Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4

Чаро мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?

Чаро мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?

«Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (ЛУҚ. 22:19).

СУРУДИ 148 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Мо наздикони фавтидаамонро хусусан кай ба ёд меорем? б) Исо шаби пеш аз маргаш кадом маросимро ҷорӣ кард?

 НОВОБАСТА ба он ки аз вафот кардани наздиконамон чанд сол гузаштааст, онҳо дар ёди моянд. Мо онҳоро махсусан дар рӯзи ёдбудашон ба хотир меорем.

2 Ҳар сол миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон ба ёдбуди шахсе ҷамъ меоянд, ки бароямон беҳад азиз аст. Мо дар ин маросим ҷамъ шуда шахсеро ба ёд меорем, ки барои аз гуноҳу марг наҷот додани мо ҷонашро фидо кард (Мат. 20:28). Ин шахс Исои Масеҳ мебошад (1 Пет. 1:8). Худи Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки рӯзи маргашро ба ёд оранд. Шаби пеш аз маргаш ӯ маросими махсусеро ҷорӣ карда гуфт: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (Луқ. 22:19).

3. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мегардад?

3 Шумораи ками онҳое, ки ба маросими Ёдбуди марги Масеҳ меоянд, умеди осмонӣ доранд. Дар қатори онҳо инчунин миллионҳо одамоне ҷамъ мешаванд, ки умедашон заминӣ аст. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки бо кадом сабабҳо ин ду гурӯҳи одамон ҳар сол дар Шоми ёдбуд иштирок мекунанд. Инчунин фикр мекунем, ки мо аз иштирок дар ин маросим чӣ фоида мегирем. Биёед дар аввал фаҳмем, ки чаро тадҳиншудагон дар ин маросим иштирок мекунанд.

ЧАРО ТАДҲИНШУДАГОН ИШТИРОК МЕКУНАНД?

4. Чаро тадҳиншудагон нону шаробро истеъмол карда метавонанд?

4 Ҳар сол тадҳиншудагон дар маросими Шоми ёдбуд аз шароб ва нон истеъмол мекунанд. Оё онҳо ба ин ҳақ доранд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед фаҳмем, ки шаби пеш аз марги Исо чӣ рӯй дода буд. Баъди хӯрдани хӯроки Иди Раҳоӣ Исо хӯроки шоми Ҳазратро ҷорӣ кард. Ӯ нон ва шаробро ба 11 расули содиқаш дароз карда гуфт, ки онро хӯранд ва нӯшанд. Сипас ба онҳо дар бораи ду аҳд, яъне аҳди нав ва аҳди Подшоҳӣ гуфт * (Луқ. 22:19, 20, 28–30). Ба туфайли ин ду аҳд расулон ва шумораи ками дигар одамон имкон пайдо карданд, ки дар осмон чун подшоҳон ва коҳинон хизмат кунанд (Ошкор. 5:10; 14:1). Бинобар ин танҳо бақияи тадҳиншудагон *, ки дар ин ду аҳд дохил мешаванд, аз нону шароб истеъмол карда метавонанд.

5. Тадҳиншудагон дар бораи умедашон чиро медонанд?

5 Боз як сабабе, ки тадҳиншудагон дар Шоми ёдбуд иштирок мекунанд, ин аст, ки онҳо дар ин маросим дар бораи умедашон андеша карда метавонанд. Яҳува ба онҳо умеди олиҷанобе додааст. Онҳо дар осмон баробари Исои ҷалолёфта ва боқимондаи 144 000 тадҳиншудагон ҳаёти намиранда ва нобуднашаванда хоҳанд дошт. Илова бар ин, онҳо Яҳува Худоро бо чашмони худ мебинанд (1 Қӯр. 15:51–53; 1 Юҳ. 3:2). Тадҳиншудагон медонанд, ки ҳамаи ин баракатҳоро дар осмон соҳиб мегарданд, вале пеш аз ба осмон рафтан онҳо бояд то дами маргашон содиқ монанд (2 Тим. 4:7, 8). Бешубҳа, дар бораи ин умедашон мулоҳиза ронда онҳо хеле шод мегарданд (Тит. 2:13). Акнун биёед ба «гӯсфандони дигар» гузарем (Юҳ. 10:16). Бо кадом сабабҳо онҳо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунанд?

ЧАРО ГӮСФАНДОНИ ДИГАР ИШТИРОК МЕКУНАНД?

6. Чаро гӯсфандони дигар низ дар Шоми ёдбуд иштирок мекунанд?

