат донам?» Фаромӯш накунед, ки «ин рӯзҳо баданд» ва тартиботе, ки зери итоати Шайтон аст, ба наздикӣ нест мешавад. Барои ҳамин агар мо вақтамонро барои хурсанд кардани Яҳува истифода барем, чун шахси бофаросат амал мекунем.

6. Марям чиро интихоб кард ва чаро интихоби ӯ хирадмандона буд?

6 Чизҳои муҳимро дар ҷойи аввал гузоред. Баъзан барои фурсатро ғанимат донистан ба мо лозим меояд, ки аз ду чизе, ки дар асл нодуруст нестанд, бояд яктояшро интихоб кунем. Барои фаҳмидани ин фикр воқеаеро ба ёд меорем, ки Исо ба хонаи Марям ва Марто меҳмонӣ омада буд. Хурсанд аз он ки Исо меҳмони ӯ мешавад, Мартои меҳмондӯст дастархони пурнозу неъмат ороста Исоро меҳмондорӣ карданӣ шуд. Марям бошад, аз фурсат истифода бурда дар назди Сарвараш нишасту ба таълими ӯ гӯш андохт. Албатта, коре, ки Марто кард, нодуруст набуд, вале Марям «чизи беҳтарро интихоб кард» (Луқ. 10:38–42). Қобили зикр аст, ки бо гузашти вақт Марям шояд фаромӯш кард, ки он рӯз дар сари суфра чӣ гузошта шуда буд, вале, бешак, суханони Исо дар ақлу дилаш нақш баста буданд. Бинобар ин чи хеле Марям вақти омадани Исоро ба хонаашон қадр мекард, мо низ имконияти бо Яҳува вақт гузаронданро қадр мекунем. Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр мо ин вақтро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонем.

БО ЯҲУВА САМАРАНОК ВАҚТ ГУЗАРОНЕД

7. Чаро дуо, омӯзиш ва мулоҳиза рондан аҳамияти калон дорад?

7 Фаромӯш накунед, ки дуо, омӯзиш ва мулоҳизаронӣ қисми ибодатамон мебошанд. Дуо гуфта мо бо Падари осмониамон, ки моро хеле дӯст медорад, муошират мекунем (Заб. 5:7). Вақте Китоби Муқаддасро меомӯзем, «дониши Худоро» мегирем, ки сарчашмаи хирад аст (Пнм. 2:1–5). Дар бораи Яҳува дониш гирифта мулоҳиза рондан бошад, кумак мекунад, ки хислатҳои беҳамтои ӯро пеши назар орем ва ба ёд биёрем, ки ӯ нисбати мо ва тамоми одамизод чӣ гуна нияти олиҷаноб дорад. Магар ин роҳи беҳтарини истифода бурдани вақт нест? Вале чӣ ба мо кумак мекунад, ки вақтро маҳз ҳамин тавр истифода барем?

Барои омӯзиши шахсӣ гузарондан ягон ҷойи ором ёбед (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8. Мо аз он ки чӣ тавр Исо дар биёбон вақташро гузаронд, чӣ дарс гирифта метавонем?

8 Агар имкон бошад ягон ҷойи ором ёбед. Ба намунаи Исо рӯ меорем. Пеш аз он ки ба хизмати заминиаш шурӯъ кунад, Исо 40 рӯзро дар биёбон гузаронд (Луқ. 4:1, 2). Дар чунин ҷойи ором ӯ ба Яҳува дуо гуфта мулоҳиза ронда метавонист, ки Яҳува дар бораи ӯ чӣ ният дорад. Шубҳае нест, ки ин тавр карда Исо худро ба озмоишҳое, ки дар пеш буданд, омода сохт. Шумо аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонед? Агар оилаатон калон бошад, эҳтимол, бароятон дар хона ҷойи ором ёфтан на ҳама вақт осон аст. Дар ин сурат шояд дар берун ягон ҷойи мувофиқ ёфт шавад. Барои дуо гуфта бо Яҳува вақт гузарондан хоҳарамон Ҷулия маҳз ҳамин тавр мекунад. Ӯ ва ҳамсараш дар Фаронса хонаи хеле хурд доранд. Бинобар ин барояш ҷойи хилват ёфтан осон нест. Ӯ мегӯяд: «Барои ҳамин ман ҳар рӯз ба боғ сайругашт меравам. Дар он ҷо дар танҳоӣ хотирамро ҷамъ карда, бо Яҳува бемалол гап мезанам».

