Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32

Бигзор муҳаббати шумо торафт зиёд шавад

Бигзор муҳаббати шумо торафт зиёд шавад

«Ман ҳамеша дар бораи он дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо... торафт зиёд шавад» (ФЛП. 1:9).

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

ПЕШГУФТОР *

1. Бо кӯмаки кӣ дар шаҳри Филиппӣ ҷамъомад ташкил карда шуд?

ВАҚТЕ Павлус, Сило, Луқо ва Тимотиюс ба шаҳри Филиппӣ, ки зери мустамликаи Рум буд, омаданд, он ҷо бисёр одамон ба хушхабар шавқ зоҳир карданд. Ин чор бародарони боғайрат ба он шахсони самимӣ ҳақиқатро таълим дода дар ташкил намудани ҷамъомад кӯмак карданд. Ва он шогирдони нав эҳтимол дар хонаи Лидия ном хоҳари меҳмондӯсте бо ҳам ҷамъ меомаданд (Аъм. 16:40).

2. Ҷамъомади нав дере нагузашта бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд?

2 Дере нагузашта ин ҷамъомади навташкилёфта бо вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуд. Шайтон душманони ҳақиқатро ба шӯр андохт ва онҳо ба хизмати Павлус ва ҳамроҳонаш зиддияти сахт нишон доданд. Онҳо Павлусу Силоро дастгир намуда химчакорӣ карданд ва ба зиндон партофтанд. Баъди аз зиндон баромадан онҳо шогирдони навро хабар гирифта онҳоро рӯҳбаланд намуданд. Сипас Павлус, Сило ва Тимотиюс шаҳрро тарк карданд, Луқо бошад, эҳтимол дар он ҷо монд. Баъди ҳамаи ин гапу кор он шогирдони нав чӣ кор карданд? Онҳо бо ёрдами рӯҳи муқаддас ба Яҳува хизмат карданро давом доданд (Флп. 2:12). Павлус аз онҳо хеле фахр мекард.

3. Мувофиқи Филиппиён 1:9–11 Павлус дар бораи кадом чизҳо дуо мегуфт?

3 Қариб даҳ сол пас Павлус ба ҷамъомади Филиппӣ нома навишт. Аз номаи ӯ дидан мумкин аст, ки Павлус он бародаронро сахт дӯст медошт. Ӯ навишт: «Ман ҳамаи шуморо ёд кардаам ва ба шумо меҳр дорам, чуноне ки Исои Масеҳ дорад» (Флп. 1:8). Павлус навишт, ки дар ҳаққи онҳо дуо мегӯяд. Ӯ аз Яҳува илтиҷо мекард, то ба онҳо кӯмак кунад, ки муҳаббаташон торафт зиёд шавад, чӣ муҳим буданашро дарк кунанд, беайб бошанд, сабаби пешпо хӯрдани дигарон нагарданд ва доим аз самари росткорӣ пур шаванд. Бешубҳа, аз он суханони таъсирбахши Павлус мо ҳам барои худ дарсҳои фоиданок гирифта метавонем. Биёед суханони ба филиппиён навиштаи Павлусро хонем. (Филиппиён 1:9–11-ро хонед.) Дар ин мақола мо ҳар яки он фикрҳоро алоҳида дида мебароем ва мебинем, ки чӣ тавр онҳоро ба кор бурдан мумкин аст.

БИГЗОР МУҲАББАТАТОН ЗИЁД ШАВАД

4. а) Мувофиқи 1 Юҳанно 4:9, 10 Яҳува муҳаббаташро ба мо чӣ тавр нишон дод? б) Муҳаббати мо ба Худо бояд чӣ гуна бошад?

4 Яҳува ба мо муҳаббати бепоён зоҳир карда Писари азизашро ба замин фиристод, то барои гуноҳҳои мо худро қурбон кунад. (1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед.) Ин муҳаббати беғаразонаи Худо моро бармеангезад, ки мо ҳам Ӯро дӯст дорем (Рум. 5:8). Муҳаббати мо ба Худо бояд чӣ гуна бошад? Исо ҳангоми сӯҳбат бо як фарисӣ ба ин савол ҷавоб дод: «Худои худ Яҳуваро бо тамоми дили худ, бо тамоми ҷони худ ва бо тамоми ақли худ дӯст дор» (Мат. 22:36, 37). Мо намехоҳем, ки муҳаббати мо ба Яҳува рӯякӣ бошад. Баръакс, мо мехоҳем, ки меҳри Ӯ рӯз ба рӯз дар мағзи дилу ҷонамон ҷо шавад. Павлус ба филиппиён гуфт, ки муҳаббати онҳо бояд «торафт зиёд шавад». Чӣ кор кунем, то муҳаббати мо ба Худо қавитар гардад?

