Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34

Бигзор дигаршавии таъйинотатон шуморо рӯҳафтода насозад

Бигзор дигаршавии таъйинотатон шуморо рӯҳафтода насозад

«Худо беинсоф нест, ки кор ва муҳаббатеро, ки шумо нисбати номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад» (ИБР. 6:10).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

ПЕШГУФТОР *

1–3. Бо кадом сабабҳо таъйиноти ходимони пурравақт метавонад дигар шавад?

«МАНУ занам чун миссионер хизмат мекардем ва ин таъйинотамон ба мо хеле маъқул буд. Баъди 21 соли хизматамон волидони ҳардуямон ҳам беқувват ва ба кӯмак мӯҳтоҷ шуданд,— мегӯянд Роберт ва Мэри Ҷо.— Мо тайёр будем, ки онҳоро нигоҳубин кунем, вале тарк кардани ҷое, ки барои мо хеле азиз шуд, дардовар буд».

2 «Вақте мо фаҳмидем, ки аз сабаби саломатӣ хизматамонро давом дода наметавонем, гиря кардем,— мегӯянд Виллиам ва Терри.— Мо ҳамеша мехостем, ки ба Яҳува дар давлати хориҷа хизмат кунем, вале афсӯс ки дигар инро карда наметавонистем».

3 «Мо медонистем, ки душманон мехоҳанд филиалро маҳкам кунанд,— мегӯяд Алексей.— Лекин ҳатто баъди рӯй додани ин бовариамон намеомад, ки мо бояд аз Байт-Ил равем».

4. Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

4 Ғайр аз ин бародару хоҳарон, таъйиноти ҳазорон байтилчиён ва дигар ходимони пурравақт тағйир ёфт *. Ба ин бародару хоҳарони азизамон шояд аз таъйиноти дӯстдоштаи худ рафтан осон набуд. Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба ин дигаргунӣ мутобиқ шаванд? Мо чӣ хел онҳоро дастгирӣ карда метавонем? Донистани ҷавоб ба ин саволҳо ба мо ёрдам мекунад, ки ба дигаргуниҳои ҳаёт дуруст муносибат кунем.

БА ДИГАРГУНӢ ЧӢ ТАВР ОДАТ КУНЕМ?

Чаро ба ходимони пурравақт тарк кардани таъйиноташон душвор буда метавонад? (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Дигар шудани таъйинот ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?

5 Хоҳ таъйиноти мо бо Байт-Ил алоқаманд бошад, хоҳ бо хизмати мавъиза, мо ба одамон ва ҷое, ки хизмат мекунем, дил баста метавонем. Аз ин рӯ агар бо ягон сабаб таъйинотамонро тарк кардан лозим ояд, хоҳу нохоҳ мо ғамгин мешавем. Мо бародару хоҳаронро, ки пеш ҳамкорӣ мекардем, ёд мекунем, дар ҳаққи онҳо ғам мехӯрем, хусусан агар аз сабаби таъқибот ноилоҷ аз он ҷо рафта бошем (Мат. 10:23; 2 Қӯр. 11:28, 29). Ҳамчунин ба ҷойи нав одат кардан осон нест, чунки шахс бояд ба маданияти дигар мутобиқ шавад. Ҳатто агар моро ба зодгоҳи худамон таъйин кунанд ҳам, ба мо лозим меояд, ки ба муҳити нав одат кунем. «Азбаски мо солҳои зиёд дар давлати дигар хизмат мекардем, баъди баргаштан ба зодгоҳамон худро бегона ҳис кардем ва ҳатто ба забони модарии худ мавъиза кардан бароямон душвор буд,— мегӯянд Роберт ва Мэри Ҷо.— Гӯё ҳама чиз барои мо нав буд». Баъзе касоне, ки таъйиноташон дигар мешавад, шояд акнун аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ кашанд. Онҳо мумкин худро рӯҳафтода ва бепушту паноҳ ҳис кунанд. Чӣ ба онҳо кӯмак карда метавонад?

Хеле муҳим аст, ки ба Яҳува дуо гӯем ва ба Ӯ такя кунем (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.) *

6. Чӣ тавр мо ба Яҳува муносибати наздикро нигоҳ дошта метавонем?

