Оё шумо дар муносибат бо занон аз Яҳува ибрат мегиред?
ҲАР яки мо шарафмандем, ки ҳамхизмати занони имондорем. Мо ин хел хоҳарони содиқу меҳнатиро дӯст медорему қадр мекунем a. Аз ин рӯ, бародарон, кӯшиш кунед бо онҳо аз рӯйи меҳрубонӣ, ҳурмат ва адолат муносибат кунед. Аммо азбаски мо нокомилем, ин кор на ҳамеша аз дастамон меояд. Ғайр аз нокомилӣ, баъзе бародарон бо душвории дигаре дучор мешаванд.
Баъзеҳо дар маданияте калон шудаанд, ки дар он мардон занонро аз худ пасттар мешуморанд. Масалан, як нозири ноҳиявӣ аз Боливия бо номи Ҳанс чунин мегӯяд: «Баъзе мардон дар маданияте калон шудаанд, ки бо мард буданашон каттагӣ мекунанду худро аз занон болотар меҳисобанд». Пире аз ҷамоати Тайван бо номи Шинсян мегӯяд: «Дар маҳалли мо мардум чунин ақида доранд, ки занон набояд дар кори онҳо қӯш шаванд. Агар ягон мард дар ягон масъалае ақидаи занеро гӯяд, дигарон ӯро писханд мезананд». Баъзе мардони дигар бошанд, бадгумонияшонро нисбати занон бо тарзҳои начандон намоён нишон медиҳанд. Масалан, онҳо шӯхиҳое мекунанд, ки қадри занонро паст мекунанд.
Хушбахтона, ҳеҷ марде побанду ғуломи доимии маданияташ нест. Ӯ метавонад фикрронии дурустро дар бораи занон инкишоф диҳад (Эфс. 4:22–24). Барои ин ӯ бояд аз Яҳува ибрат гирад. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба занон муносибат мекунад, чӣ тавр бародарон аз Яҳува эҳтироми занонро ёд гирифта метавонанд ва чӣ тавр пирони ҷамоат дар ин кор ба дигарон намуна шуда метавонанд.
ЯҲУВА БО ЗАНОН ЧӢ ТАВР МУНОСИБАТ МЕКУНАД?
Яҳува дар тарзи муносибат бо занон ба ҳама намуна гузоштааст. Ӯ Офаридгори ҳамаи мост ва фарзандонашро падарвор дӯст медорад (Юҳ. 3:16). Хоҳарони имондор духтарони азизу гаронбаҳои ӯянд. Биёед бинем, ки эҳтироми Яҳува ба занон дар чӣ дида мешавад.
Ӯ ба занону мардон бо як чашм менигарад. Яҳува зану мардро ба сурати худ офаридааст 1 Мӯсо 1:27). Ӯ мардонро аз занон қобилиятноктар ё донотар насохтааст ё мардонро аз занон бештар дӯст намедорад (2 Воқ. 19:7). Ӯ ҳам ба мардон ва ҳам ба занон қобилияти дарки Каломаш ва қобилияти пайравӣ кардан ба сифатҳои зебояшро додааст. Дар назари ӯ арзиши имони мардону занони вафодор як аст, хоҳ онҳо умеди дар замин зистанро дошта бошанд, хоҳ умеди дар осмон чун подшоҳону ҳокимон хизмат карданро (2 Пет. 1:1). Яҳува ҳеҷ гоҳ занонро аз мардон паст намешуморад.
(Ӯ ба онҳо гӯш меандозад. Яҳува ҳолдону дардшунави занон аст. Масалан, ӯ ба дуои Роҳел ва Ҳанно гӯш андохта, хости дилашонро иҷро кардааст (1 Мӯсо 30:22; 1 Подш. 1:10, 11, 19, 20). Яҳува ҳамчунин баъзе нависандагони Китоби Муқаддасро илҳом бахшидааст, то онҳо дар бораи мардоне нависанд, ки ба сухани занон гӯш андохтанд. Масалан, Иброҳим аз рӯйи дастури Яҳува амал карда, ба гуфти занаш Соро амал кард (1 Мӯсо 21:12–14). Подшоҳ Довуд бошад, ба сухани Абиҷайл гӯш андохт. Довуд ба хулосае омад, ки Абиҷайлро Яҳува фиристодааст, то бо ӯ гап занад (1 Подш. 25:32–35). Исо, ки ба таври комил шахсияту сифатҳои Падарашро инъикос мекунад, ба гапи модараш, Марям, гӯш андохт (Юҳ. 2:3–10). Аз ин намунаҳо мефаҳмем, ки як роҳе, ки Яҳува эҳтиромашро ба занон нишон медиҳад, гӯш кардани онҳост.
