Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

Ба Исо пайравӣ кунед ва осуда бошед

Ба Исо пайравӣ кунед ва осуда бошед

«Осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо... муҳофизат мекунад» (ФЛП. 4:7).

СУРУДИ 39 Осоиштагӣ дороии мост

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Аз кадом сабаб Исо дар изтироб буд?

ШАБИ пеш аз маргаш барои Исо хеле шаби вазнин буд. Чанде пас ӯ бояд аз дасти одамони бадкор бераҳмона кушта мешуд. Вале ӯро на танҳо ин ба изтироб меовард. Ӯ ҳамчунин мехост, ки ба Падараш писанд ояд, чунки Ӯро аз ҷону дил бештар дӯст медошт. Вай медонист, ки агар дар озмоишҳои сахт содиқ монад, номи Яҳува аз доғ пок мешавад. Инчунин Исо одамонро нағз медид ва медонист, ки агар ӯ то охир ба Худо содиқ монад, танҳо ҳамон вақт онҳо ба ҳаёти ҷовидона умед пайдо карда метавонанд.

2 Ҳарчанд Исо сахт дар изтироб буд, вале дар таги дилаш осудагӣ ҳис мекард. «Осоиштагии худро ба шумо медиҳам»,— гуфт ӯ ба шогирдонаш (Юҳ. 14:27). Ин «осоиштагии Худо» буд ва аз муносибати наздик бо Яҳува сарчашма мегирифт. Маҳз ин осоиштагӣ ба ӯ кӯмак мекард, ки оромиро гум накунад (Флп. 4:6, 7).

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Ҳеҷ кадоми мо асло зери чунин фишоре, ки Исо ба он тоб овард, қарор намегирем, вале ҳамаи мо чун пайравони ӯ бо озмоишу душворӣ дучор хоҳем шуд (Мат. 16:24, 25; Юҳ. 15:20). Мисли Исо мо низ баъзан ба ташвишу изтироб меоем. Вале чӣ кор кунем, то онҳо моро побанди худ насозанд ва аз оромӣ маҳрум накунанд? Биёед дида бароем, ки кадом се чиз ба Исо дар давоми хизмати заминиаш кӯмак мекард ва чӣ тавр мо ҳангоми озмоишҳо ба ӯ пайравӣ карда метавонем.

ИСО ПАЙВАСТА ДУО МЕГУФТ

Дуо дили моро ором мекунад (Ба сархатҳои 4–7 нигаред.)

4. Бо назардошти 1 Таслӯникиён 5:17 мисолҳо оред, ки чӣ тавр Исо рӯзҳои охири ҳаёташ ҳар сари қадам дуо мегуфт?

4 1 Таслӯникиён 5:17-ро хонед. Исо шаби пеш аз маргаш пайваста ба Худо дуо мегуфт. Масалан, ҳангоми ҷорӣ намудани маросими Ёдбуд, вай пеш аз дароз кардани нону шароб дар дуо ба Худо муроҷиат кард (1 Қӯр. 11:23–25). Инчунин пеш аз тарк кардани болохонае, ки дар он иди Раҳоиро ҷашн гирифтанд, ӯ ҳамроҳи шогирдонаш дуо гуфт (Юҳ. 17:1–26). Боз вақте онҳо ба кӯҳи Зайтун омаданд, ӯ дар он ҷо низ гаштаву баргашта ба Худо дуо гуфт (Мат. 26:36–39, 42, 44). Ва суханони охирини дар дами марг гуфтааш низ дуо буданд (Луқ. 23:46). Чуноне ки мебинем, дар он рӯзи муҳимтарини ҳаёташ Исо дар ҳар як маврид ба Худо дар дуо муроҷиат мекард.

5. Чаро расулон ба тарс дода шуданд?

5 Чаро Исо дар озмоишҳо истодагарӣ карда тавонист? Яке аз сабабҳо ин буд, ки ӯ доимо дуо гуфта ба Падараш такя мекард. Лекин расулонаш бошанд, он шаб ба ҷойи ҳушёр монда дуо гуфтан хобашон бурд. Дар натиҷа, вақте соати озмоиш фаро расид, онҳо тарсиданд (Мат. 26:40, 41, 43, 45, 56). Барои дар озмоишҳо содиқ мондан мо ҳам бояд мисли Исо ҳама вақт дуо гӯем. Лекин дар бораи чӣ мо дуо гуфта метавонем?

6. Чӣ тавр имон ба мо кӯмак мекунад, ки оромиву осоиштагиро гум накунем?

