Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пурсабрӣ — ин бо умед ба душвориҳо тоб овардан аст

Пурсабрӣ — ин бо умед ба душвориҳо тоб овардан аст

АЗБАСКИ «дар рӯзҳои охир» ҳаёт торафт душвор шуда истодааст, ба халқи Худо аз ҳарвақта дида бештар пурсабрӣ лозим аст (2 Тим. 3:1–5). Аксари одамон худбин, номуросо ва бепарҳез шудаанд ва ба онҳо пурсабрӣ намерасад. Барои ҳамин, ҳар як масеҳӣ бояд дар бораи саволҳои зерин фикр кунад: «Оё рӯҳияи ин гуна одамон ба ман ҳам таъсир накардааст? Пурсабрии ҳақиқӣ чӣ маъно дорад? Чӣ тавр ман ин хислати беҳамторо дар ҳар маврид зоҳир карда метавонам?»

ПУРСАБРӢ ЧИСТ?

Мувофиқи Китоби Муқаддас маънои пурсабрии ҳақиқӣ на танҳо ба вазъияти душвор тоқат кардан аст. Он ҳамчунин ба душвориҳо бо умед тоб овардан мебошад. Шахси пурсабр на фақат дар бораи худаш, инчунин дар бораи ҳиссиёти дигарон, ҳатто оиди беҳбудии шахсе ки ӯро хафа кардааст, фикр мекунад. Ӯ умед дорад, ки муносибати онҳо беҳтар мешавад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки хислати пуртоқатӣ дар Китоби Муқаддас дар байни хислатҳое, ки бар муҳаббат асос меёбанд, аввалин шуда номбар шудааст * (1 Қӯр. 13:4). Каломи Худо «пурсабрӣ»-ро ҳамчунин яке аз қисмҳои «самари рӯҳ» меномад (Ғал. 5:22, 23). Чӣ тавр мо ин хислати ба Худо маъқулро дар худ инкишоф дода метавонем?

ЧӢ ТАВР ПУРСАБРИРО ИНКИШОФ ДИҲЕМ?

Барои инкишоф додани хислати пурсабрӣ мо бояд аз Яҳува дар дуо рӯҳи муқаддас пурсем. Ва Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба шахсоне медиҳад, ки ба Ӯ таваккал карда умед мебанданд (Луқ. 11:13). Рӯҳи муқаддас таъсири бузург дорад, вале мо бояд худамон низ ҳаракат карда мувофиқи дуоҳоямон амал намоем (Заб. 85:10, 11). Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҳар рӯз кори аз дастамон меомадаро карда, пурсабриро инкишоф диҳем, то ки ин хислат дар дили мо реша давонад. Ба мо боз чӣ ёрӣ медиҳад?

Мо бояд дар бораи намунаи комили Исо мулоҳиза ронда, ба ӯ пайравӣ кунем. Зери илҳоми Худо Павлуси расул «шахсияти наверо» тасвир кард, ки «пурсабриро» дар худ дорад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки «бигзор осоиштагии Масеҳ дар дилҳои [мо] ҳукмфармо бошад» (Қӯл. 3:10, 12, 15). Исо пурра боварӣ дошт, ки Худо дар вақти лозима вазъиятеро, ки моро ба ташвиш меорад, тағйир медиҳад. Агар мо ба намунаи ӯ пайравӣ кунем, осоиштагӣ дар дили мо низ ҳукмфармо хоҳад шуд. Он вақт, чӣ вазъияте ки рӯй надиҳад, мо пурсабрӣ зоҳир карда метавонем (Юҳ. 14:27; 16:33).

Ҳамаи мо Биҳишти ваъдашударо хеле интизорем. Лекин, вақте мо оиди он фикр мекунем, ки чӣ тавр Яҳува нисбати мо пуртоқатӣ зоҳир мекунад, мо бештар пурсабр мешавем. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад: «Яҳува дар иҷрои ваъдааш дер намекунад, чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд, балки нисбати шумо пурсабр аст, зеро нобуд шудани касеро намехоҳад, баръакс, Ӯ мехоҳад, ки ҳама имконияти тавба карданро дошта бошанд» (2 Пет. 3:9). Яҳува нисбати мо хеле пуртоқат аст ва агар мо дар бораи ин мулоҳиза ронем, мо низ нисбати дигарон пуртоқатӣ зоҳир карда метавонем (Рум. 2:4). Баъзе вазъиятҳое ки пуртоқатӣ талаб мекунанд, кадоманд?

