Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки дастонам суст шаванд

Ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки дастонам суст шаванд

«ДАДАҶОН», «ПАДАРҶОН», «АМАК» гӯён муроҷиат мекунанд аксари байтилчиёни ҷавон ба мани 89-сола. Ин яке аз мукофотҳоест, ки Яҳува барои 72 соли хизмати пурравақтам додааст. Аз таҷрибаи худ, ман метавонам ин ҷавононро самимона боварӣ бахшам, ки агар дар хизмат дасти худро суст накунанд, Яҳува онҳоро албатта подош медиҳад (2 Вақ. 15:7).

ВОЛИДОН ВА ХОҲАРУ БАРОДАРОНИ МАН

Падару модари ман аз Украина ба Канада кӯчиданд. Онҳо дар шаҳраки Росберни вилояти Манитоба сокин шуданд. Модари азизи ман 8 писар ва 8 духтар ба дунё овардааст, лекин ҳеҷ кадоми мо дугоник нестем. Ман фарзанди 14-ум мебошам. Падарам Китоби Муқаддасро дӯст медошт ва ҳар саҳар рӯзҳои якшанбе онро ба мо мехонд. Вале ӯ динро чун як воситаи пулкоркунии рӯҳониён меҳисобид ва бисёр вақт шӯхӣ карда, мегуфт: «Аҷоиб, ба Исо барои мавъиза кардан ва таълим доданаш кӣ пул медод?»

Оқибат ҳашт нафар аз хоҳару бародаронам — чор писар ва чор духтар ҳақиқатро қабул карданд. Апаам Роз то охири умраш пешрав буд. Ӯ дар рӯзҳои охири ҳаёташ ҳар як касро насиҳат мекард, ки ба гуфтаҳои Каломи Худо гӯш кунанд ва мегуфт: «Ман туро дар дунёи нав дидан мехоҳам». Сеюм акаам пеш ба дӯзахи оташин бовар мекард. Вай ҳар саҳари рӯзҳои якшанбе дар радио баромад карда, ба шунавандагон гаштаву баргашта мегуфт, ки одамони гунаҳкор абадан дар оташи дӯзах месӯзанд. Баъдтар вай хизматгори содиқ ва боғайрати Яҳува шуд.

МАН ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТРО САР КАРДАМ

Дар яке аз рӯзҳои моҳи июни соли 1944, ман аз мактаб омада, дар рӯйи мизи хонаамон китобчаеро дидам, ки номаш «Ҳаёт дар оянда беҳтар мешавад» * буд. Ман аввал саҳифаи якуми онро хондам, баъд дуюмашро ва баъд дам нагирифта онро то охир хондам. Баъди пурра хондани китобча, ман қарор кардам, ки мисли Исо ба Яҳува хизмат мекунам.

Он китобча дар хонаи мо аз куҷо пайдо шуд? Чуноне ки бародари калониам Стив нақл кард, ду марде, ки китобу брошураҳо мефурӯхтанд, ба хонаамон омада буданд. «Ман яке аз онҳоро харидам,— гуфт ӯ — чунки нархи он ҳамагӣ панҷ сент буд». Он мардон якшанбеи дигар низ омаданд. Онҳо гуфтанд, ки Шоҳидони Яҳува мебошанд ва ба саволҳое, ки одамон доранд, аз рӯйи Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳанд. Ин ба мо маъқул шуд, чунки волидонамон моро тавре тарбия карда буданд, ки Каломи Худоро эҳтиром кунем. Он ду мард ҳамчунин гуфтанд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Винипег анҷумани Шоҳидони Яҳува мегузарад. Дар он шаҳр хоҳарам Элси зиндагӣ мекард. Ман қарор додам, ки ба он анҷуман меравам.

Ман бо велосипеди худ то Винипег қариб 320 км роҳи ноҳамворро тай кардам. То он ҷо нарасида ман муддате дар шаҳраки Келвуд истодам. Дар он ҷо ду Шоҳиде, ки ба хонаамон омада буданд, зиндагӣ мекарданд. Дар Келвуд ман ба яке аз вохӯрии Шоҳидон рафтам ва чӣ будани ҷамъомадро фаҳмидам. Ва боз фаҳмидам, ки ҳамаи мардону занон ва ҷавонон бояд мисли Исо хона ба хона гашта, ҳақиқатро мавъиза кунанд.