6 Муносибати наздикро бо Яҳува нигоҳ доред (Яъқ. 4:8). Барои ин пеш аз ҳама ба Ӯ, ки Шунавандаи дуоҳост, такя кунед (Заб. 64:3). «Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед»,— мегӯяд забурнавис (Заб. 61:9). Яҳува «метавонад аз ҳар он чизе, ки мепурсем ё тасаввур мекунем, чанд баробар зиёдтар кунад» (Эфс. 3:20). Ӯ на танҳо он чиро, ки мо дар дуо хоҳиш мекунем, ба мо медиҳад, балки аз ин ҳам зиёд мекунад. Ӯ душвориҳои моро тавре ҳал карда метавонад, ки мо онро интизор набудем ё ҳатто тасаввур карда наметавонистем.

7. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Яҳува наздик бошем? б) Мувофиқи Ибриён 6:10–12 минбаъд низ ба Яҳува содиқона хизмат кардан чӣ натиҷа меорад?

7 Барои ба Яҳува наздик мондан Каломи Худоро ҳар рӯз хонед ва дар бораи он чуқур мулоҳиза ронед. Бародаре, ки пеш миссионер буд, мегӯяд: «Мисли пештара ибодати оилавиатонро мунтазам гузаронед ва ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ бинед». Ҳамчунин чени қуввати худ бо ҷамъомади наватон дар кори мавъиза ҳамкорӣ кунед. Яҳува онҳоеро, ки ба Ӯ содиқона хизмат карданро давом медиҳанд, фаромӯш намекунад, ҳатто агар онҳо мисли пештара бисёр хизмат карда натавонанд ҳам. (Ибриён 6:10–12-ро хонед.)

8. Чӣ тавр суханони 1 Юҳанно 2:15–17 ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳаёти худро одӣ нигоҳ дорем?

8 Ҳаёти худро одӣ нигоҳ доред. Нагузоред, ки ғаму ташвишҳои ҷаҳони Шайтон шуморо ба коми худ кашида аз хизмати Яҳува боздоранд (Мат. 13:22). Дӯстон ё хешу таборатон, ки ба Яҳува хизмат намекунанд, шояд аз ниятҳои нек гӯянд, ки шумо бояд пули бисёр кор кунед ва ҳаёти худро беҳтар гардонед. Лекин ба фишори онҳо дода нашавед. (1 Юҳанно 2:15–17-ро хонед.) Ба Яҳува такя кунед. Зеро Ӯ «дар вақти ба ёрӣ мӯҳтоҷ буданамон» ҳатман моро дастгирӣ мекунад ва ниёзҳои ҷисмониву рӯҳонии моро қонеъ мегардонад ва ба диламон оромиву хурсандӣ мебахшад (Ибр. 4:16; 13:5, 6).

9. Мувофиқи Масалҳо 22:3, 7 чаро мо набояд баҳудаву беҳуда қарз гирем ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки қарори хирадмандона барорем?

9 Баҳудаву беҳуда қарз нагиред. (Масалҳо 22:3, 7-ро хонед.) Барои ба дигар ҷо кӯчидан пули бисёр харҷ мешавад ва дар чунин ҳолат кас ба осонӣ ба қарз ғӯтиданаш мумкин. То ҳадди имкон кӯшиш кунед, ки қарздор нашавед ва чизҳоеро, ки дар асл ба онҳо эҳтиёҷ надоред, ба кредит нахаред. Шояд мо ягон одами наздикамонро, ки бемор аст, нигоҳубин мекунем ва барои муолиҷаву доруворӣ пул даркор аст. Ва мо аз парешонҳоливу хастагӣ шояд чӣ қадар қарз гирифтанамонро надонем. Дар чунин мавридҳо аз Яҳува бо «дуову илтиҷо» роҳнамоӣ пурсед. Дар ҷавоб Ӯ ба шумо осоиштагӣ мебахшад, то саросема нашуда оромона фикр кунед ва баъд қарори хирадмандона бароред (Флп. 4:6, 7; 1 Пет. 5:7).

10. Чӣ тавр мо дӯстони нав пайдо карда метавонем?

