Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба ҷамоати нав кӯчидан. Душвориҳо ва ҳалли онҳо

Ба ҷамоати нав кӯчидан. Душвориҳо ва ҳалли онҳо

ОЁ ШУМО ягон бор ба ҷамоати дигар кӯчидаед? Агар чунин бошад, шояд, бо суханони Жан-Шарл розӣ мешавед, ки ӯ гуфтааст: «Ба ҷамоати нав одат кардану рӯҳонияти ҳар як узви оиларо нигоҳ доштан осон нест. Ба касоне, ки ба дигар ҷо мекӯчанд, шояд, лозим ояд, ки ҷойи кор, ҷойи зист ё мактаби нав ёбанд. Ба болои ҳамаи ин, онҳо бояд ба иқлими тоқатфарсо, маданияти дигар ва минтақаи нави хизмат одат кунад».

Никола ва Селин бо дигар хел душворӣ рӯ ба рӯ шуданд. Филиали Фаронса аз онҳо хоҳиш кард, ки ба ҷамоати нав кӯчанд. Онҳо мегӯянд: «Дар аввал мо хурсанд шудем, лекин баъдтар диламон барои дӯстонамон гум мезад. Дар ҷамоати нав бошад, ҳоло бо бародару хоҳарон он қадар наздик набудем» a. Чӣ тавр ба душвориҳо нигоҳ накарда дар ҷамоати нав пешравӣ карда метавонед? Чӣ тавр дигарон ёрӣ дода метавонанд? Чӣ кор кунем, ки кӯчидан ҳам барои мо баракат бошаду ҳам ба ҷамоати нав?

ЧОР ҚАДАМИ ЁРИРАСОН

Ба Яҳува таваккал кунед

1. Ба Яҳува таваккал кунед (Заб. 37:5). Казуми ном хоҳари ҷопоние 20 сол боз ба як ҷамоат мерафт. Баъдтар, вақте шавҳари ӯро аз ҷойи кораш ба дигар ҷо фиристоданд, Казуми маҷбур шуд, ки ба дигар ҷо кӯчад. Ӯ чӣ тавр «худро дар ихтиёри Яҳува» супурд? Ӯ мегӯяд: «Баъзан маро ҳиссиёти тарсу хавотирӣ ва танҳоӣ фаро мегирифт. Ман диламро ба Яҳува холӣ мекардам ва ӯ ҳар дафъа маро қувват мебахшид».

Чӣ тавр шумо дар вазъияти нав ба Яҳува такя карда метавонед? Чи хеле барои нашъунамо ёфтани растанӣ обу ғизо даркор аст, барои инкишоф ёфтани имон низ бояд онро ғизо дода истем. Никола, ки дар боло ёдовар шудем, дар бораи ҳаёти Иброҳим, Исо ва Павлус мулоҳиза ронд. Ин мардон барои иҷрои хости Худо бисёр қурбониҳо кардаанд. Намунаи онҳо имони бародарамонро ба дастгирии Яҳува қавӣ сохт. Омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас ёрдам мекунад, ки ба дигаргуниҳои ҳаёт одат кунем, захираи рӯҳониямонро зиёд гардонем ва ин захираҳоро дар ҷамоати нав тақсим кунем.

Муқоиса накунед

2. Муқоиса накунед (Пандгӯ 7:10). Вақте Жул аз Бенин ба Иёлоти Муттаҳида кӯчид, ӯ ба маданияти тамоман дигар афтод. Ӯ ба ёд меорад: «Ман аз саволҳо монда шудам. Ба назарам метофт, ки ҳама дар бораи ман ҳама чиро донистан мехоҳад». Азбаски ин барояш тамоман бегона буд, ӯ худро аз бародару хоҳарон дур гирифт. Лекин, вақте онҳоро беҳтар шинохт, назараш дигар шуд. Жул мегӯяд: «Ман ҳаминро фаҳмидам, ки тамоми одамони рӯйи замин якхеланд, фақат ки онҳо ҳиссиёту ниятҳояшонро ба таври гуногун баён мекунанд. Барои ҳамин муҳим он аст, ки ту одамро чи хеле ҳаст, ҳамон хел қабул кунӣ». Ҳеҷ гоҳ бародару хоҳарони ҷамоати наватонро бо ҷамоати пештара муқоиса накунед. Бинед Анна-Лиза ном хоҳари пешраве чӣ мегӯяд: «Ман умед намекардам, ки дар ҷойи нав ҳама чиз мисли пештара мешавад. Ман маҳз барои он кӯчидам, ки чизҳои навро аз худ кунам».

