Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

Яҳува дар сахтиҳо мададгори туст

Яҳува дар сахтиҳо мададгори туст

«[Яҳува] паноҳгоҳи ман аст. Такон хӯрам ҳам, побарҷо хоҳам монд» (ЗАБ. 62:2).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки барои дар сахтиҳо бе дастгирии Яҳува намонем, бояд чӣ кор кунем.

1, 2. Хизматгорони Яҳува бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд?

 ВОҚЕАҲОИ нохуш дар як дам ҳаёти моро дигар карда метавонанд. Масалан, бародари содиқе бо номи Луис a фаҳмид, ки як навъ саратон дорад. Духтур ба ӯ гуфт, ки аз умраш фақат якчанд моҳ мондааст. Моникаву шавҳараш ғарқи корҳои рӯҳонӣ буданд. Як рӯз хоҳарамон мефаҳмад, ки шавҳараш, ки пири ҷамоат аст, солҳо мешавад пинҳонӣ ҳаёти бадахлоқона ба сар мебарад. Хоҳари муҷарраде бо номи Оливия, вақте фаҳмид, ки тундбоди шадиде наздик шуда истодааст, чизу чораашро ҷамъ карда, ба дигар ҷо меравад. Вақти баргаштан ӯ мебинад, ки тундбод хонаашро зеру забар кардааст. Зиндагии ин се нафар баъд аз омадани чунин нохушиҳо дар як дам дигар шуд. Оё чунин ҳолат аз сари шумо низ гузаштааст? Оё ягон воқеае зиндагиятонро чаппаву роста карда буд?

2 Мо хизматгорони содиқи Яҳува дар қатори дигар одамон дучори нохушиву мушкилиҳо мешавем. Ҳамчунин бар сари мо аз тарафи душманони халқи Худо озору ранҷ омада метавонад. Ҳарчанд Яҳува тамоми хорҳои азиятро аз пеши роҳамон тоза намекунад, ӯ ба мо ваъда медиҳад, ки дар сахтиҳо мададгорамон мешавад (Иш. 41:10). Бо ёрии Яҳува мо дар тангтарин ҳолатҳо ба Худоямон вафодор мемонем, қарорҳои дуруст мекунем ва диламонро шоду осуда нигоҳ медорем. Дар ин мақола мо чор роҳеро мебинем, ки Яҳува дар рӯзҳои торики зиндагиямон ба мо мадад мекунад. Ҳамчунин мефаҳмем, ки барои аз кумаки Яҳува баҳравар шудан мо бояд чӣ кор кунем.

ЯҲУВА ТУРО НИГАҲБОНӢ МЕКУНАД

3. Вақте бо бадбахтӣ дучор мешавем, кардани кадом кор душвор мешавад?

3 Душворӣ. Вақте нохушие ба сарамон меояд, чашми ақламон торик мешаваду хулосаву қарорҳои дуруст кардан бароямон душвор мегардад. Ба кадом сабаб? Ба сабаби зӯрии дарди диламон. Шояд, мо чунин эҳсос кунем, ки ғам бар диламон бор шудаасту пеши чашмамонро дуди ғализ гирифтааст ва мо ба куҷо қадам монданамонро намедонем. Биёед бо ҳиссиёти ду хоҳаре, ки дар аввали мақола дар бораашон гуфтем, шинос шавем. Оливия мегӯяд: «Баъд аз он ки тундбод хонаамро вайрон кард, ман бесаранҷом шудаму сари калобаамро гум кардам». Моника дар бораи хиёнати шавҳараш мегӯяд: «Дилам садчок шуд. Панҷаи дард аз дарун маро маҷақ мекард. Сарриштаи зиндагиямро тамоман гум карда будам. Боварам намеомад, ки чунин рӯзи сангин ба сарам омадааст». Вақте аз бори ғам хеста наметавонем, Яҳува чӣ тавр ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад?

4. Мувофиқи Филиппиён 4:6, 7 Яҳува чиро ваъда медиҳад?

