Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 33

Наздикони худро наҷот диҳед

Наздикони худро наҷот диҳед

«Ба худат ва ба таълимдиҳиат диққат деҳ. Ин чизҳоро маҳкам нигоҳ дор, зеро бо ин роҳ ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 ТИМ. 4:16).

СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем

ПЕШГУФТОР *

1. Ҳар яки мо дар дил чӣ орзу дорем?

«АЗ РӮЗИ ҳақиқатро фаҳмиданам ман орзу мекардам, ки дар биҳишт бо оилаам зиндагӣ кунам,— мегӯяд хоҳар Паулин *. Пеш аз ҳама мехостам, ки шавҳарам Вэйн ва писари наврасам дар хизмати Яҳува ба ман ҳамроҳ шаванд». Шояд наздикони шумо низ ҳоло Яҳуваро намешиносанд ва шумо мисли Паулин мехоҳед, ки онҳо ҳақиқатро қабул кунанд ва хизматгори Худо шаванд.

2. Дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мешаванд?

2 Мо наздиконамонро маҷбур карда наметавонем, ки ҳақиқатро қабул кунанд. Вале мо метавонем Каломи Худоро ба онҳо тавре мавъиза кунем, ки ба ақлу дили онҳо таъсир кунад (2 Тим. 3:14, 15). Чаро мо бояд ба хешовандонамон шаҳодат диҳем? Барои чӣ нисбати онҳо фаҳмиш зоҳир кардан муҳим аст? Чӣ хел ба онҳо кӯмак кунем, то мисли мо Яҳуваро дӯст доранд? Ва чӣ тавр бародару хоҳарон дар ин ба мо ёрдам дода метавонанд?

ЧАРО БА ХЕШУ ТАБОРАМОН ШАҲОДАТ ДОДАН МУҲИМ АСТ?

3. Мувофиқи 2 Петрус 3:9 чаро мо бояд ба наздиконамон шаҳодат диҳем?

3 Ба наздикӣ Яҳува ин дунёи шарирро нест мекунад. Он вақт танҳо касоне наҷот меёбанд, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд (Аъм. 13:48). Мо вақту қуввати зиёдро сарф карда ба одамони бегона мавъиза мекунем ва, албатта, ба наздиконамон низ ҳақиқатро расондан мехоҳем, то онҳо ҳамроҳи мо ба Яҳува хизмат кунанд. Падари меҳрубонамон Яҳува низ «нобуд шудани касеро намехоҳад, баръакс, Ӯ мехоҳад, ки ҳама имконияти тавба карданро дошта бошанд». (2 Петрус 3:9-ро хонед.)

4. Вақте мо ба хешу табор мавъиза мекунем ба кадом хатогӣ набояд роҳ диҳем?

4 Хуб мебуд кӯшиш кунем, ки ба наздиконамон на ба таври нодуруст, балки бо тарзи дуруст мавъиза кунем. Масалан, мо ба одамони ношинос одатан бо мулоимӣ ва боодобона мавъиза мекунем, вале ба наздикони худ аксар вақт андеша накарда аз ҳад рӯйирост гап мезанем.

5. Вақте ба хешу наздикон мавъиза карданӣ мешавем, бояд чиро дар хотир дорем?

5 Эҳтимол бисёре аз мо дар вақташ ба хешу табор нодуруст мавъиза мекардем ва он рафтору гуфтори худро ба хотир оварда шояд пушаймон шавем. Мо ҳоло дарк мекунем, ки набояд чунин мекардем. Павлуси расул масеҳиёнро чунин насиҳат кард: «Бигзор суханони шумо ҳамеша форам ва намакин бошанд, то бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯл. 4:5, 6). Вақте ба хешовандонамон мавъиза карданӣ мешавем, хуб мебуд, ки ин насиҳати Павлусро дар хотир дорем. Дар акси ҳол, ба ҷойи ба ҳақиқат ҷалб кардани наздиконамон мо онҳоро ранҷонда метавонем.