Пирон низ набояд ҷамоати пештараашонро бо ҷамоати нав муқоиса кунанд. Дар ҷойи нав, шояд, бародарон корҳои ҷамоатро дигар хел кунанд. Корро бо тарзҳои дигар иҷро кардан хато нест. Аз ин рӯ пеш аз маслиҳат додан хуб мебуд ҳама чиро беҳтар омӯзӣ (Пандгӯ 3:1,). Ба ҷойи фикрҳои худро ба бародарон бор кардан беҳтараш намунаи хуб гузоред (2 Қӯр. 1:24).

Дастгири аҳли ҷамоат бошед

3. Дастгири аҳли ҷамоат бошед (Флп. 1:27). Ҳарчанд кӯчидан вақту қуввати зиёдро мегирад, агар имкон бошад, аз аввал ба Ибодатгоҳ равед. Охир, агар бародару хоҳарон шуморо дар ҷамоати наватон ягон бор набинанд ё гоҳ-гоҳ бинанд, чӣ тавр дастгирӣ карда метавонанд? Лусинда, ки бо ду духтараш ба шаҳри калони Африқои Ҷанубӣ кӯчида буд, мегӯяд: «Ба ман маслиҳат доданд, ки худро аз аҳли ҷамоат дур нагирам, бо онҳо дар хизмат ҳамкорӣ кунам ва дар вохӯриҳо фаъолона иштирок кунам. Ғайр аз ин, мо хонаамонро барои гузарондани вохӯриҳо пешкаш кардем».

Бо бародару хоҳарони ҷамоати наватон паҳлу ба паҳлу хизмат кунед. Ин ҳам ба шумо қувват мебахшаду ҳам ба онҳо. Ба Анна-Лиза, ки пештар дар борааш гуфтем, пирони ҷамоат маслиҳат доданд, ки бо ҳар як воиз хизмат кунад. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Сирри худро дар ҷамоат худӣ ҳис кардан ҳамин будааст». Дар рӯбучин ва нигоҳубини Ибодатгоҳ иштирок кунед. Ҳамин тавр ҳис мекунед, ки ҷамоат бароятон бегона нест. Ҳар қадаре бештар худро ба даруни ҷамоат занед, ҳамон қадар тезтар шумо худӣ мешавед ва узви оилаи нави рӯҳониятон мегардед.

Дӯстони нав ёбед

4. Дӯстони нав ёбед (2 Қӯр. 6:11–13). Роҳи беҳтарини ёфтани дӯст ба шахс таваҷҷуҳ кардан аст, барои ҳамин пеш ё баъди ҷамъомад вақти кофӣ ҷудо карда, ҳамдинонатонро беҳтар шиносед. Кӯшиш кунед, ки номи онҳоро дар ёд доред. Вақте ба шахс бо номаш муроҷиат мекунӣ, ба ӯ маъқул аст. Меҳрубону дастрас бошед. Ҳамин тавр дигарон ба шумо ҷалб мешаванд ва дари дӯстиро ба рӯятон мекушоянд.

Барои қоил кардани дигарон кӯшиш накунед. Хубаш бо онҳо вақт гузаронед, то дар бораи чӣ хел инсон буданатон худашон хулоса бароранд. Аз рӯйи суханони зерини Лусинда амал кунед: «Мо якум шуда дигаронро ба меҳмонӣ таклиф мекардем. Ҳамин хел дӯстиямон бо онҳо қавӣ гашт».