4 Яҳува чӣ кор мекунад? Яҳува ба мо ваъда додааст, ки осоиштагии худро медиҳад. (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.) Ин осоиштагӣ майнаи осуда ва дили беғам аст, ки аз дӯстии пурқиматамон бо Яҳува сар мезанад. Ин осоиштагӣ «аз ҳар фикр болотар аст». Зӯри инсон барои фаҳмидани бузургию аҷоибии он намерасад. Оё ягон бор Яҳуваро зора зада, баъд аз он худро орому сабук ҳис кардаед? Ана ҳамин «осоиштагии Худо» аст.

5. Осоиштагии Худо чӣ тавр ақлу дили моро нигаҳбонӣ мекунад?

5 Дар ҳамон порчаи боло гуфта мешавад, ки осоиштагии Худо «ақлу дили» моро нигаҳбонӣ мекунад. Калимае, ки дар ин ҷо «нигаҳбонӣ» тарҷума шудааст, истилоҳи ҳарбӣ мебошад. Он дар мавриди сарбозоне ба кор мерафт, ки шаҳрро дидбонӣ карда аз ҳамлаи душман эмин медоштанд. Сокинони чунин шаҳр хоби беғам доштанд, чунки сарбозон шаҳрро нигаҳбонӣ мекарданд. Ба ҳамин монанд, вақте осоиштагии Худо ақлу дили моро нигаҳбонӣ мекунад, мо орому бехавотирем, чунки медонем, ки аз хатар дар амонем (Заб. 4:8). Ҳатто агар вазъияти мо мисли вазъияти Ҳанно дарҳол дигар нашавад, мо каме ҳам бошад, оромӣ ёфта метавонем (1 Подш. 1:16–18). Вақте мо оромем, пеши роҳамонро равшан мебинему қарорҳои дуруст карда метавонем.

То ҳис накунед, ки «осоиштагии Худо» ақлу дилатонро нигаҳбонӣ мекунад, дуо гуфтанро бас накунед (Ба сархатҳои 4–6 нигаред.)


6. Барои соҳиб шудани осоиштагии Худо чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Мо бояд чӣ кор кунем? Вақте хавотир бошед, «нигаҳбон»-ро даъват кунед. Чӣ хел? То даме ки осоиштагии Худоро ҳис накунед, дуо гуфтанро бас накунед (Луқ. 11:9; 1 Тас. 5:17). Вақте бародар Луис, ки дар сархатҳои боло дар борааш гуфтем, ва ҳамсараш Анэ фаҳмиданд, ки аз умри ӯ фақат якчанд моҳ мондааст, чӣ ба онҳо дар ин рӯзҳои сахт ёрӣ расонд? Луис мегӯяд: «Дар чунин лаҳзаҳо дар бораи саломатӣ ва дигар масъалаҳо қарорҳои дуруст кардан беҳад душвор аст. Вале аз қуввати дуо гардам, ки дар чунин ҳолат ҳам ба мо оромӣ бахшид». Луис ва занаш мегӯянд, ки онҳо беист ва бо сӯз дуо гуфта, аз Яҳува асабҳои ором, дили осуда ва хирад мепурсиданд, то қарорҳои дуруст кунанд. Онҳо дасти ёрии Яҳуваро диданду ҳис карданд. Агар ба назаратон тобад, ки дунё ба саратон чаппа шуда истодааст, беист дуо гӯед (Рум. 12:12). Он гоҳ осоиштагии Яҳува ақлу дили шуморо фаро гирифта, онро нигаҳбонӣ мекунад.

ЯҲУВА ШУМОРО УСТУВОР МЕСОЗАД

7. Дар вақти озмоишҳои сахт ҳолати мо чӣ хел шуда метавонад?

7 Душворӣ. Вақте озмоиши сахте ба сарамон меояд, дарунамон мисли дарёи пурталотуму хурӯшон мешавад. Моро як дам як эҳсосот фаро мегирад, як дам эҳсосоти дигар. Анэ, ки дар сархатҳои боло дар борааш гуфтем, мегӯяд, ки баъд аз марги Луис аз дилаш сад хел ҳиссиёт гузашт. Ӯ мегӯяд: «Баъзан ҳис мекардам, ки дарунам тамом шудааст ва дилам ба худам месӯхт. Гоҳе бошад, ба ғазаб меомадам, ки чаро ӯ аз барам рафтааст». Анэ танҳоӣ мекашиду асабӣ мешуд. Акнун ӯ бояд масъалаҳоеро ҳал мекард, ки пеш Луис саришта менамуд. Баъзан ба назараш метофт, ки дар миёни тӯфоне дар баҳр аст. Вақте гирдбоди эҳсосот моро мепечонад, Яҳува чӣ тавр ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад?