ЧӢ ТАВР БА НАЗДИКОНАМОН КӮМАК КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Вақте мо барои наздиконамон вақт ҷудо мекунем ва бо онҳо муомилаи хуб мекунем, ин ба дили онҳо бетаъсир намемонад (Ба сархатҳои 6–8 нигаред.) *

6, 7. Чаро мо бояд ҳиссиёти ҳамсари худро, ки ҳамимон нест, эҳтиром кунем? Мисол оред.

6 Ҳиссиёти наздикони худро ба назар гиред. Хоҳар Паулин, ки дар боло дар борааш нақл кардем, мегӯяд: «Пеш бо шавҳарам ман фақат дар бораи Худо ва Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан мехостам. Дар бораи кору бораш бошад, намепурсидам». Вале шавҳараш Вэйн гапҳои ӯро намефаҳмид, чунки дар бораи Китоби Муқаддас қариб, ки маълумот надошт. Ба назари ӯ чунин метофт, ки занаш бутун ба дини худаш дода шудааст. Вэйн хавотир буд, ки занаш фиреб хӯрда ба сектаи хатарноке даромадааст.

7 Паулин иқрор мешавад, ки як муддат ӯ вақташро асосан бо бародарону хоҳарон мегузаронд. Бегоҳиҳо ва рӯзҳои истироҳат ӯ ҳамроҳи онҳо ба ҷамъомад, хизмат ва меҳмонӣ мерафт. «Баъзан Вэйн ба хона омада худро дар байни чор девор танҳо ҳис мекард»,— мегӯяд Паулин. Албатта, Вэйн мехост, ки зану фарзандаш дар хона бошанд. Ӯ намедонист, ки занаш бо чӣ гуна одамон шинухез мекунад ва ба назараш чунин метофт, ки барои Паулин аз ӯ дида дӯстони наваш азизтаранд. Вэйн аз ҳамаи ин безор шуда рӯзе ба занаш гуфт, ки ҷудо шудан мехоҳад. Ба фикратон, Паулин барои наранҷондани шавҳараш бояд чӣ тавр рафтор мекард?

8. Мувофиқи 1 Петрус 3:1, 2 ба наздикони мо чӣ таъсири бештар расонда метавонад?

8 Бо рафтори худ дили онҳоро ба даст оред. Дар урфият мегӯянд: «Олими беамал занбӯри беасал». Аксар вақт наздикони мо на ба гапҳои мо, балки ба кору рафторамон аҳамият медиҳанд. (1 Петрус 3:1, 2-ро хонед.) Паулин баъдтар хатояшро фаҳмид. «Ман медонистам, ки Вэйн моро дӯст медорад ва дар асл ҷудо шудан намехоҳад,— мегӯяд ӯ. Вале баъди он ки ӯ оиди ҷудошавӣ ҳарф зад, ман дарк кардам, ки гуфтаҳои Яҳуваро оиди издивоҷ бояд ба кор барам. Ба ҷойи аз ҳад зиёд гап задан ман бояд бо рафтори худ дили шавҳарамро ба даст меовардам». Паулин Вэйнро дигар бо мавъизааш асабонӣ намекард ва минбаъд бо шавҳараш дар бораи кору бори ҳаррӯза низ гап мезад. Вэйн пай бурд, ки занаш хушмуомила ва меҳрубонтар шудааст ва писарашон низ аз пештара дида қобилу гапдаро гаштааст (Мас. 31:18, 27, 28). Вақте Вэйн мушоҳида кард, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба оилаи ӯ таъсири хуб расонда истодааст, ӯ ба андеша афтод ва фикрашро оиди он дигар кард (1 Қӯр. 7:12–14, 16).

9. Чаро мо бояд ба наздиконамон кӯмак карданро давом диҳем?