Дар Винипег ман акаи калониам Ҷекро вохӯрдам, ки ӯ ҳам аз тарафи шимолии Онтарио ба анҷуман омада буд. Рӯзи якуми анҷуман, бародаре эълон кард, ки таъмиддиҳӣ мешавад. Ману Ҷек қарор кардем, ки дар он анҷуман таъмид мегирем. Ҳардуи мо сахт мехостем, ки баъди таъмид ҳамин ки имконият пайдо шуд, хизмати пешравиро сар кунем. Ҷек дарҳол баъди он анҷуман хизмати пурравақтро сар кард. Лекин ман, ки ҳоло 16-сола будам, бояд мактабро тамом мекардам. Ва соли дигар ман ҳам пешрави доимӣ шудам.

ХИЗМАТИ ПЕШРАВӢ БИСЁР ЧИЗҲОРО БА МАН ЁД ДОД

Ман ҳамроҳи Стэн Николсон ном бародар дар шаҳраки Суррей (вилояти Манитоба) хизмати пешравиро сар кардам. Дере нагузашта ман дарк намудам, ки пешрав шуда хизмат кардан на ҳама вақт осон аст. Пуле, ки мо доштем, торафт кам мемонд, вале мо мавъиза карданро давом медодем. Боре мо рӯзи дароз хизмат карда, ба хона баргаштем. Дар кисаамон ягон тин намонда буд ва мо хеле гурусна будем. Лекин дар назди хонаамон як халтаи калони пури хӯроквориро дида сахт ба ҳайрат омадем. То имрӯз мо намедонем, ки онро кӣ гузошта буд. Он бегоҳ мо подшоҳ барин хӯрок хӯрдем. Ин мукофоте буд, барои он ки мо дастонамонро суст накардем ва мавъизаро давом додем! Охири он моҳ ман чунон вазн гирифтам, ки то он вақт дар умрам надоштам.

Пас аз чанд моҳ мо ба шаҳри Гилберт Плейнс таъин шудем, ки он аз шимоли Суррей тахминан 240 км дур буд. Дар он рӯзҳо ҳар як ҷамъомад ҷадвали калоне дошт, ки дар он ҳисобот оиди иштироки ҳармоҳаи воизон дар кори мавъиза нишон дода мешуд. Агар дар ягон моҳ ҷамъомад сусттар хизмат мекард, ман бо нутқ баромад карда, бародарону хоҳаронро водор мекардам, ки онҳо бояд бисёртар хизмат кунанд. Баъди як вохӯрӣ хоҳари пешрави пиронсоле, ки шавҳараш ҳамимон набуд, бо чашмони гиряолуд наздам омада, гуфт: «Ман кӯшиш мекардам, вале аз ин зиёд хизмат карда натавонистам». Баъди шунидани ин суханон акнун гиря кардан навбати ман буд. Ва ман барои хатоям аз ӯ бахшиш пурсидам.

Имрӯз низ баъзе бародарони ҷавону серҳаракат шояд мисли ман ба осонӣ ба чунин хатогиҳо роҳ диҳанд ва баъд аз кори кардаашон пушаймон шаванд. Вале ман аз таҷрибаи худ фаҳмидам, ки шахс набояд аз хатои худ рӯҳафтода шуда, дастонашро суст кунад. Беҳтараш аз хатои худ дарс гирифта ба пеш ҳаракат кардан лозим аст. Он гоҳ Худо хизмати содиқонаро албатта баракат медиҳад.

МУҲОРИБАИ КВЕБЕК

Чӣ шарафи бузурге буд, ки мани 21-сола ба синфи 14-уми Мактаби Ҷилъод таклиф шудам ва онро моҳи октябри соли 1950 хатм намудам. Аз 103 нафар донишҷӯёни ин синф қариб 25 нафарашон ба вилояти Квебеки Канада таъин шуданд. Он ҷо одамон ба забони фаронсавӣ гап мезаданд ва Шоҳидон зери таъқиботи сахт қарор доштанд. Ман ба шаҳраки Вал-д’Ор, ки он ҷо кони тилло ҷойгир мебошад, таъин шудам. Рӯзе ман ва якчанд Шоҳидони дигар дар наздикии он шаҳрак, дар Вал-Сенвил ном қишлоқ мавъиза мекардем. Ва рӯҳонии маҳаллӣ ба мо таҳдид кард, ки агар аз қишлоқ наравем, моро лату кӯб мекунад. Мо ба суд оиди таҳдиди он мард шикоят кардем ва даъвогар ман будам. Дар натиҷа, аз он рӯҳонӣ ҷарима ситонида шуд *.