8. Мувофиқи суханони Забур 62:2 Яҳува моро аз чӣ дилпур мекунад?

8 Яҳува чӣ кор мекунад? Яҳува ваъда медиҳад, ки моро устувор месозад. (Забур 62:2-ро хонед.) Вақте киштӣ дучори тундбод мешавад, он ба калавидан медарояд, ки ин хеле хатарнок аст. Бисёри киштиҳо вақти ноустувориву калавидан аз болаҳо ё обболаҳо истифода мекунанд, ки сохти белмонанде доранду аз ду тарафи киштӣ дар таги об фаъолият мекунанд. Онҳо киштиро вақти калавидан устуворию субот мебахшанд ва бехатарию эминиро барои мусофирони киштӣ таъмин мекунанд. Аммо дар бисёри киштиҳо ин дастгоҳи устуворсоз танҳо дар ҳолати ба пеш ҳаракат кардани киштӣ нағз кор мекунад. Агар мо низ дар тундбоди озмоишҳо содиқона ба пеш ҳаракат кунем, Яҳува ба мо пойдориву устуворӣ мебахшад.

Аз маводи омӯзишӣ истифода бурда устувор монед (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)


9. Чӣ тавр маводҳои омӯзишӣ ёрдам мекунанд, ки аз ҷиҳати равонӣ меъёрро нигоҳ дорем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Мо бояд чӣ кор кунем? Вақте тундбоди сахти эҳсосот шуморо фаро гирад, бо тамоми дил бикӯшед, ки аз реҷаи рӯҳониятон намонед. Табиист, ки шумо мисли пештара дар хизмати Худо бисёр карда натавонед, вале фаромӯш накунед, ки Яҳува аз ҳад серталаб нест. (Бо Луқо 21:1–4 муқоиса кунед.) Барои омӯзишу андешаронӣ вақт ҷудо кунед. Барои чӣ? Яҳува ба воситаи ташкилоташ маълумоти нотакрори рӯҳоние додааст, ки ба шумо устуворӣ мебахшад. Барои ёфтани маълумоти даркориятон аз воситаҳое, ки ба забонатон дастрасанд, истифода кунед, масалан, аз барномаи JW Library® ва «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува». Моника, ки дар боло аз ӯ ёдовар шудем, мегӯяд, ки, вақте дар дилаш тӯфони сахте мехест, ӯ барои ёрӣ ба адабиёти рӯҳонӣ муроҷиат мекард. Масалан, баъзан ӯ калимаҳои «ғазаб», «хиёнат» ва «вафодорӣ»-ро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ то вақте сабукӣ ҳис накунад, хонданро бас намекард. Ӯ мегӯяд: «Аввали омӯзишам бо ангуштони ларзон ҷустуҷӯ кардани маълумот буд. Поёни омӯзишам бошад, оғӯши падаронаи Яҳува. Дар рафти хониш ман дарк кардам, ки Яҳува аз ҳар эҳсосоти ман огоҳ аст ва ӯ мададрасони ман аст». Агар шумо низ барои хонишу омӯзиш вақт ҷудо кунед, дасти ёриеро, ки Яҳува дароз кардааст, қабул мекунед ва ӯ шуморо аз баҳри пурталотум гузаронда ба обҳои ором мерасонад (Заб. 119:143, 144).

ЯҲУВА ШУМОРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

10. Баъди аз сар гузарондани такони сахт дар ҳаёт худро чӣ хел ҳис мекунем?