Ӯ ба онҳо бовар дорад. Масалан, Яҳува ба Ҳавво ғамхории тамоми заминро супорида буд (1 Мӯсо 1:28). Бо ин кораш Яҳува Ҳавворо аз шавҳараш камтар намешуморад, балки мададгори ӯ медонад. Яҳува ба Дебӯро ва Ҳулдо, ки занони паёмбар буданд, супориши пуршараф дод, ки ба халқаш, аз ҷумла ба подшоҳу ба довари қавм, маслиҳат диҳанд (Дов. 4:4–9; 4 Подш. 22:14–20). Имрӯз низ Яҳува ба занон иҷрои хосташро бовар кардааст. Ин хоҳарони боимон чун воизон, пешравон ва миссионерон хизмат мекунанд. Онҳо дар корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва таъмири Ибодатгоҳҳову филиалҳо иштирок мекунанд. Баъзе аз онҳо дар Байт-Ил хизмат мекунанд, дигарон дар офисҳои дурдасти тарҷумонӣ. Ин хоҳарон лашкари бузургеянд, ки Яҳува барои иҷрои хосташ ба кор мебарад (Заб. 68:11). Маълум аст, ки Яҳува занонро нотавон ё ноуҳдабаро намеҳисобад.
ОЁ БАРОДАРОН АЗ ЯҲУВА МУНОСИБАТИ ДУРУСТРО БА ЗАНОН ОМӮХТА МЕТАВОНАНД?
Бародарон, барои фаҳмидани он ки оё мо хоҳарони масеҳиямонро мисли Яҳува ҳурмат мекунем, бояд рафтору фикрҳоямонро софдилона санҷем. Барои ин ба мо ёрӣ даркор аст. Ҳамон тавре ки рентген нуқсонро дар дили аслии инсон мебинад, бо ёрии дӯсти хуб ё Каломи Худо муайян кардан мумкин аст, ки оё дар ниҳонгоҳи диламон ягон назари ғалат дар бораи занон ҳаст.
Фикри дӯстатонро пурсед (Пнм. 18:17). Аз ягон дӯсти боваринокатон, ки ӯро ҳамчун инсони меҳрубон ва солимфикр мешиносанд, пурсед: «Ба назари ту ман ба хоҳарон чӣ хел муносибат мекунам? Оё маълум аст, ки ман онҳоро эҳтиром мекунам? Оё метавонам бо онҳо аз ягон ҷиҳат муомилаи беҳтар кунам?» Агар дӯстатон ба шумо маслиҳате диҳад, дарҳол худро сафед накунед. Маслиҳати ӯро бо дилу ҷон қабул карда, аз пайи ислоҳи камбудиҳоятон шавед.
Каломи Худоро омӯзед. Агар фаҳмидан хоҳем, ки муносибатамон ба хоҳарон чӣ хел аст, метавонем рӯҳияву рафторамонро зери нури Каломи Худо баҳо диҳем (Ибр. 4:12). Китоби Муқаддасро омӯхта, мо дар бораи ду хел мардон мефаҳмем: мардоне, ки бо занон муомилаи хуб мекарданду мардоне, ки чунин намекарданд. Мо рафтори худамонро бо рафтори онҳо муқоиса карда метавонем. Ғайр аз ин, мо оятҳои гуногуни Китоби Муқаддасро бо якдигар муқоиса карда метавонем, то як оятро баҳонаву дастакча карда, ба фоидаи худ бо мақсади сафед кардани фикрронии нодурустамон дар бораи занон истифода набарем. Масалан, дар 1 Петрус 3:7 гуфта мешавад, ки «занонро, ки зарфи нозуктаранд», эҳтиром намоед b. Оё ин маънои онро дорад, ки зан аз мард пасттар буда, камдонтару камқобилияттар аст? Албатта не! Суханони Петрусро бо Ғалотиён 3:26–29 муқоиса карда, мо мебинем, ки Яҳува занонро дар қатори мардон интихоб кардааст, то дар осмон ҳамроҳи Исо ҳукмрон бошанд. Вақте мо фикри Каломи Худо ё дӯсти соҳибхирадеро мепурсем, мефаҳмем, ки боз чӣ тавр ҳурмати хоҳаронамонро ба ҷо оварда метавонем.