5. Дар кадом сурат муҳаббати мо ба Худо қавитар мегардад?

5 Барои Худоро дӯст доштан мо бояд Ӯро шиносем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кӣ дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, зеро Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Павлуси расул қайд кард, ки муҳаббати мо ба Худо дар он сурат зиёд мегардад агар мо дар бораи Ӯ «дониши аниқ ва фаҳмиши пурра» пайдо кунем (Флп. 1:9). Вақте мо бори аввал омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем, ҳама хислатҳои Худоро ҳоло надонем ҳам, Ӯро дӯст доштем. Бо гузашти вақт оиди Яҳува бисёртар фаҳмида муҳаббати мо низ ба Ӯ зиёдтар гашт. Ана барои ҳамин мунтазам омӯзиш кардани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он яке аз чизҳои муҳимтарин мебошанд (Флп. 2:16).

6. Мувофиқи 1 Юҳанно 4:11, 20, 21 бо кадом роҳ мо метавонем муҳаббатамонро зиёд гардонем?

6 Худо моро бениҳоят дӯст медорад ва Ӯ мехоҳад, ки мо ҳам якдигарро дӯст дорем. (1 Юҳанно 4:11, 20, 21-ро хонед.) Шояд мо фикр кунем, ки бародару хоҳаронро дӯст доштан осон аст. Охир, ҳамаи мо Яҳуваро ибодат мекунем ва мекӯшем ба хислатҳои Ӯ пайравӣ намоем. Мо мисли Исо будан мехоҳем, зеро муҳаббати ӯ чунон бузург буд, ки ҳаёташро барои мо фидо кард. Вале баъзан ба мо дӯст доштани якдигар осон нест. Воқеаеро, ки дар ҷамъомади шаҳри Филиппӣ рӯй дода буд, мисол меорем.

7. Аз маслиҳате, ки Павлус ба Авҳӯдия ва Сунтихӣ дод, мо чӣ меомӯзем?

7 Хоҳарони масеҳӣ Авҳӯдия ва Сунтихӣ воизони боғайрат буданд ва бо Павлуси расул «паҳлӯ ба паҳлӯ» хизмат мекарданд. Вале аз афташ байни онҳо нофаҳмие рӯй дод, ки аз сабаби он бо ҳам қаҳрӣ шуданд. Вақте Павлус ба ҷамъомади онҳо нома навишт, ӯ Авҳӯдия ва Сунтихиро алоҳида ном гирифта онҳоро насиҳат кард, ки бо якдигар «ҳамфикр бошанд» (Флп. 4:2, 3). Павлус инчунин лозим донист, ки тамоми ҷамъомадро насиҳат кунад. Ӯ гуфт: «Ҳар корро бе шикваю шикоят ва бе баҳсу мунозира ба ҷо оред» (Флп. 2:14). Бешубҳа, маслиҳати рӯйирости ӯ на танҳо ба он хоҳарони содиқ, балки ба ҳамаи аъзоёни ҷамъомад кӯмак кард, ки якдигарро дӯст дошта ягонагиро нигоҳ доранд.

Чаро мо бояд ба хислатҳои хуби бародарон аҳамият диҳем? (Ба сархати 8 нигаред.) *

8. Барои дӯст доштани ҳамдигар чӣ ба мо монеъ шуда метавонад ва чӣ кӯмак мекунад, ки бар он ғолиб оем?