10 Бо дӯстон ва оилаатон муносибати хубро нигоҳ доред. Дар бораи ғаму ташвишҳо ва душвориҳои худ бо дӯстони наздикатон гап занед, хусусан бо онҳое ки душвориҳои ба ин монандро аз сар гузарондаанд. Дилатонро ба онҳо холӣ карда шумо сабукӣ ҳис мекунед (Воиз 4:9, 10). Дӯстоне, ки дар таъйиноти пештараатон доштед, дӯстони шумо мемонанд, вале дар ҷойи нав низ кӯшиш кунед, ки дӯстони нав пайдо кунед. Дар хотир доред, ки барои бо дигарон дӯст шудан шумо аввал бояд худатон дӯст шавед. Масалан, шумо метавонед ба бародару хоҳарон аз хизмати пештараатон воқеаҳои шавқоварро нақл кунед. Баъзеҳо шояд барои пурравақт хизмат кардан хоҳиши сахт надоранд. Вале дигарон кӯшишу ғайрати шуморо дида шояд ба шумо пайравӣ кардан хоҳанд ва дӯсти шумо шаванд. Лекин эҳтиёт бошед, ки аз ҳад зиёд дар бораи худатон ва корҳое, ки шумо дар хизмати Яҳува кардаед, гап назанед ва инчунин воқеаҳоеро, ки шахсро рӯҳафтода карда метавонанд, нақл накунед.

11. Чӣ тавр шумо дар издивоҷ хушбахт монда метавонед?

11 Агар ба шумо аз сабаби бад шудани саломатии ҳамсаратон таъйиноти худро тарк кардан лозим ояд, ӯро айбдор накунед. Агар ин бо бад шудани саломатии худатон алоқаманд бошад-чӣ? Худро гунаҳкор ҳис накунед, ки ҳамсаратон аз пушти шумо шуда таъйиноташро тарк мекунад. Дар ёд доред, ки шумо «як тан» ҳастед ва дар пеши Яҳува ваъда додаед, ки чизе ки рӯй надиҳад, ба якдигар ғамхорӣ мекунед (Мат. 19:5, 6). Ё чунин шуда метавонад, ки шумо аз ногаҳон ҳомиладор шудани ҳамсаратон бояд таъйинотатонро тарк кунед. Агар чунин шавад дар хотир доред, ки фарзанди шумо аз ҳар гуна таъйинот дида муҳимтар аст. Ӯро ҳеҷ гоҳ айбдор накунед, ки барои ӯ шуда шумо аз таъйинот мондед. Баръакс, ҳамеша ба ӯ хотиррасон кунед, ки вай тӯҳфа аз ҷониби Яҳува мебошад (Заб. 126:3–5). Ба ӯ воқеаҳои хуберо, ки дар хизмататон рӯй дода буд, нақл кунед. Онҳоро шунида шояд ӯ ҳам дар оянда ба Яҳува пурравақт хизмат кардан хоҳад.

ЧӢ ТАВР ДИГАРОН ЁРДАМ КАРДА МЕТАВОНАНД?

12. а) Чӣ тавр мо ба ходимони пурравақт кӯмак карда метавонем, ки дар таъйиноти худ бимонанд? б) Мо чӣ кор карда метавонем, то онҳо ба ҷойи нав тез одат кунанд?

12 Бисёри ходимони пурравақт аз хонаашон дур, дар шаҳр ё давлати дигар хизмат мекунанд. Шоёни таҳсин аст, ки бисёр ҷамъомадҳо ва бародару хоҳарон ба онҳо кӯмак мекунанд, ки дар таъйиноташон монанд. Масалан, баъзеҳо онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунанд, баъзе ҳамимонон, ки дар зодгоҳашон мебошанд, ба наздикони онҳо ғамхорӣ менамоянд (Ғал. 6:2). Агар баъзе бародару хоҳарон дар таъйиноти пештараашон монда натавонанд ва онҳоро ба ҷамъомади шумо таъйин кунанд, фикр накунед, ки онҳоро барои нағз хизмат накардан ё ягон хатояшон аз таъйинот гирифтанд *. Баръакс, ба онҳо кӯмак кунед, ки ба ҷойи нав одат кунанд. Онҳоро нағз қабул кунед ва барои корҳое, ки кардаанд, таъриф намоед, ҳатто агар ҳоло онҳо аз сабаби заиф будани саломатиашон мисли пештара хизмат карда натавонанд ҳам. Бо онҳо нағз шинос шавед ва аз дониш ва таҷрибаи бои онҳо омӯзед.