9 Минбаъд низ ба онҳо кӯмак карданро давом диҳед. Яҳува барои мо намунаи ибрат аст. Ӯ гаштаву баргашта ба одамон имконият медиҳад, то онҳо хушхабарро қабул кунанд ва наҷот ёбанд (Ирм. 44:4). Павлуси расул ба Тимотиюс гуфт, ки ба дигарон бо ҷидду ҷаҳд кӯмак кунад. Чаро? Чунки ин тавр карда ӯ ҳам худаш ва ҳам шунавандагонашро наҷот дода метавонист (1 Тим. 4:16). Мо хешутаборамонро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем, ки онҳо ҳақиқати Каломи Худоро қабул кунанд. Гуфтору рафтори Паулин ниҳоят ба оилааш таъсири хуб расонд. Ӯ ҳоло бо шавҳараш ба Яҳува хурсандона хизмат мекунад. Ҳар дуи онҳо пешрав мебошанд ва шавҳараш пири ҷамъомад аст.

10. Барои чӣ ба мо пурсабр будан лозим аст?

10 Пурсабр бошед. Вақте мо ҳақиқатро фаҳмида ҳаётамонро тағйир медиҳем, ба хешовандонамон қабул кардани ин дигаргуниҳо душвор буда метавонад. Одатан якум чизе ки онҳо пай мебаранд, ин аст, ки мо дигар дар маросимҳои динӣ, идҳо ва корҳои сиёсӣ иштирок намекунем. Баъзе хешу ақрабо дар аввал метавонанд аз ин ба хашм оянд (Мат. 10:35, 36). Вале мо набояд даррав хулоса кунем, ки онҳо ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд. Мо бояд ноумед нашавем ва ба онҳо фаҳмондани ақидаамонро давом диҳем. Агар ин корро бас кунем, мо гӯё ҳукм мебарорем, ки онҳо лоиқи ҳаёти ҷовидонӣ нестанд. Яҳува моро довар намондааст, Ӯ ин корро бар ӯҳдаи Исо гузоштааст (Юҳ. 5:22). Агар мо пурсабр бошем, шояд хешовандони мо бо гузашти вақт моро бо омодагӣ гӯш кунанд. (Ба чорчӯбаи  «Аз сайтамон истифода баред» нигаред.)

11–13. Шумо аз тарзи муомилаи Элис бо волидонаш чӣ меомӯзед?

11 Меҳрубон, вале ҳамзамон устувор бошед (Мас. 15:2). Мисоли хоҳар Элисро меорем. Вақте ӯ дар бораи Яҳува фаҳмид, аз падару модараш дур зиндагӣ мекард. Волидони ӯ ба Худо бовар намекарданд ва ба сиёсат сарукор доштанд. Элис фикр кард, ки ҳарчи тезтар бояд дар бораи чизҳои фаҳмидааш ба онҳо нақл кунад. Ӯ мегӯяд: «Чи қадаре ки дар бораи дигар шудани эътиқодатон дер гап занед, ҳамон қадар ба наздиконатон зарбаи сахт мешавад». Элис кӯшиш мекард, ки оиди мавзӯъҳои ба волидонаш шавқовар, масалан дар бораи меҳру муҳаббат, ба онҳо нома нависад (1 Қӯр. 13:1–13). Ӯ ба онҳо миннатдорӣ баён мекард, ки ӯро ба воя расонданд ва дар борааш ғамхорӣ мекарданд. Инчунин ба онҳо тӯҳфаҳо мефиристод. Ҳангоми ба хабаргирии волидонаш омадан ӯ то ҳадди имкон дар кору бори хона ба модараш кӯмак мекард. Вақте Элис дар бораи эътиқоди наваш ба падару модари худ нақл кард, онҳо дар аввал аз ин ғамгин шуданд.

12 Вақте Элис дар хонаи волидонаш буд, ӯ мисли пештара ҳар рӯз Китоби Муқаддасро мехонд. «Инро дида модарам фаҳмид, ки то чӣ андоза Китоби Муқаддас бароям муҳим аст»,— мегӯяд Элис. Падари Элис бошад, хост бо Китоби Муқаддас шинос шавад, то сабаби дигар шудани ақидаи духтарашро фаҳмад ва камбудиҳои он китобро ёбад. «Ман ба падарам як Китоби Муқаддас тӯҳфа кардам, ки дар он барои ӯ баъзе қайдҳо гузошта будам»,— мегӯяд Элис. Ин чӣ натиҷа дод? Падари Элис дар Китоби Муқаддас ягон чӣ наёфт, ки танқид кунад. Баръакс, чизҳои хондааш ба дили ӯ сахт таъсир карданд.