Ин ва дигар воқеаҳои ба ин монанд қисми муҳорибаи ҳуқуқӣ дар Квебек буданд. Вилояти Квебек дар давоми зиёда аз 300 сол зери назорати Калисои католикии Рум буд. Рӯҳониён ва иттифоқчиёни сиёсии онҳо Шоҳидони Яҳуваро таъқиб мекарданд. Он вақтҳо осон набуд ва шумораи Шоҳидон кам буд, вале мо нагузоштем, ки дастонамон суст шаванд. Дар натиҷа сокинони самимии Квебек ҳақиқатро қабул мекарданд. Ман хеле хурсандам, ки якчанд омӯзандагонам ҳақиқатро қабул карданд. Масалан, ман бо оилае омӯзиш мекардам, ки аз даҳ нафар иборат буд. Тамоми аъзоёни он оила ба Яҳува хизмат карданро сар карданд. Намунаи далерии онҳо дигаронро барангехт, ки калисои католикиро тарк кунанд. Мо мавъиза карданро давом медодем ва оқибат дар муҳорибаи ҳуқуқӣ ғолиб баромадем!

ТАЪЛИМ ДОДАНИ БАРОДАРОН БО ЗАБОНИ МОДАРИИ ОНҲО

Соли 1956 ман ба мамлакати Ҳаити таъин шудам. Дар он ҷо аксари миссионерони нав бо як азоб кӯшиш менамуданд, ки забони фаронсавиро ёд гиранд, вале чӣ хеле гап назананд, одамон онҳоро гӯш мекарданд. Миссионер Стенли Богэс чунин нақл кард: «Мо аз он дар ҳайрат будем, ки одамон дар вақти сӯҳбат бо ҳар роҳ ба мо кӯмак кардан мехостанд, то мо фикрамонро баён карда тавонем». Азбаски ман дар Квебек забони фаронсавиро ёд гирифта будам, хизмат карданам осонтар буд. Лекин дере нагузашта фаҳмидем, ки аксари бародарони маҳаллӣ танҳо бо забони ҳаити-креолӣ гап мезананд. Ва барои чун миссионер самаранок хизмат кардан, мо бояд забони маҳаллиро меомӯхтем. Оқибат мо онро ёд гирифтем ва барои кӯшишҳоямон Яҳува моро мукофот дод.

Барои ба бародарон кӯмаки зиёдтар расондан мо аз Ҳайати роҳбарикунанда иҷозат гирифтем, ки маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва дигар адабиётҳоро ба забони ҳаити-креолӣ тарҷума кунем. Дар саросари мамлакат шумораи касоне, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад меомаданд, бо суръати тез меафзуд. Соли 1950 дар Ҳаити 99 воиз буд, вале соли 1960 шумораи онҳо қариб ба 800 нафар расид. Дар он вақт маро ба хизмати Байт-Ил таъин карданд. Соли 1961 дар Ҳаити Мактаби Хизмат ба Салтанати Худо (мактаб барои пирон) гузаронда шуд. Ва ман хурсанд будам, ки дар гузарондани он кӯмак кардам. Мо имконият доштем, ки 40 нафар нозирони ҷамъомад ва пешравони махсусро таълим диҳем. Дар анҷумане, ки соли 1962 гузашт, мо бародарони маҳаллии ба талабот ҷавобгӯро барангехтем, ки хизматашонро васеъ кунанд. Дар натиҷа баъзеи онҳо пешравони махсус таъин шуданд. Ҳамаи ин кор саривақтӣ буд, чунки ҳис мекардем, ки ба наздикӣ таъқибот сар мешавад.

23 январи соли 1962 дарҳол баъди анҷуман, ман ва миссионер Андре Дамико дар бинои филиал дастгир шудем. Ҳамчунин як даста маҷаллаи «Бедор шавед!» аз 8 январи с. 1962 (бо забони фаронсавӣ) мусодира карда шуд. Дар он шумораи «Бедор шавед!» аз рӯзномаи фаронсавие иқтибос оварда шуда буд, ки мардуми Ҳаити одати бо вуду (сеҳру ҷоду) машғул шуданро доранд. Ин гуфтаҳо ба баъзеҳо маъқул нашуд ва онҳо даъво карданд, ки чунин мақоларо мо аз филиал навиштаем. Баъди якчанд ҳафта, миссионерон аз мамлакат ронда шуданд. * Вале бародарони маҳаллии таълимёфта корро ба таври хеле хуб давом медоданд. Ман истодагарӣ ва пешравии рӯҳонии онҳоро дида ба хурсандиашон шарикам. Онҳо имрӯз ҳатто бо забони ҳаити-креолӣ «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» доранд, ки он вақтҳо ин танҳо орзу буду халос.