10 Душворӣ. Вақте диламонро захмдор мекунанд, мо муддате нимҷону дилмонда мешавем. Шояд, мо худро ба монанди варзишгаре ҳисобем, ки пеш тездав буду ҳоло лангида роҳ мегардад. Шояд, корҳое, ки пеш ба осонӣ анҷом медодем, ҳозир базӯр аз дастамон биёяд ва ё, эҳтимол, ба корҳое, ки пеш шавқу завқ доштем, ҳозир ҳавсалаву хуш надошта бошем. Мумкин ба мо ҳам мисли Илёс аз ҷоямон хестан душвор бошад. Шояд, ягона коре, ки диламон мекашад, ин хоб аст (3 Подш. 19:5–7). Вақте нотавонем, Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад?

11. Яҳува боз бо кадом роҳ ба мо кумак мекунад? (Забур 94:18).

11 Яҳува чӣ кор мекунад? Ӯ ваъда медиҳад, ки моро дастгирӣ мекунад. (Забур 94:18-ро хонед.) Чуноне ки варзишгари осебдида барои ҳаракат кардан ба дастгирӣ ниёз дорад, мо низ барои дар хизмати Яҳува фаъол мондан ба ёрӣ муҳтоҷ буда метавонем. Дар чунин лаҳзаҳо Яҳува моро дилпур месозад: «Ман, Яҳува, Худои ту, дасти ростатро гирифта, ба ту мегӯям: “Натарс. Ман ба ту ёрӣ медиҳам”» (Иш. 41:13). Подшоҳ Довуд чунин дастгириро ҳис карда буд. Вақте ӯ бо озмоишу душманон рӯ ба рӯ гашт, ба Яҳува гуфт: «Бо дасти ростат маро дастгирӣ мекунӣ» (Заб. 18:35). Вале Яҳува моро бо кадом роҳ дастгирӣ мекунад?

Аз ёрдами аҳли оила, дӯстон ва пирон рӯ натобед (Ба сархатҳои 11–13 нигаред.)


12. Вақти сустиву нотавонӣ Яҳува ба воситаи кӣ ба мо ёрӣ дода метавонад?

12 Бисёр вақт Яҳува ба дили дигарон меандозад, то ба мо ёрӣ расонанд ва ҳамин тавр моро дастгирӣ мекунад. Масалан, боре вақте Довуд сусту ғамгин буд, дӯсташ Юнотон пешаш рафта, ӯро дилбардорӣ карду тасаллӣ бахшид (1 Подш. 23:16, 17). Дар мавриди дигар бошад, Яҳува барои ёриву дастгирии Илёс Элишоъро интихоб кард (3 Подш. 19:16, 21; 4 Подш. 2:2). Имрӯз Яҳува метавонад ба воситаи аҳли оила, дӯстон ва пирон моро дастгирӣ кунад. Вале, вақте диламон хун аст, мо дар чашми дигарон тофтан намехоҳем. Мо мехоҳем танҳо монем. Ин як чизи табиӣ аст. Вале барои ёрии Яҳуваро соҳиб шудан чӣ кор кунем?

13. Агар хоҳем, ки ёрдами Яҳуваро гирем, бояд чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Мо бояд чӣ кор кунем? Одамгурез нашавед. Вақте мо худро аз дигарон дур мегирем, диққатамон фақат ба худамон ва мушкилиҳоямон мешавад. Дар натиҷа мо қарорҳои ғалат қабул карда метавонем (Пнм. 18:1). Албатта, ҳар яки мо ба танҳо будан ниёз дорем, хусусан, вақте ягон нохуширо аз сар мегузаронем. Вале аз ҳад зиёд танҳо монда, мо худро аз ёрдами Яҳува маҳрум карда метавонем. Аз ин рӯ, сад душвор ҳам бошад, ёрдами аҳли оила, пирон ва дӯстонро қабул кунед. Ба ин восита Яҳува ба шумо дасти ёрӣ дароз мекунад — кумаки ӯро рад накунед (Пнм. 17:17; Иш. 32:1, 2).

ЯҲУВА ШУМОРО ТАСАЛЛӢ МЕБАХШАД

14. Аз кадом сабаб мо ба тарс омада метавонем?

