Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28

СУРУДИ 26 Бо Худо роҳ рав!

Оё шумо ростиро аз дурӯғ фарқ мекунед?

Оё шумо ростиро аз дурӯғ фарқ мекунед?

«Устувор истед, миёнатонро бо камарбанди ростӣ бибандед» (ЭФС. 6:14).

МАҚСАД

Миёни ростии Худо ва дурӯғи Шайтону пайравонаш фарқ гузоштанро ёд мегирем.

1. Шумо ба ростӣ чӣ назар доред?

 ХАЛҚИ Яҳува ростиеро, ки аз Каломи Худо пайдо кардаанд, дӯст медоранд ва имонашон дар асоси он бино ёфтааст (Рум. 10:17). Мо бовар дорем, ки Яҳува ҷамоати масеҳиро, ки «сутуну такягоҳи ростист», барпо кардааст (1 Тим. 3:15). Мо бо омодагӣ ба касоне, ки дар байнамон «роҳбариро ба уҳда доранд», ростии Каломи Худоро мефаҳмонанду мувофиқи он дастурот медиҳанд, итоат мекунем (Ибр. 13:17).

2. Мувофиқи Яъқуб 5:19 ҳатто баъди пайдо кардани ростӣ мо аз чӣ эмин нестем?

2 Ҳатто баъди пайдо кардани ростӣ ва дилпурӣ аз дастуроти ташкилотамон мо аз фиреби Шайтони найрангсоз эмин нагаштаем. (Яъқуб 5:19-ро хонед.) Шайтон ташнаи он аст, ки мо боварамонро ба Калом ё ба дастуроти ташкилоти Яҳува гум кунем (Эфс. 4:14).

3. Чаро мо бояд ростиро маҳкам дорем? (Эфсӯсиён 6:13, 14).

3 Эфсӯсиён 6:13, 14-ро хонед. Ба наздикӣ Шайтон тарғиботи пурзӯреро сар карда тамоми халқҳоро бар зидди Яҳува бармехезонад (Ошкор. 16:13, 14). Ҳамчунин медонем, ки ба қарибӣ ӯ бо ғайрати даҳчанд аз пайи гумроҳ кардани халқи Яҳува мешавад (Ошкор. 12:9). Аз ин рӯ зарур аст, ки фарқ кардани росту дурӯғро ёд гирифта, ба ростӣ итоат кунем, зеро наҷоти мо дар азоби азим ба ҳамин вобаста аст (Рум. 6:17; 1 Пет. 1:22).

4. Дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Дар ин мақола мо ду хислатеро мебинем, ки барои фарқ кардани ростии Каломи Худо ва қабул кардани роҳбарии ташкилоти ӯ даркор мешавад. Боз се роҳеро дида мебароем, ки барои дар роҳи ростӣ мондан кумак мекунад.

ХИСЛАТҲОЕ, КИ БАРОИ ШИНОХТАНИ РОСТӢ ЗАРУРАНД

5. Чӣ тавр худотарсӣ чашмонамонро мекушояд, то сиёҳро аз сафед ҷудо кунем?

5 Худотарсӣ. Худотарсӣ бо муҳаббат алоқаманд аст. Одами худотарс Яҳуваро чунон дӯст медорад ки, бо ягон кораш ӯро ранҷондан намехоҳад. Барои мо розигии Яҳува аз ҳама муҳим аст, барои ҳамин мехоҳем, ки доимо ба фарқи сиёҳу сафед, ростиву дурӯғ сарфаҳм равем (Пнм. 2:3–6; Ибр. 5:14). Бисёр вақт чизе, ки ба одамон маъқул аст, ба Яҳува маъқул намешавад. Аз ин рӯ эҳтиёт шавем, ки одамтарсӣ бар худодӯстиямон боло нагирад.

6. Чӣ тавр одамтарсӣ ба даҳ сарвари исроилӣ таъсир расонд?