СОХТМОН ДАР ҶУМҲУРИИ АФРИҚОИ МАРКАЗӢ

Баъди хизмат дар Ҳаити маро чун миссионер ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ таъин карданд. Баъдтар ман дар он ҷо чун нозири сайёр ва сипас чун нозири филиал хизмат кардам.

Дар он рӯзҳо бисёри Толорҳои Салтанат хеле одӣ буданд. Ман аз буттазор коҳ ҷамъ карда, аз он сохтани боми коҳиро ёд гирифтам. Роҳгузарон ин машғулияти нави маро истода тамошо мекарданд. Он ҳамчунин бародаронро барангехт, ки дар бораи сохтан ва нигоҳубин кардани Толорҳои маҳаллии Салтанат бисёртар фикр кунанд. Роҳбарони динӣ моро масхара мекарданд, зеро боми калисоҳои онҳо аз тунука сохта шуда буд, боми толорҳои мо бошад, тунукагин набуд. Мо ба гапҳои онҳо аҳамият надода, дар толорҳои оддие, ки боми хасин доштанд, ҷамъшавиро давом медодем. Вақте ки дар пойтахт — шаҳри Банги тӯфони сахте рӯй дод, онҳо масхара кардани моро бас карданд. Чунки шамол боми тунукагини калисоро канда, ба кӯчаи шаҳр партофта буд. Бомҳои хасини Толорҳои мо бошад, беҷо нашуданд. Барои ба кори мавъиза хубтар роҳбарӣ кардан, мо бинои нави филиал ва хонаи миссионерӣ сохтем, ки он ҳамагӣ дар панҷ моҳ буд шуд. *

ҲАЁТИ ОИЛАВӢ БО ҲАМСАФАРИ БОҒАЙРАТ

Рӯзи тӯямон

Соли 1976 кори Салтанат дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ манъ шуд ва ман ба пойтахти ҳамсоядавлати Чад, шаҳри Нҷамена таъин шудам. Дигар шудани таъинотам ҷиҳати мусбӣ ҳам дошт, чунки ман Ҳепи ном хоҳари боғайратеро вохӯрдам, ки чун пешрави махсус хизмат мекард ва аслан аз Камерун буд. Мо 1-уми апрели соли 1978 хонадор шудем. Худи ҳамон моҳ дар Нҷамена ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва мо низ мисли бисёриҳо ба тарафи ҷануби мамлакат гурехтем. Баъди тамом шудани ҷанг, мо баргашта дидем, ки хонаи моро гурӯҳи яроқбадастон чун бинои асосии худ истифода бурдаанд. На танҳо адабиётҳоямон, балки куртаи арӯсии Ҳепи ва чизҳое, ки дар тӯямон тӯҳфа шуда буданд, гум шудаанд. Лекин мо нагузоштем, ки дастҳоямон суст шаванд. Мо аз зинда будани ҳамдигар хурсанд будем ва хизматамонро давом додем.

Баъди қариб ду сол, ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз нав ба фаъолияти мо иҷозат дод. Мо гашта ба он ҷо рафтем ва ман чун нозири сайёр хизмат карданро давом додам. Мо дар фургоне зиндагӣ мекардем, ки кати хоби қатшаванда, зарфи ғунҷоишаш 200-литра, яхдон ва печкаи газӣ дошт. Аз як ҷамъомад ба дигараш сафар кардан душвор буд. Масалан, ҳангоми як сафар моро камаш 117 бор кормандони полис боздошта, тафтиш намуда буданд.

Дар он ҷо ҳарорат бисёр вақт то 50 дараҷа гарм мешуд. Дар анҷуманҳо баъзан барои таъмиддиҳӣ оби кофӣ ёфтан душвор буд. Ва бародарон дар дарёи хушкшуда чоҳ кофтанд, ки дар он ҷо аз зери замин оби кофӣ ҷамъ мешуд. Ва аз он ҷо об гирифта бисёр вақт дар бочка таъмид медоданд.

ДАВОМ ДОДАНИ ХИЗМАТ ДАР ДАВЛАТҲОИ ДИГАРИ АФРИҚО

Соли 1980 моро ба Нигерия фиристоданд. Он ҷо дар давоми дуюним сол мо дар корҳои тайёрӣ доир ба сохтмони филиали нав ёрӣ расондем. Бародарон анбори дуошёнаеро харида буданд, ки он аввал бояд вайрон карда мешуд. Баъдан аз масолеҳи он дар замини худ анбори нав месохтем. Рӯзе ман ба боми хеле баланд баромадам, то барои вайрон кардан ба бародарон кӯмак кунам. Қарибии нисфирӯзӣ ман аз ҷойҳое, ки баромада будам гашта фаромаданӣ шудам, вале ҷое ки пой мондам аллакай ноустувор шуда буд. Ва ман ба поён афтида осеб дидам. Аҳволам вазнин метофт, вале баъди муоина ва ташхиси рентгенӣ духтур ба Ҳепи гуфт: «Натарсед, танҳо баъзе пайванди буғумҳояш канда шуданд ва ӯ баъди ягон ҳафта сиҳат мешавад».

