Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32

Дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ ва хоксорӣ роҳ равед

Дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ ва хоксорӣ роҳ равед

«Дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ» (МИКО 6:8).

СУРУДИ 26 Бо Худо роҳ рав!

ПЕШГУФТОР *

1. Довуд дар бораи фурӯтании Яҳува чӣ гуфт?

ОЁ ҲАҚИҚАТАН гуфтан мумкин аст, ки Яҳува фурӯтан мебошад? Бале. Довуд навишт: «Сипари наҷоти Худро ба ман ато намудӣ, ва иҷобати [«фурӯтании», ТДН] Ту маро сарафроз месозад (2 Подш. 22:36). Ҳангоми ин суханонро гуфтан Довуд шояд рӯзеро ба ёд овард, ки пайғамбар Самуил ба хонаи падараш омада подшоҳи ояндаи Исроилро тадҳин кард. Аз байни ҳашт писар, Довуд дар оила писари аз ҳама хурдӣ буд, вале Яҳува маҳз ӯро ба ҷойи Шоул шоҳ таъйин мекунад (1 Подш. 16:1, 10–13).

2. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Довуд бешубҳа бо таронасарое, ки суханони зеринро дар бораи Яҳува гуфтааст, ҳамфикр буд: «[Худо] хам мешавад, то ки бар осмон ва бар замин назар кунад. Бенаворо аз хок мебардорад... то ки бо мирон шинонад» (Заб. 112:6–8). Дар ин мақола мо аввал дида мебароем, ки Яҳува дар кадом ҳолатҳо фурӯтанӣ зоҳир мекард ва мо кадом дарсҳои муҳимро аз Ӯ таълим мегирем. Баъдан бо ёрии мисоли шоҳ Шоул, Дониёли набӣ ва ҳазрати Исо мо дар бораи фурӯтаниву хоксорӣ бештар маълумот мегирем.

МО АЗ НАМУНАИ ФУРӮТАНИИ ЯҲУВА ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

3. Яҳува бо мо чӣ гуна муносибат мекунад ва ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?

3 Фурӯтании Яҳуваро дар тарзи муносибати Ӯ бо одамони нокомил дидан мумкин аст. Офаридгор на танҳо ибодати моро қабул мекунад, Ӯ ҳамчунин моро дӯстони Худ меҳисобад (Заб. 24:14). Барои он ки бо Ӯ дӯст шудан бароямон имконпазир бошад, Ӯ писарашро барои гуноҳҳои мо қурбон кард. Магар ин аз меҳрубонӣ ва дилсӯзии беҳамтои Яҳува гувоҳӣ намедиҳад?

4. Яҳува ба мо чӣ додааст ва барои чӣ?

4 Биёед фаҳмем, ки Яҳува боз бо кадом роҳ фурӯтаниашро нишон медиҳад. Чун Офаридгор Яҳува метавонист моро маҷбур кунад, ки бо роҳи интихобкардаи Ӯ зиндагӣ кунем. Вале Ӯ ин хел накард. Баръакс Ӯ моро ба сурати Худ офарид ва озодӣ дод, ки роҳи ҳаётамонро худамон интихоб кунем. Нигоҳ накарда ба он ки мо дар муқоиса бо Яҳува хеле хурду нотавонем, интихобу қарорҳои мо барои Ӯ муҳим мебошанд. Ӯ мехоҳад, ки мо ба Ӯ аз муҳаббат хизмат кунем ва дарк намоем, ки итоат ба Ӯ бар манфиати мост (Такр. Ш. 10:12; Иш. 48:17, 18). Мо барои чунин фурӯтании Яҳува аз Ӯ беҳад миннатдорем!

