Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Хоҷасарои ҳабашие, ки Филиппус мавъиза кард, ба чӣ хел ароба савор шуда буд?

Калимаи юноние, ки дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» «ароба» тарҷума шудааст, ба аробаҳои гуногун ишора мекунад (Кор. 8:28, 29, 38). Лекин, аз афташ, аробае, ки хоҷасаро сафар кард, аз аробаҳои ҷангӣ ё варзишӣ калонтар буд. Мо аз куҷо медонем? Биёед якчанд сабабашро бинем.

Марди ҳабашӣ шахси соҳибқудрате буд, ки ба сафари дурудароз баромада буд. Ӯ «дар дарбори кандока, маликаи Ҳабашистон, хазинадор ва соҳибқудрат буд» (Кор. 8:27). Ҳудуди Ҳабашистони пешина аз Ҷумҳурии Судони имрӯза то қисми ҷанубии Мисри ҳозираро дар бар мегирифт. Ҳарчанд ҳангоми сафари дурудароз хоҷасаро, шояд, ба якчанд чиз савор шуд, ӯ, аз афташ, бору бӯғча дошт. Дар асри яки милодӣ барои кашондани мусофирон аробаҳои чорғелаи маҳкам истифода мешуданд. Дар як тафсири китоби Корнома гуфта мешавад: «Чунин аробаҳо имкон медоданд, ки мусофирон бори бисёр гиранд, бароҳат сафар кунанд ва, эҳтимол, роҳи дарозро тай карда тавонанд» («Acts—An Exegetical Commentary»).

Вақте Филиппус ба хоҷасаро расид, ӯ мехонд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки, «вақте ки Филиппус ба ароба наздик шуду баробараш давидан гирифт, шунид, ки [хоҷасаро] китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад» (Кор. 8:30). Аробаи мусофиркаш барои башаст ҳай кардан насохта шуда буд. Ана барои чӣ марди ҳабашӣ дар роҳ хонда метавонисту Филиппус давида, ба ароба расида гирифт.

Хоҷасаро «аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шавад» (Кор. 8:31). Дар аробаи варзишӣ шахс танҳо рост истода метавонист. Дар аробаи мусофиркаш бошад, ҷойи кофӣ буд, ки Филиппус ва марди ҳабашӣ шишта тавонанд.

Суханони боби 8-уми китоби Корнома ва далелҳои таърихиро ба назар гирифта, мо вақтҳои охир аробаеро, ки хоҷасарои ҳабашӣ савор шуда буд, дигар хел тасвир мекунем — он аз аробаҳои ҷангӣ ё варзишӣ калонтар буд.