6 Мо метавонем ба Яҳува дуо гӯем, то «имони моро зиёдтар» гардонад (Луқ. 17:5; Юҳ. 14:1). Азбаски Шайтон ҳама пайравони Исоро меозмояд, ба мо имони мустаҳкам лозим аст (Луқ. 22:31). Баъзан мо як душвориро паси сар накарда, бо дигараш дучор мешавем. Дар чунин ҳолатҳо чӣ тавр имон ба мо кӯмак мекунад, ки оромиву осоиштагиро гум накунем? Агар мо барои ҳалли душворӣ ҳар кори аз дастамон меомадаро карда бошем, имон ба мо кӯмак мекунад, ки масъаларо ба дасти Яҳува супорем ва сахт ғам нахӯрем. Охир Ӯ қодир аст, ки ҳар як мушкилиро дар вақти мувофиқ ба таври беҳтарин ҳал кунад. Донистани ин ба ақлу дили мо оромӣ мебахшад (1 Пет. 5:6, 7).

7. Аз суханони Роберт чӣ дарс гирифтан мумкин аст?

7 Бо кадом озмоише, ки дучор нашавем, дуо ба мо ёрдам медиҳад, ки оромии ботиниро нигоҳ дорем. Роберт ном, бародари 80-сола, ки пири ҷамъомад аст, мегӯяд: «Маслиҳате, ки дар Филиппиён 4:6, 7 гуфта шудааст, барои тоб овардан ба мушкилиҳои зиёди ҳаёт ба ман кӯмак кардааст. Ман аз пул танқисӣ мекашидам. Ва муддате имконияти чун пири ҷамъомад хизмат карданро аз даст додам». Чӣ ба Роберт ёрдам дод, ки орому осуда бошад? «Ҳамин ки маро ғам зер кунад, даррав дуо мегӯям,— мегӯяд ӯ.— Чи қадаре ки зуд-зуд ва аз таҳти дил дуо гӯям, ҳамон қадар худро ором ҳис мекунам».

ИСО БО ҶИДДУ ҶАҲД МАВЪИЗА МЕКАРД

Мавъизаи хушхабар ба мо оромӣ мебахшад (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.)

8. Чуноне ки дар Юҳанно 8:29 омадааст, боз кадом чиз ба Исо оромиву осоиштагӣ мебахшид?

Юҳанно 8:29-ро хонед. Исо ҳатто дар вақти таъқибот орому осуда буд, чунки медонист, ки истодагариаш Падарашро хурсанд мекунад. Баъзан аз рӯйи гуфти Яҳува амал кардан барояш душвор бошад ҳам, ӯ итоаткорӣ зоҳир мекард. Ӯ Падарашро дӯст медошт, аз ин рӯ дар ҳаёташ чизи асосӣ хизмат ба Яҳува буд. Пеш аз он ки ба замин ояд, ӯ дар назди Худо дастёри моҳир буд (Мас. 8:30). Ва дар рӯйи замин ӯ бо ҷидду ҷаҳд дигаронро бо Падараш шинос мекард (Мат. 6:9; Юҳ. 5:17). Ин кор ба ӯ хурсандии зиёд мебахшид (Юҳ. 4:34–36).

9. Чӣ тавр бо кори мавъиза банд будан, ба мо кӯмак мекунад, ки орому осуда бошем?

9 Мо ба Исо пайравӣ мекунем, агар ба Яҳува итоаткор бошем ва «ҳамеша дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд» кунем (1 Қӯр. 15:58). «Машғули мавъизаи калом» будан ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳоямон бо назари дуруст нигоҳ кунем (Аъм. 18:5). Масалан, одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем аз мо дида душвориҳои зиёдтар доранд. Лекин вақте онҳо Яҳуваро шинохта аз рӯйи гуфти Ӯ амал мекунанд, ҳаёташон пурмазмун мегардад ва онҳо хушбахттар мешаванд. Ҳар боре ки мо инро мебинем, боварии мо зиёдтар мегардад, ки Яҳува нисбати мо низ ғамхорӣ мекунад. Ва ин боварӣ ба мо кӯмак мекунад, ки орому осуда бошем. Хоҳаре, ки як умр худро беқадр ҳис мекарду бо касалии депрессия мубориза мебурд, ҳақ будани ин суханонро дар ҳаёташ дид. Ӯ мегӯяд: «Бо кори мавъиза банд будан ба ман кӯмак мекунад, ки бештар на дар бораи чизҳои манфӣ, балки оиди чизҳои хуб фикр кунам ва худро хушбахттар ҳис кунам. Чунки дар хизмат ман худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунам».