Дар осмон будани Исо тасвир карда шудааст. Назди ӯ баъзе касоне истодаанд, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ мекунанд ва онҳо якҷоя ба шумораи зиёди фариштагон назар доранд. Баъзе фариштагон барои иҷрои таъйиноташон ба замин рафта истодаанд. Яҳува ба ҳамаи онҳое, ки дар расм тасвир ёфтаанд, масъулиятҳои муайян додааст. (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Чӣ тавр Яҳува моро таълим медиҳад, ки фурӯтан бошем? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

5 Яҳува бо намунаи худ ба мо фурӯтан буданро таълим медиҳад. Яҳува дар олам Шахсияти аз ҳама хирадмандтарин бошад ҳам, Ӯ бо омодагӣ пешниҳоди дигаронро қабул мекунад. Масалан, Яҳува ба Писараш гузошт, ки дар офариниш ба Ӯ кӯмак кунад (Мас. 8:27–30; Қӯл. 1:15, 16). Инчунин қудрати Худи Яҳува ба ҳама кор расад ҳам, Ӯ ба дигарон баъзе корҳоро супориш медиҳад. Масалан, Ӯ Исоро шоҳи Подшоҳиаш таъйин кардааст ва ба 144 000 одамон ба андозае ҳокимият додааст, ки бо Исо ҳукмронӣ кунанд (Луқ. 12:32). Албатта, Яҳува Исоро таълим додааст, ки чун Подшоҳ ва Саркоҳин хизмат кунад (Ибр. 5:8, 9). Ӯ инчунин он шахсонеро, ки ҳамроҳи Исо подшоҳӣ мекунанд, таълим медиҳад, вале дар иҷрои ин таъйинот ҳар як қадами онҳоро назорат намекунад. Зеро Яҳува боварӣ дорад, ки онҳо хости Ӯро ба ҷо меоранд (Ваҳй 5:10).

Вақте мо дигаронро таълим медиҳем ва баъзе корҳоро ба онҳо супориш медиҳем, ба Яҳува пайравӣ мекунем (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.) *

6, 7. Чӣ тавр сардорони оила, пирон ва волидон ба Яҳува пайравӣ карда метавонанд?

6 Агар Падари осмониамон, ки ба ҳеҷ гуна ёрдам мӯҳтоҷ нест, ба дигарон баъзе корҳоро супориш диҳад, пас, мо одамони нокомил инро то чӣ андоза бояд бештар кунем! Фарз мекунем, шумо сардори оила ё пири ҷамъомад ҳастед. Ба намунаи Яҳува пайравӣ карда баъзе корҳоро ба дигарон супориш диҳед ва ҳангоми ба ҷо оварданашон ҳар қадами онҳоро назорат накунед. Дар натиҷа ҳам кор буд мешаваду ҳам дигарон корро ёд мегиранд ва ба худ боварии бештар пайдо мекунанд (Иш. 41:10). Онҳое, ки қадре ҳокимият доранд, аз Яҳува боз чиро омӯхта метавонанд?

7 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува фикру пешниҳоди писарони рӯҳониаш, яъне фариштагонро, ба инобат мегирад (3 Подш. 22:19–22). Волидон, чӣ тавр шумо мисли Яҳува рафтор карда метавонед? Дар мавриди мувофиқ фикри фарзандонатонро пурсед, ки ин ё он корро чӣ тавр иҷро кардан хубтар аст. Ва агар пешниҳоди онҳо ҷоиз бошад, аз рӯйи он амал кунед.

8. Чӣ тавр Яҳува бо Иброҳим ва Соро пурсаброна муносибат кард?

8 Фурӯтании Яҳува ҳамчунин дар пурсабрии Ӯ зоҳир мегардад. Масалан, вақте хизматгоронаш ба дуруст будани қарорҳои Ӯ шубҳа баён мекунанд, Ӯ зуд ба ғазаб намеояд. Вақте Иброҳим фаҳмид, ки Яҳува шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро нобуд карданӣ аст, аз ин ба ташвиш омад. Ӯ фикрашро ба Худо эҳтиромона баён намуд, Яҳува бошад, ӯро босаброна гӯш кард (Ҳас. 18:22–33). Инчунин ба хотир оред, ки Яҳува бо зани Иброҳим — Соро чӣ тавр муносибат кард. Вақте Соро ваъдаи Худоро шунид, ки дар пиронсолиаш ҳомиладор мегардад, аз ин хандааш омад. Вале Яҳува аз ин наранҷид ё ба ғазаб наомад (Ҳас. 18:10–14). Баръакс, Ӯ бо Соро эҳтиромона муносибат кард.

9. Волидон ва пирон аз намунаи Яҳува чӣ омӯхта метавонанд?

