Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

«Зан»-е, ки дар Ишаъё 60:1 ном бурда мешавад, кист ва чӣ тавр ӯ бархеста, нур мепошад?

Дар Ишаъё 60:1 гуфта мешавад: «Бархез, эй зан, нур бипош, зеро нури ту омадааст. Ҷалоли Яҳува бар ту медурахшад». Аз оятҳои гирду пеш маълум мешавад, ки «зан» гуфта, Сион ё Ерусалим, пойтахти онвақтаи Яҳудо, дар назар аст a (Иш. 60:14; 62:1, 2). Ин шаҳр ба тамоми халқ ишора мекунад. Аз суханони Ишаъё ду савол пайдо мешавад. Якум, Ерусалим кай ва чӣ тавр бархоста, нури рӯҳонӣ пошид? Дуюм, оё суханони Ишаъё дар рӯзҳои мо дар миқёси бузургтар иҷро мешаванд?

Кай ва чӣ тавр Ерусалим бархоста, нури рӯҳонӣ пошид? Вақте яҳудиён тӯли ҳафтод сол дар асирии Бобил буданд, Ерусалим ва ибодатгоҳаш вайрону валангор буданд. Вале, вақте Бобил ба дасти модҳову форсҳо афтид, ба исроилиёни саросари империяи Бобил иҷозат дода шуд, ки ба зодгоҳи худ баргашта, парастиши покро барқарор намоянд (Эзро 1:1–4). Аз соли 537-и то милод сар карда бақияи исроилиёни вафодор аз дувоздаҳ қабила ба ватанашон баргаштанд (Иш. 60:4). Онҳо ба Яҳува қурбонӣ овардан гирифтанд ва ҷашнгирии идҳову бозсозии ибодатгоҳро сар карданд (Эзро 3:1–4, 7–11; 6:16–22). Ҷалоли Яҳува дубора ба Ерусалим, яъне бар халқи сарҷамъгаштаи Яҳува, тобидан гирифт. Халқи Худо дар навбати худ барои халқҳои зиёде, ки дар торикии рӯҳонӣ буданд, чароғи раҳнамо гашт.

Бояд қайд кард, ки пешгӯйиҳои Ишаъё дар бораи парастиши пок дар замонҳои Ерусалими қадим пурра иҷро нагаштанд. Аксари исроилиён ба Яҳува итоаткор намонданд (Наҳемё 13:27; Мал. 1:6–8; 2:13, 14; Мат. 15:7–9). Баъдтар бошад, онҳо ҳатто Масеҳи Худо, Исоро, рад карданд (Мат. 27:1, 2). Охиру оқибат соли 70-уми милодӣ Ерусалим ва ибодатгоҳаш дуюмбора валангор гаштанд.

Яҳува ин фалокатҳоро пешбинӣ карда буд (Дон. 9:24–27). Аз ин рӯ чунин хулосабарорӣ мантиқист: нияти Яҳува ин набуд, ки тамоми пешгӯйиҳои боби 60-и китоби Ишаъёро дар бораи барқароршавӣ Ерусалими заминӣ иҷро кунад.

Оё суханони Ишаъё дар замони мо дар миқёси бузургтар иҷро мешаванд? Бале. Вале дар хусуси дигар зани маҷозӣ — «Ерусалими боло». Павлуси расул дар борааш навишта буд: «Он модари мост» (Ғал. 4:26). «Ерусалими боло» қисми осмонии созмони Худост, ки аз ходимони содиқи ӯ иборат аст. Фарзандони ин зани маҷозӣ Исо ва 144 000 масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда мебошанд, ки мисли Павлус умеди осмонӣ доранд. Онҳо «халқи муқаддас», «Исроили Худо»-ро, ташкил медиҳанд (1 Пет. 2:9; Ғал. 6:16).

Чӣ тавр «Ерусалими боло» бархоста, нур пошидан гирифт? Вай инро ба воситаи фарзандони тадҳиншудаи заминияш кард. Биёед он чиро, ки бо онҳо рӯй дод, бо пешгӯйиҳои боби 60-и китоби Ишаъё муқоиса кунем.

