Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34

Ҳар яки шумо барои Яҳува азизед!

Ҳар яки шумо барои Яҳува азизед!

«Чуноне ки бадан бо вуҷуди доштани узвҳои бисёр яктост ва ҳама узвҳои он, гарчанд бисёранд, як баданро ташкил медиҳанд, Масеҳ низ чунин аст» (1 ҚӮР. 12:12).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува ба мо чӣ имконияти пуршарафе додааст?

АЪЗОИ ҷамъомади Яҳува будан чӣ шарафи бузург аст! Мо дар биҳишти рӯҳонӣ қарор дорем, ки он аз одамони сулҳҷӯ ва хушбахт иборат аст. Оё медонед, ки шумо низ дар ҷамъомад нақши худро доред?

2. Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ дар якчанд номааш чӣ гуна мисол меорад?

2 Ҳар яки мо дар ҷамъомад ҷойи худро дорем. Павлуси расул ин мавзӯро чуқуртар фаҳмонда дар якчанд номаи зери илҳоми илоҳӣ навиштааш мисоле меорад. Дар он номаҳо Павлус ҷамъомадро ба бадани инсон ва ҳар як аъзои ҷамъомадро ба узвҳои бадан монанд мекунад (Рум. 12:4–8; 1 Қӯр. 12:12–27; Эфс. 4:16).

3. Дар ин мақола мо кадом се дарсро меомӯзем?

3 Аз мисоли овардаи Павлус мо се дарси муҳим омӯхта метавонем. Якум, мо мефаҳмем, ки ҳар яки мо дар ҷамъомади Яҳува ҷойи * худро дорем. Дуюм, мо дида мебароем, ки чӣ бояд кард, агар мо ҳис кунем, ки дар ҷамъомад фоидаамон намерасад? Ва сеюм, мефаҳмем, ки ҳар яки мо метавонем ҷамъомадро обод ва рӯҳбаланд кунем.

ҲАР ЯКИ МО ДАР ҶАМЪОМАД НАҚШЕРО ИҶРО МЕКУНЕМ

4. Мо аз Румиён 12:4, 5 чӣ мефаҳмем?

4 Дарси якуме, ки мо аз мисоли Павлус меомӯзем, ин аст, ки ҳар яки мо дар оилаи Яҳува нақши муҳим мебозем. Павлус мисоли худро бо суханони зерин оғоз кард: «Чи тавре ки дар бадани мо узвҳои бисёр вуҷуд доранд ва на ҳамаи онҳо ҳамон як корро иҷро мекунанд, ҳамон тавр мо низ, ҳарчанд бисёрем, дар ягонагӣ бо Масеҳ як баданро ташкил медиҳем, вале дар алоҳидагӣ узвҳое мебошем, ки аз якдигар вобастаанд» (Рум. 12:4, 5). Павлус чиро қайд кардан мехост? Ӯ гуфтанӣ буд, ки ҳар яки мо дар ҷамъомад нақши гуногунро иҷро кунем ҳам, ҳар яки мо пурарзишем.

Мо дар ҷамъомад нақшҳои гуногунро иҷро кунем ҳам, ҳар яки мо дар чашми Яҳува пурарзишем (Ба сархатҳои 5–12 нигаред.) *

5. Яҳува ба ҷамъомад чӣ гуна «ато» додааст?

Вақте шумо дар бораи касоне фикр мекунед, ки дар ҷамъомад ягон вазифаро иҷро мекунанд, шояд якум бародарони масъул ба хотиратон оянд (1 Тас. 5:12; Ибр. 13:17). Воқеан ҳам, Яҳува ба воситаи Масеҳ дар ҷамъомад баъзе «одамонро чун ато» додааст (Эфс. 4:8). Ба ин атоҳо аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда, ёрдамчиёни онҳо, аъзоёни Кумитаи филиал, нозирони ноҳиявӣ, бародароне, ки дар Мактабҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта таълим медиҳанд, пирон ва хизматгузорони ҷамъомад дохил мешаванд. Ҳамаи ин бародарон ба воситаи рӯҳи муқаддас таъйин шудаанд, то ба гӯсфандони Яҳува ғамхорӣ кунанд ва ҷамъомадро рӯҳбаланду обод созанд (1 Пет. 5:2, 3).

6. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 2:6–8 бародароне, ки бо ёрии рӯҳи муқаддас таъйин шудаанд, ба чӣ кӯшиш мекунанд?

6 Бародароне, ки бо ёрии рӯҳи муқаддас таъйин шудаанд, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Чи хеле ки узвҳои гуногуни мо, ба монанди дастон ва пойҳо барои манфиати тамоми баданамон амал менамоянд, бародарони масъул низ бар манфиати тамоми ҷамъомад сахт меҳнат мекунанд. Мақсади онҳо дар байни дигарон обрӯманд шудан нест, балки рӯҳбаланд ва дастгирӣ кардани бародару хоҳарон аст. (1 Таслӯникиён 2:6–8-ро хонед.) Мо аз Яҳува барои чунин бародарони беғараз ва болаёқат беҳад миннатдорем!

7. Бисёр воизони пурравақт соҳиби чӣ гуна баракатҳо мебошанд?

7 Баъзеҳо дар ҷамъомад пешрави доимӣ, пешрави махсус ё миссионер шуда хизмат мекунанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар саросари ҷаҳон бародару хоҳарон ҳаёти худро ба хизмати пурравақт бахшида вақти асосиашонро ба кори мавъиза ва шогирдсозӣ сарф мекунанд. Ҳамин тавр онҳо ба бисёр одамон барои шогирди Исо шудан кӯмак мекунанд. Ҳарчанд ин воизони пурравақт пулу чизи зиёд надоранд, Яҳува ҳаёти онҳоро аз баракат пур кардааст (Марқ. 10:29, 30). Мо ин бародару хоҳарони азизро дӯст медорем ва хурсандем, ки онҳо ҷамъомади моро зебу зиннат медиҳанд.

8. Чаро ҳар як воиз барои Яҳува гаронбаҳост?

8 Оё танҳо бародарони масъул ва воизони пурравақт дар ҷамъомад қадр доранд? Не, албатта! Ҳар як воизи хушхабар дар чашми Яҳува гаронбаҳост (Рум. 10:15; 1 Қӯр. 3:6–9). Зеро яке аз мақсадҳои асосии ҷамъомад ин барои Исо тайёр кардани шогирдон аст (Мат. 28:19, 20; 1 Тим. 2:4). Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад, хоҳ воизи таъмидёфта бошанд, хоҳ таъмиднаёфта, кӯшиш мекунанд ба ин кор диққати аввалиндараҷа диҳанд (Мат. 24:14).

9. Барои чӣ мо хоҳарони Масеҳиро хеле қадр мекунем?

9 Хоҳарони масеҳӣ низ дар ҷамъомади Яҳува нақши арзанда мебозанд. Ин занон, модарон, бевазанон ва хоҳарони муҷаррад, ки содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд, дар чашми Ӯ қадру қимати баланд доранд. Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр заноне оварда шудааст, ки ба Худо писанд буданд. Онҳо бо хирад, имон, ғайрат, далерӣ, саховатмандӣ ва корҳои некашон сазовори таъриф ва намунаи ибратанд (Луқ. 8:2, 3; Аъм. 16:14, 15; Рум. 16:3, 6; Флп. 4:3; Ибр. 11:11, 31, 35). Имрӯз низ хоҳарони масеҳии мо чунин хислатҳои зеборо зоҳир мекунанд, барои ҳамин мо онҳоро хеле қадр мекунем.

10. Чаро бародару хоҳарони пиронсол сазовори иззату икроманд?

10 Боз як баракати дигар ин бародару хоҳарони пиронсол мебошанд. Баъзеи онҳо тамоми умрашонро содиқона ба хизмати Яҳува сарф кардаанд. Баъзеи пиронсолон бошанд, шояд ҳақиқатро солҳои наздик фаҳмиданд. Чизе набошад, саломатии бисёри онҳо эҳтимол аз боиси пиронсолӣ он қадар хуб нест. Шояд онҳо дар кори мавъиза ва ҷамъомад бисёр иштирок карда натавонанд. Вале ба ҳар ҳол онҳо чени қувваташон хизмат мекунанд ва аз таҳти дил кӯшиш менамоянд, ки дигаронро рӯҳбаланд созанд ва таълим диҳанд. Аз таҷрибаи бойи онҳо мо бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Дар ҳақиқат, онҳо барои Яҳува хеле азизанд ва мо низ онҳоро дӯст медорем (Мас. 16:31).