ВАЗЪИЯТҲОЕ КИ ПУРТОҚАТӢ ТАЛАБ МЕКУНАНД

Мо қариб ҳар рӯз бо вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки бояд пуртоқатӣ зоҳир кунем. Масалан, агар шумо ягон гапи муҳим гуфтанӣ бошед, ба шумо пурсабрӣ лозим мешавад, то ки гапи дигаронро набуред (Яъқ. 1:19). Ҳамчунин пурсабрӣ ҳамон вақт лозим мешавад, ки агар ягон одати ҳамимонамон ба шумо маъқул набошад. Дар чунин вазъиятҳо беҳтараш дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо ба камбудиҳои мо муносибат мекунанд. Онҳо диққаташонро ба камбудиҳои майда-чуйдаи мо неву ба ҷиҳатҳои хубамон равона мекунанд ва ҳамчунин аҳамият медиҳанд, ки мо барои беҳтар шудан кӯшиш карда истодаем (1 Тим. 1:16; 1 Пет. 3:12).

Вазъияте шуда метавонад, ки дигарон моро дар ягон сухан ё кори нодуруст айбдор мекунанд ва он вақт бояд пуртоқатӣ зоҳир кунем. Дар чунин мавридҳо шахс одатан хафа мешавад ё ба худсафедкунӣ медарояд. Лекин Каломи Худо ба мо чунин маслиҳат медиҳад: «Собир беҳ аз ҳавобаланд. Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад» (Воиз 7:8, 9). Барои ҳамин, ҳатто агар моро беадолатона айбдор кунанд ҳам, мо бояд пурсабрӣ зоҳир кунем ва андеша карда ҷавоб диҳем. Вақте ки бо Исо беадолатона муносибат мекарданд, ӯ айнан аз рӯйи ҳамин принсип амал мекард (Мат. 11:19).

Ба волидон низ пурсабрӣ хеле зарур аст. Чунки баъзан дар дили фарзандашон фикру хоҳишҳои нодуруст пайдо шуда метавонанд ва волидон бояд онҳоро ислоҳ кунанд. Биёед, мисоли Маттиасро, ки дар Байт-Или Скандинавия хизмат мекунад, дида бароем. Маттиасро дар вақти мактабхонӣ аз пушти эътиқодаш шуда доимо масхара мекарданд. Волидонаш дар аввал инро пай набурданд. Лекин оқибат фаҳмиданд, ки ӯ нисбати ҳақиқат шубҳа пайдо кардааст. Ба онҳо лозим омад, ки тарзи фикрронии ӯро ислоҳ кунанд. Падари Маттиас, Йиллис нақл мекунад: «Дар ин вазъият ба мо хеле пурсабрӣ лозим буд. Маттиас чунин саволҳо медод: “Худо кист? Агар Китоби Муқаддас Каломи Худо набошад-чӣ? Мо аз куҷо медонем, ки Худо дар асл ин ё он чизро аз мо талаб мекунад?”» Ӯ боз аз падараш пурсида буд: «Магар ин айби ман аст, ки мисли шумо фикр намекунам ва бовариам камтар аст?»

Йиллис мефаҳмонад: «Баъзан писарамон бо қаҳру ғазаб савол медод. Лекин вай аз ман ё модараш неву аз ҳақиқат хафа буд, зеро фикр мекард, ки он ҳаёташро душвор гардонда аст». Йиллис чӣ кор кард? Вай нақл мекунад: «Ману писарам соатҳои дароз шишта сӯҳбат мекардем. Бисёр вақт ман ӯро фақат гӯш мекардам ва барои ҳиссиёту нуқтаи назарашро фаҳмидан, ба ӯ саволҳо медодам. Баъзан ман ин ё он мавзӯъро ба Маттиас мефаҳмондам ва ба ӯ як рӯз ё зиёдтар вақт медодам, ки дар бораи онҳо фикр кунад ва баъд мо сӯҳбатамонро давом медодем. Дар дигар мавридҳо бошад, ман ба ӯ мегуфтам, ки ба ман якчанд рӯз даркор аст, то оиди нуқтаи назараш мулоҳиза ронам. Чунин сӯҳбатҳои доимӣ ба Маттиас ёрдам карданд, ки дар бораи фидия, ҳокимияти Худо ва муҳаббати Яҳува фаҳмишаш зиёд гардида бо ин таълимотҳо розӣ шавад. Барои он ки муҳаббати Яҳува дар дили ӯ реша давонад, вақту қуввати зиёд даркор шуд. Ману занам хурсандем, ки меҳнатамон барабас набуд ва мо ба дили ӯ таъсир расонда тавонистем».