6 Гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд аз нону шароб истеъмол намекунанд, балки мушоҳидагаранд. Аввалин бор онҳое, ки умеди заминӣ доранд, ба Шоми ёдбуд расман соли 1938 таклиф шуданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми марти соли 1938 (англ.) гуфта мешавад: «Хуб мебуд, агар [гӯсфандони дигар] ба Шоми ёдбуд таклиф шуда медиданд, ки он чӣ тавр мегузарад... Вақти он расидааст, ки онҳо низ аз ин маросим баҳра баранд». Бале, чи тавре ки меҳмонон тӯйро тамошо карда ҳаловат мебаранд, гӯсфандони дигар низ маросими Шоми ёдбудро мушоҳида карда хурсандӣ мегиранд.

7. Чаро гӯсфандони дигар нутқи Шоми ёдбудро бесаброна интизор мешаванд?

7 Гӯсфандони дигар низ дар ин маросим оиди умедашон мулоҳиза ронда метавонанд. Онҳо бесаброна нутқи Шоми ёдбудро интизор мешаванд. Дар ин суханронӣ гап асосан дар бораи он меравад, ки чӣ тавр Масеҳ ва 144 000 подшоҳон тӯли подшоҳии ҳазорсола барои одамони бовафо чӣ кор мекунанд. Зери роҳбарии Шоҳ Исои Масеҳ ин ҳокимони осмонӣ заминро ба биҳишт табдил дода, одамони итоаткорро ба комилият мерасонанд. Инчунин дар бораи иҷрошавии пешгӯйиҳо аз китоби Ишаъё 35:5, 6; 65:21–23 ва Ошкорсозӣ 21:3, 4 фикр карда, миллионҳо мушоҳидагарони Шоми ёдбуд ба ҳайрат меоянд. Вақте онҳо тасаввур мекунанд, ки чӣ тавр наздиконашонро дар дунёи нав вомехӯранд, умедашон ба оянда устувор мегардад ва бо азми қавӣ хизмати Яҳуваро давом медиҳанд (Мат. 24:13; Ғал. 6:9).

8. Боз бо кадом сабаб дигар гӯсфандон ба Шоми ёдбуд меоянд?

8 Биёед боз як сабабро мебинем, ки чаро гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд ҷамъ меоянд. Ин тавр карда онҳо нишон медиҳанд, ки тадҳиншудагонро дӯст медоранд ва дастгирӣ мекунанд. Дар Каломи Худо пешгӯйӣ шудааст, ки дар байни гӯсфандони дигар ва тадҳиншудагон пайванди устувор хоҳад буд. Ба кадом маъно? Биёед якчанд мисолро дида бароем.

9. Мувофиқи Закарё 8:23 гӯсфандони дигар дар бораи тадҳиншудагон чӣ ақида доранд?

9 Закарё 8:23-ро хонед. Дар ин пешгӯйӣ нағз тасвир шудааст, ки гӯсфандони дигар дар бораи бародару хоҳарони тадҳиншудаашон чӣ ақида хоҳанд дошт. Ибораҳои «марди яҳудӣ» ва «бо шумо» ба бақияи тадҳиншудагон ишора мекунад (Рум. 2:28, 29). «Даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо» бошанд, гӯсфандони дигар ҳастанд. Онҳо содиқона тадҳиншудагонро «маҳкам дошта», дар ибодати пок ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. Бинобар ин дар Шоми ёдбуд онҳое, ки умеди заминӣ доранд, дар бари тадҳиншудагон истода дилбастагии худро ба онҳо нишон медиҳанд.

10. Барои иҷро шудани пешгӯйии Ҳизқиёл 37:15–19, 24, 25 Яҳува чӣ кор кард?

10 Ҳизқиёл 37:15–19, 24, 25-ро хонед. Яҳува ин пешгӯйиро иҷро намуда, байни тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар ягонагии устуворе пойдор кард. Дар ин пешгӯйӣ дар бораи ду чӯбе гуфта шудааст. Онҳое, ки умеди осмонӣ доранд, чӯбе «барои Яҳудо» мебошанд (подшоҳони халқи Исроил маҳз аз ҳамин қабила интихоб мешуданд), вале онҳое, ки умеди заминӣ доранд, чӯби «дасти Эфроим» ҳастанд *. Яҳува ин ду гурӯҳро бояд муттаҳид мегардонд, то «як чӯб» шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ин ду гурӯҳ тобеи як Подшоҳ ҳастанд, ки Исои Масеҳ мебошад. Барои ҳамин ҳар сол тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд на чун гурӯҳи алоҳида, балки чун «як рама», дар итоати «як чӯпон» ҷамъ меоянд (Юҳ. 10:16).