8 Баъзан дӯст доштани ҳамдигар ба мо аз он сабаб душвор мегардад, ки мо мисли Авҳӯдия ва Сунтихӣ диққатамонро ба нокомилӣ ва камбудиҳои якдигар равона мекунем. Аслан ҳамаи мо ҳар рӯз дар ин ё он кор хато мекунем. Агар мо фақат дар бораи хатогиҳои дигарон фикр кунем, муҳаббатамон ба онҳо сард мегардад. Масалан, шояд ягон бародар дар рӯбучини ибодатгоҳ бояд ёрдам медоду лекин фаромӯш кард ва мумкин мо аз ин рафтори вай асабӣ шавем. Агар мо дар бораи дигар хатогиҳои ӯ фикр кардан гирем, бештар асабӣ мегардем ва дар диламон нисбати ӯ ҳисси бадбинӣ пайдо мешавад. Шумо низ агар бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шуда бошед, хуб мебуд, ки оиди чизи зерин фикр кунед: Яҳува ҳам камбудиҳои моро мебинад, ҳам камбудиҳои он бародарро. Вале нигоҳ накарда ба нокомилиамон моро дӯст медорад. Барои ҳамин мо бояд ба муҳаббати Яҳува пайравӣ кунем ва диққатамонро бештар ба хислатҳои хуби ҳамимонон равона созем. Вақте мо барои онҳоро дӯст доштан аз таҳти дил кӯшиш мекунем, он вақт байни мо пайванди ягонагӣ мустаҳкамтар мегардад (Флп. 2:1, 2).

«КАДОМ ЧИЗҲО МУҲИМТАРАНД»

9. Павлус кадом чизҳои муҳимро дар нома ба филиппиён қайд кард?

9 Рӯҳи муқаддаси Худо Павлусро илҳом бахшид, ки ба аъзоёни ҷамъомади Филиппӣ, аз он ҷумла ба ҳар яки мо дастур диҳад. Ӯ гуфт, ки мо бояд дарк кунем, ки «кадом чизҳо муҳимтаранд» (Флп. 1:10). Ба ин чизҳои муҳим масалан, муқаддас гаштани номи Худо, иҷрошавии ниятҳои Ӯ ва нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ дар ҷамъомад дохил мешаванд (Мат. 6:9, 10; Юҳ. 13:35). Вақте мо дар ҳаётамон ин чизҳоро аз ҳама муҳим мешуморем, мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем.

10. Барои он ки Яҳува моро беайб шуморад, мо бояд чӣ кор кунем?

10 Павлус ҳамчунин қайд кард, ки мо бояд «беайб» монем. Ин маънои онро надорад, ки мо бояд комил бошем. Мо чени Яҳува беайб шуда натавонем ҳам, дар назари Ӯ беайб буда метавонем, агар аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки муҳаббатамонро зиёд гардонем ва кадом чизҳо муҳим буданашро дарк намуда аз рӯйи он амал намоем. Яке аз роҳҳои зоҳир кардани муҳаббат ин аст, ки мо сабаби пешпо хӯрдани дигарон нашавем.

11. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки сабаби пешпо хӯрдани дигарон нагардем?

11 Павлус дастуроти ҷиддӣ дод, то мо сабаби пешпо хӯрдани дигарон нагардем. Чӣ тавр аз пушти мо касе пешпо хӯрда метавонад? Масалан, барои касе вақтхушии интихобкардаи мо, тарзи либоспӯшӣ ё дар куҷо кор кардани мо монеа шуда метавонад. Шояд он чизе ки мо мекунем, дар асл хато набошад. Вале гап дар сари он аст, ки виҷдони дигарон шояд онро набардорад. Исо гуфт, ки агар бо айби мо ягон бародар ё хоҳар пешпо хӯрад, беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гардани мо баста дар баҳр ғарқ кунанд (Мат. 18:6).

12. Аз мисоли ҳамсарони пешрав мо чӣ меомӯзем?

12 Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр як ҷуфти пешрав суханони Исоро ба кор бурданд. Дар ҷамъомади онҳо чанде пеш зану шавҳаре таъмид гирифтанд. Он ҳамсарони навтаъмидёфта дар оилае ба воя расида буданд, ки бисёр чизҳо мумкин набуд. Виҷдони онҳо ба тамошо кардани филмҳо, ҳатто филмҳои безарар роҳ намедод. Вақте онҳо фаҳмиданд, ки он ҳамсарони пешрав барои тамошои филм ба кинотеатр рафтаанд, ҳуш аз сарашон парид. Баъди ин ҳамсарони пешрав қарор доданд, ки то ҳамсарони навтаъмидёфта виҷдонашонро таълим дода чӣ равою чӣ нораво буданашро хубтар нафаҳманд, онҳо ба кинотеатр намераванд (Ибр. 5:14). Бо ин ҳамсарони пешрав нишон доданд, ки бародар ва хоҳари навтаъмидёфтаро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ дӯст медоранд (Рум. 14:19–21; 1 Юҳ. 3:18).

