МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4
СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп
Яҳува шуморо аз таҳти дил дӯст медорад
«Яҳува хеле... меҳрубон аст» (ЯЪҚ. 5:11).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббати Яҳува моро сӯйи худ ҷалб карда, эҳсоси оромиву амонӣ медиҳад ва тароват мебахшад.
1. Шумо Яҳуваро чӣ хел тасаввур мекунед?
ШУМО Яҳуваро чӣ хел тасаввур мекунед? Вақте ки дар дуо бо ӯ сухан мегӯед, пеши назаратон чӣ меояд? Ҳарчанд Яҳува нонамоён аст, Китоби Муқаддас бо роҳҳои гуногун ӯро тасвир мекунад. Масалан, Яҳува «офтоб ва сипар» ва «оташи сӯзанда» номида шудааст (Заб. 84:11; Ибр. 12:29). Ҳузури ӯ ҳамчун ёқути кабуд, ҳамчун тиллои сафеди ҷилодор ва дурахши рангинкамон тасвир ёфтааст (Ҳиз. 1:26–28). Шояд, дар бораи қудрати ӯ хонда дар пеши бузургияш худро гарди ночиз ҳис кунем.
2. Чаро барои баъзеҳо ба Яҳува наздик шудан душвор аст?
2 Азбаски мо Яҳуваро намебинем, бароямон бовар кардан душвор аст, ки ӯ моро дӯст медорад. Баъзе одамон чунин фикр доранд, ки ба сабаби гуноҳҳое, ки дар гузашта кардаанд, Яҳува ҳаргиз онҳоро дӯст дошта наметавонад. Шояд, чунин одамон дар кӯдакӣ падари меҳрубон надоштанд. Яҳува аз чунин эҳсосоти мо ва таъсири он ба мо огоҳ аст. Аз ин рӯ ӯ шахсияти зебояшро ба воситаи Каломаш ошкор кардааст.
3. Барои чӣ дар бораи муҳаббати Яҳува хубтар фаҳмидан зарур аст?
3 Барҷастатарин сифати Яҳува муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:8). Яҳува саропо муҳаббат асту ҳар як корашро аз рӯйи он мекунад. Муҳаббати Худо чунон бузургу беандоза аст, ки ӯ онро ҳатто аз касоне, ки дӯсташ намедоранд, дареғ намедорад (Мат. 5:44, 45). Дар ин мақола мо Худоямон Яҳува ва муҳаббати ӯро хубтар меомӯзем. Ҳар қадаре дар бораи ӯ фаҳмем, меҳрамон ба ӯ афзудан мегирад.
ЯҲУВА МОРО САХТ ДӮСТ МЕДОРАД
4. Меҳру муҳаббати Яҳува ба шумо чӣ таъсир мегузорад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 «Яҳува хеле. . . меҳрубон аст» (Яъқ. 5:11). Дар Китоби Муқаддас ӯ худро ба модари дилсӯз монанд мекунад (Иш. 66:12, 13). Модар кӯдакашро бо як муҳаббат рӯйи зонуяш гузошта, бо овози меҳрубононаву дӯстдории модарона бо вай гап мезанад. Вақте ягон ҷойи кӯдакаш дард мекунад ё вай гиря мекунад, модар ҳатман ба фарзандаш ғамхорӣ мекунад. Вақте мо ҳам дард кашем, Яҳува муҳаббаташро аз мо дареғ намедорад. Забурнавис навишта буд: «Вақте ғаму ташвиш диламро зер мекард, ту маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ» (Заб. 94:19).
5. Чаро шумо меҳру вафои Яҳуваро қадр мекунед?