10. Аз суханони хоҳар Бренда шумо чӣ дарс гирифтед?

10 Биёед боз мисоли хоҳар Брендаро дида бароем. Ӯву духтараш аз бемории хеле ҷиддӣ азоб мекашанд. Бренда бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад ва хеле камқувват аст. Баъзан ӯ хона ба хона мавъиза мекунад, вале асосан ӯ ба одамон нома менависад. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман дарк кардам, ки бемориам дар ин дунё шифо намеёбад, ҳушамро пурра ба хизмат кардам. Хизмат ба ман кӯмак мекунад, ки дар бораи душвориҳоям бисёр фикр накунаму ҳушамро бештар ба кӯмак расондан ба одамон равона кунам. Боз ҳангоми мавъиза кардан, умеди дар оянда доштаам гаштаву баргашта ба ман хотиррасон мешавад».

ИСО КӮМАКИ ДӮСТОНАШРО ҚАБУЛ МЕКАРД

Муошират бо дӯстони хуб ғами дили моро дур мекунад (Ба сархатҳои 11–15 нигаред.)

11–13. a) Расулон ва дигарон чӣ хел исбот карданд, ки дӯсти ҳақиқии Исоянд? б) Дӯстии онҳо ба Исо чӣ хел таъсир мекард?

11 Дар давоми тамоми хизматаш расулони содиқ барои Исо дӯстони ҳақиқӣ буданд. Суханони масали зерин айнан ба онҳо мувофиқ меояд: «Дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад» (Мас. 18:24). Исо чунин дӯстонро қадр мекард. Дар давоми хизматаш ҳеҷ яке аз бародарони ҳамхуни ӯ ба вай имон наоварданд (Юҳ. 7:3–5). Боре ҳатто хешовандонаш гумон карданд, ки ӯ девона шудааст (Марқ. 3:21). Расулони ӯ бошанд, ба ӯ пурра имон доштанд ва Исо шаби пеш аз маргаш ба онҳо чунин гуфт: «Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳоям бо ман будед» (Луқ. 22:28).

12 Расулон баъзан Исоро бо рафторашон меранҷонданд, вале Исо на ба камбудиҳои онҳо, балки ба имони онҳо аҳамият медод (Мат. 26:40; Марқ. 10:13, 14; Юҳ. 6:66–69). Шаби пеш аз мехкӯб шуданаш, Исо ба ин мардони содиқ чунин гуфт: «Шуморо дӯст меномам, зеро тамоми чизҳоеро, ки аз Падар шунидаам, ба шумо маълум сохтам» (Юҳ. 15:15). Бешубҳа чунин дӯстон барои Исо сарчашмаи рӯҳбаландӣ буданд. Ёрдаму дастгирӣ аз тарафи онҳо ба Исо шодии бузург меовард (Луқ. 10:17, 21).

13 Ғайр аз расулон Исо дӯстони дигар низ дошт. Он мардону занон ӯро дар кори мавъиза ва аз дигар ҷиҳатҳо низ дастгирӣ мекарданд. Баъзеҳо ӯро барои хӯрокхӯрӣ ба хонаашон таклиф мекарданд (Луқ. 10:38–42; Юҳ. 12:1, 2). Дигарон барои мавъиза ҳамроҳаш ба шаҳрҳои гуногун сафар менамуданд ва дороиашонро барои ӯ сарф мекарданд (Луқ. 8:3). Исо дӯстони хуб дошт, чунки худаш ба онҳо дӯсти хуб буд. Ӯ ба онҳо некӣ мекард ва интизор намешуд, ки барояш аз қувват берун чизе кунанд. Ҳарчанд Исо комил буд, кӯмаку дастгирии дӯстони нокомилашро қадр мекард. Ва ин дӯстӣ барояш бешубҳа оромиву осудагӣ мебахшид.

14, 15. Барои дӯстони хуб пайдо кардан мо бояд чӣ кор кунем ва чунин дӯстон ба мо чӣ хел кӯмак карда метавонанд?