9 Волидон ва пирони ҷамъомад, шумо аз намунаи Яҳува чӣ омӯхта метавонед? Масалан, оиди он фикр кунед, ки агар фарзандон ё ягон аъзои ҷамъомад аз қарори шумо норозӣ шаванд, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Оё даррав худро ҳимоя карда исбот карданӣ мешавед, ки онҳо ноҳаққанд? Ё кӯшиш мекунед, ки нуқтаи назари онҳоро фаҳмед? Вақте пирон ва волидон ба намунаи Яҳува пайравӣ мекунанд, ин ба касоне ки зери итоати онҳоянд, бешубҳа манфиат меорад. Дар боло мо дида баромадем, ки аз намунаи Яҳува мо оиди фурӯтанӣ чӣ омӯхта метавонем. Акнун биёед дида бароем, ки аз мисоли шахсони дар Каломи Худо овардашуда дар бораи хоксорӣ чӣ омӯхтан мумкин аст.

МО АЗ НАМУНАИ ДИГАРОН ЧӢ ОМӮХТА МЕТАВОНЕМ?

10. Чӣ тавр Яҳува бо ёрии мисоли дигарон моро таълим медиҳад?

10 Яҳува — Омӯзгори бузурги мо дар Каломаш бисёр мисолҳои ибратомӯз овардааст (Иш. 30:20, 21). Дар Китоби Муқаддас намунаи онҳое оварда шудаанд, ки хислатҳои ба Худо маъқул, аз он ҷумла хоксориро зоҳир мекарданд. Аз он мо ҳамчунин мефаҳмем, ки бо касоне, ки чунин хислатҳо намерасид, чӣ рӯй дод (Заб. 36:37; 1 Қӯр. 10:11). Яҳува мехоҳад, ки мо дар бораи ин мисолҳо мулоҳиза ронда барои худ дарс гирем.

11. Мо аз мисоли огоҳкунандаи шоҳ Шоул чӣ панд мегирем?

11 Оиди он фикр кунед, ки бо шоҳ Шоул чӣ рӯй дод. Дар аввал вай одами хоксор буд. Вақте ҷавон буд, ӯ дарк мекард, ки аз ӯҳдаи ҳама кор баромада наметавонад ва ба гирифтани масъулияти бештар ҳатто ҷуръат накард (1 Подш. 9:21; 10:20–22). Аммо бо гузашти вақт Шоул ҳавобаланд шуд ва корҳоеро кард, ки ба онҳо ҳақ надошт. Ин майли нодурусти ӯ чанде пас аз подшоҳ шуданаш аён гашт. Боре ӯ бояд пайғамбар Самуилро мунтазир мешуд, аммо бетоқатӣ кард. Ӯ мебоист хоксорӣ зоҳир намуда ба Яҳува такя мекард, ки Ӯ бар манфиати халқаш амал мекунад. Вале Шоул саросема шуда овардани қурбониро раво донист, ки аслан ба он ҳақ надошт. Оқибат ӯ илтифоти Яҳува ва подшоҳиро аз даст дод (1 Подш. 13:8–14). Ин мисоли огоҳкунанда аст. Хуб мебуд, ки аз он дарс гирем ва ҳеҷ гоҳ худбоварона амал накунем.

12. Чаро Дониёл барои мо намунаи хуб аст?

12 Баръакси Шоул, Дониёл-пайғамбар  барои мо намунаи хуб аст. Ӯ тамоми умр хизматгори хоксору фурӯтани Худо монд ва ҳама вақт аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсид. Масалан, вақте Яҳува ба воситаи ӯ таъбири хоби Набукаднесарро ошкор кард, Дониёл нагуфт, ки хоби шоҳро худаш маънидод кардааст. Баръакс, ӯ аз хоксорӣ тамоми ҷалолро ба Яҳува дод (Дон. 2:26–28). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Агар бародару хоҳарон аз баромади мо қоил шаванд, ё агар мо дар хизмат ягон комёбӣ ба даст орем, барои ин лозим аст, ки Яҳуваро ситоиш кунем ва тамоми ҷалолро ба Ӯ диҳем. Мо бояд хоксорона дарк кунем, ки бе кӯмаки Яҳува ба ин чизҳо ноил гашта наметавонистем (Флп. 4:13). Чунин карда мо ба намунаи хуби Исо пайравӣ мекунем. Чӣ тавр?