13 Ҳатто дар вақтҳои душвор, мо бояд бо наздикони худ мулоиму меҳрубон бошем, вале дар иродаи худ устувор монем (1 Қӯр. 4:12б). Масалан, Элис бояд ба зиддияти модараш тоб меовард. Ӯ мегӯяд: «Баъд аз таъмид гирифтанам модарам маро “духтари гапнодаро” мегуфт». Элис чӣ хел рафтор кард? «Ба ҷойи аз ин мавзӯъ гурехтан, ман эҳтиромона ба модарам фаҳмондам, ки Шоҳиди Яҳува будан мехоҳам ва ин қарорам қатъӣ аст,— мегӯяд ӯ.— Ман модарамро боварӣ бахшидам, ки ӯро хеле дӯст медорам. Баъди ин ҳардуи мо гиря кардем. Ва ман барои ӯ хӯроки бомаззае пухтам. Модарам медид, ки бо кӯмаки Китоби Муқаддас ман торафт одами хуб шуда истодаам».

14. Чаро мо ҳеҷ гоҳ набояд гузорем, ки хешу таборамон ба қарори мо таъсир расонанд?

14 Шояд ба хешу наздикони мо вақт лозим аст, то пурра фаҳманд, ки хизмати Яҳува то чӣ андоза бароямон муҳим аст. Масалан, вақте Элис қарор дод, ки пешрав мешавад, модари ӯ боз гиря кард, чунки волидонаш мехостанд, ки ӯ соҳиби касбу кори сердаромад шавад. Вале Элис ин дафъа ҳам дар қарораш қатъӣ буд. Ӯ мегӯяд: «Агар шумо як бор роҳ диҳед, ки аъзоёни оилаатон ба қарори шумо таъсир расонанд, онҳо минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи шуморо гиранд». Ҳаёти худи Элис инро исбот мекунад. Ҳоло волидони ӯ ба Яҳува хизмат мекунанд ва пешрав мебошанд, падараш пири ҷамъомад аст.

ЧӢ ХЕЛ АЪЗОЁНИ ҶАМЪОМАД БА ХЕШУ ТАБОРИ МО ЁРДАМ ДОДА МЕТАВОНАНД?

Чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад ба наздикони ҳамимоннабудаи мо кӯмак карда метавонанд? (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Мувофиқи Матто 5:14–16 ва 1 Петрус 2:12 чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад бо «корҳои нек»-и худ ба наздикони мо кӯмак карда метавонанд?

15 Яҳува одамонро ба воситаи «корҳои нек»-и ҷамъомад ба худ ҷалб мекунад. (Матто 5:14–16 ва 1 Петрус 2:12-ро хонед.) Оё ҳамсари шумо, ки Шоҳиди Яҳува нест, ягон аъзои ҷамъомадро мешиносад? Хоҳар Паулин, ки оидаш дар боло нақл кардем, бародару хоҳаронро баъзан ба хонааш таклиф мекард, то шавҳараш Вэйн бо онҳо шинос шавад. Вэйн пеш фикр мекард, ки Шоҳидони Яҳува ғайр аз динашон дар ҳаёт ба ягон чизи дигар шавқ надоранд. Лекин ӯ ба хотир меорад, ки чӣ тавр рафтори як бародар ин ақидаи ӯро дигар кард. Ӯ мегӯяд: «Он бародар барои ман шуда рӯзе аз кораш ҷавоб гирифт, то якҷоя бозии варзишиеро аз телевизор тамошо кунем. Баъди ин ман ба худ гуфтам: “Шоҳидон ҳам одамони дуруст-ку”».