Дар асри дуюми милодӣ, вақте алафҳои бегонаи осият масеҳиёни тадҳиншударо пахш намуданд, гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба зулмоти рӯҳонӣ афтиданд (Мат. 13:37–43). Ҳамин тавр онҳо асири Бобили Бузург, империяи дини дурӯғ, гаштанд. Тадҳиншудагон то вақтҳои охирзамон асир буданд. Ин замон аз соли 1914 сар шуд (Мат. 13:39, 40). Чанде пас, яъне соли 1919, онҳо аз бандҳои зулмоти рӯҳонӣ озод гаштанду нури ҳақиқатро ба одамон пошида, ба кори мавъиза часпиданд b. Тӯли солҳо одамон аз тамоми халқҳо сӯйи ин нур омадан гирифтанд, аз ҷумла бақияи Исроили Худо — подшоҳоне, ки дар Ишаъё 60:3 дар бораашон гуфта мешавад (Ошкор. 5:9, 10).

Дар оянда масеҳиёни тадҳиншуда нури илоҳиро боз ҳам бештар акс мекунанд. Чӣ тавр? Вақте онҳо ҳаёти заминияшонро ба охир расонанд, қисми «Ерусалими нав» ё «арӯс»-и Масеҳ мешаванд, ки аз 144 000 подшоҳу коҳин иборат аст (Ошкор. 14:1; 21:1, 2, 24; 22:3–5).

Ерусалими нав дар иҷро шудани пешгӯйии Ишаъё 60:1 нақши асосӣ мебозад. (Ишаъё 60:1, 3, 5, 11, 19, 20-ро бо Ошкорсозӣ 21:2, 9–11, 22–26 муқоиса кунед.) Ҳамон тавре ки Ерусалими заминӣ маркази ҳукмронии Исроили қадим буд, «Ерусалими нав» низ ҳукумати дунёи навро ташкил медиҳад. Ба кадом маъно «Ерусалими нав» аз осмон, аз ҷониби Худо, мефарояд? Ба он маъно, ки он диққаташро сӯйи замин мекунад ва одамони худотарс аз тамоми халқҳо дар равшании он роҳ хоҳанд рафт. Онҳо ҳатто аз гуноҳу марг халосӣ меёбанд (Ошкор. 21:3, 4, 24). Дар натиҷа, чуноне ки Ишаъё ва дигар пайғамбарон пешгӯйӣ карда буданд, ҳама чиз барқарор мешавад (Кор. 3:21). Ин барқарорсозии бузург замоне сар шуд, ки Исо Подшоҳ гашт ва, вақте ба поён мерасад, ки Ҳукмронии ҳазорсолаи ӯ анҷом ёбад.

a Дар Ишаъё 60:1 дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» ба ҷойи калимаҳои «Сион» ва «Ерусалим» калимаи «зан» истифода шудааст, чунки феълҳои ибрии «бархез», «нур бипош» ва исме, ки ҷонишини «ту» ба он ишора мекунад, ҷинсияти занона доранд. Хонандаи тоҷикзабон аз калимаи «зан» хулоса мекунад, ки ин ҷо зани рамзӣ дар назар аст.

b Барқароршавии рӯҳоние, ки соли 1919 рӯй дод, ҳамчунин дар китоби Ҳизқиёл 37:1–14 ва Ошкорсозӣ 11:7–12 тасвир ёфтааст. Ҳизқиёл пешгӯйӣ мекунад, ки ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда баъд аз замони хеле дарози асирӣ рӯҳан озод мешаванд. Дар Ошкорсозӣ бошад, дар бораи гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда пешгӯйӣ мешавад, ки роҳбариро ба уҳда доранду ба муддате фаъолияташон пахш гашта, онҳоро ноҳақ ба зиндон меандозанд. Баъд аз ин муддати кӯтоҳ онҳо дубора рӯҳан таваллуд мешаванд. Соли 1919 ин гурӯҳи хурд ба сифати «ғуломи бовариноку боандеша» таъйин мегардад. (Мат. 24:45; ба китоби «Парастиши поки Яҳува ниҳоят барқарор шуд!» рус., саҳифаи 118 нигаред.)