Йиллис ва занаш барои пурсаброна писарашонро ислоҳ кардан аз Яҳува кӯмак меҷустанд. Йиллис гузаштаро ба хотир оварда мегӯяд: «Ба Маттиас мегуфтам, ки ману модараш ӯро хеле дӯст медорем ва доимо дуо мегӯем, ки Яҳува ба ӯ фаҳмиш диҳад». То чӣ андоза ин волидон хурсанданд, ки пурсабрӣ зоҳир карданд!

Чӣ хеле ки дидем барои ба дигарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак расондан, пурсабрӣ лозим аст. Ҳамчунин ба масеҳиён баъзан лозим меояд, ки ҳангоми ба бемории давомнок гирифтор шудани ягон шахси наздикашон, пурсабрӣ зоҳир кунанд. Биёед, мисоли Еленаро *, ки аз Скандинавия аст, дида бароем.

Тақрибан ҳашт сол пеш шавҳари Елена ду бор инсулт шуд. Ва ин касалӣ ба майнаи ӯ чунон таъсир кард, ки дар натиҷа ӯ дигар дилсӯзӣ, хушбахтӣ ё ғамгиниро ҳис карда наметавонист. Ин вазъият аз Елена қуввати бисёрро талаб мекард. Ӯ мегӯяд: «Ба ман пурсабрии зиёд даркор буд ва ман бисёр дуо мегуфтам. Ояти дӯстдоштаам Филиппиён 4:13 маро хеле тасаллӣ медод. Дар он гуфта шудааст: “Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиро паси сар карда метавонам”». Елена пурра ба дастгирии Яҳува боварӣ дошт ва бо қуввати Ӯ пурсаброна ба ин вазъият тоб овард (Заб. 61:6, 7).

БА ПУРСАБРИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува дар зоҳир кардани пурсабрӣ барои мо намунаи беҳтарин аст (2 Пет. 3:15). Дар Китоби Муқаддас бисёр воқеаҳое ҳастанд, ки дар онҳо пурсабрии Яҳува дида мешавад (Наҳемё 9:30; Иш. 30:18). Масалан, вақте ки Иброҳим дар бораи ҳукми Яҳува нисбати Садӯм бисёр савол дод, Ӯ чӣ тавр рафтор кард? Яҳува суханони Иброҳимро набурида, пурсаброна ҳар як саволашро гӯш кард ва ба ташвишҳояш беаҳамиятӣ накард. Вақте Яҳува суханони Иброҳимро такрор кард, Ӯ нишон дод, ки бодиққат ӯро гӯш мекард. Яҳува Иброҳимро боварӣ бахшид, ки агар дар шаҳр танҳо 10 нафар одил ёфт шавад, Ӯ шаҳрро нест намекунад (Ҳас. 18:22–33). Яҳува ба мо намунаи олиҷаноб гузоштааст, ки дигаронро пурсаброна гӯш кунем ва тез ба хашм наоем.

Пурсабрии ҳақиқӣ дар асл қисми муҳими «шахсияти нав» мебошад, ки ҳар як масеҳӣ бояд онро дар бар кунад. Агар мо ин хислати пурарзиш ва муҳимро бо ҷидду ҷаҳд инкишоф диҳем, мо Падари ғамхору пурсабрамонро ҷалол медиҳем ва ба «онҳое, ки ба туфайли имон ва пурсабрӣ ваъдаҳоро соҳиб шудаанд», ҳамроҳ мешавем (Ибр. 6:10–12).

^ сарх. 4 Хислати муҳаббат, ки қисми дигари самари рӯҳ мебошад, дар маҷаллаи моҳи августи соли 2017 муҳокима шуда буд.

^ сарх. 15 Ном иваз шудааст.