5 Яҳува Худои бовафо аст (Заб. 103:8). Вақте мо ягон хато мекунем, ӯ умедашро аз мо намеканад. Халқи Исроил гаштаю баргашта амрҳои Худоро вайрон мекарданд, аммо Яҳува ба он бандагони тавбакардааш меҳри пойдорашро ёдрас карда мегуфт: «Ту дар назари ман пурарзиш гаштиву қадру қимат ёфтӣ ва ман туро дӯст доштам» (Иш. 43:4, 5). Муҳаббати Худо имрӯз ҳам кам нашудааст. Мо ҳамеша ба он такя карда метавонем. Ҳатто агар мо гуноҳҳои ҷиддӣ карда бошем, Худоямон аз мо рӯ намегардонад. Вақте мо тавба мекунему сӯйи Яҳува бармегардем, мебинем, ки муҳаббаташ ба мо кам нашудааст. Ӯ ваъда медиҳад, ки моро «бисёр мебахшад» (Иш. 55:7). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки бахшоиши Яҳува барои ҷони одам «мавсими тароват» аст (Кор. 3:19).
6. Мо аз Закарё 2:8 дар бораи Яҳува чиро мефаҳмем?
6 Закарё 2:8-ро хонед. Азбаски Яҳува моро дӯст медорад, ӯ пуштибони мост ва дарди моро дарди худ медонад. Аз ин рӯ мо чунин дуо гуфта метавонем: «Маро мисли гавҳараки чашмат нигаҳбонӣ кун» (Заб. 17:8). Чашми мо узви бисёр нозуку гаронбаҳо мебошад. Барои ҳамин Яҳува моро ба гавҳараки чашмаш монанд карда, ба мо чунин гуфтан мехоҳад: «Касе ба шумо, халқи ман, зарар расондан хоҳад, гӯё ба чашми ман ангушт мезанад».
7. Чаро мо бояд аз меҳру муҳаббати Яҳува дилпур бошем?
7 Яҳува мехоҳад мо дилпур бошем, ки ӯ ҳар яки моро дӯст медорад. Аммо ба сабаби хатову гуноҳҳои гузаштаамон, шояд, боварамон наояд, ки ӯ моро дӯст дошта метавонад. Ё, шояд, ба сарамон ягон озмоише омадааст, ки боварамонро ба муҳаббати Яҳува кам кардааст. Дар ин вазъиятҳо чӣ моро дилпур карда метавонад? Фаҳмидани он ки Яҳува чӣ хел муҳаббаташро ба Исо, тадҳиншудагон ва ҳамаи мо изҳор мекунад.
ЯҲУВА МУҲАББАТАШРО ЧӢ ХЕЛ ИЗҲОР МЕКУНАД?
8. Чаро Исо аз муҳаббати Падараш дилпур буд?
8 Солҳои бешумор Яҳува ва Писари азизаш муҳаббати гарму қавиро инкишоф медоданд. Меҳри миёни Яҳуваву Писараш куҳантарин пайванди дӯстӣ дар коинот мебошад. Ӯ кушодаву ошкоро дар Матто 17:5 муҳаббаташро ба Исо изҳор кард. Яҳува метавонист ба Писараш ишора карда танҳо гӯяд: «Ман аз ӯ розиям». Аммо ӯ мехост мо ҳам донем, ки ӯ чӣ қадар Исоро дӯст медорад. Аз ин рӯ ӯро «Писари азизи ман» номид. Яҳува бо Исо ва корҳое, ки ӯ анҷом доданӣ буд, фахр мекард (Эфс. 1:7). Исо сад фоиз аз муҳаббати Падараш дилпур буду боре ҳам дилаш дур намерафт, ки Падараш ӯро дӯст медошта бошад ё не. Барои ҳамин ӯ гаштаю баргашта бо дили пур мегуфт, ки Падараш ӯро дӯст медорад (Юҳ. 3:35; 10:17; 17:24).
9. Кадом ибора муҳаббати Яҳуваро ба тадҳиншудагон тасвир мекунад? Фаҳмонед. (Румиён 5:5).
