МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2
СУРУДИ 8 Шоми ёдбуд
Оё шумо барои муҳимтарин рӯзи сол тайёред?
«Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (ЛУҚ. 22:19).
МАҚСАД
Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро Шоми ёдбуд рӯзи махсус аст, чӣ хел ба он тайёр шавему ба дигарон ёрӣ расонем, ки дар он ҳузур дошта бошанд.
1. Чаро Шоми ёдбуд маъракаи муҳими сол мебошад? (Луқо 22:19, 20).
БАРОИ халқи Яҳува Шоми ёдбуди марги Масеҳ муҳимтарин рӯзи сол аст. Он ягона рӯзест, ки Исо ҷашн гирифтанашро ба пайравонаш амр додааст. (Луқо 22:19, 20-ро хонед.) Мо ба якчанд сабаб интизори Шоми ёдбуд ҳастем. Биёед баъзе аз онҳоро дида бароем.
2. Номбар кунед, ки бо кадом баъзе сабабҳо мо Шоми ёдбудро бесаброна интизорем.
2 Шоми ёдбуд фурсати хуб аст, ки дар бораи арзиши товон андеша кунем. Он ба мо роҳҳоеро ёдрас мекунад, ки сипосгузориямонро барои қурбонии Исо нишон дода метавонем (2 Қӯр. 5:14, 15). Ин ҷашн ҳамчунин имконияти хубест, ки мо аз имони якдигар рӯҳбаландӣ гирем. Ҳар сол ба Шоми ёдбуд масеҳиёни ғайрифаъол низ меоянд. Баъзе аз онҳо муомилаву пазироии гармро дида сӯйи Яҳува бармегарданд. Шавқмандон низ ба он омада, аз рӯйи чизи дидаву шунидаашон хулоса мекунанд, ки бо роҳи ҳаёт қадамгузор шаванд. Аз ин рӯ ҷойи ҳайраташ нест, ки Шоми ёдбуд барои мо ин қадар арзиш дорад.
3. Чӣ тавр Шоми ёдбуд тамоми бародариро муттаҳид месозад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
3 Як бор фикр кунед, ки чӣ тавр Шоми ёдбуд бародарии умумиҷаҳонии моро муттаҳид месозад. Баробари нишастани офтоб Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон ҷамъ мешаванд. Ҳамаи мо нутқеро мешунавем, ки аҳамияти товонро қайд мекунад. Мо ду сурудро месароем, рамзҳоро даст ба даст мегардонем ва ба чор дуо якдилона «омин» мегӯем. Тӯли 24 соат тамоми ҷамоатҳои ҷаҳон аз рӯйи ҳамин қоида амал мекунанд. Шодии Яҳува ва Писараш Исоро тасаввур кунед, вақте онҳо мебинанд, ки чӣ тавр мо бо ягонагиямон онҳоро иззат мекунем.
4. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
4 Дар ин мақола мо се саволро дида мебароем: «Чӣ тавр дилҳоямонро ба Шоми ёдбуд тайёр кунем? Чӣ тавр ба дигарон ёрӣ расонем, ки аз ин маросим фоида гиранд? Чӣ тавр ба ғайрифаъолон ёрӣ расонда метавонем?» Ба ин саволҳо ҷавоб ёфта, мо ба ин маросими муқаддас тайёр мешавем.
ЧӢ ТАВР ДИЛАМОНРО БАРОИ ШОМИ ЁДБУД ТАЙЁР КУНЕМ?
5. а) Чаро мо бояд дар бораи Шоми ёдбуд мулоҳиза ронем? (Забур 49:7, 8). б) Шумо аз видеонавори «Барои чӣ Исо мурд?» чӣ фаҳмидед?