Ҳангоми сафар ба анҷуман, дар “нақлиёти ҷамъиятӣ”

Соли 1986 мо ба Кот-Дивуар таъин шудем, ки он ҷо ман чун нозири сайёр хизмат кардам. Ҳангоми дар он ҷо хизмат кардан мо ба давлати ҳамсоя — Буркина-Фасо рафта будем. Он вақт ман тасаввур намекардам, ки баъди чанд сол мо дар Буркина-Фасо ҳам зиндагӣ мекунем.

Вақти чун нозири сайёр хизмат кардан, хонаи мо фургон буд

Ман соли 1956 аз Канада рафтам ва 47 сол он ҷо набудам. Вале соли 2003 боз ба Байт-Или Канада баргаштам ва ин дафъа ҳамсарам Ҳепи ҳамроҳам буд. Дар ҳуҷҷат мо шаҳрвандони Канада будем, лекин мо худро африқоӣ ҳис мекардем.

Гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас дар Буркина-Фасо

Сипас соли 2007, вақте ки ман 79-сола будам, мо боз ба Африқо баргаштем! Мо ба Буркина-Фасо таъин шудем, ки дар офиси он ҷо ман чун аъзои Кумитаи мамлакат ёрӣ медодам. Он баъдтар офиси дурдасти тарҷумонӣ шуд, ки зери назорати филиали Бенин қарор гирифт ва моҳи августи соли 2013 мо ба Байт-Или Бенин таъин шудем.

Бо Ҳепи ҳангоми хизмат дар филиали Бенин

Нигоҳ накарда ба он ки ман ҳозир қувваи ҷисмонии зиёд надорам, хизматро то ҳол сахт дӯст медорам. Дар давоми се соли охир бо ёрдами меҳрубононаи пирон ва дастгирии ҳамсари азизам, ман бо ду мард, Гедеон ва Фригис, омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондам. Ман хурсандам, ки ҳар дуи онҳо таъмид гирифтанд ва ҳоло боғайратона ба Яҳува хизмат мекунанд.

Айни замон ману ҳамсарам ба филиали Африқои Ҷанубӣ кӯчидем, ки дар он ҷо оилаи Байт-Ил меҳрубонона дар бораи саломатии ман ғамхорӣ мекунанд. Африқои Ҷанубӣ ҳафтумин мамлакати Африқо мебошад, ки мо имконият доштем дар он ҷо низ хизмат кунем. Моҳи октябри соли 2017 Яҳува моро боз ба таври олиҷаноб баракат дод. Мо ба маросими бахшидашавии Идораи марказӣ дар Уорвик (Ню-Йорк) таклиф шудем. Ҳузур доштан дар он ҷо барои мо воқеаи фаромӯшнашаванда аст!

Дар «Солномаи 1994» (англ.), дар саҳифаи 255 қайд шудааст: «Мо ҳамаи онҳоеро, ки солҳои зиёд дар хизмати худ истодагарӣ зоҳир мекунанд, ташвиқ мекунем, ки “қавӣ бошед, ва бигзор дастҳотон суст нашавад, зеро ки барои аъмолатон подоше ҳаст”» (2 Вақ. 15:7). Ҳепи ва ман азми қавӣ дорем, ки мувофиқи ин суханон амал кунем ва дигаронро низ ба кардани ин кор барангезем.

^ сарх. 9 Аз тарафи Шоҳидони Яҳува соли 1944 нашр шуда буд. Ҳоло чоп намешавад.

^ сарх. 18 Ба мақолаи «Рӯҳонии квебекӣ барои ҳамла ба Шоҳидони Яҳува маҳкум карда шуд» аз «Бедор шавед!»-и 8 ноябри соли 1953, саҳ. 3–5 (англ.) нигаред.

^ сарх. 23 Муфассалтар дар ин бора аз «Солномаи 1994» (анг.), саҳ. 148–150 хонда метавонед.

^ сарх. 26 Ба мақолаи «Биное, ки пойдевори мустаҳкам дорад» («Бедор шавед!» англ., 8 майи с.1966, саҳ. 27) нигаред.