9 Яҳува ҳамчунин муҳаббаташро ба тадҳиншудагон баён мекунад. (Румиён 5:5-ро хонед.) Ба калимаи «лабрез» диққат диҳед. Як маълумотнома мегӯяд, ки ин калима маънои «мисли ҷӯйбор рехтани чизе»-ро дорад. Яҳува оби фаровони муҳаббаташро бар сари тадҳиншудагон мерезад. Тадҳиншудагон медонанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад (Яҳд. 1). Юҳаннои расул бо суханони зеринаш маҳз ҳамин фикрро таъкид намуд: «Бубинед, то чӣ андоза муҳаббати Падар ба мо бузург аст, ки ӯ моро фарзандони худ номидааст» (1 Юҳ. 3:1). Оё Яҳува фақат тадҳиншудагонро дӯст медорад? Не, Яҳува исбот намудааст, ки ҳар яки моро дӯст медорад.
10. Аз ҳама далели бузургтарини муҳаббати Яҳува ба шумо кадом аст?
10 Бузургтарин далели муҳаббати Яҳува чист? Товон. Он баландтарин зинаи муҳаббат дар тамоми коинот мебошад (Юҳ. 3:16; Рум. 5:8). Яҳува Писари гаронбаҳои худро барои мо дод, то гуноҳҳоямон бахшида шаванду мо дӯстони ӯ буда тавонем (1 Юҳ. 4:10). Дар бораи баҳои баланде, ки Яҳува ва Исо пардохтанд, андеша ронда, мо ба муҳаббати бетаги онҳо нисбати ҳар яки мо дарунтар назар меандозем (Ғал. 2:20). Товон фақат барои қонеъ кардани талаби як шартномаи хушки ҳуқуқӣ пардохт нашуда буд. Ин атои бебаҳо зодаи муҳаббат аст. Яҳува азизтарин чизеро, ки дошт, доду муҳаббаташро барои мо исбот кард. Яҳува гузошт, ки Писараш барои мо азоб кашида бимирад.
11. Мо аз Ирмиё 31:3 чиро мефаҳмем?
11 Чуноне ки дидем, Яҳува дар баён кардани муҳаббаташ хасисӣ намекунад, балки озодона меҳрашро изҳор мекунад. (Ирмиё 31:3-ро хонед.) Яҳува барои он моро пеши худ овардааст, ки дӯстамон медорад. (Бо 5 Мӯсо 7:7, 8 муқоиса кунед.) Ҳеҷ чиз миёни мову ин муҳаббат монеае гузошта наметавонад (Рум. 8:38, 39). Ин муҳаббат чӣ эҳсосеро дар дилатон меангезад? Забур 23-ро хонда, аҳамият диҳед, ки меҳру ғамхории Яҳува ба Довуд чӣ гуна таъсир кард ва ба мо чӣ хел таъсир мерасонад.
МУҲАББАТИ ЯҲУВА БА ШУМО ЧӢ ТАЪСИР МЕГУЗОРАД?
12. Дар Забур 23 гап дар бораи чӣ меравад?
12 Забур 23:1–6-ро хонед. Довуд дар Забур 23 боварияшро ба муҳаббату ғамхории Яҳува баён мекунад. Ӯ дар ин тарона дар бораи пайванди мустаҳками дӯстие, ки байни ӯву Чӯпонаш, Яҳува, вуҷуд дорад, сухан мегӯяд. Довуд ихтиёри зиндагияшро пурра ба дасти Яҳува супурда буду аз раҳнамоии ӯ дилпур буд. Довуд медонист, ки муҳаббати Яҳува ҳамсафари доимии зиндагияш мешавад. Барои чӣ ӯ чунин дилпурӣ дошт?
13. Чаро Довуд дилпур буд, ки Яҳува ҳамеша дар ҳаққаш ғамхорӣ мекунад?
13 «Камие нахоҳам дошт». Довуд ғамхории Яҳуваро ҳис мекарду медонист, ки ӯ ба ниёзҳояш боре ҳам беэътиноӣ накардааст. Довуд ризои Яҳува ва дӯстии ӯро соҳиб буд. Аз ин рӯ ӯ дилпур буд, ки фардо чизе нашавад, Яҳува ҳар як ниёзашро қонеъ мегардонад. Бовари Довуд ба Яҳува аз ҳар гуна хавотирияш садҳо баробар қавитар буд ва ба дили ӯ оромию хурсандӣ мебахшид (Заб. 16:11).
14. Ғамхории меҳрубононаи Яҳува дар чӣ зоҳир мешавад?