5 Чӣ тавр диламонро барои Шоми ёдбуд тайёр кунем? Яке аз роҳҳои муҳимтарин андеша кардан дар бораи арзиши қурбонии Исои Масеҳ аст. Мо бо қуввату зӯри худ ҳаргиз наметавонистем худро аз банди гуноҳу марг халос кунем. (Забур 49:7, 8-ро хонед; ҳамчунин видеонавори «Барои чӣ Исо мурд?»-ро тамошо кунед.) a Аз ин рӯ Яҳува қурбониеро пешбинӣ кард, ки ҳам барои худаш ва ҳам барои Писараш хеле гарон афтод — ӯ ҷони Исоро барои гуноҳҳои мо дод (Рум. 6:23). Ҳар қадаре бештар дар бораи фидокории Яҳува ва Исо фикр кунем, бузургии арзиши товонро бештар дарк мекунем. Чаро гуфтан мумкин аст, ки товон ҳам барои Яҳува ҳам Исо хеле гарон афтод? Биёед якчанд сабабашро дида бароем. Вале аввал биёед фаҳмем, ки товон чист.
6. Товон чиро дар бар мегирад?
6 Товон нархест, ки барои ягон чизи гумшуда супурда мешавад. Аввалин инсон Одам вақти офарида шуданаш комилу беайб буд. Вақте ӯ гуноҳ кард, на фақат худаш атои ҳаёти ҷовидониро аз даст дод, балки тамоми фарзандонашро низ аз он маҳрум кард. Барои баргардондан ё бозхаридани он чизе, ки Одам аз даст дод, Исо ҳаёти комилу беайби худро қурбон кард. Исо тамоми умри худ «гуноҳе накардааст ва дар забонаш фиребе набуд» (1 Пет. 2:22). Вақти маргаш ҳаёти комили Исо ба ҳаёти гумкардаи Одам баробарқувва буд (1 Қӯр. 15:45; 1 Тим. 2:6).
7. Баъзе озмоишҳое, ки Исо дар замин рӯ ба рӯ шуд, кадом аст?
7 Вақти дар замин буданаш Исо бо озмоишҳои сангинтарин дучор шуд. Вале ӯ ба амри Падари осмонияш ҳама вақт итоат мекард. Ҳарчанд Исо комил таваллуд шуда буд, дар кӯдакияш бояд ба падару модари нокомилаш итоаткор мемонд (Луқ. 2:51). Ҳангоми наврасияш фармонбардорӣ ё вафодорияш озмуда мешуд, ӯ бояд ба ҳар як васваса тоб меовард. Вақти калон шуданаш бошад, ӯ бояд васвасаҳои Шайтон Иблисро рад мекард, ки рӯйирост вафодорияшро ба Худо озмуданд (Мат. 4:1–11). Шайтон бо ҳар роҳ мехост Исоро ба гуноҳ тела диҳад, то ӯ товонро супурда натавонад.
8. Исо боз кадом душвориҳоро паси сар кард?
8 Ҳангоми хизмати заминияш Исо ба озмоишҳои хеле зиёд тоб овард. Душманон доим аз пайи озори ӯ буданду қасди ҷонашро доштанд (Луқ. 4:28, 29; 13:31). Ӯ бояд ба хатову нокомилиҳои пайравонаш тоқат мекард (Марқ. 9:33, 34). Вақти мурофиа шуданаш ӯро азоб доданду паст заданд, сипас ӯро мисли як ҷинояткор ба таври ваҳшиёна азоб дода, ба қатл расонданд (Ибр. 12:1–3). Қисми охири озмоишашро бошад, ӯ бояд бе ҳимояи Яҳува бо қуввати худ тоқат мекард b (Мат. 27:46).
9. Қурбонии Исо кадом ҳиссиётро дар шумо бедор мекунад? (1 Петрус 1:8).
9 Чуноне мебинем, ин товон барои Исо хеле гарон афтод. Вақте мебинем, ки Исо барои мо ин қадар фидокориҳо кардааст, магар диламон аз муҳаббати ӯ ҷӯш намезанад? (1 Петрус 1:8-ро хонед.)