11, 12. Наврасону ҷавонони ҷамъомадатон шуморо аз кадом ҷиҳат рӯҳбаланд мекунанд?

11 Инчунин дар бораи наврасону ҷавонони ҷамъомад фикр кунед. Онҳо бо мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд, зеро ҷаҳони Шайтон ба онҳо ақидаҳои нодурусти худро таблиғ кардан мехоҳад (1 Юҳ. 5:19). Вале вақте мо мебинем, ки наврасону ҷавонони мо дар ҷамъомад шарҳҳо медиҳанд, дар хизмат иштирок мекунанд ва далерона эътиқоди худро ҳимоя менамоянд, ин моро хеле рӯҳбаланд месозад. Ҷавонони азиз, фаромӯш накунед, ки шумо дар ҷамъомад ҷойи худро доред (Заб. 8:3).

12 Вале ба ҳар ҳол баъзе бародару хоҳарон шубҳа мекунанд, ки онҳо дар ҷамъомад даркорӣ ҳастанд. Чӣ ба ҳар яки мо кӯмак мекунад, ки дар ҷамъомад худро беқадр ё бегона ҳис накунем? Биёед ҷавоби ин саволро дида бароем.

БЕШАК, ШУМО ДАР ЧАШМИ ЯҲУВА ҚАДРИ БАЛАНД ДОРЕД!

13, 14. Чаро баъзе аъзоёни ҷамъомад худро беқадр ҳис мекунанд?

13 Биёед акнун дарси дуюмро, ки аз мисоли Павлус омӯхтан мумкин аст, дида бароем. Павлус диққатро ба душворие ҷалб кард, ки бисёриҳо имрӯз аз он азоб мекашанд. Онҳо боварӣ надоранд, ки ба ҷамъомад фоидаашон мерасад. Павлус навишт: «Агар по бигӯяд: “Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам”, наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад? Ва агар гӯш бигӯяд: “Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам”, наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?» (1 Қӯр. 12:15, 16). Павлус чиро қайд карданӣ буд?

14 Баъзеҳо дар ҷамъомад шояд муаллимон ё ташкилотчии хубанд, баъзе бародарон бошанд, дар рӯҳбаландкунӣ моҳиранд. Агар шумо худро бо дигарон муқоиса кунед, шояд худро аз онҳо пасту ноӯҳдабаро ҳис кунед. Мумкин фикр кунед, ки чени онҳо қобилият надоред. Чунин ҳиссиёт доштани шумо, албатта, аз хоксорӣ ва фурӯтанӣ дарак медиҳад (Флп. 2:3). Вале эҳтиёт бошед. Агар шумо доимо худро бо онҳое, ки қобилиятҳои бештар доранд, муқоиса кунед, ин шуморо рӯҳафтода месозад ва аз худатон дилатон мемонад. Чуноне ки Павлус қайд кард, шумо ҳатто ба чунин фикр омада метавонед, ки дар ҷамъомад ҳеҷ кӣ ҳастед. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ин гуна фикру ҳиссиётро аз худ дур кунед?

15. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 12:4–11 дар бобати қобилиятҳои доштаи худ мо бояд чиро дарк кунем?

15 Дар ин бора фикр кунед: Яҳува ба баъзе масеҳиёни асри як ба воситаи рӯҳи муқаддасаш қобилиятҳои ғайриодӣ ато карда буд, вале онҳо атоҳои якхела надоштанд. (1 Қӯринтиён 12:4–11-ро хонед.) Онҳо қобилиятҳои гуногун дошта бошанд ҳам, ҳар яки он масеҳиён барои Яҳува гаронбаҳо буданд. Имрӯз рӯҳи муқаддас ба мо қобилиятҳои ғайриодӣ намедиҳад. Вале чун дар асри як, имрӯз низ Яҳува ҳамаи моро новобаста аз қобилиятҳои гуногун доштанамон қадр мекунад.

16. Павлус зери илҳоми илоҳӣ чӣ гуна маслиҳат дод, ки мо ба он бояд гӯш диҳем?

16 Ба ҷойи худро бо дигарон муқоиса карда ғамгин шудан, мо бояд аз рӯйи маслиҳати зерини Павлус амал кунем: «Бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад, он гоҳ ӯ метавонад аз корҳои худ хурсандӣ гирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад» (Ғал. 6:4).