14 Ғамхорию муҳаббати Яҳува хусусан вақти рӯй додани нохушиҳо дар ҳаётамон маълум мешавад. Бар сари аҳли хонаводаи Клейр a, ки беш аз 20 сол дар Байт-Ил хизмат кардааст, зарбаҳои пайиҳам меомаданд. Падараш ба сабаби сактаи мағзи сар шудан маъюб гашт, яке аз хоҳаронашро хориҷ карданд ва аҳли оилааш аз манбаи даромад ва хонаашон маҳрум шуданд. Яҳува чӣ хел ба онҳо ғамхорӣ кард? Клейр мегӯяд: «Яҳува ҳар рӯз он чиро, ки оилаам ба он ниёз дошт, ба онҳо ато мекард. Ӯ борҳои зиёд ба онҳо бо роҳҳое ғамхорӣ мекард, ки аз ақли ман нагузашта буданд. Ман зуд-зуд дар бораи лаҳзаҳое фикр мекунам, ки муҳаббати Яҳуваро эҳсос намудаам. Ин хотираҳо бароям пурарзишанд. Бо ёрии онҳо ман аз озмоишҳо сарамро баланд бардошта мегузарам».
15. Чаро Довуд тароват ёфт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 «Ҷонамро тароват мебахшад». Гоҳ-гоҳ озмоишу сахтиҳо бар сари Довуд омада, ӯро зиқ мекарданд (Заб. 18:4–6). Вале муҳаббату ғамхории Яҳува доимо ҷонашро тароват мебахшид. Яҳува дӯсти аз ҳол рафтаашро ба «чарогоҳҳои сералаф» ва «ҷойҳои серобу роҳатафзо» мебурд. Аз ин Довуди нимҷон қуввати нав меёфту ба по мехест (Заб. 18:28–32).
16. Чӣ тавр муҳаббати Яҳува шуморо қувват мебахшад?
16 Мо медонем, ки имрӯз низ «ҳамин меҳру вафои Яҳува аст, ки» мо аз ҳамлаи озмоишу сахтиҳо «нобуд нашудаем» (Нолаҳо 3:22; Қӯл. 1:11). Хоҳарамон бо номи Рейчел аз зиндагӣ зарбаи дандоншикане хӯрд. Ҳангоми вабои оламгири COVID-19 шавҳараш ӯро тарк карду аз Яҳува рӯ гардонд. Яҳува дар ҳаққи хоҳарамон чӣ кор кард? Ӯ мегӯяд: «Яҳува доим коре мекард, ки ман аз муҳаббаташ бехабар намонам. Ӯ маро бо дӯстоне иҳота намуд, ки бо ман вақт мегузаронданд, ба ман хӯрок меоварданд, паёмакҳои меҳрубонона менавиштанд, оятҳо мефиристоданд, табассум мекарданд ва ёдрасам мекарданд, ки Яҳува ғами маро мехӯрад. Ман Яҳуваро беист шукр мегӯям, ки чунин оилаи калону меҳрубонро ба ман ато кардааст».
17. Чаро Довуд «наметарсам» гуфт?
17 «Наметарсам, зеро ту бо манӣ». Ҷони Довуд борҳои зиёд дар хавфу хатар буд ва ӯ душманони пурқудрате дошт. Аммо оғӯши муҳаббати Яҳува ба ӯ оромиву амонӣ мебахшид. Довуд дар ҳар нафас ҳис мекард, ки Яҳува бо ӯст ва ин қуввати дилаш буд. Барои ҳамин ӯ чунин сароид: «[Яҳува] маро аз ҳамаи тарсҳоям раҳо кард» (Заб. 34:4). Бар сари Довуд хавфу хатарҳои хеле ҷиддӣ меомад, аммо ҳар гуна тарсу хавотирияш дар пеши муҳаббати Яҳува ҳеҷ буд.
18. Чӣ тавр дилпурӣ аз муҳаббати Яҳува шуморо қувват мебахшад, ки бар тарс ғолиб оед?