«ЯКДИГАРРО ҚАБУЛ КУНЕД»

Баъзеҳо дар Ибодатгоҳ чеҳраҳои ношиносро дида худро гум карда метавонанд. Чӣ тавр ин мушкилии воизони навро осонтар кунем? Павлуси расул гуфта буд: «Якдигарро қабул кунед, ҳамон тавре ки Масеҳ низ шуморо қабул кардааст» (Рум. 15:7). Пирон ба намунаи Масеҳ пайравӣ карда воизони навро тавре пешвоз мегиранд, ки худро бегона ҳис накунанд. (Ба чорчӯбаи « Кӯчидан чиро дар бар мегирад?» нигаред.) Лекин дар ин кор ҳама аъзои ҷамоат, кӯдакон низ, саҳм гузошта метавонанд.

Як роҳи қабул кардани дигарон ба меҳмонӣ ҷеғ задан мебошад. Боз мо метавонем аз дигар ҷиҳат ба онҳо кумак кунем. Масалан, як хоҳар вақти пурқиматашро дареғ надошта ба воизе, ки ба ҷамоаташон кӯчида буд, шаҳрро нишон дод ва дар бораи нақлиёт маълумот дод. Ин ғамхории хоҳар ба ӯ сахт таъсир кард ва ӯ дар ҷойи нав тезтар одат кард.

ИМКОНИЯТИ ИНКИШОФ ЁФТАН

Барои он ки малах паррончак шавад, бояд бол барорад. Лекин пеш аз ин он якчанд бор пӯст мепартояд. Ба ҳамин монанд, шахсоне, ки ба дигар ҷо мекӯчанд, бояд аз ҳар тарсу хавотирие, ки барои бол баровардану бо тамоми қувват ба Яҳува хизмат кардан халал мерасонад, халос шаванд. Никола ва Селин мегӯянд: «То бо ҷойи наву одамони нав омӯхта шудан шахс хислатҳои навро аз худ мекунад, кӯчидан бошад, барои ин машқи беҳтарин аст». Жан Шарл мегӯяд, ки кӯчидан ба оилаи ӯ чӣ таъсир кард: «Кӯдаконамон дар ҷамоати нав гул-гул шукуфтанд. Танҳо баъди якчанд моҳ духтарамон дар вохӯриҳои байни ҳафта бо супоришҳо баромад мекард, писарамон бошад, воизи таъмиднаёфта шуд».

Агар шумо барои бисёртар хизмат кардан имконияти кӯчидан надошта бошед-чӣ? Пас, маслиҳатҳои ин мақоларо дар ҷамоати ҳозираатон ба кор баред. Ин бароятон навигарӣ мешавад. Ба Яҳува такя карда, пурра бо корҳои ҷамоататон андармон бошед. Бо бародару хоҳарони гуногун барои хизмат гапзанон кунед. Дӯстони нав пайдо кунед ё муносибатро бо дӯстони пештараатон қавитар созед. Фикр кунед, ки дар ҷамоат ба кӣ дасти ёрӣ дароз карда метавонед. Азбаски муҳаббат хислати асосии масеҳиён аст, онро зоҳир карда шумо ба Яҳува наздиктар мешавед (Юҳ. 13:35). Дилпур бошед, ки «чунин қурбониҳо ба Худо маъқуланд» (Ибр. 13:16).

Бисёр масеҳиён ба душвориҳо нигоҳ накарда дар ҷамоати нав муваффақ шуданд, шумо низ метавонед. «Ба ҷамоати нав кӯчида, ман дидам, ки дар дилам барои ҳама ҷой ҳаст, ҳам барои дӯстони пештара ва ҳам барои дӯстони нав»,— мегӯяд Анна-Лиза. Казуми мегӯяд: «Ба ҷойи дигар кӯчида, шахс дастгирии Яҳуваро бо роҳҳои нав ба нав ҳис мекунад». Дар бораи Жул чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ мегӯяд: «Бо дастгирии дӯстони навам ман дигар худро бегона ҳис намекунам. Ман худро қисми ҷамоати навам ҳис мекунам, ки аз он ҷудо шудан бароям душвор аст».

a Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи соли 1994 (рус.), мақолаи «Вақте воиз хонаро пазмон мешавад, бояд чӣ кор кунад?» нигаред.