11. Мувофиқи Матто 25:31–36, 40 «гӯсфандон» асосан чӣ тавр нишон медиҳанд, ки бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд?

11 Матто 25:31–36, 40-ро хонед. Исо «гӯсфандон» гуфта росткоронеро дар назар дошт, ки дар замонҳои охир зиндагӣ хоҳанд кард, яъне онҳоеро, ки умеди заминӣ доранд. Онҳо содиқона бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ мекунанд, махсусан дар иҷрои супориши бузургашон, ки паҳн кардани хушхабар ва шогирд тайёр кардан мебошад (Мат. 24:14; 28:19, 20).

12, 13. Гӯсфандони дигар боз бо кадом роҳҳо бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд?

12 Ҳар сол дар арафаи Шоми ёдбуд гӯсфандони дигар дар маъракаи даъваткунии шавқмандон ба Шоми ёдбуд иштирок намуда бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд. (Ба чорчӯбаи  «Оё шумо ба маросими Шоми ёдбуд тайёрӣ дида истодаед?» нигаред.) Гӯсфандони дигар инчунин чораҳои заруриро андешида кӯшиш мекунад, ки дар саросари ҷаҳон Шоми ёдбуд баргузор гардад, ҳатто агар дар бисёр ҷамоатҳо тадҳиншудагон набошанд. Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, бо ин роҳҳо бародарони Масеҳро дастгирӣ карда хурсандӣ мегиранд. Охир, Исо ҳар хизматеро, ки мо баҳри тадҳиншудагон ба ҷо меорем, тавре қабул мекунад, ки гӯё барои ӯ карда бошем (Мат. 25:37–40).

13 Ҳоло бошад, биёед бинем, ки боз аз кадом сабабҳо ҳамаи мо новобаста ба умедамон дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем.

ҲАМАИ МО ДАР ШОМИ ЁДБУД ИШТИРОК МЕКУНЕМ

14. Чӣ тавр Яҳува ва Исо ба мо муҳаббати бузург нишон доданд?

14 Мо аз Яҳува ва Исо барои муҳаббате, ки ба мо нишон доданд, миннатдорем. Яҳува бо роҳҳои зиёд ба мо муҳаббаташро нишон додааст, вале якеаш беҳамто буд. Вақте ӯ Писари азизашро ба замин фиристод, то азоб кашида, барои мо бимирад, беҳтарин намунаи муҳаббати фидокорона нишон дод (Юҳ. 3:16). Мо инчунин дарк мекунем, ки Исо аз муҳаббати бузургаш бо омодагӣ ҷони худро барои мо фидо кард (Юҳ. 15:13). Мо ҳеҷ гоҳ муҳаббатеро, ки Яҳува ва Исо ба мо зоҳир карданд, баргардонда наметавонем. Бо вуҷуди ин имконият дорем, ки ҳар рӯз миннатдориамонро ба онҳо нишон диҳем (Қӯл. 3:15). Ба Шоми ёдбуд бошад, мо барои он меоем, ки муҳаббати бемислу монанди онҳоро ба ёд орем, ҳамчунин нишон диҳем, ки мо низ онҳоро дӯст медорем.

15. Чаро гӯсфандони дигар ва тадҳиншудагон товонро қадр мекунанд?

15 Мо барои товон беандоза миннатдорем (Мат. 20:28). Тадҳиншудагон товонро хеле қадр мекунанд, зеро ба туфайли он умеди олиҷаноби онҳо имконпазир гаштааст. Азбаски тадҳиншудагон ба қурбонии Исо имон оварданд, Яҳува онҳоро росткор эълон намуда, чун фарзандони худ қабул кардааст (Рум. 5:1; 8:15–17, 23). Ногуфта намонад, ки гӯсфандони дигар ҳам барои қурбонии Исо сипосгузоранд. Дар асоси имонашон ба туфайли хуни рехтаи Масеҳ онҳо дар назди Худо виҷдони пок доранд, ба ӯ хизмати муқаддас мекунанд ва дилпуранд, ки «аз азоби азим» мегузаранд (Ошкор. 7:13–15). Хулоса, як роҳе, ки тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар миннатдориашонро барои товон баён карда метавонанд, ин ҳар сол дар Шоми ёдбуд ҳузур доштан аст.

16. Боз бо кадом сабаб мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?