ЧӢ ТАВР ПИРОН ЭҲТИРОМРО БА ХОҲАРОН НИШОН МЕДИҲАНД?
Бародарони ҷамоат рафтори пиронро мушоҳида карда, ҳурмату муомилаи хуб кардан бо хоҳаронро омӯхта метавонанд. Чӣ тавр пирон дар эҳтиром кардани хоҳарон намунаи ибрат гузошта метавонанд? Биёед якчанд роҳро дида бароем.
Онҳо хоҳаронро таъриф мекунанд. Павлуси расул аз ин ҷиҳат ба пирон намунаи хубе гузоштааст. Ӯ дар мактуби худ ба тамоми ҷамоати Рум якчанд хоҳарро ошкоро таъриф кард (Рум. 16:12). Оё шодии он хоҳаронро тасаввур карда метавонед, вақте ки ба тамоми ҷамоат номаи Павлусро хонданд? Пирон низ сухани некро аз хоҳарон дареғ надошта, онҳоро барои сифатҳои нек ва заҳматашон дар кори Яҳува таъриф мекунанд. Бо ин кор онҳо хоҳаронро дилпур месозанд, ки қадри онҳо дар миёни ҷамоат баланд аст. Чунин суханони қувватбахшу саривақтӣ метавонанд қомати хамидаи хоҳареро рост кунаду дар хизмати Яҳува ба ӯ ғайрати тоза бахшад (Пнм. 15:23).
Вақти таъриф кардан пирон мекӯшанд, ки сифату корҳои аниқи хоҳаронро номбар кунанд. Хоҳаре бо номи Ҷесика мегӯяд: «Вақте бародарон хоҳареро таъриф карда “қанд зан” мегӯяд, ин бисёр хуб аст. Вале таърифи онҳо арзиши даҳчанд дорад, агар моро барои ягон кори аниқамон таъриф кунанд. Масалан, барои
хап шиштани кӯдаконамон дар вохӯрӣ ва ё ягон омӯзандаро аз хонааш гирифта ба вохӯрӣ овардан». Вақте пирон хоҳаронро барои ягон чизи аниқ таъриф мекунанд, нишон медиҳанд, ки онҳо дар ҷамоат пурарзишу гаронбаҳоянд.Онҳо хоҳаронро гӯш мекунанд. Пирони хоксор дарк мекунанд, ки тамоми фикрҳои хуб танҳо ба сари онҳо намеоянд. Онҳо дар масъалаҳои гуногун фикри хоҳаронро мепурсанд ва ба суханашон бодиққат гӯш медиҳанд. Ин тавр онҳо ҳам худашон фоида мегиранд, ҳам хоҳаронро хурсанд мекунанд. Пире бо номи Ҷерардо, ки дар Байт-Ил хизмат мекунад, мегӯяд: «Ақидаю андешаи хоҳаронро ба назар гирифта, ман сифати корамро беҳтар кардам. Баъзе аз онҳо дар соҳаи худ аз бародарон таҷрибаи бештар доранд». Дар ҷамоатҳо бисёр хоҳарон пешравони ботаҷрибаанд ва одамони маҳаллашонро хуб мешиносанд. Пире бо номи Браян мегӯяд: «Мо аз донишу малакаи хоҳарон бисёр чизро омӯхта метавонем. Аз таҷрибаи онҳо фоида гиред!»
Пирони бохирад пешниҳоди хоҳаронро дарҳол рад намекунанд. Чаро? Пире бо номи Эдвард мегӯяд: «Фикру ақидаи хоҳаронро гӯш карда, пирон масъаларо ҳаматарафа баҳо дода дилсӯзӣ инкишоф дода метавонанд» (Пнм. 1:5). Ҳатто агар пире пешниҳоди хоҳарро истифода бурда натавонад, ӯро барои баёни фикраш ва мушоҳидаҳояш раҳмат гуфта метавонад.