13. Онҳоеро, ки нав ба ҷамъомади мо таъйин мешаванд, мо чӣ тавр дастгирӣ карда метавонем?

13 Онҳое, ки таъйиноташон дигар мешаваду ба ҷойи нав мекӯчанд, дар аввал мӯҳтоҷанд, ки мо барои ёфтани ҷойи зист, фаҳмидани роҳҳои шаҳр, ёфтани кор ва дигар чизҳои зарурӣ ба онҳо кӯмак кунем. Боз мо метавонем ба онҳо фаҳмонем, ки пули обу барқ ва андози давлатро чӣ тавр супоридан мумкин аст ва аз куҷо маҳсулоти арзону фоиданокро харида метавонанд. Хуб мебуд, ки нисбати онҳо фаҳмиш зоҳир кунем. Шояд онҳо бо душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд мубориза мебаранд ё ягон наздикашон бемор аст ё аз марги шахси азизашон ғамгинанд *. Инчунин шояд онҳо дӯстони пештараи худро ёд кунанд, вале ғамгин буданашонро нишон надиҳанд. Барои ба худ омадан ба онҳо вақт лозим аст.

14. Чӣ тавр воизони маҳаллӣ ба як хоҳар кӯмак карданд, ки ба ҷойи нав мутобиқ шавад?

14 Агар шумо бо ҳамимононе, ки нав ба ҷамъомади шумо меоянд, дар хизмат ҳамкорӣ кунед ва онҳоро дастгирӣ намоед, барояшон мутобиқ шудан дар ҷойи нав осонтар мегардад. Хоҳаре, ки солҳои зиёд дар мамлакати дигар хизмат карда буд, мегӯяд: «Дар таъйиноти пештараам ман ҳар рӯз бо якчанд кас омӯзиш мегузарондам. Дар ҷойи нав бошад, дар хизмат ҳатто оят хондан ё видеонавор нишон додан душвор буд. Вале воизони маҳаллӣ маро ба боздидҳо ва омӯзишҳои худ таклиф мекарданд. Дидани он ки чӣ тавр он бародару хоҳарон дар хизмат боғайратанд, ба ман кӯмак кард, ки дар бораи он маҳал назари дуруст пайдо кунам. Баъдтар ман бо одамони он ҷо сар кардани сӯҳбатро ёд гирифтам. Ва ҳамаи ин ба ман кӯмак кард, ки аз нав дар хизмат хурсандӣ ёбам».

БА ПЕШ ҲАРАКАТ КУНЕД

Хизмати худро дар маҳаллатон васеъ гардонед (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Чӣ тавр шумо дар хизмати ҳозираатон комёбӣ ба даст оварда метавонед?

15 Дар хизмати ҳозираатон шумо, албатта, комёб шуда метавонед. Фикр накунед, ки таъйиноти пештараатонро хуб иҷро накардед ё ҳоло беқадр шудаед. Кӯшиш кунед, ки дар ҳаётатон баракатҳои Яҳуваро бинед ва мавъиза карданро давом диҳед. Ба масеҳиёни содиқе, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, пайравӣ намоед. Онҳо «ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, хушхабарро дар бораи калом мавъиза мекарданд» (Аъм. 8:1, 4). Агар шумо мавъиза карданро давом диҳед, натиҷаҳои хуб ба даст оварда метавонед. Масалан, пешравоне, ки аз як мамлакат бадарға шуда буданд, ба давлати ҳамсоя рафтанд, ки дар он ҷо низ ба забони онҳо воизони зиёд лозим буд. Баъди чанд моҳ дар он ҷо шумораи гурӯҳҳое, ки ба он забон гап мезаданд, зиёд шуданд.

16. Чӣ тавр шумо дар вазъияти нав хурсандӣ ёфта метавонед?