16 Сабаби дигари дар Шоми ёдбуд иштирок карданамон дар он аст, ки мо мехоҳем итоаткориамонро ба Исо нишон диҳем. Новобаста ба умедамон ҳар яки мо мехоҳем, ба амри Исо, ки шаби пеш аз маргаш дода буд, итоат кунем: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 11:23, 24).

ШОМИ ЁДБУД БА МО ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?

17. Чӣ тавр Шоми ёдбуд моро ба Яҳува наздиктар мегардонад?

17 Мо ба Яҳува наздиктар мешавем (Яъқ. 4:8). Чи хеле ки гуфта гузаштем, дар Шоми ёдбуд мо имконият дорем, дар бораи умеде, ки Яҳува додааст, мулоҳиза ронем ва оиди муҳаббати бузурги ӯ андеша кунем (Ирм. 29:11; 1 Юҳ. 4:8–10). Вақте мо дар бораи умеди устуворамон ва муҳаббати пойдори Яҳува фикр мекунем, меҳрамон ба ӯ зиёдтар мешавад, пайванди дӯстиамон бошад, устувортар мегардад (Рум. 8:38, 39).

18. Дар бораи намунаи Исо фикр карда мо чӣ кор мекунем?

18 Ба намунаи Исо пайравӣ мекунем (1 Пет. 2:21). Дар арафаи Шоми ёдбуд мо дар бораи ҳафтаи охирини ҳаёти заминӣ, марг ва зиндашавии Исо мулоҳиза меронем. Дар нутқи Шоми ёдбуд бошад, бародар мегӯяд, ки Исо то чӣ андоза моро дӯст медорад (Эфс. 5:2; 1 Юҳ. 3:16). Инчунин дар бораи фидокории Исо хондану мулоҳиза рондан кумак мекунад, ки мо низ «мисли ӯ ҳаёт ба сар» барем (1 Юҳ. 2:6).

19. Чӣ тавр мо сазовори муҳаббати Худо монда метавонем?

19 Ғайрат мекунем, ки минбаъд низ сазовори муҳаббати Худо гардем (Яҳд. 20, 21). Агар мо ҷадал кунем, ки ба Яҳува итоаткор бошем, номашро муқаддас гардонем ва дилашро хурсанд кунем, бешак сазовори муҳаббати ӯ мешавем (Пнм. 27:11; Мат. 6:9; 1 Юҳ. 5:3). Шоми ёдбуд ба мо қувват мебахшад, то ки ҳар рӯзи ҳаётамон ба Яҳува чунин гуфта тавонем: «Ман мехоҳам то абад сазовори муҳаббати ту гардам».

20. Мо барои дар Шоми ёдбуд иштирок кардан чӣ гуна сабабҳои муҳим дорем?

20 Чи хеле фаҳмидем, хоҳ умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ заминӣ, мо барои дар Шоми ёдбуд иштирок кардан сабабҳои ҷиддӣ дорем. Ҳар сол мо дар ин маросим ҷамъ омада шахсеро ба хотир меорем, ки хеле дӯсташ медорем — Исои Масеҳро. Беш аз ин мо намунаи муҳаббати беҳамтоеро ба ёд меорем, ки Яҳува нишон дод, вақте Писарашро баҳри мо қурбон кард. Қобили зикр аст, ки имсол Шоми ёдбуд бегоҳи ҷумъа, 15-уми апрели соли 2022 мегузарад. Ҳеҷ чиз назар ба ин маросим барои мо муҳимтар буда наметавонад, чунки мо Яҳува ва Исоро дӯст медорем.

СУРУДИ 14 «Ҳама чизро нав месозам»

^ Хоҳ мо умеди осмонӣ дорем, хоҳ заминӣ ҳар яки мо маросими Шоми ёдбудро бесаброна интизор мешавем. Дар ин мақола баррасӣ мегардад, ки чаро мо дар ин маросим иштирок мекунем ва аз он чӣ манфиат мегирем.

^ Аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15-уми октябри соли 2014, мақолаи «Шумо “салтанати коҳинон” хоҳед буд», сарх. 15–17 дар бораи аҳди нав ва аҳди Подшоҳӣ маълумоти бештар ёфта метавонед.

^ МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ибораи бақияи тадҳиншудагон ба боқимондаи масеҳиёни тадҳиншудае ишора мекунад, ки то ҳол зиндаанд.

^ Дар бораи ин ду чӯб аз Ҳизқиёл боби 37 аз китоби «Ибодати поки Яҳува ниҳоят барқарор шуд» (рус.) саҳ. 130–135, сарх. 3–17 маълумоти бештар гирифта метавонед.