Онҳо хоҳаронро таълим медиҳанд. Пирони оқил доим фурсат меҷӯянд, ки хоҳаронро таълим диҳанд. Масалан, онҳо ба хоҳарон таълим дода метавонанд, ки дар набудани бародар чӣ тавр вохӯрии мавъизаро гузаронанд. Онҳо ба хоҳарон истифодаи дастгоҳу лавозимотро барои таъмир ё бинои лоиҳаҳои ташкилот ёд дода метавонанд. Дар Байт-Ил нозири шуъбаҳо ба хоҳарон корҳои гуногунро таълим додаанд. Масалан, таъмиру хариди таҷҳизот, барномасозӣ ва ғайра. Хоҳаронро таълим дода, пирон нишон медиҳанд, ки онҳоро бовариноку қобил мешуморанд.
Бисёр хоҳарон таълимеро, ки аз пирон мегиранд, ба фоидаи дигарон истифода мебаранд. Масалан, баъзе хоҳароне, ки бинокориро ёд гирифта буданд, ба касоне, ки хонаашон аз офати табиӣ зарар дидааст, дар таъмиру навсозии он кумак расонданд. Дигар хоҳаронро бошад, таълим дода буданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чӣ хел мавъиза кунанд. Онҳо ин таълимро ба дигар хоҳарон мерасонанд. Вақте пирон хоҳаронро таълим медиҳанд, онҳо чӣ ҳис мекунанд? Хоҳаре бо номи Ҷенифер мегӯяд: «Вақте ман дар сохтмони як Ибодатгоҳ иштирок мекардам, нозире барои таълими ман вақт ҷудо мекард. Ӯ кори маро мушоҳида карда, маро таъриф мекард. Ба ман бо вай ҳамкорӣ кардан маъқул буд. Ман худро коргари бовариноку арзишманд ҳис мекардам».
МО БО ХОҲАРОНАМОН АЪЗОИ ЯК ОИЛАЕМ
Мо мисли Яҳува хоҳарони боимонамонро дӯст медорем. Мо онҳоро аъзои оилаи худ мешуморем (1 Тим. 5:1, 2). Бароямон ҳамроҳи онҳо хизмат кардан шарафу ифтихори бузург аст. Мо мехоҳем онҳо муҳаббату дастгирии моро эҳсос кунанд. Хоҳаре бо номи Ванесса мегӯяд: «Ман аз Яҳува сахт миннатдорам, ки қисми ташкилоти ӯ мебошам. Он пур аз бародаронест, ки маро дилбардорӣ мекунанд». Хоҳаре аз Тайван мегӯяд: «Ман аз Яҳува ва ташкилоташ миннатдорам, ки занонро қадр мекунанду эҳсосоташонро нодида намегиранд. Ин имони маро қавӣ мекунад ва ман қисми ташкилоти Яҳува буданро бисёртар қадр мекунам».
Яҳува бо мардони имондоре, ки кӯшиш мекунанд назари ӯро ба занон дошта бошанд, фахр мекунад (Пнм. 27:11). Бенҷамин ном пири ҷамоате аз Шотландия мегӯяд: «Ин ҷаҳон ба занон бо назари паст менигарад. Аз ин рӯ, вақте зане ба Ибодатгоҳ медарояд, мо мехоҳем ӯ фарқи байни муносибати ин ҷаҳону муносибати моро бинад». Биёед кӯшиши зиёд кунему аз Яҳува ибрат гирифта ба хоҳарон бо эҳтирому муҳаббате, ки онҳо сазовораш ҳастанд, муносибат кунем (Рум. 12:10).
a Дар ин мақола «хоҳарон» гуфта хоҳарони масеҳӣ дар назар дошта шудааст, на ин ки хоҳарони ҳамбатн.
b Ибораи «зарфи нозуктар» дар мақолаи «Қадри “зарфи нозуктар”» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15 майи 2006 (рус.) ва мақолаи «Маслиҳати бохирадона ба ҷуфти ҳамсарон» аз «Бурҷи дидбонӣ» 1 марти 2005 (рус.) муфассалтар фаҳмонда шудааст.