6 Агар одамтарсӣ аз худотарсиямон боло бошад, аз роҳи ростӣ дур шуда метавонем. Мисоли 12 сарвари қабилаҳоро мегирем, ки ба Замини ваъдашуда барои ҷосусӣ фиристода шуданд. Даҳ нафари онҳо аз канъониён тарсиданд ва тарсашон аз муҳаббат ба Яҳува болотар гашт. Онҳо ба исроилиён гуфтанд: «Мо ба онҳо зӯрамон намерасад. Онҳо аз мо пурзӯртаранд» (4 Мӯсо 13:27–31). Гапи онҳо ҷон дошт. Аз нуқтаи назари одамӣ канъониён дар ҳақиқат аз исроилиён бақувваттар буданд, лекин ин маънои онро надошт, ки исроилиён мағлуб мешаванд. Агар онҳо Яҳуваро аз назарашон дур намекарданд, бар душманон дастболо мегаштанд. Ин даҳ нафар бояд диққаташонро ба хости Яҳува равона мекарданд ва мулоҳиза меронданд, ки ба наздикӣ Яҳува дар ҳаққашон чӣ корҳо кард. Он гоҳ ин мардон дарк мекарданд, ки пурзӯрии канъониён дар пеши бузургии Худои Қодир ҳеҷ аст. Баръакси ин ҷосусони сустимон барои Юшаъ ва Колеб розигии Яҳува аз ҳама боло меистод. Онҳо ба мардум гуфтанд: «Агар Яҳува аз мо розӣ бошад, ӯ ҳатман моро ба он замин меорад... ва онро ба мо медиҳад» (4 Мӯсо 14:6–9).

7. Чӣ тавр худотарсиямонро пурзӯр кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Барои пурзӯр кардани худотарсиямон мо бояд чӣ кор кунем? Кӯшиш кунед, ки бо ҳар қароратон дили Яҳуваро шод гардонед (Заб. 16:8). Вақте аз Китоби Муқаддас ягон воқеаро мехонед, аз худ пурсед: «Агар ман дар ин вазъият мебудам, чӣ кор мекардам?» Масалан, тасаввур кунед, ки шумо дар байни исроилиёнеду суханони манфии даҳ сарвари қабиларо мешунавед. Оё шумо ба гапи онҳо бовар карда, ба доми одамтарсӣ меафтодед? Ё муҳаббататон ба Яҳува аз одамтарсӣ зӯр мебаромад? Сад афсӯс ки, халқи Исроил ба суханони ҳаққонии Юшаъ ва Колеб шубҳа карданд. Дар натиҷа, онҳо аз баракатҳои Замини ваъдашуда маҳрум гаштанд (4 Мӯсо 14:10, 22, 23).

Шумо ба кӣ бовар мекардед? (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Мо бояд кадом сифатро дар худ инкишоф диҳем ва чаро?

8 Хоксорӣ. Яҳува ҳақиқатро ба одамони хоксор мекушояд (Мат. 11:25). Вақте ба мо омӯзишро пешкаш карданд, мо хоксорона тан гирифтем, ки ба кумаки дигарон муҳтоҷем (Кор. 8:30, 31). Лекин мо ҳоло ҳам бояд эҳтиёт шавем, то гарди ҳавобаландӣ дар диламон нашинад. Агар эҳтиёт нашавем, фикри худро баробари маслиҳатҳои Каломи Худо ва раҳнамоии ташкилоташ муҳим меҳисобем.

9. Чӣ кор кунем, ки хоксор монем?

9 Барои нигоҳ доштани хоксорӣ мо бояд дар ёд дорем, ки дар пеши бузургии Яҳува як гарди ночизем (Заб. 8:3, 4). Ғайр аз ин, барои инкишоф додани хоксорӣ ва таълимпазирӣ аз Яҳува ёрдам пурсем. Яҳува фикрашро ба воситаи Калом ва ташкилоташ ба мо маълум месозад ва ба мо дили хоксор медиҳад, то фикрҳои ӯро аз фикрҳои худ боло гузорем. Ҳангоми хониши Китоби Муқаддас ба он аҳамият диҳед, ки Яҳува чӣ қадар хоксориро дӯст медораду аз ҳавобаландӣ, ғуруру манманӣ нафрат дорад. Ҳамчунин, вақте дар хизмати Яҳува таъйиноте мегиреду дар назари дигарон намоёнтар мегардед, барои хоксор мондан кӯшиши дучанд кунед.

ЧӢ ТАВР АЗ РОҲИ РОСТӢ ДУР НАШАВЕМ?

10. Яҳува халқашро ба воситаи кӣ роҳнамоӣ мекард?