10. Барои пардохт кардани товон Яҳува чиро фидо кард?
10 Дар бораи Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст? Барои он ки Исо товонро пардохта тавонад, ӯ аз баҳри чӣ гузашт? Миёни ҳеҷ падару писар муҳаббати бузургтаре аз муҳаббати Исою Яҳува буда наметавонад (Пнм. 8:30). Тасаввур кунед вақте азобҳои бешумор ба сари Исо меомаданд, Яҳува аз осмон нигоҳ карда, чӣ қадар дард мекашид. Бешак, бо муқобилат, ранҷу нокомилиҳо, озмоишҳо дучор шудани Писарашро дидан барои Яҳува ҷонгудоз буд.
11. Бо мисол фаҳмонед, ки, вақте Исоро куштанд, Яҳува чӣ ҳис кард.
11 Ҳар падар ё модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, медонад, ки чунин фалокат дили касро садчок мекунад. Албатта, мо ба зиндашавӣ имони қавӣ дорем, вале ҳатто донистани ин заҳри чунин нохушиҳоро пурра намегирад. Яҳува низ, бешак, баҳори соли 33-юми милодӣ азобу марги Писарашро нигоҳ карда, баробари ӯ ранҷ мекашид c (Мат. 3:17).
12. Дар арафаи Шоми ёдбуд мо чӣ кор карда метавонем?
12 Оё метавонед то Шоми ёдбуд ягон лоиҳаро барои худомӯзӣ ё барои парастиши оилавӣ интихоб кунед? Шумо метавонед аз «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» ё ягон адабиёти ёрирасони дигар, ки ба забонатон дастрас аст, истифода кунед d. Шумо ҳамчунин метавонед ҳар рӯз аз рӯйи реҷаи хониши Китоби Муқаддас дар арафаи Шоми ёдбуд, ки дар дафтари вохӯрӣ оварда мешавад, Каломро хонед. Дар рӯзи Шоми ёдбуд бошад, барномаи махсуси парастиши пагоҳиро ҳатман тамошо кунед. Агар мо диламонро барои Шоми ёдбуд тайёр кунем, ба дигарон низ ба осонӣ дар ин кумак расонда метавонем (Эзро 7:10).
БА ДИГАРОН ЁРӢ РАСОНЕД, КИ АЗ ИН МАРОСИМ ФОИДА ГИРАНД
13. Барои аз Шоми ёдбуд манфиат гирифтани дигарон мо чӣ кор карда метавонем?
13 Чӣ хел ба дигарон ёрӣ расонем, ки аз Шоми ёдбуд баҳра баранд? Қадами якум, албатта, даъват кардани онҳо аст. Мо метавонем одамонеро, ки дар хизмат вомехӯрем, даъват кунем. Ғайр аз ин, мо метавонем рӯйхат тартиб дода, хешовандон, ҳамкорон, ҳамсинфон ва дигар шиносҳоямонро таклиф намоем. Ҳатто агар даъватномаи қоғазӣ бисёр надошта бошем, ки ба ҳама диҳем, метавонем ба одамон пайванди нусхаи электронии онро фиристем. Кӣ медонад, ки чанд нафар таклифи моро қабул мекунад! (Пандгӯ 11:6).
14. Бо мисол фаҳмонед, ки даъвати шахсӣ чӣ қадар таъсирбахш аст.
14 Даъватномаи шахсӣ фиристодан ба одам таъсири зиёд расонда метавонад. Як хоҳарамон дар оилае зиндагӣ мекунад, ки баъзе аз аъзои хонаводааш дар роҳи ростӣ нестанд. Боре шавҳараш бо ифтихор ба ӯ мегӯяд, ки мехоҳад ба Шоми ёдбуд равад. Хоҳарамон аз ин ҳайрон мешавад. Чаро? Чунки дар гузашта ӯ чандин бор шавҳарашро даъват кард, вале ӯ таклифашро қабул накарда буд. Чаро ӯ ин дафъа хулоса кард, ки меравад? «Ба ман даъватномаи шахсӣ фиристоданд»,— мегӯяд шавҳараш. Маълум шуд, ки пири маҳаллие, ки бо шавҳараш шинос буд, ӯро даъват кардааст. Шавҳари он хоҳар ҳамон сол ба Шоми ёдбуд рафта, солҳои дигар низ рафтан гирифт.