9. Ба серкориаш нигоҳ накарда чӣ тавр Исо нишон дод, ки муносибаташро бо Яҳува қадр мекунад?

9 Исо одами серкор буд. Дар хизмат ӯро одамони бисёре ҳамроҳӣ мекарданд ва ҳар як кас мехост, ки Исо ба ӯ вақт ҷудо кунад. Боре «мардуми шаҳр дар назди дари хона ҷамъ шуданд», то ӯро бубинанд. Новобаста ба ин Исо доим барои дуо гуфтан вақт ҷудо мекард. Саҳарии барвақт ӯ «ба ҷойи беодаме» рафта, дар танҳоӣ бо Падараш вақт мегузаронд (Марқ. 1:32–35).

10, 11. Мувофиқи Матто 26:40, 41 Исо ба шогирдонаш дар боғи Ҷатсамонӣ чӣ гуфт, вале чӣ рӯй дод?

10 Шаби охирини ҳаёти заминиаш, вақте хизматаш ба охир расид, Исо боз ҷойи ороме ҷуст, то мулоҳиза ронда дуо гӯяд. Ҳамин тавр ӯ ба боғи Ҷатсамонӣ омад (Мат. 26:36). Он шаб Исо ба шогирдонаш дар бораи дуо гуфтан маслиҳати муҳим дод.

11 Вақте онҳо ба боғи Ҷатсамонӣ омаданд, вақт, эҳтимол, аз нисфи шаб ҳам гузашта буд. Исо ба шогирдонаш «бедор бошед» гуфта дуогӯйӣ рафт (Мат. 26:37–39). Вале, вақте ӯ дуо мегуфт, шогирдонашро хоб бурд. Вақте Исо омада дид, ки онҳо хоб рафтаанд, боз ба онҳо гуфт: «Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед». (Матто 26:40, 41-ро хонед.) Албатта, Исо медонист, ки онҳо сахт монда шудаанд, барои ҳамин меҳрубонона ба онҳо гуфт, ки «ҷисм нотавон» аст. Бо вуҷуди ин баъди ду маротиба огоҳ кардани шогирдонаш Исо омада дид, ки онҳо ба ҷойи дуо гуфтан боз хоб рафтаанд (Мат. 26:42–45).

Вақте дуо гӯед, ки он қадар монда нестед (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Баъзан агар барои дуо гуфтан мадор надошта бошем, чӣ кор карда метавонем?

12 Вақти мувофиқро интихоб кунед. Баъзан барои дуо гуфтан мо мадор надорем. Агар ин ҳолат бароятон шинос бошад, шумо танҳо нестед. Шумо дар ин гуна вазъият чӣ кор карда метавонед? Онҳое, ки одатан пеш аз хоб рафтан дуо мегуфтанд, пай бурданд, ки хубаш бегоҳӣ, вақте ки на он қадар мондаанд, дуо мегӯянд. Дигарон бошанд, аҳамият доданд, ки хотирҷамъии онҳо дар вақти дуо ба чӣ тавр дуо гуфтанашон вобаста аст. Масалан, рост истода ё зону зада дуо гуфтан. Вале чӣ агар шумо аз сабаби ташвишу хавотирӣ ё дилшикастагӣ дуо гуфта натавонед? Ба Яҳува дилатонро холӣ кунед. Боварӣ дошта бошед, Падари дилсӯзамон шуморо мефаҳмад (Заб. 139:4).

Ҳангоми вохӯриҳо ба паёмакҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва смсҳо ҷавоб надиҳед (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)

13. Чӣ тавр таҷҳизоти электронӣ ба дуо, омӯзиш ва мулоҳизаронӣ халал расонда метавонад?