14 Душворӣ. Баъзан мо ба ҳолатҳои тарсовар дучор мешавем. Дар Китоби Муқаддас ходимони содиқи Худо дар бораи лаҳзаҳое гап мезананд, ки аз пушти душманон ё ба дигар сабабҳо ба тарсу воҳима афтода буданд (Заб. 18:4; 55:1, 5). Ба ин монанд, шояд, мо низ аз тарафи ҳамсинфон, ҳамкорон, хешу табор ё ҳукуматдорон бо муқобилат дучор шавем. Шояд, ҳатто мо гирифтори ягон бемории марговаре шавем. Дар чунин ҳолатҳо, эҳтимол, мо мисли кӯдаки хурдсол худро нотавон ҳис кунем. Дар ин вазъиятҳо Яҳува чӣ хел ба мо ёрӣ мерасонад?

15. Суханони Забур 94:19 моро аз чӣ дилпур мекунад?

15 Яҳува чӣ кор мекунад? Яҳува моро ором месозаду дилбардорӣ мекунад. (Забур 94:19-ро хонед.) Ин таронаро хонда дар тасаввурамон, шояд, нақши духтарчаи хурде пайдо шавад, ки аз раъду барқ тарсида хобаш намебарад. Акнун тасаввур мекунем, ки падараш омада, ӯро бар дастонаш мегираду то вақти хобаш бурдан дар ҷояш намегузорад. Ҳарчанд раъд аз ғурридан боз намондааст, оғӯши тасаллибахши падараш ба ӯ эҳсоси оромӣ мебахшад. Вақте бар сари мо озмоишҳои тарсовар меоянд, мо низ мехоҳем Падари осмониямон моро ба дастонаш гирифта, то дами гузаштани ин ҳиссиёт, сар надиҳад. Чӣ кор кунем, то Яҳува моро ба ин тарз тасаллӣ диҳад?

Монед, ки Падари осмониятон шуморо бо суханони Китоби Муқаддас тасалло диҳад (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)


16. Барои соҳиб шудани тасаллои Яҳува чӣ кор карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Мо бояд чӣ кор кунем? Бо Яҳува пайваста вақт гузаронед, ба ӯ дуо гӯед ва Каломашро хонед (Заб. 77:1, 12–14). Он гоҳ, вақте воҳима дилатонро зер кунад, шумо аз рӯйи одат ба Падари осмониятон муроҷиат мекунед. Дар бораи тарсу хавотириятон ба Яҳува гӯед. Ҷавоби тасаллибахши ӯро аз Навиштаҳо хонед (Заб. 119:28). Шумо, шояд, пай баред, ки баъзе оятҳои Китоби Муқаддас барои берун кардани тарс аз дилатон кумакрасонанд. Эҳтимол, шумо суханони тасаллибахшро аз китоби Айюб, Забур, Панднома ё суханони Исо аз боби 6-уми китоби Матто ёбед. Вақте шумо ба Яҳува дуо мегӯеду Каломашро мехонед, тасаллиеро, ки ӯ медиҳад, эҳсос мекунед.

17. Мо аз чӣ дилпурем?

17 Биёед дилпур бошем, ки Яҳува дар лаҳзаҳои торики зиндагиямон дар бари мост. Мо ҳеҷ гоҳ танҳо нестем (Заб. 23:4; 94:14). Яҳува ваъда додааст, ки моро устувор мегардонад, нигаҳбонию дастгирӣ мекунад ва тасаллӣ мебахшад. Дар Ишаъё 26:3 дар бораи Яҳува гуфта мешавад: «Ту касонеро, ки бо тамоми дил ба ту такя мекунанд, муҳофизат мекунӣ ва ба онҳо сулҳи пойдор медиҳӣ, зеро онҳо ба ту таваккал мекунанд». Аз ин рӯ ба Яҳува такя кунед ва кумакеро, ки ӯ бо роҳҳои гуногун ба шумо пешкаш мекунад, қабул кунед. Агар чунин кунед, шумо дар сахтиҳо ҳам қувват меёбед.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Дар кадом ҳолатҳо мо ба ёрдами Яҳува сахт муҳтоҷем?

  • Бо кадом чор роҳ Яҳува дар вақти тангиҳо ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад?

  • Барои қабул кардани ёрии Яҳува бояд чӣ кор кунем?

СУРУДИ 112 Яҳува — Худои бузург

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.