16. Чаро мо бояд хешу таборамонро ба ҷамъомад таклиф кунем?

16 Медонед, як роҳи олиҷаноби кӯмак ба наздикон онҳоро ба вохӯриҳои ҷамъомад таклиф кардан аст (1 Қӯр. 14:24, 25). Аввалин вохӯрие, ки Вэйн ба он рафт, Шоми ёдбуди марги Исо буд, чунки он бегоҳӣ, баъди кор баргузор мешуд ва барнома нисбатан кӯтоҳ буд. «Ман нафаҳмидам, ки дар нутқ оиди чӣ гап мерафт,— мегӯяд Вэйн, вале рафтори одамони дар он ҷо буда ба ман таассуроти калон бахшид. Онҳо наздам омада ҳолпурсӣ менамуданд ва дастакӣ салом мекарданд. Гуфтан мумкин, ки онҳо самимӣ буданд». Як зану шавҳар пеш ба Паулин ва писараш барои ба ҷамъомад ва хизмат рафтан бисёр кӯмак карда буданд. Вақте Вэйн ниҳоят қарор дод, ки бояд оиди эътиқоди нави занаш зиёдтар фаҳмад, ӯ он бародарро хоҳиш кард, ки бо вай омӯзиш кунад.

17. Дар чӣ мо набояд худро айбдор кунем ва чаро мо набояд фикр кунем, ки хешу табори мо ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд?

17 Мо умед дорем, ки ҳамаи наздикони мо ягон рӯз хизматгори Яҳува мешаванд. Лекин қатъи назар аз ҳамаи кӯшишҳои мо, онҳо шояд ба ҳақиқат наоянд. Ин қарори худи онҳост ва мо набояд барои ин худро айбдор ҳис кунем. Охир, мо ҳеҷ касро ба қабул кардани эътиқодамон маҷбур карда наметавонем. Ба ҳар ҳол, вақте хешу наздиконатон мебинанд, ки шумо аз хизмати Яҳува беҳад хушнудед, шояд онҳо шуморо гӯш кардан хоҳанд. Бинобар ин дар ҳаққи онҳо минбаъд ҳам дуо гӯед. Боадабона бо онҳо гап занед. Ба онҳо кӯмак карданро бас накунед (Аъм. 20:20). Яҳува, албатта, кӯшишҳои шуморо баракат медиҳад. Ва агар наздиконатон шуморо гӯш кунанд, онҳо наҷот хоҳанд ёфт!

СУРУДИ 142 Ба ҳама одамон мавъиза мекунем

^ сарх. 5 Мо мехоҳем, ки наздикон ва хешу таборамон Яҳуваро шиносанд ва ба Ӯ хизмат кунанд. Лекин онҳо худашон қарор мекунанд, ки хизматгори Худо шаванд ё не. Чӣ кор кунем, то ҳақиқат ба онҳо шавқовар бошад? Ба ин савол аз мақолаи мазкур ҷавоб меёбем.

^ сарх. 1 Баъзе номҳо дигар шудаанд. Дар ин мақола «хешу табор» гуфта асосан аъзоёни оила, ки ҳоло Шоҳиди Яҳува нестанд, дар назар дошта шудааст.

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Бародари ҷавон ба падараш барои таъмир кардани мошин кӯмак мекунад. Дар мавриди мувофиқ ӯ ба вай видеонавореро аз сайтамон нишон медиҳад.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳари мо аз шавҳараш, ки Шоҳиди Яҳува нест, оиди кору бораш пурсида ӯро бодиққат гӯш мекунад. Баъдтар хоҳар бо оилааш якҷоя вақтхушӣ мекунад.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМҲО: Он хоҳар баъзе аъзоёни ҷамъомадро ба меҳмонӣ таклиф мекунад. Онҳо бо шавҳари ӯ самимона муошират карда бо вай наздиктар шинос мешаванд. Баъдтар шавҳари хоҳар бо ӯ ба Шоми ёдбуд меояд.