16 Шодӣ аз ҷониби Яҳува ба дили шумо қувват мебахшад (Наҳемё 8:10). Мо бояд аз муносибатҳои наздик бо Яҳува хурсандӣ ёбем, на аз таъйиноти худ, ҳатто агар он ба мо сахт маъқул бошад ҳам. Аз ин рӯ бо Яҳува роҳ рафтанро давом диҳед, ҳамеша аз Ӯ хирад, роҳнамоӣ ва ёрдам пурсед. Бешубҳа, шумо таъйиноти пештараатонро барои он дӯст медоштед, ки ба одамон дар фаҳмидани ҳақиқат кӯмак мекардед. Пас, ҳоло ҳам ин корро давом диҳед, ана он вақт бо ёрдами Яҳува хизмати ҳозираатонро низ дӯст хоҳед дошт (Воиз 7:10).

17. Дар бораи таъйинот мо бояд чиро дар хотир дорем?

17 Азизон, дар ёд доред, ки таъйиноти мо дар ташкилот имрӯз ҳасту пагоҳ нест, хизмат ба Яҳува бошад, абадист. Дар дунёи нав шояд ба ҳамаи мо таъйиноти нав дода шавад. Бародар Алексей, ки пештар дар борааш нақл кардем, мегӯяд, ки дигаргуниҳои ҳозира дар ҳаёташ ӯро ба дигаргуниҳои оянда тайёр мекунанд. «Ман ҳамеша ба воқеӣ будани Яҳува ва дунёи нав боварӣ доштам, вале ба назарам чунин менамуд, ки Яҳува ба ман он қадар наздик нест ва дунёи нав ҳоло дур аст,— мегӯяд ӯ.— Ҳоло бошад, ман Яҳуваро гӯё дар пеши назарам мебинам ва медонам, ки истгоҳи навбатӣ дар сафари ман ин дунёи нав аст» (Аъм. 2:25). Новобаста аз он ки мо дар кадом таъйинот ҳастем, биёед ҳамеша бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ дорем. Ӯ ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад, балки ёрӣ медиҳад, ки дар куҷое ки набошем ва дар кадом намуди хизмат набошем, аз он хурсандӣ ёбем (Иш. 41:13).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

^ сарх. 5 Баъзан бародару хоҳароне, ки дар хизмати махсус мебошанд, дигар хизмати худро давом дода наметавонанд ё ба онҳо таъйиноти дигар дода мешавад. Дар чунин ҳолат онҳо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба ҷой ё таъйиноти нав мутобиқ шаванд? Дигарон чӣ тавр онҳоро рӯҳбаланд ва дастгирӣ карда метавонанд? Ба ин саволҳо мо дар ин мақола ҷавоб меёбем ва принсипҳоеро дида мебароем, ки ба ҳар яки мо барои ба дигаргуниҳои ҳаёт тоб овардан кӯмак мекунанд.

^ сарх. 4 Ҳамчунин баъзе бародарони калонсол, ки соҳиби масъулият буданд, таъйиноти худро ба бародарони ҷавонтар супориданд. Ба мақолаҳои зерин нигаред: «Бародарони солхӯрда, Яҳува садоқатмандии шуморо хеле қадр мекунад» (w18.09 саҳ. 8) ва «Бигзор дигаргуниҳо шуморо аз оромӣ маҳрум насозанд» (w18.10 саҳ. 27).

^ сарх. 12 Пирони ҷамъомад бояд ҳар чи зудтар оиди ин бародару хоҳарон ба ҷамъомади нав номаи муаррифӣ фиристонанд, то ки онҳо барвақттар мисли пештара чун пешрав, пири ҷамъомад ё хизматгузори ҷамъомад хизмат карда тавонанд.

^ сарх. 13 Ба маҷаллаи «Бедор шавед!» (№3 с. 2018) ба силсилаи мақолаҳои «Кӯмак ба дилшикастагон» (рус.) нигаред.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсароне, ки дар давлати дигар чун миссионер хизмат мекарданд, бо ҷамъомади худ хайрухуш карда истодаанд.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Он ҳамсарон ба зодгоҳи худ баргаштанд ва аз Яҳува дар дуо илтиҷо мекунанд, ки барои тоб овардан ба душвориҳо кӯмак кунад.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Бо кӯмаки Яҳува ин ҳамсарон хизмати пурравақтро аз нав сар карданд. Онҳо ҳоло ба муҳоҷирон бо забоне, ки ҳангоми хизмати миссионерӣ ёд гирифта буданд, мавъиза мекунанд.