17. Аз рӯйи маслиҳати Павлус амал кардан ба мо чӣ манфиат меорад?

17 Агар мо аз рӯйи ин маслиҳати Павлус амал кунем ва ба корҳои худ диққат диҳем, он гоҳ дида метавонем, ки мо ҳам қобилиятҳои хуб дорем. Масалан, ягон пири ҷамъомад ҳангоми аз саҳна баромад кардан шояд муаллими на он қадар хуб бошад, вале дар кори шогирдсозӣ мумкин ӯ хеле бомаҳорат аст. Шояд вай мисли баъзеи дигар пирон чолоку чаққон набошад, вале воизон ӯро чун чӯпони меҳрубон мешиносанд ва бемалол аз ӯ маслиҳат мепурсанд. Ё шояд вай хеле меҳмоннавоз бошад (Ибр. 13:2, 16). Вақте мо равшан мебинем, ки аз ӯҳдаи кадом корҳо баромада метавонем, боварии бештар пайдо мекунем, ки дар ҷамъомад фоидаи мо ҳам мерасад. Ин ҳамчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба дигар касоне, ки қобилиятҳояшон аз мо фарқ мекунанд, ҳасад набарем.

18. Чӣ тавр мо маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар карда метавонем?

18 Новобаста аз он ки мо дар ҷамъомад чӣ нақшро иҷро мекунем, ба ҳар яки мо лозим аст, ки қобилиятҳои худро сайқал дода хизматамонро беҳтар кунем. Кӯмаки Яҳуваро мо дар он мебинем, ки Ӯ ба воситаи ташкилоташ моро нағз таълим медиҳад. Масалан, дар вохӯриҳои байниҳафта ба мо дастурот дода мешавад, ки бо кадом роҳ маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар гардонем. Оё шумо кӯшиш мекунед, ки он маслиҳатҳоро ба кор баред?

19. Чӣ тавр шумо ба мақсади таҳсил кардан дар Мактаби воизони хушхабар расида метавонед?

19 Мактаби воизони хушхабар низ имконияти олиҷаноб медиҳад, ки воизон қобилияти таълимдиҳии худро беҳтар кунанд. Дар ин мактаб воизони пурравақт, ки синнашон аз 23 то 65-сола мебошад, таҳсил карда метавонанд. Мумкин ба назаратон чунин тобад, ки шумо ҳеҷ гоҳ дар ин мактаб хонда наметавонед. Вале ба ҷойи номбар кардани сабабҳое, ки шумо наметавонед, сабабҳоеро рӯйхат кунед, ки чаро шумо дар он мактаб хондан мехоҳед. Сипас нақша тартиб диҳед, ки барои ба ин мақсад расидан кадом қадамҳо лозиманд. Бо кӯмаки Яҳува ва кӯшишҳои боғайратона шумо ба он мақсаде, ки ба назаратон шояд имконнопазир метофт, расида метавонед.

ҲАР ЯКИ МО МЕТАВОНЕМ ҶАМЪОМАДРО ОБОД КУНЕМ

20. Мо аз Румиён 12:6–8 чӣ меомӯзем?

20 Дарси сеюме, ки мо аз мисоли Павлус гирифта метавонем, дар Румиён 12:6–8 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Ин ҷо Павлус бори дигар қайд мекунад, ки аъзоёни ҷамъомад атоҳои гуногун доранд. Вале ин дафъа ӯ моро ба он даъват мекунад, ки кадом қобилияте надошта бошем, бо ёрии он ҷамъомадро обод ва дастгирӣ кунем.

21, 22. Мо аз мисоли Роберт ва Фелис чӣ дарс мегирем?