13. Чӣ тавр мо касеро ба содир кардани гуноҳ тела дода метавонем?

13 Баъзан касеро ба ягон гуноҳ тела дода сабаби пешпо хӯрдани ӯ шудан мумкин аст. Барои хубтар фаҳмидани ин, биёед як мисол орем. Тасаввур кунед, ки ягон омӯзанда баъди муборизаҳои сахт ва дурудароз одати арақнӯшиашро партофт. Ӯ мефаҳмад, ки минбаъд бояд як қатра ҳам нӯшокии спиртӣ ба даҳон нагирад. Ӯ ба ҳаёташ дигаргуниҳо дароварда ниҳоят таъмид мегирад. Баъдтар ӯро ба меҳмонӣ таклиф мекунанд ва соҳиби хона бо нияти нек ба бародари нав шароб пешкаш карда мегӯяд: «Ту акнун хизматгори Худо ҳастӣ-ку, рӯҳи муқаддас ба ту таъсир мекунад. Яке аз хислатҳои самари рӯҳ ин худдорӣ аст. Агар ту худдорӣ дошта бошӣ, каме нӯшӣ ҳеҷ гап не». Тасаввур кунед, агар он бародар ба гапи соҳибхона гӯш кунад, чӣ оқибати нохуше рӯй дода метавонад. Ӯ аз нав майпараст шуданаш мумкин аст.

14. Чӣ тавр вохӯриҳои ҷамъомад ба мо кӯмак мекунанд, ки дастуроти Филиппиён 1:10-ро ба кор барем?

14 Вохӯриҳои ҷамъомад ба мо якчанд роҳи ба кор бурдани дастуроти дар Филиппиён 1:10 додашударо мефаҳмонанд. Якум, мавзӯъҳое, ки мо дар рафти ҷамъомад муҳокима мекунем, ба мо хотиррасон мекунанд, ки ба Яҳува кадом чизҳо муҳиманд. Дуюм, вохӯриҳои ҷамъомад ба мо ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаамонро ёд медиҳанд, то ки беайб бошем. Ва сеюм, онҳо моро «ба муҳаббат ва корҳои нек» бармеангезанд (Ибр. 10:24, 25). Чи қадаре ки мо якдигарро рӯҳбаланд кунем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба Худо ва ба якдигар меафзояд. Агар мо Худо ва бародару хоҳаронро бо тамоми дил дӯст дорем, он гоҳ сабаби пешпо хӯрдани дигарон намегардем.

ҲАМЕША «АЗ САМАРИ РОСТКОРӢ» ПУР ГАРДЕД

15. «Аз самари росткорӣ» пур шудан чӣ маъно дорад?

15 Павлус аз таҳти дил дар ҳаққи филиппиён дуо мегуфт, то ки онҳо «аз самари росткорӣ» пур шаванд (Флп. 1:11). Бешубҳа ин «самари росткорӣ» дӯст доштани Яҳува ва халқи Ӯро дар бар мегирад. Он ҳамчунин дар бораи имони худ ба Исо ва умеди олиҷаноб нақл карданро низ дар бар мегирад. Дар ояти Филиппиён 2:15 Павлус ибораи дигареро ба кор бурд. Ӯ он ҷо ҳамимононро насиҳат медиҳад, ки «чун нур дар ҷаҳон» дурахшанд. Ин ба мо суханони Исоро хотиррасон мекунад, чунки ӯ низ шогирдонашро «нури ҷаҳон» номид (Мат. 5:14–16). Исо ҳамчунин ба пайравонаш амр дод, ки «шогирд тайёр» кунанд ва дар бораи ӯ «то гӯшаю канори замин» шаҳодат диҳанд (Мат. 28:18–20; Аъм. 1:8). Вақте мо бо тамоми қувват дар ин кори муҳим иштирок мекунем, мо «самари росткорӣ» меорем.