13. Аз суханони дар Юҳанно 5:19, 30 гуфтаи Исо мо дар бораи хоксорӣ чӣ мефаҳмем?

13 Ҳарчанд Исо писари комили Худо буд, ӯ ба Яҳува такя мекард. (Юҳанно 5:19, 30-ро хонед.) Ӯ ҳеҷ гоҳ ба он намекӯшид, ки ҳокимияти Падари осмониашро соҳиб шавад. Дар Филиппиён 2:6 гуфта мешавад, ки Исо «фикри ба мавқеи Худо дастдарозӣ кардан, яъне ба Ӯ баробар шуданро намекард». Чун писари итоаткор Исо маҳдудиятҳои худро медонист ва ҳокимияти Падарашро эҳтиром мекард.

Исо эътироф мекард, ки ҳокимияташ маҳдуд аст (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Вақте аз Исо чизеро хоҳиш карданд, ки аз қудраташ берун буд, ӯ чӣ тавр ҷавоб дод?

14 Боре Яъқубу Юҳанно ҳамроҳи модарашон ба назди устоди худ омада чизеро хоҳиш карданд, ки иҷрои он дар дасти Исо набуд. Ӯ чӣ кор кард? Исо боқатъият гуфт, ки танҳо Падари осмониаш қарор мекунад, ки дар Подшоҳии Худо кӣ аз тарафи рости ӯ мешинаду кӣ аз тарафи чапаш (Мат. 20:20–23). Исо медонист, ки ба чӣ ҳақ дораду ба чӣ не. Ӯ хоксор буд. Исо ҳеҷ корро аз пеши худ, бе иҷозати Яҳува намекард (Юҳ. 12:49). Мо чӣ тавр ба намунаи хуби ӯ пайравӣ карда метавонем?

Чӣ тавр мо ба намунаи хоксории Исо пайравӣ карда метавонем? (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15, 16. Чӣ тавр мо аз рӯйи маслиҳати 1 Қӯринтиён 4:6 амал карда метавонем?

15 Мувофиқи гуфтаҳои 1 Қӯринтиён 4:6 амал карда мо ба намунаи хоксории Исо пайравӣ мекунем. Он ҷо гуфта шудааст: «Аз доираи он чӣ навишта шудааст, берун набароед». Барои ҳамин вақте касе аз мо маслиҳат мепурсад, мо ҳеҷ гоҳ фикри шахсиамонро намегӯем ё чизе ба сарамон ояд, гуфтан намегирем. Балки диққати шахсро ба маслиҳати Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта равона мекунем. Чунин карда мо хоксорона нишон медиҳем, ки ҳама чиро намедонем ва дарк мекунем, «амрҳои одилонаи» Худои Қодир ҳама вақт беҳтаранд (Ваҳй 15:3, 4).

16 Мо бо зоҳир кардани хоксорӣ Яҳуваро ҷалол медиҳем. Лекин доштани ин хислат манфиатҳои дигар низ дорад. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр хислати хоксорӣ ва фурӯтанӣ ба мо хурсандӣ меорад ва ёрдам мекунад, ки бо дигарон муросо кунем.

ХОКСОРУ ФУРӮТАН БУДАН БА МО ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?

17. Чаро одамони хоксору фурӯтан хурсанданд?

17 Одамони хоксору фурӯтан бисёр вақт хурсанданд. Чаро? Зеро вақте мо дарк мекунем, ки чиро карда метавонему чиро не, ҳар гуна кӯмакро қадр мекунем. Масалан, ба хотир оред, ки чӣ тавр боре Исо даҳ махавиро сиҳат кард. Лекин танҳо яке аз онҳо гашта омада ба Исо миннатдорӣ баён намуд, ки ӯро аз бемории даҳшатнок шифо дод. Зеро ӯ дарк мекард, ки аз ин беморӣ худаш ҳеҷ гоҳ халос шуда наметавонист. Ин марди хоксор ва фурӯтан кӯмаки Исоро қадр кард ва барои ин Худоро ҷалол дод (Луқ. 17:11–19).