21 Мисоли бародар Робертро * меорем. Баъди дар давлати хориҷа хизмат карданаш ӯро ба Байт-Иле, ки дар зодгоҳаш буд, таъйин намуданд. Бародарон ӯро боварӣ бахшиданд, ки сабаби дигар шудани таъйиноташ он нест, ки ӯ ягон кори нодуруст кардааст. Вале вай ҳиссиёташро чунин баён кард: «Таи чанд моҳ ман зиқ мегаштам, зеро фикр мекардам, ки аз ӯҳдаи таъйиноти пештараам набаромадам. Вақтҳое буданд, ки ман хизмати Байт-Илро бас кардан мехостам». Чӣ тавр Роберт аз нав хурсандӣ пайдо кард? Як пири ҷамъомад ба ӯ хотиррасон кард, ки Яҳува моро дар таъйиноти пештараамон таълим медиҳад, то ки мо таъйиноти ҳозираамонро хубтар иҷро карда тавонем. Роберт фаҳмид, ки бояд ба ақиб нигоҳ карданро бас кунад ва ӯ минбаъд диққаташро ба коре, ки ҳоло карда метавонист, равона кард.

22 Бародар Фелис Эпископо низ бо вазъияти ба ин монанд рӯ ба рӯ шуд. Ӯ бо занаш соли 1956 Мактаби Ҷилъодро хатм намуда дар Боливия чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекард. Соли 1964 онҳо кӯдакдор шуданд. Фелис гуфт: «Таъйиноти дӯстдоштаамонро мондан ба мо хеле душвор буд. Рости гап қариб як сол ман афсӯс мехӯрдам. Вале бо ёрдами Яҳува ман фикррониамро дигар кардам ва чун волид диққатамро ба масъулияти нави худ равона сохтам». Оё ҳиссиёти Роберт ва Фелис ба шумо шинос аст? Оё шумо рӯҳафтодаед, ки имкониятҳои пеш дар хизмат доштаатонро имрӯз надоред? Агар чунин бошад, фикррониатонро дигар кунед ва диққати худро ба он корҳое равона созед, ки ҳоло барои Яҳува ва ҳамимонон карда метавонед. Бо хизмати Яҳува банд бошед, қобилияту маҳорати худро барои дастгирии дигарон истифода баред. Он гоҳ шумо аз обод кардани ҷамъомад хурсандӣ хоҳед ёфт.

23. Барои кадом кор мо бояд вақт ҷудо кунем? Дар мақолаи навбатӣ кадом мавзӯъро дида мебароем?

23 Ҳар яки мо барои Яҳува азиз ва гаронбаҳоем. Ӯ ҳар яки моро аъзои оилааш меҳисобад. Хуб мебуд вақт ҷудо карда оиди он мулоҳиза ронем, ки барои дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани бародару хоҳарон мо чӣ кор карда метавонем ва сипас баҳри онҳо кори аз дастамон меомадаро кунем. Он вақт эҳтимол мо худро дар ҷамъомад бегона ҳис накунем. Вале ба дигар аъзоёни ҷамъомад мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо онҳоро қадр мекунем? Ин мавзӯи муҳим дар мақолаи навбатӣ муҳокима мешавад.

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

^ сарх. 5 Ҳар яки мо мехоҳем, ки барои Яҳува пурарзиш бошем. Вале баъзан мо шояд худро беқадр ҳис кунем. Ин мақола мефаҳмонад, ки ҳар яки мо дар ҷамъомад даркорӣ ҳастем ва нақши муҳим мебозем.

^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин маврид «ҷой» гуфта нақш ё вазифае, ки мо дар обод ва рӯҳбаланд кардани ҷамъомад иҷро мекунем, дар назар дошта шудааст. Ҷамъомадро рӯҳбаланд карда тавонистанамон аз миллату нажоди мо, миқдори пул, вазъи иқтисодӣ, маданият ва саводнокиамон вобаста нест.

^ сарх. 21 Баъзе номҳо дигар шудаанд.

^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар се расм корҳое тасвир шудаанд, ки пеш аз ҷамъомад, дар давом ва баъди он ба амал меоянд. Расми 1: Як пир одами навро дар ҷамъомад гарму ҷӯшон пешвоз мегирад; бародари ҷавоне микрофонро тайёр карда истодааст; хоҳаре бо як хоҳари пиронсол муошират дорад. Расми 2: Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад дар муҳокимаи мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» иштирок доранд. Расми 3: Як ҷуфти ҳамсарон ибодатгоҳро рӯбучин мекунанд. Модаре ба духтарчааш ёрӣ дода истодааст, ки хайрия кунад. Бародари ҷавоне рафи адабиётро ба тартиб меорад ва бародари дигарӣ як хоҳари калонсолро рӯҳбаланд карда истодааст.