13 Ҳангоми омӯзиш диққататонро ҷамъ кунед. Дуо ин ягона роҳе нест, ки мо пайванди дӯстиамонро бо Яҳува мустаҳкам карда метавонем. Омӯзиши Китоби Муқаддас ва вохӯриҳо инчунин моро ба Худо наздик мекунанд. Пас, барои беҳтар истифода бурдани вақте ки ҳангоми омӯзиш ё вохӯриҳо сарф мекунед, чӣ кор карда метавонед? Аз худ пурсед: «Чӣ ҳуши маро дар вохӯриҳои ҷамоат ё ҳангоми омӯзиш парешон мегардонад?» Шояд ин занги телефонӣ, паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё смс бошад? Имрӯзҳо миллиардҳо одамон аз ин чизҳои фоиданок истифода мебаранд. Вале ба ақидаи баъзе мутахассисон телефоне, ки дар паҳлӯямон истодааст, диққатамонро парешон карда метавонад. Дар ин хусус профессори соҳаи равоншиносӣ мегӯяд: «Шахс диққаташро ба коре, ки мекунад, ҷалб карда наметавонад, зеро ҳушу ёдаш дар дигар ҷо аст». Масалан, пеш аз саршавии анҷумани ноҳиявӣ ё минтақавӣ аз мо одатан хоҳиш мекунанд, ки таҷҳизотамонро ба ҳолате гузаронем, ки ба дигарон халал нарасонад. Хуб мебуд ин маслиҳатро инчунин ҳангоми дуо гуфтан, омӯзиш ва мулоҳизаронӣ ба кор барем, то ҳеҷ чиз ҳангоми бо Яҳува вақт гузарондан ба мо халал нарасонад.

14. Мувофиқи Филиппиён 4:6, 7 чӣ тавр Яҳува ба мо кумак карда метавонад, то диққатамонро ҷамъ кунем?

14 Аз Яҳува мадад пурсед. Агар пай баред, ки дар вақти омӯзиш ва вохӯриҳо ҳушатон парешон шуда истодааст, аз Яҳува кумак пурсед. Албатта, агар хавотир ё ошуфта бошед, ба корҳои рӯҳонӣ диққат кардан осон намешавад, вале ин хеле муҳим аст. Лекин донед, ки дар чунин маврид хотирҷамъӣ хеле муҳим аст. Аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, то ба «ақлу дил»-атон осоиштагӣ бахшад. (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.)

БО ЯҲУВА ВАҚТ ГУЗАРОНДАН БАР МАНИФАТИ МОСТ

15. Бо Яҳува вақт гузарондан ба кас чӣ манфиат меорад?

15 Агар вақт ҷудо карда бо Яҳува гап занед, ба ӯ гӯш диҳед ва дар борааш фикр кунед, манфиати зиёд мегиред. Чӣ тавр? Якум, шумо қарорҳои хуб мебароред. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ» (Пнм. 13:20). Барои ҳамин, агар бо сарчашмаи хирад, яъне бо Яҳува вақт гузаронед, бешак хирадманд мешавед. Беҳтар мефаҳмед, ки чӣ тавр розигиашро ба даст овардан мумкин аст ва чӣ хел аз қарорҳое, ки дили ӯро меранҷонанд, даргурез бошед.

16. Чӣ тавр бо Яҳува вақт гузарондан қобилияти таълимдиҳиамонро беҳтар гардонда метавонад?

16 Дуюм, қобилияти таълимдиҳиатон беҳтар мегардад. Вақте мо бо касе омӯзиш мекунем, мақсади аввалиндараҷаамон ин аст, ки омӯзанда ба Яҳува наздик шавад. Чи қадаре ки мо бо Падари осмониамон бештар муошират кунем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба ӯ зиёд мегардад. Дар натиҷа, мо омӯзандаи худро беҳтар таълим дода метавонем, то дар дилаш ба Яҳува меҳр пайдо шавад. Дар бораи намунаи Исо фикр кунед. Ӯ дар бораи Падараш бо як муҳаббати хоса ба шогирдони вафодораш нақл мекард. Маҳз барои ҳамин ниҳоят дар дили онҳо нисбати Яҳува меҳр пайдо шуд (Юҳ. 17:25, 26).

17. Чӣ тавр дуо ва омӯзиш имони моро қавитар гардонда метавонад?