10 Аз дастуроти ташкилот дилпур бошед. Дар замонҳои Исроили қадим Яҳува аввал ба воситаи Мӯсо ва баъд ба воситаи Юшаъ дастуроташро ба халқи худ медод (Юшаъ 1:16, 17). Агар исроилиён ин мардонро чун намояндаи Яҳува қабул мекарданд, соҳиби баракат мегаштанд. Асрҳо пас, вақте ки ҷамоати масеҳӣ ташкил ёфт, ба воситаи 12 расул дастурот дода мешуд (Кор. 8:14, 15). Сипас ба онҳо дигар пирони Ерусалим ҳамроҳ шуданд. Вақте аҳли ҷамоат ба роҳнамоии ин мардони вафодор гӯш медоданд, «имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд ва шумораи имондорон рӯз аз рӯз меафзуд» (Кор. 16:4, 5). Имрӯз низ муваффақияти мо ба он вобаста аст, ки ба дастуроти ташкилоти Яҳува гӯш медиҳем ё не. Агар шахсони таъйинкардаи Яҳуваро рад кунем, ӯ чӣ ҳис мекунад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед ба воқеае, ки бо исроилиён пеш аз даромадан ба Замини ваъдашуда рӯй дод, рӯ орем.

11. Бо касоне, ки интихобшудаи Яҳува, Мӯсоро, рад карданд, чӣ рӯй дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Дар роҳ, ҳангоми ба Замини ваъдашуда рафтан, баъзе мардони номдор бар зидди Мӯсо баромада, мартабаеро, ки Яҳува ба ӯ дода буд, писанд накарданд. Онҳо гуфтанд: «Тамоми мардум [на фақат Мӯсо] муқаддас аст ва Яҳува дар миёни онҳост» (4 Мӯсо 16:1–3). Рост аст ки, дар назари Яҳува «тамоми мардум» муқаддас буд, лекин ӯ барои роҳнамоии халқаш Мӯсоро интихоб кард (4 Мӯсо 16:28). Дар асл, исёнгарон Мӯсоро неву Яҳуваро айбдор мекарданд. Онҳо диққаташонро ба хости Яҳува нею ба хости худашон равона карданд. Онҳо мехостанд соҳибқудрат ва машҳур бошанд. Худо ин сарварони исёнкор ва ҳазорҳо тарафдорони онҳоро нест кард (4 Мӯсо 16:30–35, 41, 49). Имрӯз низ касоне, ки қарорҳои ташкилоташро писанд намекунанд, ба Яҳува маъқул нестанд.

Шумо тарафдори кӣ мешудед? (Ба сархати 11 нигаред.)


12. Чӣ кор кунем, ки боварамонро ба ташкилоти Яҳува гум накунем?

12 Мо аз ташкилоти Яҳува дилпур буда метавонем. Вақте шахсони таъйинкардаи Яҳува мебинанд, ки ба баъзе фаҳмишамон ё тарзи хушхабаррасонӣ дигаргуниҳо даровардан лозим аст, онҳо бе дудилагӣ ин корро мекунанд (Пнм. 4:18). Онҳо пеш аз ҳама дили Яҳуваро ёфтан мехоҳанд. Ин бародарон ҳамаи қарорҳоро дар асоси Каломи Худо мебароранд. Ин шеваи рафтор барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст.

13. «Намунаи таълимоти дуруст» чист ва онро бояд чӣ кор кунем?

13 «Минбаъд низ ба намунаи таълимоти дуруст... пайравӣ намо» (2 Тим. 1:13). «Намунаи таълимоти дуруст» гуфта, таълимоти Каломи Худо дар назар дошта шудааст (Юҳ. 17:17). Имони мо дар асоси он бино ёфтааст. Ташкилоти Яҳува моро ёд медиҳад, ки ба таълимоти дурусти Калом маҳкам часпем ва онро сар надиҳем. Агар чунин кунем, соҳиби баракатҳо мешавем.

14. Чӣ тавр баъзе масеҳиён «намунаи таълимоти дуруст»-ро аз даст доданд?