Павлус дар Рум ҳангоми дар ҳабси хонагӣ буданаш ба муҳофизи худ ва ба онҳое, ки ӯро хабар мегирифтанд, мавъиза мекард (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Мувофиқи Филиппиён 1:12–14 чӣ тавр дар ҳар вазъият мо чун нур дурахшида метавонем? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

16 Мо дар кадом вазъияте, ки набошем, метавонем чун нур дурахшем. Баъзан он чизе ки ба назарамон монеа метобад, баръакс барои мавъиза кардани хушхабар кӯмак карда метавонад. Масалан, Павлуси расул ҳангоми ба филиппиён нома навиштанаш дар Рум дар ҳабси хонагӣ буд. Вале занҷирҳои ӯ ба вай монеъ намешуданд, ки ба посбонон ва шахсоне, ки наздаш меомаданд, мавъиза кунад. Павлус ҳатто дар чунин вазъиятҳо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекард. Бародарони дигар намунаи ӯро дида дилпурӣ пайдо мекарданд ва «каломи Худоро нотарсона гап мезаданд» (Филиппиён 1:12–14-ро хонед; Флп. 4:22).

Доимо барои мавъиза кардан имконият ҷӯед (Ба сархати 17 нигаред.) *

17. Чӣ тавр баъзе бародару хоҳарон дар вазъиятҳои душвор низ тавонистанд мавъизаро давом диҳанд?

17 Бисёр бародару хоҳарони мо мисли Павлус далерӣ зоҳир мекунанд. Онҳо дар давлатҳое зиндагӣ мекунанд, ки он ҷо озодона хона ба хона мавъиза карда наметавонанд, барои ҳамин онҳо хушхабарро бо роҳҳои дигар эълон мекунанд (Мат. 10:16–20). Нозири ноҳиявие, ки дар яке аз чунин давлатҳо хизмат мекард, ба воизон гуфт, ки «минтақа»-и онҳо хешутабор, ҳамсоягон, ҳамсинфон, ҳамкорон ва шиносонашон аст. Дар давоми ду сол шумораи ҷамъомадҳо дар он маҳал хело зиёд шуд. Дар давлати мо шояд кори мавъиза озод аст. Лекин мо метавонем аз намунаи он бародару хоҳарони кордону зирак дарс гирем. Агар шумо доимо барои ба дигарон мавъиза кардан имконият ҷӯед, Яҳува, албатта, ба шумо қуввати лозима медиҳад, ки дар вазъиятҳои душвор низ самар оред (Флп. 2:13).

18. Ба чӣ мо бояд аз таҳти дил кӯшиш кунем?

18 Мо дар замони хеле муҳим зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ биёед аз таҳти дил кӯшиш кунем, то маслиҳатҳоеро, ки Павлус ба филиппиён дода буд, ба кор барем. Мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки кадом чизҳо муҳимтаранд, инчунин бояд беайб бошем, сабаби пешпо хӯрдани дигарон нагардем ва самари росткорӣ орем. Он гоҳ муҳаббати мо торафт зиёд мегардад ва мо Падари меҳрубонамон Яҳуваро ҷалол хоҳем дод.

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

^ сарх. 5 Имрӯз мо аз ҳарвақта дида бояд бештар ба бародару хоҳарон муҳаббат зоҳир кунем. Номаи Павлус ба филиппиён ба мо кӯмак мекунад, ки муҳаббати худро зиёд гардонем; ҳатто дар ҳолатҳое, ки зоҳир кардани он ба мо душвор аст.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар вақти рӯбучини ибодатгоҳ бародар Ҷо аз кораш бозистода бо як бародар ва писараш сӯҳбат дорад. Ин рафтори ӯ бародар Майкро, ки фаршро бо чангкашак тоза карда истодааст, асабӣ мекунад. Ӯ дар дилаш мегӯяд: «Ҷо бояд кор кунад, на ин ки гап занад». Баъдтар Майк мебинад, ки чӣ тавр Ҷо меҳрубонона ба хоҳари пиронсоле кӯмак карда истодааст. Ин манзараи таъсирбахш ба Майк хотиррасон мекунад, ки бештар бояд ба хислатҳои хуби бародарон диққат диҳад.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар давлате, ки Шоҳидон кушоду равшан мавъиза карда наметавонанд, як бародар эҳтиёткорона ба шиносаш хушхабарро нақл мекунад. Баъдтар ӯ дар ҷойи кораш, дар вақти танаффус ба ҳамкораш шаҳодат медиҳад.