15. Ҳангоми одамонро ба Шоми ёдбуд даъват кардан чиро бояд ба назар гирем?
15 Дар ёд доред, ки даъватшудагон баъзан саволҳои бисёр дошта метавонанд, хусусан агар онҳо пеш аз ин ба яке аз вохӯриҳои мо наомада бошанд. Аз ин рӯ пешакӣ фикр кунед, ки онҳо чӣ саволҳо дошта метавонанд ва ба ин саволҳо тайёрӣ бинед (Қӯл. 4:6). Масалан, баъзе мепурсанд: «Дар ин маросим чӣ рӯй медиҳад? Он чӣ қадар давом мекунад? Чӣ хел бояд либос пӯшам? Барои даромадан пул диҳем? Дар он ҷо хайрия ҷамъ мекунанд?» Вақте касеро ба Шоми ёдбуд даъват мекунем, метавонем пурсем: «Ягон савол доред?» Сипас ба саволҳояшон ҷавоб дода метавонем. Мо ҳамчунин видеонаворҳои «Ёдбуди ҳазрати Исо» ва «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро ба онҳо нишон дода, тарзи гузаштани вохӯриҳоямонро фаҳмонем. Ҳамчунин мо онҳоро бо дарси 28-уми китоби «То абад зинда бошед!» шинос карда метавонем, ки он якчанд фикрҳои судманд дорад.
16. Баъди Шоми ёдбуд меҳмонон чӣ хел савол доданашон мумкин?
16 Баъд аз Шоми ёдбуд шавқмандон метавонанд якчанд саволи иловагӣ диҳанд. Масалан, онҳо пурсида метавонанд, ки чаро одамони хеле кам аз рамзҳо қабул карданд ё чаро ягон кас қабул накард. Онҳо ҳамчунин пурсида метавонанд, ки чанд бор мо Шоми ёдбудро ҷашн мегирем ё пурсида метавонанд, ки оё тамоми вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ҳамин тавр гузаронда мешаванд. Ҳарчанд баъзе аз ин саволҳо дар нутқи Шоми ёдбуд ҷавоб дода мешаванд, меҳмонони барнома баъзан ба тафсилоти бештар ниёз доранд. Мақолаи зерин аз сомонаи jw.org ба баъзе саволҳои онҳо ҷавоб дода метавонад: «Чаро Шоҳидони Яҳува ёдбуди ҳазрати Исоро тавре қайд мекунанд, ки аз дигар динҳо фарқ мекунад?» Биёед пеш аз Шоми ёдбуд, ҳангоми он ва баъд аз он ҳар чӣ аз дастамон ояд, кунем, то «онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд, аз ин маросим фоида гиранд (Кор. 13:48).
БА ҒАЙРИФАЪОЛОН ЁРӢ РАСОНЕД
17. Чӣ тавр пирон ба касони ғайрифаъол кумак карда метавонанд? (Ҳизқиёл 34:12, 16).
17 Дар арафаи Шоми ёдбуд чӣ тавр пирон ба ғайрифаъолон ёрдам карда метавонанд? Пирон, бо ғайрифаъолон тамос гирифта, муҳаббататонро ба онҳо нишон диҳед. (Ҳизқиёл 34:12, 16-ро хонед.) Пеш аз Шоми ёдбуд шумораи ҳар чӣ бештари ғайрифаъолонро хабар гиред. Онҳоро дилпур созед, ки дӯсташон медоред ва барои кумаку хизмати онҳо тайёред. Онҳоро ба Шоми ёдбуд даъват кунед, агар биёянд гарму меҳрубонона пазироияшон кунед. Баъд аз Шом бо ин бародару хоҳарон дар тамос бошед. Чӣ кумаки рӯҳоние, ки ба он ниёз дошта бошанд, ба онҳо расонед ва қуввататонро дареғ надоред, то бозгашташон сӯйи Яҳува осонтар шавад (1 Пет. 2:25).