18. Хоксору фурӯтан будан чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад, ки бо дигарон муросо кунем? (Румиён 12:10)

18 Одамони хоксору фурӯтан бо дигарон нағз муросо мекунанд ва ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки дӯстони хуб дошта бошанд. Чаро? Онҳо эътироф мекунанд, ки дигарон хислатҳои хуб доранд ва нияти онҳоро зери шубҳа намегузоранд. Вақте дигарон супориши гирифтаашонро хуб иҷро мекунанд, шахсони хоксору фурӯтан аз ин ҳасад намебаранд. Баръакс барои муваффақиятҳои дигарон онҳо хурсанд мешаванд ва аз таҳти дил онҳоро таъриф мекунанд. (Румиён 12:10-ро хонед.)

19. Чаро мо набояд мағрур бошем?

19 Баръакси шахсони фурӯтан ба одамони мағрур таъриф кардани дигарон душвор аст. Онҳо аз дигарон таъриф шуниданро беҳтар медонанд. Онҳо бисёр вақт худро бо дигарон муқоиса карда ҳаракат мекунанд, ки аз ҳама беҳтар бошанд. Шахси мағрур ба ҷойи таълим додани дигарон ва баъзе корҳоро ба онҳо супориш додан, эҳтимол чунин андеша меронад: «Агар хоҳӣ, ки кор нағз иҷро шавад, беҳтараш онро худат кун». Яъне одами ҳавобаланд кори дигаронро назараш намегирад. Одатан ин гуна шахс мехоҳад, ки аз дигарон муҳимтар бошад ва раваду дигарон ягон корро аз ӯ беҳтар иҷро кунанд, рашкаш меояд (Ғал. 5:26). Дӯстигарии одамони мағрур бисёр вақт дер давом намекунад. Агар мо дар худ нишонаҳои мағруриро пай барем, мо бояд аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфта барои «ақли худро нав» кардан кӯмак пурсем, то ки ин хислати бад дар мо чуқур реша надавонад (Рум. 12:2).

20. Чаро мо бояд хоксор ва фурӯтан бошем?

20 Мо барои намунае, ки Яҳува ба мо нишон медиҳад, аз Ӯ хеле миннатдорем! Мо аз тарзи муносибати Яҳува бо хизматгоронаш фурӯтании Ӯро дида ба он пайравӣ кардан мехоҳем. Ҳамчунин мо аз намунаҳои хуби Китоби Муқаддас барои худ дарс гирифта монанди касоне будан мехоҳем, ки дар ҳузури Худо бо фурӯтанӣ роҳ мерафтанд. Биёед, ҳамеша тамоми ҷалол ва шавкатро ба Яҳува диҳем, зеро Ӯ ба ин сазовор аст (Ваҳй 4:11). Он гоҳ мо ҳам метавонем абадан дӯсти Худо бошем, зеро Ӯ одамони хоксор ва фурӯтанро дӯст медорад.

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

^ сарх. 5 Шахси фурӯтан меҳрубон ва дилсӯз аст. Азбаски Яҳува дорои ин гуна хислатҳост, бешубҳа метавон гуфт, ки Ӯ фурӯтан аст. Ин мақола қайд мекунад, ки Яҳува дар фурӯтанӣ ба мо намунаи ибрат мебошад. Ҳамчунин мо мисоли шоҳ Шоул, Дониёл-пайғамбар ва ҳазрати Исоро дида баромада оиди хоксориву фурӯтанӣ бисёртар мефаҳмем.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМҲО: Пири ҷамъомад вақт ҷудо карда бародари ҷавонеро таълим медиҳад, ки кори бо минтақаҳо алоқамандро чӣ тавр иҷро кунад. Ва он пир боварӣ дорад, ки бародари ҷавон аз ӯҳдаи иҷрои ин супориш мебарояд, барои ҳамин ҳар як кори ӯро назорат намекунад.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре аз пири ҷамъомад пурсида истодааст, ки оё ба маросими ақди никоҳ, ки дар калисо мегузарад, рафтан равост ё не. Пири ҷамъомад ба ҷойи баён кардани фикри шахсӣ баъзе принсипҳои Китоби Муқаддасро бо ӯ дида мебарояд.