14 Дӯстони хуб ба мо ёрдам мекунанд, ки ба Яҳува содиқ монем. Ва роҳи беҳтарини ёфтани дӯстони хуб ин аст, ки худамон дӯсти хуб бошем (Мат. 7:12). Масалан, Китоби Муқаддас моро насиҳат мекунад, ки вақту қуввати худро барои кӯмак ба дигарон, хусусан аз «каси мӯҳтоҷ» дареғ надорем (Эфс. 4:28). Оё шумо дар ҷамъомадатон касеро медонед, ки ба ёрдам мӯҳтоҷ аст? Баъзе воизон аз хонаашон баромада наметавонанд, аз ҳамин сабаб мо метавонем барои онҳо харид кунем. Ё оилаеро, ки аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашад, ба хӯрокхӯрӣ таклиф кунем. Агар мо истифода бурдани сайтамон ва барномаи JW Library®-ро нағз донем, хуб мебуд, ки ба дигарон кӯмак кунем, то аз он ҷо ёфтани ганҷҳоро ёд гиранд. Бо кӯмаки дигарон андармон будан моро бечунучаро хушбахт мегардонад (Аъм. 20:35).

15 Вақте дӯстон моро дар душвориҳо дастгирӣ мекунанд, ғамамон дур, диламон ором мешавад. Чи хеле ки Элиҳу дар вақти тангӣ ғами дили Айюбро гӯш кард, дӯстони мо ҳам бо пурсабрӣ дарди дили моро гӯш мекунанд (Айюб 32:4). Мо набояд интизор шавем, ки дӯстонамон ба ҷойи мо қарор мебароранд, вале аз рӯйи хирад мебуд, агар мо маслиҳати дар асоси Каломи Худо додаи онҳоро гӯш кунем (Мас. 15:22). Шоҳ Довуд аз фурӯтанӣ кӯмаки дӯстонашро қабул мекард, мо низ набояд аз мағрурӣ ёрдами дӯстонамонро рад кунем (2 Подш. 17:27–29). Ҳақиқатан ҳам, чунин дӯстон ато аз ҷониби Яҳува мебошанд (Яъқ. 1:17).

ЧӢ ТАВР ОСОИШТАГИРО НИГОҲ ДОРЕМ?

16. Мувофиқи Филиппиён 4:6, 7 ягона роҳи ба даст овардани осоиштагӣ кадом аст? Фаҳмонед.

16 Филиппиён 4:6, 7-ро хонед. Чаро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ба воситаи Исои Масеҳ» мо осоиштагиро ба даст оварда метавонем? Барои он ки имон овардан ба Исо ва эътироф кардани нақши ӯ дар нияти Яҳува хеле муҳим аст. Масалан, маҳз ба воситаи қурбонии Исо ҳама гуноҳҳои мо бахшида мешаванд (1 Юҳ. 2:12). Донистани ин хеле тасаллибахш аст! Исо чун Шоҳи таъйинкардаи Худо ба наздикӣ тамоми зарареро, ки Шайтон ва ҷаҳони ӯ расонда буд, бартараф мекунад (Иш. 65:17; 1 Юҳ. 3:8; Ваҳй 21:3, 4). Магар ин дилҳои моро аз умед пур намекунад?! Имрӯз Исо ба мо супориши душвор дода бошад ҳам, ӯ бо мост ва то охири ин тартибот моро дастгирӣ мекунад (Мат. 28:19, 20). Ин бешубҳа, ба мо далерӣ мебахшад! Бале, тасаллӣ, умед ва далерӣ барои осудагии дил хеле муҳиманд.

17. а) Чӣ тавр хизматгорони Худо дар ботин осоиштагиро нигоҳ дошта метавонанд? б) Мувофиқи Юҳанно 16:33 мо ба чӣ қодир хоҳем буд?

17 Инак, агар гирдоби душвориҳои ҳаёт шуморо ба коми худ кашад, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки орому осуда бошед? Шумо метавонед корҳоеро кунед, ки Исо мекард. Якум, пайваста дуо гӯед. Дуюм, ба Яҳува итоат намоед ва мавъиза кунед, ҳатто агар баъзан ин душвор бошад ҳам. Ва сеюм, дар озмоишҳо кӯмаки дӯстонатонро қабул кунед. Ана он гоҳ осоиштагии Худо ақлу дили шуморо муҳофизат мекунад. Ва шумо мисли Исо бар ҳар гуна озмоиш ғолиб хоҳед омад. (Юҳанно 16:33-ро хонед.)

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

^ сарх. 5 Ҳамаи мо бо душвориҳое дучор мешавем, ки моро зиқу парешон мекунанд. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки нигоҳ накарда ба онҳо орому осуда бошем. Дар ин мақола мо се чизро дида мебароем, ки бо ёрии онҳо Исо ҳатто дар вақтҳои душвортарин оромиро аз даст намедод.