17 Сеюм, имонатон бақувваттар мегардад. Аҳамият диҳед, вақте шумо аз Яҳува тасаллӣ, роҳнамоӣ ё дастгирӣ мепурсед, чӣ рӯй медиҳад. Ҳар боре ки Яҳува ба дуоятон ҷавоб медиҳад, имонатон ба ӯ зиёдтар мегардад (1 Юҳ. 5:15). Боз чӣ имонатонро қавитар гардонда метавонад? Омӯзиши шахсӣ. Охир «имон аз шунидани калом пайдо мешавад» (Рум. 10:17). Вале ногуфта намонад, ки барои устувор кардани имонамон танҳо дониш гирифтан кифоя нест. Биёед фаҳмем, ки боз чӣ дар талаб аст?

18. Фаҳмонед, ки чаро мулоҳиза рондан муҳим аст.

18 Инчунин мо бояд дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем. Аз ин ҷиҳат нависандаи Забур боби 77 намунаи ибрат аст. Ӯ дилшикаста буд, ки Яҳува аз халқи Исроил рӯ гардондааст. Ташвишу хавотириаш чунон сахт буд, ки бехобӣ мекашид (Оятҳои 2–8). Бинед барои хотирҷамъ шудан ӯ чӣ кор кард? Забурнавис ба Яҳува гуфт: «Дар бораи тамоми амалҳоят меандешам, дар бораи рафторат фикру хаёл мекунам» (Ояти 12). Бешак ин нависанда нағз медонист, ки Яҳува дар гузашта барои халқаш чӣ кор кардааст. Вале ҳамзамон ҳайрон шуда мегуфт: «Оё Худо фаромӯш кардааст, ки ба мо лутф кунад ва ё ба сабаби хашмаш раҳмаш барҳам хӯрдааст?» (Ояти 9). Чи хеле мебинед, ӯ дар бораи рафтори Яҳува андеша мекард, мулоҳиза меронд, ки Яҳува дар гузашта ба халқаш раҳму шавкат нишон медод (Ояти 11). Хуб, ин мулоҳизарониаш чӣ натиҷа овард? Ӯ боварӣ ҳосил кард, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ халқашро тарк намекунад (Ояти 15). Ба ин монанд, имони шумо низ қавитар мегардад, агар мулоҳиза ронед, ки Яҳува барои халқаш аллакай чӣ кор кардааст ва чӣ тавр шахсан шуморо дастгирӣ мекунад.

19. Бо Яҳува вақт гузаронда мо боз чӣ манфиат мегирем?

19 Чорум, муҳаббататон ба Яҳува зиёдтар мешавад. Муҳаббат назар ба дигар хислатҳо бештар ба шумо кумак мекунад, то ба Яҳува гӯш диҳед, ҳама вақт розигиашро ба даст оред ва дар ҳар гуна озмоишҳо истодагӣ намоед (Мат. 22:37–39; 1 Қӯр. 13:4, 7; 1 Юҳ. 5:3). Ҳеҷ чиз назар ба муносибати наздик бо Яҳува пурарзиштар буда наметавонад (Заб. 63:1–8).

20. Шумо барои бо Яҳува вақт гузарондан чӣ кор мекунед?

20 Дар ёд доред, ки дуо, омӯзиш ва мулоҳизаронӣ қисми ибодатамон мебошанд. Мисли Исо ягон ҷойи ором ёфта, бо Яҳува вақт гузаронед. Чизҳоеро, ки ҳушатонро парешон месозанд, аз худ дур кунед. Ҳангоми ибодати Яҳува аз ӯ мадад пурсед, то диққататонро ҷамъ карда тавонед. Агар аллакай имрӯз фурсатро ғанимат донед, Яҳува шуморо баракат медиҳад ва дар дунёи нав то абад зиндагӣ хоҳед кард (Марқ. 4:24).

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

^ Яҳува Дӯсти беҳтарини мо аст. Мо ин дӯстиро хеле қадр мекунем ва мехоҳем ӯро беҳтар шиносем. Барои касеро хубтар шинохтан вақт лозим аст. Барои бо Яҳува низ муносибати наздикро инкишоф додан вақт даркор. Пас, чӣ тавр дар ин рӯзҳое, ки серташвишанд, вақт ҷудо карда ба Падари осмониамон наздиктар шавем? Агар ин тавр кунем чӣ манфиат мегирем?