18. Ҳар яки мо ба касоне, ки ба ҷамъомад намеоянд, чӣ кор карда метавонем? (Румиён 12:10).
18 Тамоми ҷамоат метавонанд ба ғайрифаъолон ёрдам кунанд, то онҳо ба Шоми ёдбуд биёянд. Чӣ хел? Агар ба онҳо бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат кунанд. (Румиён 12:10-ро хонед.) Фаромӯш накунед, ки шояд ин гӯсфандони пурарзиши Яҳува базӯр ҷуръат карданд, ки ба вохӯрӣ биёянд. Мумкин онҳо хавотир буданд, ки чӣ хел онҳоро қабул мекунанд e. Аз ин рӯ бояд эҳтиёт шавем, ки онҳоро бо ягон саволи беодобона шарм надоронем ё бо ягон гапи ноҷо наранҷонем. Ин бародару хоҳарон ҳамимонони моянд (1 Тас. 5:11). Мо хушбахтем, ки онҳо бори дигар Яҳуваро ҳамроҳамон мепарастанд (Заб. 119:176; Кор. 20:35).
19. Марги Исоро ба ёд оварда мо чӣ манфиат мегирем?
19 Мо медонем, ки чаро Исо ба пайравонаш амр фармуд, ки ҳар сол Шоми ёдбуди маргашро ҷашн гиранд. Вақте мо ба амри ӯ гӯш медиҳем, ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон фоидаи бешумор меорем (Иш. 48:17, 18). Мо муҳаббатамонро ба Яҳува ва Исо афзоиш медиҳем. Мо ҳамчунин нишон медиҳем, ки фидокориҳои онҳоро қадр менамоем. Мо пайванди дӯстиямонро бо ҳамимонон қавитар месозем. Ҳамчунин мо ба дигарон имкон медиҳем, ки дар бораи товон фаҳманд ва баракатҳоеро, ки он меорад, соҳиб шаванд. Биёед ҳамакаса тамоми заҳматро ба харҷ диҳем, то ба муҳимтарин рӯзи сол ба Шоми ёдбуд тайёр шавем.
ЧӢ ТАВР МО...
-
диламонро барои Шоми ёдбуд тайёр карда метавонем?
-
ба дигарон ёрдам карда метавонем, то аз ин маросим фоида гиранд?
-
ғайрифаъолонро дастгирӣ карда метавонем?
СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост
a Барои пайдо кардани мақолаҳою видеонаворҳое, ки дар ин мақола ёдрас шудаанд, аз сатри ҷустуҷӯйи сомонаи jw.org истифода баред.
b Ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи апрели соли 2021 нигаред.
c Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.) боби 23, сарх. 8 ва 9 нигаред.
d Ба чорчӯбаи « Пешниҳодҳо барои таҳқиқ» нигаред.
e Ба расмҳо ва чорчӯбаи « Аҳли ҷамоат онҳоро чӣ тавр пешвоз гирифтанд?» нигаред. Бародари ғайрифаъоле ҷуръат намекунад, ки ба Ибодатгоҳ дарояд, лекин баъд бар тарсаш ғолиб меояд. Ӯро нағз пешвоз мегиранд ва ӯ аз муошират бо бародарон хурсандӣ мегирад.
f ШАРҲИ РАСМ: Дар як гӯшаи ҷаҳон хизматгорони Яҳува барои Шоми ёдбуд ҷамъ омадаанд, дар дигар гӯша бошад, ҳоло тайёрӣ мебинанд.