18 Чӣ хел ҳис кардани муҳаббати Яҳува дар ҳолатҳои тарсовар ба мо қувват мебахшад? Пешраве бо номи Сузи нақл мекунад, ки вақте писарашон худкушӣ кард, ӯву шавҳараш чӣ ҳол доштанд: «Фалокати ногаҳонӣ диламонро чок кард ва мо худро бечораву нотавон ҳис мекардем. Аммо ғамхории Яҳува ба мо ҳисси оромиву амонӣ мебахшид». Рейчел, ки дар боло дар борааш гуфтем, ба ёд меорад: «Дар ёд дорам шабе сӯзиши дилам хеле сахт буд. Ман ба Яҳува дуо гуфта, аз шиддати ташвишу тарс аз синаам фиғони талхе баровардам. Ҳамон лаҳза ман тасаллии Яҳуваро ҳис кардам. Ҳамон тавре ки модар фарзандашро ором мекунад, ӯ ғамро аз дили ман дур карду ман хоб рафтам. Ин лаҳза ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад». Пири ҷамоате бо номи Тасосро барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтанаш ба муддати чор сол зиндонӣ карданд. Чӣ тавр ӯ муҳаббату ғамхории Яҳуваро ҳис кард? Тасос мегӯяд: «Яҳува ба ниёзҳои ман аз будаш бештар ғамхорӣ кард. Аз ин боварам ба ӯ бештар гашту ман ба ӯ бо тамоми дил такя намудам. Яҳува ҳатто дар кунҷи торику ғамовари зиндон бо рӯҳи муқаддасаш ба ман шодӣ мебахшид. Ин маро дилпур сохт, ки пеши Яҳува ҳар чӣ наздиктар биёям, некияш ба ман бештар мерасад. Аз ин рӯ ман дар зиндон хизмати пешрави доимиро сар кардам».
БА ХУДОИ ҒАМХОРАТОН НАЗДИКТАР ШАВЕД
19. а) Донистани он ки Яҳува шуморо дӯст медорад, ба дуоҳоятон чӣ хел таъсир мекунад? б) Кадом тасвири муҳаббати Яҳува ба шумо аз ҳама бисёртар таъсир мекунад? (Ба чорчӯбаи « Суханоне, ки баёнгари меҳри Яҳуваанд» нигаред.)
19 Воқеаҳое, ки мо дида баромадем, гувоҳи онанд, ки Яҳува, «Худои муҳаббат», бо мост (2 Қӯр. 13:11). Ӯ ғами ҳар яки моро мехӯрад. Мо дилпурем, ки «меҳру вафояш» моро «нигаҳбон» аст (Заб. 32:10). Барои дидани меҳру муҳаббати Яҳува ҳар чӣ бештар кӯшиш кунем, ӯ бароямон воқеитар мегардаду мо ба ӯ наздиктар мешавем. Мо, ҳар гоҳе хоҳем, ба ӯ дуо карда гуфта метавонем, ки ба муҳаббаташ муҳтоҷем. Мо ғаму хавотириямонро ба ӯ гуфта дилпурем, ки ӯ аз дарди мо огоҳ аст ва бо ҷону дил ба кумакамон меояд (Заб. 145:18, 19).
20. Чӣ тавр меҳру муҳаббати Яҳува моро ба ӯ ҷалб мекунад?
20 Ҳамон тавре ки дар рӯзи хунук одамон дар гирди алов барои гарм шудан ҷамъ мешаванд, мо низ ба Яҳува рӯ меорем, то муҳаббаташ моро гарм кунад. Муҳаббати Яҳува ҳам пурқувват аст, ҳам нарму форам. Дили худро барои гирифтани муҳаббати гарми Яҳува кушоед. Бигзор ҳар яки мо аз таги дил бигӯем: «Яҳуваро дӯст медорам» (Заб. 116:1).
ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?
-
Муҳаббати Яҳуваро чӣ тавр тасвир мекунед?
-
Чаро шумо дилпуред, ки Яҳува хеле дӯстатон медорад?
-
Муҳаббати Яҳува дар дили шумо чиро меангезад?
СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.