14 Агар мо аз таълимоти дуруст саркашӣ кунем, чӣ рӯй медиҳад? Мисолеро мебинем. Дар асри як дар байни масеҳиён овозае паҳн шуд, ки гӯё рӯзи Яҳува аллакай фаро расидааст. Шояд, сабаби ин номаи дурӯғе буд, ки аз номи Павлус навишта шуда буд. Баъзе масеҳиёни Таслӯникӣ тафтиш накарда ба ин овоза бовар карданд ва ҳатто онро ба дигарон паҳн мекарданд. Агар ин масеҳиёни Таслӯникӣ суханони Павлусро, ки вақти ҳамроҳашон будан ба онҳо гуфта буд, фаромӯш намекарданд, ба доми ин фиреб намеафтоданд (2 Тас. 2:1–5). Павлус ба бародаронаш маслиҳат дод, ки ба ҳар чизе, ки мешунаванд, бовар накунанд. Барои дар оянда ба таслӯникиён кумак кардан Павлус номаи дуюмашро бо чунин суханон хулоса кард: «Ман, Павлус, ин саломро бо дасти худ менависам, ки бо он ҳамаи номаҳоям фарқ мекунанд; ҳусни хати ман ҳамин аст» (2 Тас. 3:17).

15. Мо чӣ тавр худро аз дурӯғҳои ростнамо ҳимоя кунем? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

15 Мо аз суханоне, ки Павлус ба таслӯникиён навишт, чӣ меомӯзем? Агар мо ягон хабареро шунавем, ки бо таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқат намекунад ё овозаи ғайриодие ба гӯшамон расад, бояд ҳушёр бошем. Дар давраи Шӯравӣ боре душманонамон номаеро навиштанд, ки гӯё он аз Идораи марказӣ омада бошад. Дар он нома гуфта мешуд, ки баъзе бародарон метавонанд аз ташкилот ҷудо шуда, созмони худро таъсис диҳанд. Ин нома ба назар ҳақиқӣ метофт, лекин бародарони содиқ фиреб нахӯрданд. Онҳо пай бурданд, ки мазмуни ин нома бо чизе, ки ташкилот таълим медиҳад, мувофиқ нест. Имрӯз низ душманони ростӣ метавонанд аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд, то моро гумроҳ карда дар байнамон ҷудоӣ андозанд. Дар чунин ҳолатҳо мо бояд солимфикриро аз даст надода даррав хулоса накунем. Барои ҳимоя кардани худ он чиро, ки хондем ё шунидем, бояд бар тарозуи Калом баркашем (2 Тас. 2:2; 1 Юҳ. 4:1).

Фиреби дурӯғи ростнаморо нахӯред (Ба сархати 15 нигаред.) a


16. Мувофиқи Румиён 16:17, 18 мо бояд бо одамони ҷудоиандоз чӣ хел рафтор кунем?

16 Бо вафодорони Яҳува якдил бошед. Яҳува мехоҳад, ки мо бо ҳамдинонамон ӯро якдилона парастиш кунем. Барои ин мо бояд ростиро маҳкам дорем. Ҳар касе таълимотеро паҳн мекунад, ки зидди ростии Калом аст, дар ҷамоат ҷудоӣ меандозад. Яҳува моро огоҳ мекунад, ки аз чунин касон канорагирӣ кунем. Агар ин тавр накунем, худамон низ аз роҳи ростӣ дур шуда метавонем. (Румиён 16:17, 18-ро хонед.)

17. Агар мо ростиро шиносему онро маҳкам дорем, чӣ манфиат мегирем?

17 Вақте мо ростиро мешиносему онро маҳкам медорем, рӯҳан солим ва дар паноҳи Яҳува мемонем (Эфс. 4:15, 16). Ин моро аз таълимоти дурӯғи Шайтон ва тарғиботи ӯ ҳимоя мекунад. Дар давоми азоби азим бошад, Яҳува моро зери қаноташ мегирад. Ростиро маҳкам доред, «он гоҳ Худои сулҳу осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд» (Флп. 4:8, 9).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

a ШАРҲИ РАСМ: Воқеаеро аз замони Шӯравӣ саҳнасозӣ кардаанд. Бародарон гӯё аз идораи марказӣ номае мегиранд, лекин дар асл онро душманон навиштаанд. Имрӯз душманони ростӣ дар бораи ташкилоти Яҳува маълумоти дурӯғро ба воситаи интернет паҳн мекунанд.